Рубрики
Асосӣ Мақола

КОНИБОДОМ: МО- ҶАВОНОН ФИРЕФТА НАХОҲЕМ ШУД!

  (Андеша) Ба ҳамагон аён аст, ки гуруҳҳои нохалаф вақтҳои охир мардумро бо дасисаву дурӯғҳои худ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ гумроҳ намуда, минтақаи Тоҷикистонро ноором сохтанианд. Аслан, ҳадафҳои чунин ашхоси нопок иғво андохтан байни мардум, бадӣ хостан ва разилона ҷангу нооромӣ ҷустан мебошад. Ҳадафҳои нопоки хоинон ҳеҷ гоҳ ва дар ягон давру замон амалӣ нахоҳад шуд.

  Тоҷикон аз азал тарафдори сулҳу ваҳдат ва якпорчагии кишвари азизи худ ҳастанд ва мемонанд. Ин фикру ақидаҳо ва амалҳои ғаразнокашон то ҳаргиз амалӣ нахоҳад шуд. Зеро миллати тоҷик ҳимоятгар дорад ва таҳти сиёсати оқилонаю ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони далеру шуҷои Ватан дар ҳифзу ҳимояи ин марзу бум қарор доранду қарзи фарзандии худро дар назди халқу миллат софдилона иҷро намуда истодаанд .

   Ҳамеша некӣ бар бадӣ ғолиб хоҳад омад. Зеро қалби хоинони миллати тоҷик пур аз кинаву хусумат аст. Ободии миллати тоҷикро намехоҳанд. Аммо онон бехабаранд, ки ҷавононро бо ягон пешниҳод ва суханҳои бемағз харида наметавонанд. Зеро мо- ҷавонон пайравони асили Пешвои миллат ҳастем, ватани худро дуст медорем ва барои ҳифзаш ҳамеша омодаем.

  Аз ин рӯ, ба ҷавонони ҳушманду зираки диёрам муроҷиат карда мегӯям, ки ба суханҳои беҳудаи баъзе аз мухолифин, ифротгароён дода нашуда, баҳри ҳимояи марзу буми кишвар ва дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи давлат ва Сарвари давлат кӯшиш намоянд. Тоҷикистон Ватани обод асту баҳри ободу зебо нигоҳ доштани он бояд ҳар як фарди солим андеша намояд.

Ҷӯраев Қадриддин –

 омӯзгори мактаби хусусии ба номи О . Ҷӯраев,

шунавандаи курси захираи кадрии назди

кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом

Рубрики
Асосӣ Мақола

ПАНҶАКЕНТ: ТАШАБУССҲОИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ “ПИРЯХҲО ЗАХИРАИ АСОСИИ ОБИ СОФ МЕБОШАНД.

 Обшавии босуръати онҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои бағоят манфӣ оварда расонад”. (ЭМОМАЛӢ РАҲМОН) Дар шароити кунунӣ ва бо назардошти таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои об, бахусус пиряхҳо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии навбатии худ дар Иҷлосияи 76-уми Маҷмаи умумии СММ аз зарурати эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бори нахуст дар ҷаласаи нахустини сатҳи баланди гурӯҳи муассисони Эътилофи ҷаҳонии обу иқлим аз ҷониби Сарвари давлат пешниҳод гардида буд, ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки ташаббуси мазкур барои ҷалби бештари таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли масоили обу иқлим ва обшавии пиряхҳо мусоидат хоҳад кард. Ба андешаи коршиносони соҳа, пешниҳоди ташаббуси навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба эълони соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар шароити имрӯзаи тағйирёбии иқлим муҳим ва саривақтӣ мебошад. Хостем дар ин ҷо намунае аз як гӯшаи саршори обҳои поку беғаш ва тозаеро аз Тоҷикистони соҳибиқбол меорем, ки он ҳам дар мисоли Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маҳсуб ёфта, ки он иқлими ба худ хосро дорост ва манбаи оби тоза мебошад. Яке аз номвартарин манобеи обӣ дар Бадахшон ин прияхи Федченко мебошад, ки калонтарин пиряхи Осиёи Марказӣ маҳсуб ёфта, дар ВМКБ маскан гирифтааст. Дарозии он 77 км, паҳноиаш аз 1700 то 3100 метрро дар бар гирифта, аз нишебии шимоли қаторкӯҳҳои Язгулом ибтидо меёбад. Пирях шохаҳои зиёд дорад. Нуқтаи баландтарини пирях 4200 метр муайян шудааст. Қисми миёнаи пирях дар як шабонарӯз бо суръати 70 — 75 см ҳаракат мекунад. Аз зери пирях дарёи Селдара ҷорист. Ҷоришавии оби он дар фасли тобистон ба 300 м_3 сония мерасад. Умуман, ВМКБ дорои ҳашт пирях мебошад, ки аз онҳо дарёҳҳои тозаи мусаффо ҷорӣ мегарданд. Ин гӯшаи саршори обҳои зулол дорои 18 кӯлҳои гуногун мебошад, аммо кӯли чуқуртаринаш Сарез аст ва он яке аз кӯлҳои зеботарину бонуфузи Тоҷикистони мост. Он дар натиҷаи зилзилаи шадид (7-9 балл аз рӯи ҷадвали Рихтер) пайдо шудааст. Кӯли Сарез солҳои тӯлонӣ мешавад, ки таваҷҷуҳи тадқиқотчиён, олимон, адибон ва сайёҳони одиро ба худ ҷалб намудааст. Он қариб 60 км дарозӣ дорад, умқи максималии он то ба 505 метр расида, ҳаҷми оби ҷамъшудааш 17км3-ро ташкил медиҳад. Мусаллам аст, ки Бадахшони нозанинамон дорои захираҳои зиёди обҳои тоза ва чашмаҳои шифоӣ буда, истифодаи оқилонаи онҳо аз фоида холӣ нест. Дар ҳудуди вилоят 72 манбаи обҳои гарм ва минералӣ мавҷуданд, ки на ҳамаи онҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд. Аз 72 манбаи оби гарм ва минералӣ 13 ададашонро дар соҳаи агросаноатӣ истифода бурдан мумкин аст. Дар таъмин намудани аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ва полезӣ саҳми “Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон” назаррас аст. Тӯли даҳ соли охир дар ҳудуди вилоят дар масофаи 1450 км қубурҳои обгузар васл гардиданд. Бо истифода аз таҷрибаи олимони Пажӯҳишгоҳи биологии Помир айни ҳол дар мавзеи Ҷелондеҳ шахсони алоҳида дар шароити гармхонаҳо парвариши сабзавотро ба роҳ мондаанд ва хулласи калом ин ки Бадахшони Тоҷикистон сарчашмаи асосии оби тозаи мамлакат ба ҳисоб рафта, дар оянда интиқол додани оби тозаи он ба дигар кишварҳои ҷаҳон низ имконпазир аст. Дар ҳақиқат ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат наҷотбахш ва кушояндаи гиреҳҳои глобалианд ! Зиҳи Пешвои муаззами миллат! Муродзода Мастона – мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент

Рубрики
Асосӣ Мақола

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: АМАЛИ ДАСТҶАМЪОНА БАҲРИ МУБОРИЗА БО ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ

Андеша: Дар ҷаҳони имрӯза  кишваре  нест,  ки аз таъсири  гурӯҳҳои ифротӣ  дар  олам  нигарон  набошад. Зеро террор  ин  таҳдид ба тамоми  башарият  мебошад.

Аз ин  рӯ  имрӯз  аҳли ҷаҳонро  лозим  аст,  ки бар  зидди  ин  зуҳуроти  номатлуб муборизаи  ҳамҷоя  барад. Имрӯзҳо низ  бархе  аз ифротгароён,  хоинони  миллат  мехоҳанд,  ҳадафҳои  нопоки  худро  дар  тамоми  ҷаҳон  амалӣ  созанд ва  сулҳу суботи  ҷомеаро  халалдор  месозад. Имрӯзҳо  мардум  чеҳраи  аслии  ин  гуна  афроди  пастсифатро  шинохтаанд.  Онҳо  афроди  хиёнаткор  мебошанд,  ки  арзиши  истиқлол , ки  волотарин  ва  пурарзиштарин  дастоварди  давлату  миллати  тоҷик  аст, қадр  намекунанд. Миллати  тоҷик  тӯли  асрҳои  зиёд  дастовардҳои фарҳанги  асил,  ҳуввияти  миллӣ,  забонӣ давлатӣ ва  илму  адабиёти  оламгирашро нигоҳ доштааст. Ба  ҳамагон  маълум  аст,  ки ниёгони  мо  бо  афкори  пурарзиш, беҳтарин  ва  равшантарин  орзуву  омоли  халқи  тоҷик ва ахлоқи  ҳамидаро  басо  орифона  ифода  намудааст.  Мо  бояд  ба насли ҷавон  талқин  намоем, ки шукронаи  даврони истиқлолият,  шукронаи  обу  хоки  диёр, осмони  софу  беғубор  намоянд  ва  андешаи  ободгароёнаю  суботкорона  дошта  бошанд. З-ин  сабаб муқаддас доштани  истиқлоли  давлатӣ, ки  барои  мо  рамзи  олии Ватану  ватандорӣ,  бузургтарин  неъмати  давлат  аст, расидан ба истиқлолияти  сиёсӣ,  иҷтисодӣ ва  фарҳангӣ мебошад. Истиқлолият  барои мо нишони  барҷастаи пойдории давлат, бақои  симои  миллат,  рамзи асолату ормонҳои  таърихӣ,  шарафу эътибори  ба  ҷаҳони  мутамаддин  пайвастани  кишвари соҳибистиқлоли  Тоҷикистон мебошад. Ва  ин  арзишҳоро  чун  гавҳари  ноёб  аз ҳар гуна  гурӯҳҳои  номатлубу  хиёнаткор  ва  афроди ватанфурӯш эҳтиёт  бояд  намуд.

Ҳамагонро зарур аст, ки баҳри  саҳм  гузоштан  дар  ободиву  пешрафти  Ватан, зодгоҳ,  маҳалли  зисти  худ кӯшишҳо  ба  харҷ  диҳем.  Баҳри  он  талош варзем,  ки Ватани ҷоноҷони  мо  боз  ҳам  ободтару  зеботар  гардаду  обрӯю нуфузаш дар арсаи  байналмилал боз ҳам  рушд ёбад.

Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти

КИ ҲХДТ  дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров:                            Негматҷонова С.

Рубрики
Асосӣ Мақола

ПАНҶАКЕНТ: ҲУШЁРУ ЗИРАК БОЯД БУД !

Вокуниш: Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аксарияти мардум, хосатан ҷавонон дар сомонаҳои иҷтимоӣ корбарӣ менамоянд, аммо аз чи бошад, ки муқобили шахсони дар хориҷбуда, ки аз дур истода бо тӯҳмату тавҳин нисбат ба кишвар суханҳои қабеҳ мегӯянд бетарифиро пеша кардаанд. Мусаллам аст, ки мафкуравии наҳзатиҳои фирорӣ аз тариқи баъзе расонаю сомонаҳои берунӣ яке аз воситаҳои тавҳин задан ба давлат ва миллати тоҷик маҳсуб меёбад. Бо роҳи пахшу нашр кардани маводи ғаразнок роҳбарияти созмони террористии миёни ҷомеаи тоҷик нуфуз пайдо кардан мехоҳад ва худро мубаллиғи озодию истиқлол ва пуштибони мардум вонамуд мекунад. Ин аст, ки аз хориҷи кишвар мушкилоти мавҷударо аз ҳуҷумҳои иттилооотӣ ва мафкуравӣ мепардозад ва риёкорию чарбзабониро ба ҳадди ифроту тафрит мерасонад. Дар ҳама давру замон буданд нафароне, ки чашми ғараз доштанд ба давлату ҳукумат, вале мутмаинам, ки ба ин дурӯғҳо бовар кардани мардум осон нест. Хориҷиён барои гирифтани иттилооти дақиқ аз пойгоҳҳои хабарии ғарбӣ, ки иқтидори бузурги иттилоотӣ ва тахассусӣ доранд, истифода мебаранд ва ба расонаҳои иғвогари наҳзатӣ аслан эътимод надоранд. Хиёнатгарон дар ватан нестанд ва ҳарфи онҳо наметавонад вазъияти мамлакатро такон диҳад. Бояд қайд кард, ки ҳар кадоми ману Шумо зиракии сиёсиро аз даст надода муқобили ҳамаи дасисабозон далерона мубориза барем. Фикр мекунем, ки мардуми босаводу боақли мо фирефтаи фиребу найранги ифротгароён намешаванд ва ба ҳар ҳарфи беҷои онон бовар намекунанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон дар ин маврид таъкид менамоянд, ки “Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид карда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад” Нестбод терроризм! Ҷалолов Қобилҷон – мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент

Рубрики
Асосӣ Мақола

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: МО НИЁЗ БА ФАРҲАНГУ ЛИБОСИ БЕГОНА НАДОРЕМ!

 Либоси миллӣ як рукни фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки дар тӯли қарнҳо зебоиашро гум накардааст ва минбаъд низ гум нахоҳад кард. Солҳои охир таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ зиёд гардидааст. Зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат маҳсуб гашта, яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост. Вақте сухан аз либоси миллӣ меравад, ҳатман пеши назар симои занон бо сару либоси хосаи зебо пеши назар меояд, чаро ки занро олиҳаи ҳусн мегӯянд.

  Мо мардуми тоҷик расму анъанаҳои худро ҷиҳати пӯшидани либоси миллӣ вобаста ба минтақаҳои кишварамон аз солҳои пешин доштем. Баъди он солҳои охир мо мебинем, ки аз тарафи занони тоҷик пӯшидани либосҳои ба миллати мо бегона хеле зиёд шуд. Гуфтанӣ ҳастам, ки модарону хоҳарони мо бояд ба ин масъала диққати ҷиддӣ диҳанд ва барои равнақи расму анъанаҳои гузаштаи мо вобаста ба пӯшидани сару либоси миллӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд, на балки либоси мардуми бегонаро тақлидкорӣ намоянд.

Чӣ тавре ки мушоҳида мегардад, солҳои охир ҳусни либоспӯшии занони тоҷик тадриҷан коста гардида, сари ин масъалаи марбут ба ҳуввияти миллӣ ва фарҳангӣ баҳсҳои доманадор ба вуҷуд омадаанд. Имрӯзҳо, мутаассифона, мушоҳида мекунем, ки духтарон ва баъзан занҳои тоҷик аз пушти мӯди хориҷии барои мо носозгор рафта, либосҳое ба бар мекунанд. Дар робита ба ин масъала Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ бахшида ба “Рӯзи модарон” чунин таъкид карданд: “Вақтҳои охир тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ ба як раванди ташвишовар табдил ёфтааст. Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сару либос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад. Агар иддае ба хотири тақлид ба ин тарзи либоспӯшӣ завқ пайдо карда бошанд, баъзеҳо бо мақсади таблиғи ақидаҳои таҳмилӣ ин либосро миёни занону духтарони мо паҳн карда, мехоҳанд дар кишвар боз як ҷараёни нави ифротиро ҷорӣ намоянд”.

 Боиси тассуф аст, ки имрӯз ҷавонони мо бешуурона майл ба либоси бегонагон намуда, аз фарҳанги бою ғании миллати худ истифода намекунанд. Андеша намекунанд, ки арҷ нагузоштан ба ҳунар ва тамаддуну таърихи худ беэҳтиромӣ нисбат ба миллат аст. Яке аз рукнҳои ҳуввияти миллӣ агар забон бошад, рукни дигараш либос ба ҳисоб меравад.

 Модоме ки либоси миллии мо нишон аз фарҳанги мост, пас биёед, фарҳанги миллиро бо тақлидҳои кӯр-кӯрона ба бегонагон фасод насозем ва онро ба ояндагон ба мерос гузорем. Бинобар ин имрӯз дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия кардани насли ҷавон, шукри истиқлоли Ватану давлатро намудан, шукри суботу оромӣ кардан ва барои ваҳдати ҷомеа талош доштану бегонапарастӣ накардан яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи мо дониста мешавад.

Солиева М – мудири шуъбаи занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

Рубрики
Асосӣ Мақола

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Ҷавонон ҳимоятгару ояндасози миллати солим.

(Ба ифтихори “Иди ҷавонон”)

Боиси ифтихор ва сарфарозию арҷгузорӣ ба ҷавонони миллат, ки ҳамасола санаи 23-май дар саросари кишвар ҳамчун “Рӯзи ҷавонон бо тантана таҷлил мегардад.

Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллии тоҷикон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми баромад, маърӯзаҳо ва гуфтугузорҳои хеш ба нерӯ ва қувваи ҷавонон дар кишвар баҳои баланд дода, саҳми онҳоро дар сохтмони ҷомеаи навин бузург мешуморанд. Президенти кишвар дар Паёми худ тазаккур доданд, ки «Ҷавонон бояд дар ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, мукаддасоти миллӣ ва дастовардҳои Истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдкорона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигаҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд».

Ҷавонон мебояд бо рафтору пиндори нек, бо гуфтори хирадпеша, хониши аъло дар макотибу донишгоҳу донишкада, одобу ахлоқи ҳамидаю намунавӣ ба дигарон таъсири хешро расонанд ва ҳамсолони худро аз роҳи бад баргардонида, ба роҳи нек ҳидоят созанд. Пешвои миллат нисбати ҷавонон ҳамеша таваҷҷуҳ ва ғамхориҳо зоҳир менамоянд, ки мисоли равшани ин гуфтаҳо эълон гардидани соли 2017 ҳамчун “Соли ҷавонон”мебошад, ки ин иқдоми созанда барои баланд бардоштани нақши ҷавонон дар рушду нумӯи соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа мусоидат менамояд. Ба нерӯву иқтидори ҷавонон эътимоди комил доштани Сарвари давлат аз гуфтаҳои эшон бармеояд, ки овардаанд: «Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд». Ҷавобан ба ин ғамхориҳо ҷавонон изҳор медоранд, ки ҳамеша дар нерӯи Пешвои миллат қарор гирифта, баҳри пешрафту тараққиёт, корҳои ободонӣ ва созандагию бунёдкорӣ ҳамчун фарзанди бонангу номуси ин миллату давлат ҳиссаи хешро мегузоранд. Эшон дар тамоми соҳаҳои ҷомеа фаъол буда, саҳми назаррасро дар рушду нумӯ, пешрафти сиёсату маърифат ва илму ирфон гузошта истодаанд. Ҷавонон нерӯи бузурги офарандаю бунёдкоранд. Онҳо метавонанд бо донишҳои қавӣ, бо меҳнату талош ба музаффариятҳои назаррас ноил гарданд ва баҳри вусъат ёфтану тараққӣ кардани соҳаҳои мухталиф саҳмгузор бошанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии ҷавонон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ диқкати махсус дода, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамоянд ва бунёди шароити мусоиди кору фаъолиятро барои ҷавонон пайваста таъмин менамоянд. Тавре Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мекунанд: «Ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда ва ояндаи миллатанд».

Дар Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 декабри соли 2016 бори дигар зикр гардид, ҷавонон бояд дар сиёсати имрӯзаи давлат дар тамоми фаъолияти пешрави ҷомеа фаъол бошанд, ташаббусҳои созандаро пешниҳод намоянд, амнияти давлату давлатдориро ҳимоя созанд.

Боиси хушҳолию айни сарафрозист, ки имрӯзҳо дар мулки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо таҳти сиёсати оқилонаву сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваҳдату якдилӣ ва сулҳу субот ҳукмфармост. Мувофиқи таҳқиқоти созмонҳои байналмилалӣ Тоҷикистон имрӯз аз нигоҳи амнияту оромӣ, бехатариву осоиштагӣ дар байни кишварҳои ҷаҳон дар сафи пеш қарор дорад ва чун таманнои муҳаббати аз дил ҷӯш зада баромада ва бо самимияти хоса гуфтаи кафили сулҳу ваҳдат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тавассути ҷаҳоннамо такрор ба такрор ба самъи мардум мерасад, ки «Дӯст бошед, иттифоқ бошед! Шукронаи ин сарзамин кунед! Шукронаи ин давлат кунед! Шукрона кунед, ки чунин Ватани азизу маҳбуб доред!», мо бояд аз ҳамаи ин фароҳамовариҳо, дастгириҳо ва неъматҳои моддию маънавии истиқлолият шукргузорӣ намоем.

Талошҳои пайвастаи ҷавонони имрӯзаи мо ҷиҳати иштироки фаъолона дар рушду нумӯи кишвари азизамон бовар бар он месозад, ки ҷавонони мо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми нерӯи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар менамояд. Ин дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон бояд сармашқи асосии кору пайкор ва фаъолияти ҳаррӯзаи онҳо дар давраи ҷаҳонишавии муносибатҳо бошад. Афкору андешаҳои тозаи ҷавонони мо нахоҳад гузошт, ки гурӯҳҳои тундраву ифротгаро фазои софи Ватани азизамонро ғуборолуд созад.

Бо истифода аз ин дастуру супоришҳо ҷавонони мо бояд баҳри ҳифзи Ватани азизамон – Тоҷикистон кӯшиш намуда, бар зидди ҳар гуна зуҳуроти бегонапарастӣ мубориза баранд. Ҷавонони созандаи мо аз таърихи давлати соҳибистиқлол ва ниёгони худ, забону фарҳанги миллиамон ифтихор намуда, баҳри дифои онҳо аз ҳар гуна омилҳои зараровар пайваста талош меварзанд.

Ҷавонон муҳофизони боэътимоди Ватан, амнияти давлату ҷомеа, сарчашмаи ташаббусҳо ва захираи тиллоии миллату давлат ҳастанд. Ин хулосаест, ки аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо ҷавонони кишвар, ки 23 майи соли 2013 дар шаҳри Душанбе бармеояд.

 Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба раванди омода намудани олимони ҷавон вобаста ба талаботи соҳаҳои гуногуни кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар давоми солҳои Истиқлолият барои дастгирии ҷавонони соҳибистеъдоду лаёқатманд тадбирҳои назаррасро анҷом дода истодааст. Дар ин раванд хидмат ва раҳнамоиҳои Пешвои миллат, Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир аст.

Мо ифтихор мекунем, ки имрӯз ҷавонони мо дар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин фаъолона иштирок карда, дар муаррифии давлати тоҷикон ва баланд бардоштани парчами Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ нақши шоиста доранд.

Кулли ҷавонони кишварро бо ин иди пуршукӯҳашон самимона шодбош мегӯем ва хоҳони он ҳастем, ки ҳамеша баҳри рушду инкишоф ва пешравиҳои Ватани азизамон содиқона саҳми арзандаи худро гузоранд.

Аъзои фаъоли ҳизб.

Рубрики
Асосӣ Мақола

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ТАҲДИДИ БЕХАТАРИИ ҶАМЪИЯТ АСТ.

      Дар шароити имрӯз яке аз масъалаҳои муҳиме, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ ба ҳисоб меравад. Ин зуҳуроти ташвишовар ҳанӯз аз замони пайдо шудани гурӯҳҳои хусусияти ифротидошта ва созмонҳои террористие, ки аз ҷониби давлатҳои манфиатхоҳ маблағгузорӣ гардида, ба хотири бозиҳои сиёсиашон истифода менамоянд, зуҳур кардааст.

      Ин ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва ифротгароӣ, ба ислом ҳеҷ рақобате надоранд. Онҳо танҳо аз дини ислом истифода намуда,  амалҳои террористии худро дар ҷомеаи мо амалӣ месозанд.

        Ифротгароӣ худ падидаи номатлубест, ки ба хотири гумроҳ сохтан ва аз ақл бегона намудани инсонҳо зуҳур карда, онҳоро  побанди ақидаҳои диниву мазҳабӣ ва террористӣ месозанд. Ин амалҳои номатлуби ҳизбу ҳаракатҳои тундрави созмонҳои террористӣ ба ҳаëти имрузаи сокинони ҷомеаи ҷаҳонӣ хатари сангин буда, барои гумроҳ ва шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ таъсири амиқи худро расонида истодаанд.

       Таҳлилҳои ҳаррӯзаи кишварҳои қурбони ҳамлаҳои террористӣ гардида нишон медиҳанд,  ки  террорист  худ дастгоҳест, ки кишварҳои манфиатхоҳ онро ба хотири ноамниву вазъияти кишварҳои сулҳу суботи комил доштаро ба ҳам задан истифода менамоянд. Бояд қайд намуд, ки кишварҳои Сурия, Яман, Ироқ ва ҳоло Афғонистон аз ҳамлаҳои террористии гурӯҳи тундрав ба хоку хун оғушта гардидаанд. Ба ҳамин хотир мафҳуми террор имрӯз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун вабои аср дониста шудааст.

      Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллӣ, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳар як баромадашон вобаста ба ин мушкилоти ташвишовар то минбарҳои баландӣ СММ баромад намуда, ин мушкилоти бисёр хавфнокро мавриди барасӣ қарор додааст.

       Пешвои миллат пайваста таъкид менамояд, ки террорист ватан, миллат, дин, нажод надорад. Ва мо бояд, хусусан ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ худдорӣ намуда, ба ватану миллати хеш содиқона хизмат намоем.

       Имрӯз ҳастанд он ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористие, ки дар фазои сулҳу осоиштагии кишвари мо Тоҷикистон амалҳои террористии худро анҷом додан мехоҳанд. Ва барои носутовор сохтани вазъияти кишвари мо ҳама гуна нақшаву ниятҳои ифлоси худро ба кор мебаранд.

      Ба ин хотир Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мушкилоти шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ нигарон буда, ин мафҳумҳои номатлубро ба мисоли ифротгароӣ, терроризм, экстремизм маҳкум менамоянд. Имрӯз мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода байни ҷавонон ва омма корҳои ҳамдигарфаҳмиро ба роҳ монем, то ки онҳо фирефтаи ақидаҳои диниву террористӣ  ва ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои тундрав шомил нашаванд.

 Негматҷонова С – мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

Рубрики
Асосӣ Мақола

ХУҶАНД: АНДЕША: ВАТАНРО ҲИФЗ МЕБОЯД!

Падидаҳои номатлуби замони муосир ба монанди ифротгароӣ ва терроризм ба сулҳу субот ва амнияти тамоми кишварҳо ва минтақаҳои ҷаҳон хатар дорад. Ифртгароиву терроризм танҳо ба як минтақа  маҳдуд нест. Рушди технологияи муосири коммуникатсионї, аз як тараф, дар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, хоса соҳаи хизматрасонӣ имконияти мусоиди рушд фароҳам оварда бошад, аз ҷониби дигар, он боиси сўистифода шудани ин восита аз тарафи созмонҳои ифротгароиву террористї гардидааст. Имрӯз мо худ шоҳид ҳастем, ки бо роҳи интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ  тафаккури ҷавонон тағйир дода мешавад. Даҳҳо ҷавонон бо ин роҳ ба доми фиреби сиёсии созмону ташкилотҳои террористиву экстремистӣ гардида, ҷони худро зери хатар гузоштаанд. Аз нигоҳи Пешвои миллат“яке аз омилҳои густариш ёфтани ифротгароӣ ва терроризм ин аз ҷониби ташкилотҳои террористӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ, бахусус, шабакаи интернет бо мақсади пешбурди ташвиқоти экстремистӣ, ба сафҳои худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ намудан ба амалҳои харобкоронаи онҳо маҳсуб меёбад”. Ҳоло имконияти технологияи муосир торафт хатари зуд ва дар фурсати кӯтоҳ паҳн намудани идеологияи ифротиву террористиро дар ҷомеа бештар намудааст. Сар задани ҳодисаҳои терактї на танҳо сабаби ҳалокати одамон, ҳамчунин боварии аҳолиро нисбати маќомоти амниятї ва давлатї коста гардонида, иштироки сиёсї ва фаъолнокии сиёсии онҳоро то ба дараҷае суст мегардонад.

Чанд муддат аксарияти мардум фикр доштанд, ки гӯё созмонҳои террористиву экстремистӣ аз байн рафтаанд. Аммо ҳодисаи рӯзҳои охири давлати Қазоқистон бори дигар собит намуд, ки чунин созмонҳо ба таври пинҳонкорона дар ҷомеа фаъолият бурда истодаанд ва набояд нисбати оқибатҳои фоҷиабори фаъолияти созмонҳои иртиҷоӣ бепарво буд. Моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу субот, амнияти миллӣ ва пешрафти кишварамон ҳар лаҳза бирасем ва барои рушди ободии ҷомеа  саҳмгузор бошем. Тоҷикистон дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ давраи нооромӣ ва бетартибиҳои сиёсиву низомиро паси сар намудааст ва мардуми кишвар чунин ҳодисаи харобиоварро, ки бо дасти созмонҳои ифротӣ ва бо пуштибонии ташкилоту давлатҳои хориҷӣ сурат гирифт, аз ёд набаровардаанд. Ба касе пӯшида нест, ки оғози ба куча рехтани мардуми Қазоқистон баланд гардидани арзиши газ бошад ҳам, аммо ин як баҳон ва сабаби нооромӣ, бетартибӣ ва шикастани суботу амнияти ҷомеа аз ҷониби гурӯҳҳои махсус мебошад. Маҳз созмону ташкилотҳои террористиву ифротӣ аз чунин фурсат истифода намуда, даст ба қатлу куштор ва харобкорӣ заданд. Агар ба шароит ва имкониятҳои дар Қазоқистон барои шаҳрвандон муҳайё намуда, назар андозем, нисбат ба чанд давлатҳои собиқ шӯравӣ дар ин кишвар сатҳи зиндагони мардум имкониятҳои кору фаъолият хубтару беҳтар мебошад. Боз ҳам ношукрӣ ба чунин шароиту имконот ва ба доми фиреби ҳаргуна созмонҳо афтодани як гурӯҳи хурди мардум, боиси бетартибиву харобкориҳо дар ҷомеа гардид.

Ба миён омадани чунин ҳодисаи нохуш моро ҳушдор медиҳад, ки то ҳол созмонҳои ифротиву террористӣ интизори фурсатҳои муносиб ва аз қафои амалӣ сохтани мақсадҳои ғаразноки хеш мебошанд. Дар чунин шароит, ҳифзи суботу амнияти ҷомеа ба мисли обу ҳаво шарт ва асоси амалӣ намудани ҳамагуна ҳадафу барномаҳои созанда дар ҷомеа мебошад. Бидуни ҳифзи суботи сиёсӣ, амнияти миллӣ ва ягонагии ҷомеа таъмин ва амалӣ сохтани ҳаргуна манфиатҳои давлатӣ ғайриимкон ва ба даст оварданаш аз назари воқеъбинона номумкин аст. Аз ҳамин нуқтаи назар шаҳрвандонро зарур аст, ба қадри оромиву суботи кишвар расида бошанд ва дар пешрафти Ватани азизамон саҳми муносиб гузоранд. Дар пешрафту мувафаққияти давлати Тоҷикистон таъмини амнияти миллии кишвар басо муҳим ва ҳифзи он яке аз вазифаҳои на танҳо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, балки ҳар як шаҳрвандон, махсусан мо ҷавонони худогоҳу ватандӯсти кишвар мебошад.

Рушду нумӯи ҳар ҷомеа ва давлат қабл аз ҳама аз фазои амниятии он вобаста мебошад. Таъмини амнияти шахс, гурӯҳ ва давлат имкон медиҳад, ки ҷомеа қадам ба қадам ҳадафҳои худро амалӣ созад. Мисоли равшани ин гуфтаҳо вазъияти солҳои 90-уми асри гузашта дар кишварамон мебошад. Бинобар нооромии сиёсӣ давлат танҳо дар фикри ба эътидол овардани вазъи кишвар буд ва маҳз баъди ба имзо расидани «Сулҳи тоҷикон» мавзӯи рушди стратегии кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Комёбиҳои ҳам сиёсати дохилӣ ва ҳам сиёсати хориҷии кишвар баъди солҳои 2000-ум рӯи кор омаданд ва Тоҷикистон ба натиҷаи назаррас ноил гардид.

Имрӯз низ барои ноил шудан ба натиҷаи хуби рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангӣ моро зарур аст, ки суботу оромӣ ва амнияти давлатиро ҳифз намоем. Дар шароити имрӯза пешгирии роҳи паҳншавии идеологияҳои ифротиву террористӣ вазифаи ҳар шахс буда, муқобилияти шадид ва оштинопазир бо идеологияҳои иртиҷоӣ омили комёбӣ дар ин самт буда метавонад. Аз ин рӯ ба қадри сулҳу амният расидан ва ва барои пешрафту ободии кишвар саҳм гузоштан вазифаи ҳар шаҳрванд, махсусан мо ҷавонон мебошад.

Шӯҳрат Саидзода,

н.и.с., дотсент, мудири

кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ,

 аъзои фаъоли ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд

Рубрики
Асосӣ Мақола

ХУҶАНД: БЕХАТАРИИ МУСТАҲКАМ ОМИЛИ МУҲИМТАРИНИ ИНКИШОФИ ҶОМЕА

Гегемонизм, муссалаҳшавии бошитоби аксарӣ давлатҳои ҷаҳон, пайдо шудани нишонаҳои «ҷанги сардӣ» абарқудратҳо, авҷ гирифтани нооромиву низоҳо, дар зиёда аз сад давлатҳои дунё рух додани ҳамлаҳои ғайриинсонии террористӣ ва ифродгароёна боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст.

Ин нуқтаро Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомали Раҳмон дар паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамалакат баён намуда, таъкид намудан, ки давом ёфтани чунин ҳолат, метавонад боиси афзудани таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, башариву фарҳангӣ дар минтақаҳои гуногуни олам гардад.

Ирўзҳо кишвари мо барои пешгири кардани таъсири таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ, чораҳои иқтисодию сиёсиро дар фаъолияти дохилӣ ва хориҷии худ роҳандозӣ намуда истодааст. Бесабаб нест, ки дар ин ҷода Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон махсус қайд намудан, ки «бо назардошти воқеияти кунунӣ ва бо мақсади таъмини амнияти устувор, ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифродгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир, мо омодаем ҳамкориҳои густурдаро бо созмонҳои байналмиллаливу минтақавӣ ва кишварҳои шарик тақвият бахшем.

Дар ҳақиқат, аз солҳои 90-уми асри ХХ сар карда то имрўз, дар минтақаву мамалакатҳои гуногун, дар сатҳи миллӣ ва байналмиллалии ҷаҳонӣ барои бартараф намудани мушкилоти ба тарроризм ва ифродгароӣ вобаста буда, садҳо ҳамоишу конференсияҳо бо фарогирии аксарияти давлатҳои ҷаҳон баргузор гардида бошад ҳам, то ҳол «муносибатҳои духўра», «меъёрҳои дугона» пуштубонии сиёсиву иттилоотӣ ва молиявии гурўху созмонҳои террористивю экстремистӣ мушоҳида мегардад. Ба ин муносибат Сарвари давлат рўзҳои вазнини саршавӣ ва солҳо кашол ёфтани ҷанги шаҳрвандиро ба хотир оварда қайд карданд, ки «кишвари мо бо падидаҳои густурдаи зўровариву мудохила аз хориҷ ва таҳмили андешаву равияҳои бегона, ки аз ғояҳои ифродгариву террироистӣ маншаъ гирифтанд рў ба рў шуда буд».

Ноамнию хатарҳои замони муосир ба амнияти давлати мо низ таҳдид мекунад, зиёда аз ин баъзе ҳамватанони раҳгумзадаи худамон ба  ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ шомил гардида, мехоҳанд амнияту, суботро дар ҷомеа халалдор созанд. Чунин афрод, дуруст дарк намекунанд, ки давоми солҳои истиқлолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон авлоди нав, фарзандони далеру шуҷоъ, бонангу номусӣ миллат ба воя расида, намегузоранд, ки бадхоҳони миллат ба ниятҳои нопокӣ худ бирасанд.

Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки ҳаргиз ба суханҳои иғвогаронаи пайравони ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ гашта,  аз он ҷумла Паймони миллӣ, Гурӯҳи 24 ва амсоли инҳо фирефта нагардем. Зеро мақсади асосии онҳо ин кашидани Тоҷикисон боз ба ҷанг асту тамом.

Ҳусайнов М.  – муаллими калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии ДДҲБСТ                                      

Рубрики
Асосӣ Мақола

ДЕВАШТИЧ: ОИЛА- МАКТАБИ БУЗУРГИ ТАРБИЯ

    Оила мактаби бузургест, ки тамоми  муваффақияту пешравии инсон аз  сатҳи таълиму тарбияи ин маскан сахт вобастааст. Оила макони ташаккули шахсият буда, асоси нахустин одатҳо ва беҳтарин фазилатҳо маҳз дар он гузошта мешавад. Аз ин ҷост, ки ба оила чун яке аз рукнҳои меҳварии рушди ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир мешавад.

 Ҳаёти инсон аз оила ибтидо мегирад. Рисолати аслии оила бахшидани ҳаёти пурнишот ба кўдакон ва тарбияи шоистаи фарзанд буда, аз падару модар  дарки баланди масъулият,  ҷаҳонбинии васеъ, иродаи қавӣ ва  ҳамдигарфаҳмиву таҳаммул мехоҳад.

 Мустаҳкамии оила ба муносибати зану шавҳар  пайванди ногусастанӣ дорад, ки маҳаки асосии онро муҳаббат, иттифоқ ва ахлоқи ҳамида ташкил медиҳад. Аз ин рў, пеш аз барпо кардани оила ба ҷавонон  ин нуктаро таъкид карда, ононро дар рўҳияи эҳтиром ба арзишҳои инсонӣ ва омўзиши касбу ҳунар тарбия бояд кард.

Инчунин оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эьтироф гардидааст, зеро бехтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбад.

Оила, ки худ пояи асосии миллат мебошад, дар  хамаи давру замон баҳри рушди шахсият ва тарбияи насли солим нақши ҳалкунанда мебозад. Диққату эътибор нисбати ташаккули оилаи солим , тарбияи кӯдакон , ғамхорӣ ва таьмини камолоти онҳо, бунёди муносибатҳои оилавӣ дар заминаи меҳру муҳаббат аз фазилатхои нек ва рукнҳои фарҳангию суннатии ниёгони мо ба шумор рафта, аз насл ба насл мегузарад.

Оила ҳадяи бебаҳост .Онро бояд эҳтиёт кард, на ин ки вайрон.

Қавитарин пайвандҳои тамоми ҳаёти мо оила аст.

Онро бояд аз парокандагӣ эмин нигоҳ дошта, чун гавҳараки чашм ҳифз бояд намуд.