Рубрики
Асосӣ

30 – соли созандагӣ бо Пешвои миллат

         ИСТАРАВШАН:  Тибқи нақша-чорабинии КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 30 – солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии ҳайати гурӯҳи тарғиботии назди Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ бо донишҷӯёни Коллеҷи тиббӣ баргузор гардид.

         Дар вохӯрӣ мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилоот М.Абдуваҳҳобова дар бораи аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар таҳкими сулҳу ваҳдати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои кишвари азизамон дар даврони соҳибистиқлолӣ, ки бо номи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаи ногусастанӣ дорад, сухан ронд.

         Аз ҷумла зикр намуд, ки ин иҷлосия ва асноди ҳуқуқии он дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон нақши муайянкунанда бозидааст.

         Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар таърихи халқи тоҷик ҳамчун гардиши куллӣ ба сӯи хотима бахшидан ба ҷанги бародаркуш, пойдории миллати тоҷик, шаклдиҳии давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дар Тоҷикистон ворид шуд.

         Раиси ташкилоти ибтидоии Коллеҷи тиббӣ Солиҷон Ғафуров низ дар ҷамъомад баромад намуда, аз номи омӯзгорон ва донишҷӯёни коллеҷ ваъда дод, ки ҷашни муқаддаси 30 – солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор, бо вусъат додани корҳои созандагию ободонӣ ва хониши хубу аъло пешвоз мегиранд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *