Рубрики
Uncategorized

Муваффақият муборак!

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд нашрияи “Нигоҳи халқ” – и КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳро ҷиҳати сазовор гардидан бо ҷоизаи ба номи профессор Асадулло Саъдуллоев бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик аз ҷониби Иттифоқи журналистони Тоҷикистон самимона муборакбод намуда, аҳли кормандон ва ҳайати эҷодиро бо ин дастовард табрик менамоянд ва барояшон муваффақияту комёбиҳои беназир хоҳон аст.

Рубрики
Uncategorized

ВОХӮРИИ АЪЗОИ ФРАКСИЯИ ҲХДТ ДАР МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ШАРИФЗОДА ҒИЁСИДДИН АБДУВАҲҲОБ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

Аъзои Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Ғиёсиддин Абдуваҳҳоб ҷиҳати таблиғу ташвиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагони Ҷамоати деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ мулоқоти судманд доир намуданд.

Аъзои Фраксияи ҲХДТ Шарифзода Ғиёсиддин Абдуваҳҳоб зимни вохӯрӣ доир ба самтҳои Паёми навбатии Пешвои миллат ва нуктаҳои муҳимтарини сиёсати дохилию хориҷии мамлакат ва талаботҳои асосӣ, таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, илму маориф, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ дар бар мегирад шарҳу эзоҳ доданд. Қайд карда шуд, ки Паёми Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар омили муҳими мусоидаткунандаи рушди ҷомеа ва руйдоди сарнавиштсоз маҳсуб ёфта, дар назди қишрҳои ҷомеа вазифаҳои муҳимро мегузорад, ки иҷрои онҳо рушду тавсеаи кишвари моро дар соли ҷорӣ ва ояндаи наздик таъмин менамояд.

Гуфта шуд, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону чавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон зимни ироаи Паём дастур доданд, ки ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони “Илм – фурӯғи маърифат” гузаронида шавад. Инчунин иброз доштанд, ки озмунҳои қаблӣ, аз ҷумла “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” як нуктаи бисёр муҳимро собит намуданд: дар байни наврасону ҷавонони мо истеъдодҳои нодир ба воя расида истодаанд, ки мо бояд онҳоро ҳамаҷониба дастгириву ҳавасманд гардонем. Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.

Дар идомаи мулоқот гурӯҳи тарғиботии МИҲД- и ноҳия аз он ҷумла муовини раиси ноҳия С.Раҳматзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Р.Раҳимзода ва дигар масъулон доири Қонун “Дар бораи хизмати ҳарбӣ ва ӯҳдадориҳои ҳарбӣ”, омодагии ҳамаҷониба ба киштукори баҳорӣ, баланд бардоштани таълиму тарбия, пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва ҷудошавии оилаҳо ибрози назар намуданд.

Вохӯрии аъзои Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Ғиёсиддин Абдуваҳҳоб бо интихобкунандагони дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия идома дорад.

Рубрики
Uncategorized

Паёми Пешво – Роҳнамои мо

Дар толори МИҲД ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мулоқоти аъзои Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода, Мавлудахон Мирзозода, Ахмедов Мирзоанвар, Машраб Файзулозода баҳри таблиғу ташвиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар мулоқот кормандони МИҲД ноҳия, собиқадорон ва фаъолни ҲХДТ, занону ҷавонон ширкат варзиданд.

Меҳмононро муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъкубӣ ва Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ҳамроҳӣ намуда мулоқотро ҳусни оғоз бахшида оид ба нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат сухан намуданд.

Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода карда қайд намуд, ки Асосгузори Сулху Вахдати милли – Пешвои миллат Президенти Чумхурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ҷиҳати баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа, таълиму тарбияи насли наврас, баланд бардоштани савияи донишандӯзии наврасон ва иштироки онҳо дар озмунҳои сатҳи Ҷумҳуриявӣ ба мисоли “Фуруғи субҳи донои китоб аст”, “Тоҷикистон Ватани азизи ман”, ” Илм фуруғи маърифат”, хадафи 4-уми стратегии кишвар яъне саноатикунони, баланд бардоштани иқтисодиёти мамлакат ва дигар масъалаҳои муҳимро дар Паёми навбати ироа намуданд, ки чиҳати амалӣ гардидани он, мо низ кушиш намоем.

Дар идомаи мулоқот аъзои Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлудахон Мирзозода иброз намуд, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавзӯҳои муҳими ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии мардуми кишварро дар бар гирифта, дастуру супоришҳои зикр карда шуда роҳи ҷомеаро барои расидан ба ҳадафҳои Ватансозию ободкорӣ равшан сохт.

Инчунин аъзоёни Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ахмедов Мирзоанвар, Машраб Файзулозода оид ба муҳтавои Паёми Пешвои миллат баромад намуданд.

Рубрики
Uncategorized

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТРО ДАР АМАЛ ТАДБИҚ МЕНАМОЕМ

Дар доираи вохӯриҳо аъзои Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Ғиёсиддин Абдуваҳҳоб баҳри таблиғу ташвиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагони Ҷамоати деҳоти Фондарё ва Ҷамоати шаҳраки Зарафшон мулоқот намуданд.

Аъзои Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Ғиёсиддин Абдуваҳҳоб баромад намуда, доир ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои муаззами миллат маълумоти муфассал доданд. Зимни баромад қайд гардид, ки Пешвои миллат дар Паёмашон баён намуданд, ки Ҳукумати Тоҷикистон азм дорад бо мақсади дар ояндаи наздик таъмин намудани истиқлоли энергетикӣ, бо нерӯи барқ пурра қонеъ сохтани талаботи аҳолӣ ва иқтисоди миллӣ бунёду таҷдиди як силсила иншооти хурду бузурги ҳаётан муҳимро вусъат бахшад. Соли ҷорӣ нерӯгоҳи барқи обии “Сарбанд” ба маблағи беш аз 1,5 миллиард сомонӣ пурра таҷдид гардида, ба истифода супорида мешавад, ки бо иқтидори 270 мегаватт, яъне аз иқтидори имрӯзааш 110 мегаватт зиёд фаъолият хоҳад кард. Инчунин, соли ҷорӣ сохтмони хатти интиқоли барқи 500 – киловолта аз нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” то зеристгоҳи конвертории “Сангтӯда”, ки имконияти содироти барқро зиёд менамояд ва корҳо доир ба навсозӣ ҷиҳати кам кардани талафоти нерӯи барқ ва ҷорӣ намудани низоми муосири баҳисобгирии он дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Бӯстон ва ноҳияи Данғара ба маблағи 2,4 миллиард сомонӣ оғоз мегарданд.

Дар идомаи мулоқот аъзои Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Ғиёсиддин Абдуваҳҳоб аз самти фаъолият, дастовард ва дониши таълимгирандагони Литсеи касбии техникии №53 дидан намуда, баҳри дуруст ба роҳ мондани фаъолияти корӣ ва баланд бардоштани дониши хонандагон маслиҳатҳои судманд доданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар баробари бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба нктаҳои Паём аъзоёни гурӯҳи тарғиботӣ раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Р.Раҳимзода ва дигар фаъолон доири Қонун “Дар бораи хизмати ҳарбӣ ва ӯҳдадориҳои ҳарбӣ”, нагаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии амалҳои коррупсионӣ, иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” , “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва дигар мавзӯҳои мубрам ибрози назар намуданд. Дар интиҳо, интихобкунандагон ба аъзои фраксияи ҲХДТ саволҳо дода, ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифта, бовар кунониданд, ки Паёми Пешвои миллатро сармашқи кору зиндагии хеш менамоянд.

Вохӯрии аъзои Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гурӯҳи тарғиботии назди кумиҷроияи нохиявӣ дар дигар ҷамоат ва шаҳраку деҳоти ноҳия бомаром идома дорад.

Рубрики
Uncategorized

ЭҲЁИ БОЗИҲОИ МИЛЛӢ ДАР БАЙНИ СОЗАНДАГОН

Бозиҳои миллӣ ва мардумӣ, фаъолиятҳоянд, ки ҳамчун воситаи тафреҳӣ ва дилхушӣ дар байни мардум новобаста ба синну сол аз замонҳои қадим то имрӯз барои тарбияи варзишӣ, ахлоқӣ ва зебоишиносии инсон хидмат мекунанд. Бархе аз бозиҳои миллӣ ва мардумӣ дар замони бостон (аҳди Сосониён) роиҷ буданд ва то имрӯз расидаанд. Аз он ҷумла бо фарорасии фасли баҳор ва Наврӯзи оламафрӯз дар ҳама деҳаҳои ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳияи Айнӣ ҷавонон дар маҳалҳо ҷамъ омада, бо як шавқи баланд ва меҳрубонии хос бозиҳои миллиро баргузор менамоянд ва дар ҳолати мағлуб шудани яке аз гурӯҳҳо вазифадоранд, ки талаботҳои пешбинишудаи бозиҳоро иҷро намоянд, ки хело ҷаззобу диданӣ мебошанд. Бахшида ба фарорасии Наврӯзи хуҷастапай аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”- и КИ ҲХДТ дар деҳаи Путхини Ҷамоати деҳоти Айнӣ бо як меҳру муҳаббат ва рафоқати ҷавонӣ ҳатто ба сару либосҳои мактабии худ нигоҳ накарда, бо риояи инбозоми хонандагӣ бозиҳои миллӣ аз қабилӣ ланкабозӣ, лакпарбозӣ, ҳапакбозӣ, чиллакбозӣ, арғамчинбозӣ ва ғайраҳоро доир намуданд. Аз рафти баргузории бозиҳои миллӣ аён гардид, ки ҷавонон ба ин намуди бозиҳо таваҷҷӯҳи хоса дошта, мехоҳанд онро дар байни ҳамсабақон тарғибу ташфиқ намоянд. Чуноне, ки устодони ин боргоҳи илму маърифат иттилоъ доданд, ҷавонон тасмим доранд то ҷашни Наврӯз ҳамаи бозиҳоро доир намуда, бо ин васила дар пойдор нигоҳ доштани ҳама намуди бозиҳои миллӣ саҳми назаррас гузоранд.

Рубрики
Uncategorized

ҲАШАРИ ОБОДОНИЮ ТОЗАКОРӢ ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД

Бо мақсади арҷгузорӣ ва эҳтиром ба фарҳанги ниёгон, арзишҳои миллӣ, таҳкими ғояҳои ватанпарварӣ ва худшиносиву худогоҳии миллӣ ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани Наврӯзи байналмилалӣ тибқи барқияи Шурои Марказии Ташкилоти ҷамъиятии чавонон “Созандагони Ватан” дар асоси дастуру супоришҳои Роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Точикистон бо ҷалби ТҶҶ Созандагони Ватан-и шаҳри Хуҷанд дар ҳудуди шаҳр барои ҳашари дастаҷаъмона аксия таҳти унвони “Ватан, ҳар гӯшаатро сарсабз хоҳем кард” баргузор гардида истодааст.

Рубрики
Uncategorized

Ватан, ҳар гӯшатро сарсабз хоҳем кард

Дар доираи амале, ки таҳти ин шиор бо дастури Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб роҳандозӣ мешавад, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент ва ихтиёриёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” ба ҳашари ниҳолшинонӣ баромаданд.

Онҳо дар ҳашари ниҳолшинонӣ дар боғи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷаекнт, ки дар мавзеъҳои Дашти Ммлла ва Хамиртеппа бунёд мешавад, иштирок намуда, беш аз 300 бех иҳоли себ, зардолу , шафтолу ва шоҳтут шинониданд.

Ҳашари ниҳолшинонӣ идома дорад ва дар он ҳар рӯз то 30 нафар ҷавонон, ки аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” ҳастанд, иштирок менамоянд.

Рубрики
Uncategorized

Кумитаи иҷроия техникҳои наврасро қадршиносӣ кард

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент ғолибони даври шаҳрии олимпиадаи техникҳои наврасро қадршиносӣ намуд.

Озмун дар доираи барномаи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар муассисаи таҳсилоти иловагии № 1 бо иштироки ихтироъкорони ҷавони 13 муассисаи таълимӣ ва литсеи касбӣ- техникии шаҳр аз рӯи даҳ бахш баргузор шуд. Иштирокчиёни озмун корҳои худро дар бахшҳои радиокострукторӣ, авиамодел, киштиҳои оядаи кайҳонӣ, роботсозӣ, меъморӣ, автомодел, барномасозии компутарӣ, киштисозӣ ва ғайра ба ҳакамон пешниҳод намуданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода ба ғолибони озмун-хонандагони МТМУ № 67,36 ва 33 тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуда, аз иштирокчиёни озмун даъват кард, ки ба омӯзиши фанҳои табиатшиносию дақиқ ҷиддӣ машғул шаванд ва дар олипиадаҳои фаннии вилоятию ҷумҳуриявӣ низ ғолиб оянд.

Ҳамчунин ғолибони бахшҳои озмун бо ифтихорномаю дипломи шӯъбаи маориф ва МТИ №1 сарфароз гардонида шуданд.

Рубрики
Uncategorized

АКСИЯИ ҲИЗБИИ НИҲОЛШИНОНӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ВАТАН, ҲАР ГӮШААТРО САРСАБЗ ХОҲЕМ КАРД”!

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи самараноки заминҳои бекорхобида, гирифтани ду се ҳосил аз як замин, ободу зебо ва тоза гардидани диёр, инчунин мувофиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва бо мақсади иҷроиши барқияи телефонӣ аз санаи 11.03.2021 сол таҳти №9 санаҳои 12-13-уми марти соли 2021 дар Хоҷагии ёрирасони ба номи ,,КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт” маъракаи ниҳолшинонӣ таҳти унвони “Ватан, ҳар гӯшаатро сарсабз хоҳем кард” бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд муҳтарам Исмоилзода Зуфар Муртазохон, роҳбари дастгоҳи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исматҷонов Бахтиёр, раиси Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Саидбой Зокиров ва Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Каримзода Хушнуд Каримӣ, аҳли кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ва бо ҷалби ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и назди Кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб маъракаи ниҳолшинонӣ доир гардид.

Бояд қайд кард, ки умуман дар ин мавсим ба 2,5га замини Хоҷагии ёрирасони ба номи ,,КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт” аз тарафи Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ 3300 бех ниҳоли ,,Хуч (яъне шповник)” шинонида шуд.

Рубрики
Uncategorized

Дар Меҳробод ва Навобод

         Сокинони ин  маҳаллаҳои шаҳри Панҷакент ин навбат аз ҷониби гурӯҳи тарғиботии Кумитаи иҷроияи ҲШХДТ дар шаҳри Панҷакент ба сӯҳбат дар мавзӯъҳои муҳими рӯз ҷалб шуданд.

          Муовини раиси Кумитаи иҷроия  Парвина Тошева ва мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Бурсибой Лутфуллоев таваҷҷӯҳи ҳамсӯҳбатонро ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ҷалб карда, таъкид намуданд, ки онҳо бо  мавқеи фаъоли ҷамъиятӣ, иштирок дар ободкории маҳали зист,  тарбияи дуруст ва ба роҳи рост ҳидоят намудани фарзандон, риояи муқаррароти қонунҳо дар бораи масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзанд ва танзими анъана ва  ҷашну маросимҳо метавонанд дар  иҷрои  ҳадафҳои ин ҳуҷҷати раҳнамо саҳм гузоранд.