Рубрики
Uncategorized

ГУЛИСТОН: Маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии шаҳраки Адрасмон

Дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “Шаҳраки Адрасмон”-и назди КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ доир гардид. Аз рӯи масъалаи якум рӯзнома ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Нурматзода Сафар Қушмат шунида шуд. Вобаста ба масъалаи дуюм ба ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “Шаҳраки Адрасмон” Баротзода Сарҳад раиси ташкилот интихоб карда шуд. Дар ҷараёни маҷлис дигар масъалаҳои рӯзнома рафти иҷроиши обуна ба нашрияҳои “Минбари халқ” ва “Сухани халқ”, корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифта, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *