Рубрики
Асосӣ

Даври вилоятии Ҷоми ҲХДТ оид ба футбол оғоз ёфт

Санаи 21 сентябри соли равон дар  маҷмааи варзишии боғи “Ғалаба”-и шаҳри Хуҷанд  марҳилаи сеюми мусобиқаи вилоятӣ оид ба футболи хурд  барои дарёфти Ҷоми ҲХДТ байни 17 дастаҳои  футболи ғайрикасбии шаҳру ноҳияҳои  вилоят оғоз гардид.

Дар расми ифтитоҳи чорабинии мазкур Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, намояндаи Федератсияи футболи вилоят Аҳлиддин Юнусов, раисони кумитаи иҷроияи шаҳру навоҳии вилоят ширкат варзиданд.

Исмоилзода Зуфар Муртазохон зимни суханронӣ ҳозиринро бо ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, афзуд, ки тайи чанд рӯзи охир кишвари мо мизбони ду чорабинии сатҳи байналмилалӣ – Cозмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва Созмони Ҳамкории Шанхай гардид. Тадбири мазкур барои боз ҳам баланд гардидани обрӯ ва эътибори мамлакатамон дар арсаи байналмилалӣ таккони бузурге бахшид. Номбурда дар идомаи суханронии хеш зикр намуд, ки рушди соҳаи варзиш бешубҳа ба маҳорат ва малакаи ҷавонон иртиботи қавӣ дорад.  Солҳои охир саҳми ҷавонон дар рушди варзиш, оммавигардонии он ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар миёни аҳли ҷомеа назаррас мебошад.

Тавре дар Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии кишвар зикр гардидааст: Агар то соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ қариб ҳазор иншооти варзиш фаъолият дошта бошад, пас соли 2020 шумораи онҳо ба 10220 расонида шуд. Яъне, шумораи иншооти варзиш дар даврони соҳибистиқлолӣ беш аз нӯҳ баробар зиёд гардидааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири ҳавасманд намудани варзишгарон соли 2015 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи варзиш таъсис додааст, ки то имрӯз қариб 200 нафар варзишгарони ҷавон соҳиби он гардидаанд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҷавонон ҳамчун неруи созанда, боэътимод ва сармояи пойдори инсонӣ такя карда, онҳоро дар ташаккул ва амалисозии иқдомҳои созгор ва ташаббусҳои навовар дар самти рушди илму техника ва технологияҳои муосир ва ободиву пешрафти босуботи кишвар дастгирӣ менамояд.

Рушди варзиш яке аз самтҳои асосии фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бо дарназардошти он, ки дар шароити кунунӣ варзиш ҳамчун василаи шоистаи муаррифгари миллату кишвар дар олам маҳсуб мешавад, ба рушди он таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда мешавад. Ин ташкилоти муқтадир ҳамкориро бо мақомоти ваколатдори соҳа ва федератсияву ҷамъиятҳои варзишӣ тавсеа бахшида, барои ташаккули варзиши касбӣ ва камолоти варзишгарон дар ҳамаи навъҳои он мусоидат менамояд. Намунаи олии гуфтаҳои болоӣ он аст, ки бо роҳнамоии Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси бевоситаи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мусобиқаи футбол барои ба даст овардани Ҷоми ҲХДТ дар сар то сари кишвар дар сатҳи баланд доир шуда истодааст. Ҳадаф аз баргузории мусобиқаи футбол ташвиқу тарғиби ҳаёти солим, ҷалби ҷавонону наврасон ба машғулияти ҷисмонии варзишӣ ва тарғиби васеи бозии футбол дар саросари мамлакат мебошад. Мусобиқаи мазкур бо ҳадафи мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ миёни ҷавонону наврасон, таъмини бевоситаи иҷрои «Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳи 2017- 2021» ва «Барномаи махсуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бораи рушди футбол дар сатҳи деҳоту маҳалаҳои мамлакат барои солҳои 2021-2024» роҳандозӣ гардида истоддаст. Ҳамаи мо хуб медонем, ки  намуди варзишии футбол дар ҷаҳони муосир аз варзиши рақами 1 маҳсуб шуда, футболбозон бешубҳа муаррифгари давлат ва миллати худ маҳсуб мешавад.

Дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат футбол дар кишвар натанҳо рушд кард, балки аз маъруфтарин ва маҳбубтарин намуди варзишӣ гардид.Тими мунтахаби ҷавонони кишвар дар ин солҳо ду маротиба ба қисмати ниҳоии Ҷоми ҷаҳонӣ роҳхат гирифта, дастаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе бо дастгирии бевоситаи Раиси Федератсияи футболи мамлакат муҳтарам Рустами Эмомалӣ то ба даври ҳашякниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё баромад. Дар вилояти Суғд низ футбол низ пайравону мухлисони худро дошта, футболбозон пайваста дар мадди назар ва таваҷҷуҳи хоссаи Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода қарор доранд. Ҳоло се дастаи вилоят дар лигаи олии Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон баромади муваффақона дошта, дастаҳои лигаи якуми вилоят низ фаъолнокӣ зоҳир менамоянд.  дар пайравӣ ба футболбозони касбӣ давоми ду моҳ дар маҳаллу деҳаҳо мусобиқаи футбол бо як шавқу шӯри беандоза доир шуда, имрӯз 18 беҳтарин дастаҳои шаҳру навоҳии вилоят барои роҳхат ба даври ҷумҳуриявӣ рақобат хоҳанд кард.

Сипас аз рӯи қуръапартоӣ дастаҳои шаҳру навоҳии Хуҷанд бо Масчоҳ, Истиқлол – Ҷаббор Расулов, Исфара – Ашт, Истаравшан – Панҷакент,  Гулистон – Конибодом, Бӯстон – Деваштич, Спитамен – Бобоҷон Ғафуров, Зафаробод – Айнӣ, Кӯҳистони Масчоҳ- Шаҳристон  вориди рақобат шуда,  дастаҳои Хуҷанд, Ҷаббор Расулов, Исфара, Истаравшан, Конибодом, Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров, Айнӣ ва Шаҳристон ба давраи дигар рохҳат гирифтанд.

Мусобиқа санаи 22 – юми сентябр идома хоҳад ёфт. Дар ин рӯз мувофиқи қуръпартоӣ  Хуҷанд бо Шаҳристон,  Айнӣ бо Бобоҷон Ғафуров, Конибодои бо Истаравшан ва Ҷаббор Расулов бо Бӯстон барои баромадан ба давраи нимниҳоӣ мубориза мебаранд. Дастаи шаҳри Исфара аллакай дар даври ниманиҳоӣ қарор дорад.

Рубрики
Асосӣ

Хизмат ба Ватан-модар шараф аст!

Ҳимояи Ватан – вазифаи муқаддаси хар яки мо мебошад. Воқеан хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бо нангу номусро талаб мекунад. КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстии хизматчиёни ҳарбӣ баён намуданд дар шаҳру ноҳияи кишвар корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва омодагии ҳарбии ҷавонон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондаанд.

Рӯзи гузашта мудири шуъбаи занони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Заррина Манонова бо мудири бахши шуъбаи занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Бустон Азиза Негматова бо модарони ҷавонони синни даъватӣ ҷиҳати сафарбар намудани фарзандони худ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯри доир намуд.

Мавсуф оид ба хизмат ба Ватан сухан намуда иброз намуд, ки бояд ҷавононро ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ ба хизмати Ватан омода кард. Дар мактабҳои миёна зарурати хизмати ҳарбиро амиқу дақиқ бояд омӯзонд. Ҳар ҷавон пас аз хатми мактаб бояд хизмат ба Ватанро вазифаи аввалин дараҷа донад.

Барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби обутоб хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат аст. Имрузхо бештари чавонон барои рафтан ба хизмати ҳарбӣ ихтиёран худро дар комиссариатҳои ҳарби номнавис мекунанд. Ин гувоҳи он аст, ки шароити хуби хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ теъдоди зиёди ҷавононро бо хоҳиши худ ба ҳимояи марзу буми Ватан ҷалб месозад.

Рубрики
Асосӣ Мақола

Андеша: Ба дӯсти ӯзбек

Марҳабо, хуш омадед, бар диёри тоҷикон,

Пешкаш, эй шаҳри мо, бар дӯстони меҳрубон.

Баҳри истиқболатон рақсу ғазалхонӣ кунем,

Бо камоли эҳтиром ҳам дилнавозӣ мекунем.

Гӯяд аз дил Шоира даст гирифта пеши бар,

“Дӯстон, хуш омадед, нури дида тоҷи сар!”

Мардуми тоҷик аз азал бо халқи ӯзбек равобити дӯстӣ дошт. Сафари Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон , ки ҳафтаи гузашта ба вуқӯъ пайваст, аз он шаҳодат медиҳад, ки риштаи дӯстиву бародарии ин ду кишвари ба ҳам ҳамсоя боз ҳам мустаҳкамтар хоҳад шуд.

Боиси зикр аст, ки баъди соли 2018 санадҳои зиёди дуҷонибаи байнидавлатӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ба имзо расиданд. Дар ин сафар низ бисёр шартномаҳо баста шуд. Мо – мардуми тоҷик аз омадани дӯстони ӯзбек хеле хушҳол гардидем ва ҳамеша таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша мекӯшем, ки ин дӯстии мо ҳамеша пойдор бошад.

Шоира ҚОСИМОВА,

собиқадори ҳизб аз ҷамоати Ёваи

ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Рубрики
Асосӣ Мақола

АНДЕША: Пешвои мо – ифтихори мо

  Пешвои миллат дар тамоми давраи рохнамоиаш ба халку миллат  пеш аз хама ба мустахкам кардани  пояхои вахдат дар кишвар  диккати чидди медихад ва борхо таъкид намудааст  ки истиклолиятро бе вахдат тасаввур  кардан номумкин  мебошад. Вахдату истиклол  аст  ки кишвари мо  хамоишхои сатхи байналхалкиро бо сарбаланди баргузор  менамояд. 20 солагии таъсиси ШОС ин далели хамаи  гуфтахои болоист. Мо барномаи мустакими ин чорабинихоро тарики шабакахои телевизиони тамошо карда  ифтихор аз Ватан ва Пешвои муаззами миллат менамоем. Зихи Сарвари окилу донои точикон! Зихи Пешвои азизи мо!

                                     Аъзои  фаъоли   ҳизб

Рубрики
Асосӣ

Ба истифода додани бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор

20 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангворро ба истифода доданд.

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар доираи дастуру роҳнамоиҳои ҳамешагии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи беҳтар намудани сифати кору фаъолият барои кормандон ва саҳмгузорӣ дар рушду пешрафти Ватани азиз бунёд карда шудааст.

Масоҳати замини бинои навбунёд дар ноҳияи Сангвор 230 метри мураббаъро дар бар гирифта, худи иншоот дар майдони 90 метри мураббаъ бунёд гардидааст.

Бинои маъмурии ҳизб дар ноҳияи Сангвор аз ду ошёна иборат буда, дорои 4 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ, толори баргузории мизҳои мудаввар, бойгонӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

Маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор барои гузаронидани ҳамоишу чорабиниҳои гуногун хеле мувофиқ аст.

Тамоми ҳуҷраҳои кории бинои маъмурӣ бо компютер, мизу курсӣ ва дигар шароити фаъолият таъмин мебошанд.

Иттилоъ дода шуд, ки аксарияти кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангворро ҷавонон ташкил медиҳад ва онҳо аз технологияи замонавӣ ба хубӣ бархӯрдор мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот 24 июни соли 2019 бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида буд ва инак дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни бузурги миллӣ – 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида шуд.

Дар бунёди бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор саҳми соҳибкорони ватанӣ назаррас мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити корӣ дар бино ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани кору фаъолият, ҳифзи музаффариятҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ва саҳмгузорӣ дар тадбирҳои созандагиву ободонии диёри азиз ба масъулон дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/26588

 

 

 

Рубрики
Асосӣ

Боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Сангвор

20 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор ҳамчунин аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд.

Кишоварзони ноҳияи Сангвор сол аз сол дар заминаи иҷрои дастуру роҳнамоиҳои бевоситаи Пешвои миллат дар роҳи расидан ба ҳадафи стратегии Ҳукумати мамлакат – таъмини амнияти озуқаворӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро афзоиш медиҳанд.

Дар намоишгоҳ беҳтарин анвои кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва маҳсулоти ҳунарҳои кадбонуҳои гӯшаи дурдасти мамлакат ба таври густурда муаррифӣ карда шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати озоду самимӣ бо кадбонуҳои ноҳия, ки ба пӯхтани нонҳои лазиз машғул буданд, ҷиҳати омӯзиши ин ҳунар ба ҷавондухтарон ба онҳо маслиҳатҳои судманд доданд.

Дар ноҳияи Сангвор бо ҳидоятҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти эҳё ва рушду инкишофи ҳунару анъанаҳои қадимаи миллӣ тадбирҳои судманд амалӣ мегардад ва таваҷҷуҳи ҷавонон ба омӯзиши онҳо тайи солҳои охир дучанд шудааст.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/26587

 

 

Рубрики
Асосӣ

Оғози корҳои сохтмонӣ дар Кӯдакистони «Калидчаи Заррин» дар ноҳияи Сангвор

20 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Сангвор ба бунёди Муассисаи томактабии замонавии «Калидчаи Заррин» оғози расмӣ бахшиданд.

Кӯдакистони замонавӣ дар маркази ноҳияи Сангвор барои 100 нафар дӯстрӯяк дар асоси ҳидоятҳои ҳамешагии Сарвари маорифпарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Зарринк» бунёд карда мешавад.

Фармоишгари муассисаи нави томактабӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор буда, лоиҳаи иншооти зебо аз ҷониби Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Меъморӣ ва шаҳрсозӣ»-и шаҳри Душанбе таҳия гардидааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо лоиҳаи бунёди Муассисаи томактабии «Калидчаи Заррин» дар ҳамин ҷо бо имконоти фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Зарринк» дар ноҳияи Сангвор шинос гардиданд.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Зарринк» аз корхонаҳои пешқадами саноатӣ дар мамлакат буда, дар рушди иқтисоди миллӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар саҳми намоён дорад.

Корхона дар асоси ҳидоятҳои бевоситаи роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати мамлакат фаъолияташро сол аз сол тавсеа бахшида, бо ворид ва васлу насби хатҳои нави технологӣ ба дастовардҳои назаррас ноил мегардад.

Иттилоъ дода шуд, ки давоми чанд соли охир дар асоси ҳамкорӣ бо шарикони рушд ҷиҳати истифодаи пурраи имконоту иқтидорҳои мавҷуда аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ба корхона технологияҳои насли нав ворид карда шудааст.

Дар корхона наздики 400 нафар бо ҷойи кори доимию мавсимӣ таъмин мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти корхона барои дастгирӣ аз иқдомҳои созандаи давлат ва Ҳукумати мамлакат дар самти таъсиси ҷойҳои нави корӣ, коркарди ашёи хоми ватанӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, ба масъулон ҷиҳати дастгирӣ аз ташаббусҳои неку бобарор дар рушди иқтисоди миллӣ, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/26586

 

 

 

 

Рубрики
Асосӣ

Ба истифода додани бинои Меҳмонхонаи «Таҳмина» дар ноҳияи Сангвор

20 сентябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Сангвор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳия Меҳмонхонаи «Таҳмина»-ро ба истифода доданд.

Бинои меҳмонхонаи «Таҳмина» аз 4 ошёна иборат буда, дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», солҳои 2019 -2021 бо иқдоми соҳибкори маҳаллӣ Мустафо Абдуллоев бунёд карда шудааст.

Иншооти хуштарҳу замонавии хизматрасонӣ дорои 12 ҳуҷра, аз ҷумла 3 люкс буда, бо истифода аз унсурҳои хоси миллӣ оро дода шуда, бо тамоми шароити истироҳату фароғат таъмин мебошад.

Меҳмонхонаи навбунёд имкони қабули 25 нафар мизоҷ дар як вақтро доро аст.

Иншооти муосири хизматрасонӣ ҳамчунин дорои маҷлисгоҳ бо 50 ҷойи нишаст мебошад.

Дар рафти корҳои сохтмонӣ дар иншоот 20 нафар бо ҷойи кори муваққатӣ ва бо мавриди истифода қарор гирифтани он 10 кас бо шуғли доимӣ таъмин гардидаанд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти иқлими мусоид, табиат, ҳавои тозаи кӯҳсор, чашмаҳои шаффоф дар ноҳияи Сангвор масъулонро ҷиҳати таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ ва фароҳамсозии имконоти боз ҳам беҳтари хизматрасонӣ ба сайёҳони дохилию хориҷӣ муваззаф намуданд.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/26585

Рубрики
Асосӣ

Оғози сафари корӣ дар водии Рашт ва ифтитоҳи бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор

20 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар чорабиниҳои ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти дорои таъйиноти гуногун, шиносоӣ бо вазъи соҳаи кишоварзӣ ва суҳбату мулоқоти самимӣ бо сокинону фаъолони ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш ба водии Рашт ташриф оварданд.

Сафари кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Сангвор оғоз гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор нахуст бинои нави маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои нави маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор аз ду ошёна иборат буда, бо тарҳи муосир дар масоҳати 540 метри мураббаъ сохта шудааст.

Иншооти навбунёд дорои 29 ҳуҷраи корӣ мебошад.

Шуъбаҳои кор бо занон, иҷтимоӣ, умумӣ, меъморӣ ва шаҳрсозӣ, амвол, иқтисод, ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳолатҳои фавқулоддаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор дар ошёнаи якуми бинои хуштарҳи навсохт ҷойгир буда, бо тамоми лавозимоти корӣ муҷаҳҳаз мебошанд.

Ҳуҷраҳои кории роҳбарияти ноҳия, дастгоҳи раиси ноҳия ва муовинон дар ошёнаи дуюми иншоот ҷой дода шудааст.

Дар бинои нав ҳамзамон толори маҷлисӣ бо 120 ҷойи нишаст мавҷуд буда, барои баргузории чорабиниҳои гуногун мувофиқ мебошад.

Ҳуҷраҳои техникӣ, ошхона, бойгонӣ ва як қатор утоқҳои дигари ёрирасони бинои нави маъмурӣ дар таҳхонаи иншоот ҷойгир аст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муосири кору фаъолият дар бинои нави маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, иншоотро туҳфаи арзишманди Ҳукумати мамлакат дар рӯзҳои таҷлил аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тамоми кормандону сокинони ноҳия маънидод карданд.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/26584

Рубрики
Асосӣ

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкории Тоҷикистону Эрон

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Сайид Иброҳими Раисӣ бастаи нави санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расид, ки заминаи ҳуқуқии муносиботи ду ҷонибро тақвияти бештар мебахшад.

Ба Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Сайид Иброҳими Раисӣ имзо гузоштанд.

Сипас, санадҳои зерин имзо гардид:

Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи супоридани маҳкумшудагон;

Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва техникӣ;

Протоколи техникӣ байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маъмурияти гумруки Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи мубодилаи электронии маълумоти гумрукӣ;

Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;

Ёддошти тафоҳум байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кор, таовун ва рифоҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи омӯзиши техникӣ ва касбӣ;

Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоии Ҷумҳурии Исломии Эрон;

Ёддошти тафоҳум байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҷиҳоди кишоварзии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ;

Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати варзиш ва ҷавонони Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш.

Баъди анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ Сарони ду давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳими Раисӣ барои доираи васеи хабарнигорони дохил ва хориҷи мамлакат нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои мулоқоту музокиротро неку назаррас арзёбӣ карданд.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/26565