Рубрики
Асосӣ

30 СОЛИ СОЗАНДАГӢ БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ

      Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади тарғиби аҳамияти таърихии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши он дар ташаккули давлатдории миллӣ, арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихиву беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳми ҷавонон дар тарғиб, ташвиқ ва татбиқи сиёсати муваффақонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати истиқболи ин санаи бузург тасмим гирифт аксияи “Албом – эстафета”-ро таҳти унвони “30-соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” баргузор намояд.

      Басо рамзист, ки чорабинии мазкур маҳз аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки оғозгоҳи роҳи босаодати миллат ҳисобида мешавад, оғоз гардида, ҷамъбасти он низ баъди давр задани Албом дар 67 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ ба осорхонаи Қасри таърихии Арбоб тақдим карда мешавад, ки оянда меҳмонони осорхона аз меҳру муҳаббат, садоқат ва пайрави Пешвои миллат будани насли ҷавони имрӯз огаҳӣ ёбанд. Итминони комил дорем, ки Албоми мазкур башоратдиҳандаи сулҳу ваҳдати комили кишвар гардида, барои таҳкими дӯстии ҷавонони диёр нақши муассир мегузорад.

ТОҶИКИСТОН БО ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ БА ПЕШ!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *