Зимни сафари корӣ Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода аз рафти корҳои сохтмонии бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон дидан намуда, ҷиҳати дар саҳти баланд бунёд намудани он дастуру супориш дод.Босиси зикр аст, ки бинои мазкур дуошён буда, аз ҳуҷраҳои корӣ, маҳлисгоҳ ва китобхонаи иборат мебошад. Айни замоношёнаи дуюми он болопӯш гардида, корҳои сохтмонӣ бомаром идома дорад.
Рубрика: Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода зимни сафар ба шаҳри Истаравшан собиқадори меҳнат, омӯзгоре, ки 46 соли ҳаёти худро ба тарбияи насли наврас бахшидааст – Шокирова Норӣ ва маъюби гурӯҳи якум Собирова Мафтунаро аёдат намуд.Аёдатшудагон аснои сӯҳбат сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Хадқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ намуда, миннатдории худро баён намуданд.Сарфарозӣ намуданд, ки таваҷҷӯҳи Ҳукумату давлат ба ҳамаи қишрҳои ҷомеа назаррас буда, ҳамеша ғамхории масъулини ин самтро эҳсос менамоянд.
Дар асоси нақша- чорабинии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд вохӯрии вакили Маҷлиси вакилони халқии вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии № 32 «Истаравшан» Каримзода Мирзоқосим бо интихобкунандагон барпо гардид.Вохӯриро раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан Мирзозода Комил ҳусни оғоз бахшида, суханро ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, раиси КИ ҲХДТ, муҳтарам Каримзода Мирзоқосим вогузор намуд.Каримзода Мирзоқосим ба сокинон иброз намуд,ки вохӯрӣ бо интихобкунандагон шунидани арзу ниёзи онҳо ва дасти ёрӣ дароз кардан ба ҳалли муаммоҳои ҷойдоштаи интихобкунандагон мебошад.Инчунин ӯ оид ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ронда, аз ҷумла қайд кард,ки қабули қонуни мазкур саривақтӣ мебошад.17-сол пеш аз ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» қабул гардида,то инҷониб амал намуд ва он баҳри беҳтар гаштани зиндагию рӯзгори мардум ёрии амалӣ расонид.Бо гузашти солҳо ин қонун аз нав таҳрирталаб шуда, ба шакли нав ва унвони дигар «Дар бораи танзими ҷашну маросимҳо» пас аз муҳокимаҳо ва тасдиқ дар Маҷлисҳои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва розигии Президенти мамлакат аз санаи 20-уми июни соли 2024 ба амал татбиқ гардида истодааст.Қонуни мазкур тартиби гузаронидани ҷашну маросимро муайян карда, ба ҳифзи асили фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми Тоҷикистон равона гардидааст.Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими ҷашну маросим ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асоснок қабул шудааст.Ҷиҳати амалӣ намудани қонуни мазкур дар назди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоатҳои деҳоту шаҳрак комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим таъсис дода шудааст.Низомномаи комиссия дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо тасдиқ мегардад.Дар баромади худ Каримзода Мирзоқосим тағйиротҳои қонуни мазкурро аз қонуни пешин шарҳ дод ва аз интихобкунандагон даъват ба амал овард,ки баҳри беҳбудии рӯзгори худ ба қонун бо пуррагӣ риоя кунанд.Дар ҳолати риоя накардан ба қонун он ҷавобгарӣ дошта дар навбати аввал ҷаримаҳои муқарраргардидаро месупоранд,ки нисбатан хеле баланд нишон дода шудааст.Аз рӯи масъалаи муҳокимашаванда муовини раиси шаҳр Парвиз Зафарзода ва интихобкунанда Муноҷот Шарифзода баромад намуданд.Сипас директори Коллеҷи тиббӣ Сафарализода Рустам доир ба ҷойивазкунии трансформатори маҳалла,ки дар ҳудуди коллеҷ ҷойгир аст ва сокини маҳаллахонаи Уротеппа Турсунов Хоҷимурод дар бораи тоза намудани ҷӯйбори дохили маҳаллахона муроҷиат карданд, Каримзода Мирзоқосим –вакил иброз намуданд,ки ба ҳалли масъалаҳои гузошта шуда кӯмак мерасонанд. Вохӯрӣ хеле хотирмон доир гардид.
8 июли соли равон дар маҷлисгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.Дар кори маҷлис муовини якум ва муовинони Раиси ҲХДТ, аъзои Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, сармуҳаррири нашрияи “Минбари халқ”, раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он инчунин шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» иштирок доштанд.Маҷлисро муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ифтитоҳ намуда, ёдовар шуд, ки санаи 5 июли соли равон дар ҳошияи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми арзанда ва мусоидати бисёрсола дар рушду густариши робитаҳои дӯстии неки ҳамсоягӣ ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ бо ордени “Дӯстӣ”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин сарфароз гардонида шуданд, ки барои ҳар яки мову шумо ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон боиси ифтихор ва сарбаландӣ мебошад.Сипас, аъзои Раёсат ва иштирокчиёни ҷаласаро ба рӯзномаи маҷлис шинос намуд.Дар кори маҷлис 11 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт. 1. Дар бораи рафти маъракаи ҳисоботӣ – интихоботӣ дар ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон2. Дар бораи нақшаи кории Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои нимсолаи дуюми соли 20243. Дар бораи маъракаи обуна ба нашрияҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои соли 20254. Оид ба рафти иҷрои барқияи Дастгоҳи КИМ аз 30.01.2024 ҷиҳати таҳлили нашри маводҳо дар сомонаҳо ва саҳифаҳои фейсбукии кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳру ноҳияҳо5. Оид ба иҷрои барқияи Дастгоҳи КИМ аз 15.03.2024 ҷиҳати расонидани кумак ба ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон, оилаҳои камбизоат ва дигар табақаҳои иҷтимоии ниёзманди ҷомеа дар арафаи Иди Саиди фитр6. Оид ба рафти иҷрои барқияи Дастгоҳи КИМ аз 21.03.2024 «Дар бораи фаъолияти марказҳои дузандагӣ ва самаранок истифода бурдани таҷҳизоти дарздӯзӣ дар кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳру ноҳияҳо»7. Оид ба иҷрои барқияи Дастгоҳи КИМ аз 29.03.2024 ҷиҳати сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон8. Оид ба иҷрои барқияи Дастгоҳи КИМ аз 30.04.2024 ҷиҳати баргузор намудани чорабиниҳои ҳизбӣ бахшида ба «Рӯзи ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ»9. Оид ба иҷрои барқияи Дастгоҳи КИМ аз 08.05.2024 ҷиҳати баргузор намудани чорабиниҳои ҳизбӣ бахшида ба «Рӯзи ҷавонон»10. Оид ба иҷрои барқияи Дастгоҳи КИМ аз 22.05.2024 ҷиҳати расонидани кумак ба ятимону бепарастон, маъюбону барҷомондагон, оилаҳои камбизоат дар арафаи Иди Қурбон11. Оид ба иҷрои барқияи Дастгоҳи КИМ аз 29.05.2024 ҷиҳати баргузор намудани чорабиниҳои ҳизбӣ дар доираи «Рӯзи байналмилалии кӯдакон»Оид ба масъалаҳои рӯзномаи маҷлис гузориши иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Миралиён Қ.А., роҳбари Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Хонзода А.У., муовини Раиси ҳизб Мавлон Хайринисо Юсуфӣ, масъули Маркази таҳлил ва иттилооти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Гулмаҳмадзода З.Г., мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Ширинбеков С.А., мудири шуъбаи кор бо занон ва масъалаҳои гендерии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Аминзода М., ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Бурҳонзода М.Т., инчунин ахбор вобаста ба самтҳои фаъолияти баъзе аз раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шунида шуд.Аз рӯи масъалаи якум “Дар бораи рафти маъракаи ҳисоботӣ – интихоботӣ дар ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Миралиён Қ.А., гузориш дода, зикр намуд, ки дар қатори хусусиятҳои амалии маҷлисҳои ҳизбӣ фаъолнокии иштирокчиён ва фароҳам овардани имконият барои иштироки онҳо дар музокира ва пешниҳоди таклифҳо марбут ба мушкилоти рӯзмарра мавқеи махсусро соҳиб аст. Инчунин мавсуф қайд намуд, ки кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки дар самти муқовимат бо хурофоту радикализм, бегонапарастӣ ва ифротишавӣ, яъне ҷалб кардани маърӯзачиён аз ҳисоби олимону муҳаққиқон ва коршиносони соҳаи идеологӣ, ҳамчунин ба сифати иштирокчӣ даъват кардани сокинони маҳалӣ фаъолият ва дар ҷараёни маҷлисҳои ҳисоботӣ – интихоботии ташкилотҳо баргузор намудани чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ боз ҳам корро ҷоннок намоянд.Оид ба масъалаи дуюми рӯзнома “Дар бораи нақшаи кории Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои нимсолаи дуюми соли 2024” роҳбари Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Хонзода Абдураҳмон баромад намуда, иброз дошт, ки нақшаи кории Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои нимсолаи дуюми соли 2024” фарогири тамоми нуктаҳои Барномаи ҲХДТ буда, амалишавии дастуру супоришҳои роҳбарияти ҳизбро таъмин менамояд.Оид ба масъалаи сеюми рӯзнома “Дар бораи маъракаи обуна ба нашрияҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои соли 2025” муовини Раиси ҲХДТ Мавлон Хайринисо Юсуфӣ гузориш дода, қайд намуд, ки кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои он ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо масъулияти баланди ҳизбию ватандорӣ дар маъракаи обуна барои соли 2025 иштирок намуда, нақшаи обунаро иҷро намуда истодаанд ва аллакаи се кумитаи иҷроияи ҳизби шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз иҷрои нақшаи обуна барои соли минбаъда мужда расониданд.Вобаста ба масъалаи чорум “Оид ба рафти иҷрои барқияи Дастгоҳи КИМ аз 30.01.2024, ҷиҳати таҳлили нашри мавод дар сомонаҳо ва саҳифаҳои фейсбукии кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳру ноҳияҳо” ва даҳум “Оид ба иҷрои барқияи Дастгоҳи КИМ аз 22.05.2024, ҷиҳати расонидани кумак ба ятимону бепарастон, маъюбону барҷомондагон, оилаҳои камбизоат дар арафаи Иди Қурбон” ҳисоботи масъули Маркази таҳлил ва иттилооти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Гулмаҳмадзода Зафар шунида шуд. Дар баромади худ Зафар Гулмаҳмадзода зикр намуд, ки маълумоти мазкур фарогири таҳлили фаъолмандии кумитаҳои иҷроия дар шабакаи ҷаҳонии интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ буда, баррасии нашри маводи таҳлилию вокунишҳо дар матбуоти даврӣ маҳсуб меёбад.Доир ба масъалаи даҳуми рӯзнома бошад мавсуф қайд намуд, ки дар доираи татбиқи амалҳои хайру савоб дар арафаи ҳама гуна иду ҷашнҳо ва дастгирии табақаи ниёзманди ҷомеа, ки дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси маҳбуби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, дар қаламрави ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои кишвар, ҳизбиён ва ҷонибдорони ҲХДТ аз тамоми идораву муассисаҳо фаъолона иштирок намуданд.Оид ба масъалаи панҷум “Рафти иҷрои барқияи Дастгоҳи КИМ аз 15.03.2024 ҷиҳати расонидани кумак ба ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон, оилаҳои камбизоат ва дигар табақаҳои иҷтимоии ниёзманди ҷомеа дар арафаи Иди Саиди фитр” ва масъалаи ёздаҳуми рӯзнома “Оид ба иҷрои барқияи Дастгоҳи КИМ аз 29.05.2024 ҷиҳати баргузор намудани чорабиниҳои ҳизбӣ дар доираи «Рӯзи байналмилалии кӯдакон» мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Ширинбеков С.А., баромад намуда, иброз дошт, ки бо дастуру супориш ва ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Иди Саиди Фитр, анҷом додани корҳои хайру савоб аз қабили дастгирии оилаҳои ниёзманд, ятиму бепарастор маъюбону барҷомондагону дигар табақаҳои иҷтимоии ниёзманди ҷомеа ба ҳукми анаъана даромадааст. Дар ин росто кормандони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он инчунин шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар арафаи Иди Саиди Фитр фитри рӯзаро ба оилаҳои ниёзманд, ятиму бепарастор маъюбону барҷомондагон ва дигар табақаҳои иҷтимоии ниёзманди ҷомеа ҳамчун кумак дастрас намуданд.Оид ба масъалаи шашуми рӯзнома мудири шуъбаи кор бо занон ва масъалаҳои гендерии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Аминзода Манижабону гузориш дода, иброз дошт, ки дар назди кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар 14 шаҳру ноҳияҳо сехҳои дӯзандагӣ амал менамояд, ки ҷиҳати бо ҷойи кор таъмин намудани занони деҳот саҳми арзанда мегузоранд.Дар навбати худ доир ба масъалаи ҳафтум “Оид ба иҷрои барқияи Дастгоҳи КИМ аз 29.03.2024 ҷиҳати сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, масъалаи ҳаштум “Оид ба иҷрои барқияи Дастгоҳи КИМ аз 30.04.2024 ҷиҳати баргузор намудани чорабиниҳои ҳизбӣ бахшида ба «Рӯзи ғалаба» дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва масъалаи нуҳум “Оид ба иҷрои барқияи Дастгоҳи КИМ аз 08.05.2024 ҷиҳати баргузор намудани чорабиниҳои ҳизбӣ бахшида ба «Рӯзи ҷавонон» мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Бурҳонзода М.Т., ҳисобот дод. Дар рафти баромади худ Бурҳонзода М.Т., инчунин зикр намуд, ки “Дар натиҷаи хуб ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳии сохторҳои дахлдор ва ҳизбиёни кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нақшаи сафарбаркунии ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз муҳлат иҷро намуданд.Зикр кардан бамаврид аст, ки аз ҷониби кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ ва намояндагиҳои ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни ҷавонони синни даъватӣ барои ҷалби бештари сарбозони ихтиёрӣ хуб ба роҳ монда, дар даъвати баҳори 187 нафар ҷавонони ватандӯсту меҳанпарастро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар намуданд”.Нимсолаи дуюми соли равон марҳилаи муҳим ба ҳисоб рафта, дар ин муҳлат баргузории конференсияҳои ҳисоботи – интихоботии кумитаҳои иҷроияи ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, таҷлили 30 – солагии ҲХДТ ва дигар чорабиниҳои муҳими сиёсӣ баргузор мегардад. Аз ин рӯ фаъолияти ҳизб дар ин марҳила бояд вусъат бахшида шавад.Баъди баррасии масъалаҳои рӯзнома, қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Сиёсати мутавозину гуногунҷанбаи Пешвои муаззами миллат-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама самту соҳаҳо хусусияти ватандӯстона дорад. Ҳама кору пайкор ва амалҳои Президенти кишвар чӣ дар бахши иқтисоду иҷтимоиёт, чӣ дар бахши маорифу фарҳанг ва чӣ дар бахши сиёсати хориҷӣ тадбирҳои ватанпарастона ва беҳтарин намунаи ватандӯстӣ мебошад.
Ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ асоси ҳизб буда, тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойи кор ва макони истиқоматии аъзоён созмон ёфта, аз тарафи кумитаҳои иҷроияи шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ба расмият дароварда мешаванд.
Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва Кумитаи иҷроия дар шаҳри Исфара дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара дар доираи чорабиниҳои ҷашни 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар заминаи корхонаю муассисаҳои дар ҳудуди шаҳр фаъолияткунанда ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуда истодаанд.
Дар асоси нақшаи корӣ аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара Гулафзо Ҷӯраева ва мудири бахши оморӣ КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара Фарзона Раҳматова санаи 12 июни соли 2024 дар Муассисаи давлатии хоҷагии манзилию коммуналӣ “Навобод” бо ташаббуси ҳайати муассисон маҷлис баргузор карда шуд. Бо пешниҳод ва ҷонибдории ҳайати муассисон ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуда, вобаста ба самти фаъолияти корхона ташкилоти ибтидоӣ “МДХМК- НАВОБОД ” номгузорӣ карда шуд.
Аз ҷониби аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоӣ номзадии роҳбари муассисаи “МДХМК- НАВОБОД ” Ҳайдаров Шӯҳрат ба раисии ташкилоти ибтидоии “МДХМК- НАВОБОД ” пешниҳод карда шуда, якдилона интихоб карда шуд.
Дар фарҷом ба 7 нафар кормандони муассиса, ки иродаи сиёсиашонро муайян намуда, ҷиҳати дохил гардидан ба сафи ҲХДТ ба Кумитаи иҷроия ариза пешниҳод намуда буданд, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуданд. Ҳамчунин, аз аъзои ташкилоти ибтидоӣ даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати пос доштани истиқлоли давлатӣ, ваҳдату якпорчагии кишвар ва ҳуввияти миллӣ, муқаддас донистани асолати миллӣ ва густариши робитаҳои дӯстона миёни давлатҳои ҳамсоя, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, сатҳи ҳушёрию зиракии сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, бахусус ҷавонону наврасон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи баланди инсондӯстию ватанпарастӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, инчунин вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкориҳо ба истиқболи сазовори 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд оид ба гузаронидани маҷлисҳои ҳисоботӣ – интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бо маром идома дорад.
Имрӯз санаи 12-уми июни соли 2024 дар ташкилоти ибтидоии “Хушбахтӣ” дар назди Муассисаи таҳсилоти томактабии №18 маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ гузаронида шуд, ки дар кори он намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Дилрабо Қурбонова ва аъзоёни фаъоли ташкилоти мазкур иштирок доштанд.
Нахуст маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоӣ ифтитоҳ намуда, ҳисоботи фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ аз моҳи июни соли 2023 то моҳи июни соли 2024 баррасӣ намуда, инчунин вазифаҳо барои фаъолияти соли минбаъдаро пешниҳод намуд.
Ҳамзамон намояндаи кумиҷроияи шаҳрӣ вобаста ба фаъолияти ҲХДТ баромад карда, таъкид намуд, ки вазъи ҳозираи сиёсии кишвар аз ҳарвақта дида бештар тақозо менамояд, ки ҳар як аъзои ҳизб садоқати худро ба ғояҳои волои он нишон дода, нерӯи ҷисмониву зеҳнии худро ба ҳифзи дастовардҳои соҳибистиқлолӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу суббот ва рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии мамлакат равона созад.
Дар фарҷоми Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ якчанд нафар фаъолони ҳизбро ба гирифтани Сипосномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд пешниҳод намудан.
Дар санаи 12-уми июни соли ҷорӣ дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ семинари дастурдиҳӣ оид ба баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ – интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ доир карда шуд.
Дар семинари мазкур муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Латифзода Асрор Қурбон, сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ Юсуфзода Абдулмаҷид, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд муҳтарам Каримзода Мирзоқосим, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ Боқизода Боқимуҳаммад ва муовинони раиси ноҳияи Айнӣ Раҳимзода Рузибой, масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, раисон ва масъулини ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии назди КИН Айнӣ иштирок доштанд.
Сараввал Каримзода Мирзоқосим ба сухан баромада меҳмононро барои қадам ранҷа намудан ба вилояти Суғд хайрамақдам намуда, кори семинари мазкурро кушода эълон намуданд.
Латифзода Асрор Қурбон қайд намуданд, ки маъракаи ҳисоботӣ-интихоботии дар ташкилотҳои ҳизбии ҷумҳурӣ ин чорабинии муҳими ҳизбӣ ба ҳисоб рафта, дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолияти ташкилотҳои ҳизбиро ба танзим медароранд, омода ва баргузор карда мешавад.
Дар рафти семинари мазкур ба иштирокчиён дастури методӣ тақсим карда шуд. Дастури методӣ дар бораи баргузор намудани маъракаи ҳисоботӣ-интихоботии дар ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Барномаи ҲХДТ, Низомнома «Дар бораи интихоби кумитаҳои ичроияи Халқии Ҳизби Демократии Точикистон» ва қарори Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказӣ аз 15 майи соли 2024 “Дар бораи баргузор намудани маъракаи ҳисоботӣ-интихоботии дар ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» таҳия гардидааст.
.
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд бо ҷалби беш аз 50 нафар аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” аксияи тарғиботии вилоятӣ таҳти унвони “Пешвои миллат – ҳомӣ ва раҳнамои ҷавонон” дар кӯчаҳои марказии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки дар доираи он зиёда аз 300 адад маводҳои тарғиботӣ миёни ҷавонону сокинон тақсим карда шуда, таъкид гардид, ки яке аз дастовардҳои бузурги Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷавонон ин таваҷҷӯҳи бевосита ва падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли ҷавони кишвар мебошад, ки дар баробари ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ зарурати ташаккул ва амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавононро пеш гирифт. Ҳанӯз 13 марти соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда, санадҳои аввалин дар роҳи ташаккул ва инкишофёбии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» – ро қабул намуд.Ин бори дигар собит месозад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сиёсати давлатдорӣ ва пойдории ҷомеаи демократву ҳуқуқбунёд ташаккул ва инкишофёбии сиёсати ҷавононро яке аз самтҳо ва ҳадафҳои асосӣ фаъолият меҳисобад.Боиси зикр аст, ки чунин аксияи вилоятии мазкур дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят роҳандозӣ гардида истодааст.
Шоми 21 май дар майдони назди Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид.
Нимаи дуюми рӯзи 21 май бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар маркази вилоят-шаҳри Хуҷанд роҳпаймоии идонаи ҷавонон баргузор гардид. Ҳазорон нафар ҷавонони саодатманди диёр аз назди Маҷмааи фарҳангиву таърихии “Истиқлол” то назди Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ, ки макони баргузории чорабинии идона интихоб шуда буд, роҳпаймоӣ намуданд.Воқеан ҳам дар замони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон зери роҳбариву пуштибонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи дастгирии давлатии ҷавонон ҳамчун насли шоистаи замон ва неруи созандаву тавоно таваҷҷӯҳи хосса зоҳир гардида истодааст. Зеро ҷавонон ҳамчун нерўи созандаи кишвар, такягоҳ, умед ва ифтихори давлату ҷомеа дар рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон мавқеи муҳим мегузоранд.Қабул ва мавриди амал қарор гирифтани силсилаи санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳа, стратегияву барномаҳои давлатӣ, таъсис додани стипендияҳо, квота ва ҷоизаҳои Президентӣ барои ҷавонон, роҳандозӣ гардидани иқдомњои шоиста дар самти дастгирии ҳамешагии ташаббусҳои неку наҷиби ҷавонони соҳибистеъдод ва амсоли инҳо шаҳодати равшани гуфтаҳои болоист.Маҳз иродату садоқат ва кўшишу талошҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки иқдомҳои шоистаи ҷавонон ва беҳтарин ташаббусҳои созандаи онҳо пуштибонӣ ёфта, ҷавонони мо муваффақона дар самтҳои гуногуни рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат сарбаландона фаъолият намуда истодаанд.