Рубрики
Асосӣ Мақола

Шаҳристон: Мо пайравони Пешвои миллат

Мақола: Мо ҷавононро мебояд, ки шукронаи ин давлати соҳибистиқлол бошему пайрави сиёсати хиратмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шуда, ба доми фитнаю найрангҳои хоинони миллати тоҷик, ки ғуломони хоҷагони хориҷиашон гаштаанд наафтем ва Ватани азизамонро чун ҷони худ ҳифз намоем.

Экстремизм ва терроризм дар ҷаҳони муосир падидаи нав ба шумор намеравад, балки солҳову асрҳост, ки он ба инсоният мушкилот ва хатарҳои бепоёне эҷод мекунад. Терроризм ва экстремизм фаъолияти қатлу куштор ва ваҳшониятест, ки аз ҷониби ниҳодҳои номаълум ба воситаи хароб кардани нерўҳои ақлонӣ ва ҷисмонии одамони авбошу қотил, ҷинояткору ғоратгар, зудбовар, гумроҳу фиребхўрда мавриди амал қарор дода мешавад. Мақсади ягонаи онҳо ноором сохтани вазъ ва ба сари мардум таҳмил кардани фарҳангу мазҳаби бегона мебошад.

Имрӯз, ҳар яки мо, Тоҷикистониёнро зарур аст, ки дар таълиму тарбияи насли наврас, фарзандони худ масъулиятро боз ҳам бештар намуда, нагузорем, ки насли наврас, ҷавонон ба ҳар гуна унсурҳои бегона шуғл варзанд. Пайваста таъкид намоем, ки аз таассубу хурофотпарастӣ ва ифротгароиву тангназариҳои диниву мазҳабӣ дур бошанд. Ҳамеша ба рафтору кирдор ва тарзи либоспӯшиву муоширати онҳо аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоед.

Мудири шуъбаи иттилоот ва таблиғоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Обидов И.И

Рубрики
Асосӣ Мақола

Конибодом:Меҳри Ватан бо меҳри модар тавъам аст

   Инсон бидуни садоқат ба Ватан дохили пазироии дигар анвои меҳру муҳаббат буда наметавонад. Меҳри Ватанро аҳли олам бо меҳри модар дар як саф гузоштаанд. Агар модар инсонро ба олам оварда, тарбия кунад ва ба муҳиту оила ҷалб намояд, Ватан рӯҳия ва камолоти инсонро парвариш дода, дигар арзишҳои волои инсониро бар он зам менамояд. Ватан азизтарин ва ноёбтарин неъмат, сарвати бебаҳост, ки онро ба ҳеҷ чиз наметавон иваз кард. Ватан ифтихор, шаъну шараф, нангу номус ва обрӯю эътибори хар яки мост.

   Ҳар як инсон, хусусан ҷавонон бояд барои дӯст доштани Ватан корҳои неку аъмоли баҳри ҷомеа манфиатбахшро анҷом диҳанд. Фаромӯш набояд кард, ки инсон дар назди Ватан баробари доштани ҳуқуқ ва озодиҳо ӯҳдадориҳо ва масъулиятҳои бузурге ҳам дорад. Яке аз ҳикматҳои ибратомӯзи дини поки Ислом чунин аст:

«Дӯст доштани Ватан аз имон аст».

   Инсони некбахт натанҳо Ватанашро дӯст медорад, балки барои ободонӣ ва аз фитнаҳо нигоҳ доштани он саъю талош намуда, бо душманони он мубориза мебарад. Паёмбари Худо (с) мефармоянд: «Ду чашм ҳаргиз дар оташи дӯзах намесӯзад, яке аз тарси Худо гиря мекунад, дигаре дар роҳи дӯст доштани Ватан миҷа таҳ накарда, хидмат мекунад».

Ватандӯсти асил ҳам зодгоҳ ва ҳам ватани бузургашро дӯст медорад, онҳоро аз ҳам ҷудо намесозад.

   Моро зарур аст, ки ба қадри меҳнату заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо хиради волояшон дар кишвари мо сулҳу суботро таъмин намуданд, бирасем. Ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, фирефтаи гурӯҳҳои фитнаҷӯву иғвоангез нагардем.

Вазифаи ҳар як шаҳрванд ҳимояи Ватани худ чӣ дар хона, чӣ дар сарҳад мебошад. Фарзандони худро бояд дар ҳамин рӯҳия, дар арҷ гузоштан ба ҳуввияти Ватан тарбия намоем. Садоқати баланди ватандӯстиро дар ниҳоди онҳо бипарварем. Шукргузор бошем, ки аз шукр шакар зиёда гардад…

Ман ба буи чону чонон зиндаам,

Чун умеди рузгорон зиндаам,

Ман киям хар лахза мепурси маро

ТОЧИКАМ МАН…БО ТОЧИКИСТОН ЗИНДААМ!

Юсуфова Ҳамидахон –

 мутахассиси бахши омори КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом

 

Рубрики
Асосӣ Мақола

Мақоми роҳбарӣ дар шароити кунунӣ

АНДЕША: Мо имрӯзҳо аз вазъияти мушкили сиёсии  дар Ҷаҳони мутамаддин рӯйи коромада бохабарем ва дида истодаем, ки дар бархе аз кишварҳо тамоюлҳои ба ном демократӣ рӯи кор омада, ҳамзамон бо истифода аз “дастгириҳо”-и давлатҳои абарқудрат чи корҳое шуда истодааст. Бояд қайд кард, ки дар ин маврид тибқи таҳлили сиёсатшиносон ҳадаф ва мақсадҳои баъзе кишварҳои “дасти дароз дошта” то ҳадде ноором сохтани вазъ дар мамлакатҳои хурдтар ба назар мерасад ва ҳоло ҳам собит аст, ки ин кӯшишҳо танҳо барои ба даст овардани  замин, сарват ва асосан қудратталабӣ маҳсуб меёбад. Дар натиҷа, талаботҳо ва хостаҳои  басо қобили ҳокимияти халқ ба вуҷуд омадаанд, ки мо дида истодаем.

Дар мисоли қавӣ мо метавонем вазъияти имрӯзаи Украина ва чанде аз дигар кишварҳо, аз қабили  Қирғизистон ва Гурҷистон, ки солҳои пешин ба вуқуъ омада буданду ҳанӯз солҳои сол идома доранд, мебошад. Масалан чунин “инқилобҳо” дар Қирғизистон,  даҳсолаҳост идома ёфта истодаанд ва оқибатҳои он ба мо маълум аст. Дар ҳамон сол дар аввал ҳудуди ду ҳазор нафар ба кӯчаҳои Бишкек баромаданд, даргириҳо бо пулис дар кӯчаҳои шаҳр идома ёфт, эътирозгарон дарвозаҳои қароргоҳи раисиҷумҳур ва ҳукуматро шикаста  сӯи бино сангборон карданд. Дар як рӯз шумораи шаҳрвандони дар беморхона бистаришуда 130 нафарро ташкил додааст.  Ҳамзамон метавонем, ки  ба мисоли чун “инқилоб” –и дигар кашмакашиҳои  моҳи ноябри соли 2003 дар Гурҷистонро пешниҳод намоем. Пайи ин инқилоб роҳбари кишвар истеъфо доду Михаил Саакашвилӣ ба ин мақом омад ва оқибат боз ҳамон инқилоб ташкил гардид ва Саакашвилӣ аз сари ҳокимият ронда шуда, зиндон карда шуд.  Саакашвилӣ аз соли 2004 то 2013 раисиҷумҳури Гурҷистон буд. Пас аз тарки мақом алайҳи ӯ чанд парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Худи сиёсатмадор онҳоро ангезаи сиёсӣ хонда, кишварро тарк намуд. Соли 2015 шаҳрвандии Украинаро гирифт ва раҳбарии вилояти Одессаро бар дӯш дошт, аммо пас аз як сол раисиҷумҳури вақти кишвар Петро Порошенко ӯро аз мақоми волӣ барканор ва баъдан аз шаҳрвандӣ маҳрум ва дар соли 2018 аз кишвар хориҷ кард. Президенти феълии Украина Владимир Зеленский як моҳ пас аз интихоб шуданаш дар моҳи апрели соли 2019 шаҳрвандии Саакашвилиро барқарор кард ва баъдан ӯро раиси Кумитаи иҷроияи ислоҳот таъйин кард. Чанде пас  Саакашвилӣ ба кишвараш баргашту зиндонӣ шуд. Ин нишона ва оқибати ташкили даргириҳои сиёсӣ аст, ки чандсолаҳост дар Ҷаҳон идома дорад.

Дар чунин вазъият  дар ҳар як кишвар  бояд роҳбаре бошад, ки бо дарки ин чандандешиҳои сиёсӣ ва қудратталабии абарқудратҳо  дар кишвараш барои ҳифзи арзишҳои милливу давлатӣ чун ваҳдати комил ва амнияту осоиштагӣ талошҳои пайваста намояд.

Коршиносон ба хулосае омаданд, ки роҳбари муваффақ бояд дорои 4 хусусияти калидӣ бошад, ки дар модели сиёсати идоракунӣ дар давоми тадқиқот таҳия шудааст,  ин қобилияти пешгӯӣ кардан, суръат бахшидан ба рушди ҳама самт, эҷоди сиёсати шарикӣ бо дигар кишварҳо ва эътимод бахшидан ба халқ мебошад.  Ва ҳақиқатан ҳам дар фаъолияти ватанпарваронаи Президенти маҳбуби кишварамон ин нишонаҳо чун самти асосии фаъолият собит шудаанд. Махсусан агар дар алоҳидагӣ ин чор хусусиятро баҳо диҳем чунин аст:

1.Қобилияти пешгӯи кардан

Аз давраи оғози фаъолият Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба хатари минбаъдаи ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ,  то ҳатто аз минбарҳои умумиҷаҳонӣ пешниҳоди   пешгирӣ ва мубориза алайҳи ифротгароиро пешкаш намуда буданд. Имрӯзҳо ин масъала дар ҳадди таваҷҷуҳи ҷаҳониён қарор дорад. Ё пешгӯияшон доир ба масъалаҳои дигар аз қабили захираи маводҳои ғизогӣ, тезу тунд гардидани муносибатҳо ва дигар масоил.

2. Суръат бахшидан ба рушди ҳама самт

Эълони намудани 4 ҳадафҳои стратегӣ, аз қабили  раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар , ки  натиҷааш имрӯзҳо ободӣ  ва осоиштагӣ дар кишвар ва ҳаёти мардум возеҳ аст ба ин хосият пайванди ногусастанӣ дорад.

3.Эҷоди сиёсати шарикӣ бо дигар кишварҳо

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар даврони истиқлол на танҳо равобити судманд бо ҷаҳони хориҷ барқарор созад, балки бо пайдо намудани равиши хоси дипломатияи худ, ки бар ҳифзи манофеи миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ асос ёфтааст, ҳамчун як кишвари фаъол ва таъсиргузор дар ҳалли масоили глобалӣ шинохта шудааст. Яке аз натиҷаҳои он Тоҷикистон бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаллифи чор ташаббуси бузургест, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ шудан доранд: «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» ва  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» мебошад.

4.Эътимод бахшидан ба халқ

 Масъалаи дигаре, ки метавон ба хосияти чорум пайванд дод, ин мардумӣ будани Сарвари халқпарвар Эмомалӣ Раҳмон аст. Халқро пояи давлатдории хеш донистан, эътибор ба хурду бузурги кишвар, суҳбати самимӣ бо мардум, ташриф ба нуктаҳои дурдасти Ватани азиз-Тоҷикистон нишонаи инсондӯстии ин марди шариф аст ва ин ҳадди эътибор бояд афзоиш ёбад.

Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз замони  масъулияти давлатдориро ба ӯҳда доштанашон некбин буданду ҳастанд ва бар иҷрои ҳадафҳои ояндасозу ободкоронаашон  камари ҳиммат баста, имрӯз бар хурду бузурги кишвар муҳтарамтар ва маҳбубтар гаштаанд.

Муҳим аз ҳама, Пешвои миллат дар давраи фаъолияти хеш ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонистанд барои таъмини амнияти миллӣ, сулҳу суббот, муттаҳидии миллат, рушду инкишофи анъанаву суннатҳои нек ва фарҳанги миллӣ камари ҳиммат банданд ва имрӯз ин арзишҳо дар кишварамон ҳукмфармо ҳастанд. Метавон қайд кард, ки рушди ҳамаҷонибаи тамоми соҳаҳо ва зиндагии шоистаи мардум дар сурати мавҷудияти арзишҳои номбаршуда ба миён меояд. Яъне авваллан ва умдатарин масоили ҳаёт оромӣ ва суббот аст.

Бояд қайд кард, ки  дар шароити кунунӣ зимоми давлатро бар ӯҳда доштан, дар имрӯза шароити бисёр мушкил, ки дар саросари кураи Замин бархӯрдҳои манфиатҷӯёна ва нақшаҳои пасипардагӣ мавҷуд ҳастанд  танҳо таҷриба, малакаи кордонӣ, сиёсати  дурбинона, оқилона ва хирадмандонаи Пешвои миллат дар ин миён ҳамчун намунаи олии давлатдорӣ зарурист ва эътимод ба ояндаи дурахшони кишвар ба фаъолияти созгори ин фарзанди фарзонаи халқ пайванди ногусастанӣ дорад.

                   М.Ниёззода, Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол

Рубрики
Мақола

Истиқлол: Ваҳдати миллӣ- дастоварди кишварсоз

Мақола: Қаблан дар маводҳо, ки дар васфи озодиву ваҳдату сулҳ таҳия шуданд арз доштем, ки аввалин ва маҳбубтарин дастовард барои миллати тоҷик ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ мебошад ва ин муқаддасот дар сатри аввали арзишҳои умумимиллӣ ҷойгоҳи аъло касб кардааст. Дар ин маврид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки: «Тайи даврони соҳибистиқлолӣ миллати куҳанбунёди мо бо таҷрибаву собиқаи давлату давлатдорӣ марҳалаи тақдирсози расидан ба сулҳу ваҳдати миллиро паси сар кард ва дар шоҳроҳи амалӣ намудани нақшаҳои азими созандагӣ, ки ҳадафашон бо тақдири наслҳои имрӯзаву оянда пайванди мустақим дорад, қадамҳои устувор гузошт.»  Дар ҳақиқат истиқлолият ва озодӣ барои миллат ва рушди ҳамаҷонибаи он, худшиносӣ ва худогоҳӣ мусоидат намудааст. Имрӯзҳо мо дида истодаем, ки  дар таърихи идораҳои давлатҳои дунё кам нестанд миллат ва халқиятҳое, ки барои ба даст овардани озодии давлатӣ кӯшиш намуда истодаанд, вале ин барояшон муяссар нагаштааст. Мисоле метавон аз каталонҳо, курдҳо, оғузҳо ва дигар миллатҳоро овард.

Марҳилаи баъди ба даст омадани  Истиқлолияти давлатӣ каме душвортар барои миллати тоҷик арзи ҳастӣ кард,  зеро дар ин миён ҷанги шаҳрвандӣ таҳмил шуд.  Ҷанги шаҳрвандӣ мардумро пароканда карда ба ягдигар душман сохт ва махсусан хатари нестшавии давлати тоҷикон пеш омада буд, ки борҳо Пешвои миллат дар ин маврид суханронӣ намудаанд: «Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургро иҷро кард.» Ба ҳамин хотир ваҳдати миллиро метавон дастоварди кишварсоз номид.

            Ростӣ тоҷикистониёнро ваҳдати миллӣ ба ҳам овард, сарҷамъу муттаҳид кард ва мардум бо умеди ояндаи дурахшон, бо истифодаи иродаи қавии якдигар қадамҳои устувор гузоштаанд. Ин аст азми азими халқи бузургвори мо! 
            Рисолати муттаҳидӣ низ дар таърихи инсоният ҳамчун падидаи рушд барои расидан ба ҳадафҳои созандаву нек мусоидат намудааст. Зеро парокандагӣ ҳамешагӣ низоъро тавлид кардааст ва дар кишваре, ки махсусан ба  арзишҳои ҳамдиливу муттаҳидӣ эҳтиром надоранд он ҷо ҷангу ғурбат ҳамешагист. Арасту низ андешаи худро бобати масъалаи ҷудоихоҳӣ баён намудааст:  “Ҷудогона, мо заифтар ба назар мерасем ва дар бештари вақт моро бо ин аҳвол шикаст медиҳанд, аммо агар инсоният муттаҳид бошад ба як воҳиди ягона табдил ёфта,   тавоно мегардад.”
 

Аз забони шоир Сафар Аюбзода оварданиям, ки чунин ишора дорад:

                                                     Меҳр гар дорему сулҳу дўстӣ,

                                             Мурғи хушбахтӣ шавад ҳамболи мо.

Ба ҳамин хотир ваҳдати миллӣ, муттаҳидӣ, сулҳу субот ва амният барои мо муқаддас бояд бошад. Зеро мо бе ин арзишҳо комил нестем. Ифтихор бояд дошта бошем, ки чунин арзишҳо насиби моён гаштааст. Ва боиси қайд астт, ки дар ба даст овардани ин  муқаддасот нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  асосӣ аст. Зеро фарзанди фарзонаи миллат бо дарк ва фаҳмиши  оқилона ва меҳанпарваронаи хеш барои ба даст овардани ин неъматҳои ноёб кӯшидаанд. Шоир Алимуҳаммад Муродӣ гуфтааст:

Буд киштии тақдири Ватан саргардон,
Дар баҳри ҳаводиси балову тӯфон .
Сад шукр ба бандари наҷоташ овард,
Чун ҳазрати Нӯҳ Эмомалии Раҳмон.

       Ё дар васфи ваҳдат устод Ҳақназар Ғоиб чунин сароидаанд:

Ба тан пӯшед, ёрон, ҷомаи идонаи ваҳдат,
Шароби арғувон нӯшед аз паймонаи ваҳдат.
Чунон оред меҳри дил ба якдигар ба солорӣ,
Ки ҳар як хонаи тоҷик гардад хонаи ваҳдат.

         Бигзор ваҳдати сартосарӣ дар кишвари азизи мо ҳазорсолаҳо ҳукмфармо бошаду халқи тоҷик муттаҳиду сарҷамъ ва ҳамеша хушнудию хурсандӣ ба коми дили ҳамаи пиру барнои Тоҷикистони азиз бошад.

      М.Ниёззода Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол

Рубрики
Асосӣ Мақола

Бобоҷон Ғафуров: АЁДАТИ КӮДАКОН БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН

  Тибқи анъана ҳамасола 1-уми июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил карда мешавад. Бо ташаббуси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон аёдати кӯдакон ва наврасони имконияташон маҳдуд ба роҳ монда шуд.

  Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ИсмоилзодаЗуфар Муртазохон, Саидбой Зокирович-Раиси Шӯрои собиқадорони КИВ, Заррина Раҳмон –мудири шуъбаи занони кумитаи иҷроияи вилоятӣ, Анварзода А – раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Қосимова М.С- вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияиБобоҷон Ғафуров дар ҳамин сана кӯдакони маъюб, ятим ва камбизоатро аёдат намуданд.

  Нахуст, ба оилаи Қодирова Дилафрӯз, ки  ду нафар фарзандаш маъюб мебошад, ташриф оварда, маводи хӯрока ва ширинию туҳфаҳо тақдим намуданд.

  Сипас, Сотиболдиев Азизҷон истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Исфисор, ки модар надорад ва  Мамадҷонов Шаҳзод маъюби гурӯҳи дуюмро аз ҷамоати деҳоти Зарзамин аёдат карданд.

Рубрики
Асосӣ Мақола

ХУҶАНД: Муҳаббат ба ҳунар ва оила маро муваффақ кард

МАҚОЛА: Оила ҳамчун унсури асосии ҷомеа ҳамеша нигоҳдорандаи арзишҳои инсонӣ, фарҳанг, идомаи таърихии наслҳо ва омили мустаҳками инкишоф аст. Маҳз бо шарофати оила давлатамон қавӣ гаштаву тараққӣ мекунад  ва некуаҳволии мардум беҳтар мегардад. Барои ҳамин дар сарнавишти ҳар як шахс оила ҷойгоҳи хосса дошта, оғозгоҳи парвози ӯ хоҳад буд.

Воқеан, зери вожаи оила – як мафҳуми бузург ва мазмуни азиме ниҳон аст, ки барои сохтан, бунёд кардан ва нигоҳ дориву устувории он аз шахс бисёр масъулияти зиёдеро талаб мекунад. Он муҳаббат ва самимиятро аз ҳар узви оила тақозо дорад.  Ин вожа  агарчи дар назар ночиз метобад, лекин  зери ҳар як ҳарфи калимаи оила мафҳумҳое ниҳон мебошад, ки барои посдории он ҳар инсон ҳамеша дар талош аст.

Агар зери ҳарфҳои калимаи оила мафҳумҳои  о-оқилу одил, и-ибрату итоат, л- лафзу латофат, а-ақлу андешаро дар зиндагӣ истифода барем, ҳеҷ гоҳ дар оила нофаҳмӣ рух намедиҳад. Ҳамдигарфаҳмӣ, меҳр, муҳаббат, иззату хулқу рафтори нек ва инчунин ба сухани калонсолон гӯш додану эҳтироми эшонро ба ҷо овардан яке аз рукнҳои муҳими оиладорӣ ба ҳисоб меравад.

Собиқадори меҳнат, номзади илмҳои таърих Муътабар Ғозиева зимни суҳбат дар мавриди арзиши оила дар тарбияи муҳити маънавии инсон чунин ибрози ақида намуд: “Мустаҳкамӣ ва ё хушбахтии оила аз як нафар вобаста набуда, бояд аъзоёни оила ҳамеша фикри ҳамдигарро шунида, бо маслиҳати калонсолон роҳи дурусти ҳалли ин ё он масъалаи оилавиро ба таври якдигарфаҳмӣ ба сомон расонанд.

Имрӯзҳо дар бархе аз оилаҳо фақат занро гунаҳкори сар заданӣ ягон мушкилоти оилавӣ меҳисобанд, барои он ки тарбиятдиҳандаи асосии фарзанд маҳз модар аст. Лекин бо фаҳмиши пасту гунаҳгор кардани зан мо дар оила муваффақ шуда наметавонем, зеро дар оила мард сутун бошад – зан соябон аст. Агар ин ду шахс дар зиндагӣ вазифаҳои хешро бо якдиливу якдигарфаҳмӣ иҷро карда тавонанд, ҷои якдигарро пур кунанд, баъд фарзандон дар сояи волидайн, дар муҳити солим хуб тарбия гирифта, ба камол мерасанд. Ва ин анъана аз насл ба насли дигар хоҳад гузашт”.

Ба ақидаи  устоди дигари Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Манзура Султонова баъзе оилаҳое низ ҳастанд, ки ба қадру қиммати зан намерасанд, ӯ чи ҳол дорад, ҳолат равонии чӣ гуна дорад,  аҳамият намедиҳанд, то ҳатто барои сухан кардан ва фикрашро иброз намудан иҷозат намедиҳанд. Гӯё вазифаи  зан дар чунин оилаҳо танҳо иҷрои корҳои хонаву тавлиду тарбияи фарзанд аст.

Албатта, ҳар нафар барои хушбахт будан дар зиндагӣ талош мекунад, бо  меҳнати ҳалол оилаи худро таъмин намуда, фарзандонро ба роҳи рост ҳидоят мекунад.

Дар ҳақиқат оила рукни муҳими ҷомеа ба ҳисоб меравад. Намешавад, бидуни оилаи муваффақ ҷомеаро тасаввур кард. Оила сутуни ҷомеаи муваффақ мебошад. Кафили ҷомеаи солим- оилаи солим аст. Оиладорӣ худ масъулият аст ва агар масъулият ва салоҳият дарк карда шавад, он оила ҳатман ба оилаи хушбахт мубаддал мегардад.

Байни зану шавҳар чиҳое намегузарад ва то комил шудани оила чӣ гапҳое намешавад, вале аз ҳама муҳимаш оила барҳам нахӯрад. Кафили нест нагардидани оила ин сабр аст. Сабр беҳтарин роҳи расидан ба хушбахтӣ мебошад. Дуруст аст, ки бисёр вақт мо аз пушти тақлидкориву таъассуб гоҳо ба оила душворӣ эҷод менамоем, лек инро ҳам фаромӯш насозед, ки ин зиндагӣ кирои ҷойгоҳ додан ба “ғами беҳаё” намекунад. Ҳаргиз, ширинтарин лаҳзаи умрро бо баҳсҳои беҳудаву бепоя нагузаронед, ҷавонони азиз.

Сарнавишти ҳеҷ кас якранг нест, ба касе ризқ зиёд омадаасту ба касе камтар ва ин ҷо айби касе нест. Асрори офариниш ҳамин аст.

Оилае, ки бо нони меҳнати ҳалоли хунари худ фарзандонро тарбия намудаву соҳиби хонаву дар кардааст ва бо ифтихор аз ҳунари аҷдодии худ мебошад, ки ин яке аз ҳунарманди номии шаҳри Хуҷанд оилаи Дадобоевҳо мебошанд. Сардори оила Ғафурҷон Дадобоев бо ҳамсари вафодори хеш Абдуллоеева Шафоатхон тӯли 40 сол бо ҳам якҷоя зиндагӣ намуда, соҳиби 3 духтар ва як писар шуданд. Писари ягонааш низ давомдиҳанди касби авлодӣ мебошад.

Бояд зикр дошт, ки касби меросии авлодии Дадобоевҳо ин пойафзолдӯзӣ буда, аз соли 1978 то имрӯз дар корхонаи пойафзолдӯзии “Базеб”-и шаҳри Хуҷанд фаъолият дорад. Аз ҳунари хеш ифтихор мекунад ва мегӯяд, ки маҳз меҳнати ҳалол ва содиқ ба касби худ ҳастам, ки имрӯз ҳамчун ҳунарманд маро мардум мешиносанд ва талаботи мизоҷонамро қонеъ карда истодаам. Ифтихор дорам, ки меҳнати софдилона ва ҳунари маро қадр намуда, соли 2014 бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз сафарҳояшон ба шаҳри Хуҷанд ҳамсуҳбат шудам ва ба ҳунари пойафзолдӯзӣ баҳои баланд доданд.  Ифтихор аз он дорад, ки иштирокчии бевоситаи Анҷумани ҳизб шуда, аз нуқти пурмӯҳтавои Пешвои муаззами ҲХДТ баҳраманд гардидааст. Гӯшаи ҳизбии коргоҳи хурди ӯ аз беҳтарин гӯшаи ҳизбӣ маҳсуб мешавад. Ӯ яке аз фаъолони ҳизб буда, дар таблиғу ташвиқи ғояҳои ҳизб, ки фароҳам овардани зиндагии шоиста шиораш аст, саъю талош меварзад. 

Воқеан, ҳам Ғафурҷон Дадобоев бо ҳунари худ байни мардум обрӯву эътибори хосса пайдо намуда, зиёда аз 40 намуди пойафзоли мардона ва якчанд намуди занонаро омода менамояд. Ӯ ҳамчунин даҳҳо шогирдонро дар ин ҷода тарбия намудааст

Ин оилае, ки барои шумо хонандагон мисол овардем, яке аз оилаҳои намунавии шаҳри Хуҷанд ба ҳисоб рафта, намунаи ибрат ба оилаҳои ҷавон мебошад. Мақсад аз нақли зиндагиномаи ин оилаи ҳунарманд дар он аст, ки бо ҳунари  худ тавонист, пеш аз ҳама ҳунари авлодии хешро идома дод, рӯзгору оилаи худро таъмин кард, фарзондонашро соҳиби маълумоту оиладор гардонид ва аз ҳама муҳимаш оилаи худро бо якдигарфаҳмӣ мустаҳкам нигоҳ дошт, ки мо ин гуна оилаҳоро ба мардум муаррифӣ кунем, то ки ибрати дигарон бошанд. Ҷавҳари хушбатии ин оила дар меҳнати ҳалол, якдигарфаҳмӣ ва ваҳдату якдилӣ мебошад.

 Ба ин оилаи ҳунарманду хушбахт тамоми пирӯзиҳо дар кору фаъолият ва рӯзгор таманно дорем. Бигзор сафи чунин оилаҳо дар ҷамъият зиёд гардида, ҳар яке барои ободиву пешрафт ва гул-гул шукуфоии Тоҷикистони маҳбубамон саҳми арзандаи хешро гузоранд.

НАЗОКАТ ЮСУФӢ

Аъзои фаъоли ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд

Рубрики
Асосӣ Мақола

ХУҶАНД: Ваҳдат мароми зиндагист!

«Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад,

дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад.

Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи

ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину

сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он

баҳравард гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад».

Эмомалӣ Раҳмон

АНДЕША:  27-уми июн ҳар сол мардуми баландиқболи саросари кишвари маҳбубамон Тоҷикистон ҷашни ваҳдати миллиро бо хушнудӣ ва хушҳолии беандоза таҷлил мекунанд. Иди сулҳу субот ба охиррасии ҷанги шаҳрвандӣ, ғолибияти сулҳ садо медиҳад. Он ҳосили ҷидду ҷаҳд ва кўшишҳои шабонарўзиҳо, натиҷаи ҷонбозиҳои самарабахши сулҳхоҳон аст, муқаддас аст, ки дар тўли ҳафт сол талошҳо, вохӯриҳо, гуфтугузорҳи Пешвои миллат ба ин рўзи пурфайзи оромию ободӣ расидем.

Ин рўзи таърихӣ воқеан ба марҳилаи нави такомули давлати соҳибистиқлоламон оғоз бахшида, барои татбиқи раванди созандагии давлат заминаи устувору мусоидро фароҳам овард.

Бо ташаббус ва роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомали Раҳмон Ваҳдат ғалаба кард. Дар марҳилаи муосири рушди Тоҷикистон мардуми меҳанпарасти Тоҷикистон дар зери ғояи ваҳдати миллӣ дар атрофи Президанти сулҳофарини кишвар сарҷамъ гардида мақсаду мароми оромиву осоиштагӣ муттаҳид гардиданд.  Дар солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ мардум пароканда буд, сарзамини моро тарк мекарданд, пас аз  аз таъмини сулҳу оромӣ файзу баракате, гӯё аз нав вориди кишвари мо гашт ва ҳар як шаҳрванди баору номуси Тоҷикистон баҳри ободӣ ва рушди иҷтимоиву иқтисодии Ватан бо рӯҳу равони ҷонбахш кӯшиш мекарданд.

Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гуё пандест аз гузаштаи дурру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмии истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.

Ин суханҳои аз қаъри дил баён кардаи Пешвои миллат моро водор месозад, ки аз ин зиёд меҳнат кунем, ба қадри сулҳу меҳнат расем, сокинони сазовори ин халқу миллат бошем.

Он дарахте, ки Президентамон ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, 25 – солагӣ дорад бояд ин дарахт мисли дарахти чанор садсолаҳо бор диҳад, имрӯзҳо меваҳои ширину бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо, тоҷикон фахр мекунем.

Ваҳдати миллӣ ибораҳоеянд, ки ҳамеша барои якдилии халқу миллат ва бо аҳли мардум шево садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозад. Ваҳдат ин сулҳ-ягонагӣ, якдилӣ, якдигарфаҳмӣ ва ҷонибдори сулҳу осоиштагӣ будани мардумро таҷассумгар аст. Ваҳдат ин ба ҳам омадан, сар аз як гиребон баровардан, ҳамдигарфаҳму поктинату миллатдӯст будан аст. Ваҳдат-беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумуи даврон ҳастии инсон дар ҳар давру замон аст. Ваҳдати миллии тоҷикон  имрӯз мавриди омӯзиши Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмону ташкилотҳо гардидааст, чунки  сулҳи умумибашарии Тоҷикистон дар байни мамлакатҳои  берунмарз ҷонибдорони худро пайдо кард ва дар ҷаҳон овозадор ҳам шуд..

Танҳо ваҳдат метавонад душвориҳо ва монеаҳоро барои паси сар намудан, барои беҳбудӣ  рӯзгори мардум, пойдори сулҳ дар кишварамон,  дар пиёда кардани нақшаҳои кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт ҳиссаи босазо гузошта бошад.

 Имрӯз мо тоҷикон ба воситаи муносибати нави давлатӣ, сиёсати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, сохтмони роҳҳои нави дохилию берунӣ ва ба хориҷӣ кишвар баромаданро дорем. Роҳи оҳани Қурғонтеппа – Кӯлоб сохтмони шоҳроҳи Ваҳдат ба мамлакатҳои Осиё, ба сӯи уқёнуси ҷаҳон, роҳҳои калонтарини хушкигард расонид. Ин аҳвол боиси эҳёи арзишҳои миллии роҳи бузурги Абрешим гардид, ки Бохтару Суғдро бо калонтарин давлатҳои ҷаҳон мепайвандад.

   Давлате, ки аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад,  сабабгори ҳамаи ин Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, сулҳу амонӣ ва дӯсти ҳукумфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мекнад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ ҳувайдост, ваҳдату сулҳ падидор аст.

Хушбахтона, пас аз имзои ин созишнома зиндагии мардуми тоҷик дар партави сулҳу ваҳдат гул-гул шукуфта истодааст. Сарвати беҳтарини халқамон, ин ваҳдату ягонагист. Вазифаи мост, ки ин ваҳдату ягонагиро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем.

Ҷаҳон ва ободии он вобаста ба сулҳу ваҳдат аст. дар ҷомеае, ки дар он сулҳу ваҳдат пойдор аст, ҳеч гоҳ осебе намерасад. Ман бо ифтихор қайд мекунам, ки ваҳдати миллии тоҷикон намунаи олии ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳофаринӣ дар тамоми ҷаҳон дониста шудааст.

Хулоса, чун як омӯзгори собиқадори бонангу баномус ва баори миллат шукр мекунам, ки дар чунин як давлати сулҳофарин умр ба сар мебарам ва дар тарбияи ҳуввияти миллӣ ба ҷавонони соҳибистиқлол дарс мегӯям, бо сулҳу ваҳдати кишвари азизам мефахраму меболам. Дар ин сарзамини ҳамешабаҳор пояи сулҳу осоиштагӣ мустаҳкам гашта, мардумаш дар зери шиори “Сулҳу ваҳдат мароми мост” умр ба сар барад.

Таваҷҷуҳи ҷавононро дар бораи суръати баланди рушди саноат, истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ,  иҷрои барномаҳои миёнамуҳлати мамлакат, кишоварзӣ ва ғайраҳо ҷалб намоем.

Темирова Х.И. муовини раиси КИИ ҲХДТ

ба номи  “М.Осимӣ” – и  шаҳри Хуҷанд

Рубрики
Асосӣ Мақола

ХУҶАНД: Бадхоҳон ҳеҷ гоҳ ба мақсад намерасанд

МАҚОЛА: Нобасомониҳое, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рух дод, тамоми мардуми тоҷикро ба ташвиш овард. Зеро Бадахшон низ ин як пораи Ватани мост ва мо набояд аз ин рӯйдоди ғаразона канораҷӯй ва барои баҳамоӣ ва якдиливу барқарор кардани сулҳ бетараф нестем. Он гуруҳҳои ифротгаро, ки барои сар задани нооромӣ дар Бадахшон ташкил карданд, ҳеҷ гоҳ ба мақсад нахоҳанд расид. Чи хеле ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ воқиф ҳастем, якчанд нафар ташкилкунандагон ва аъзоёни ин гуруҳи тундрав дастгир ва ошкор шуданд.

Аз ин лиҳоз мо ҷавонон бояд дар ҳамин лаҳзаҳои басо муҳим зиракиву ҳушёриро аз даст надода, барои ҳимояи пораи хоки Ватанамон ҳамеша омода бошем. Нагузорем, ки нохалафон хоинони Ватан барои пойдории сулҳу амонӣ ва тинҷиву осудагии мардуми шарафманди тоҷик халал расонанд. Барои ҳимояи давлати соҳибистиқлоламон омода ҳастам ва мардуми Бадахшонро даъват ба амал меорам, ки ҳеҷ гоҳ ба таҳлука наафтода, устувор бошанд, зеро дар паҳлуи эшон ҳимоятгарони Ватан пеш аз ҳама давлату мақомотҳои кишвар, сокинони дигар манотиқ, тоҷику тоҷикистониён  қарор доранд. Мо намегузорем, ки хоҳару бародарони бадахшонии  моро ваҳму воҳима ва таҳдид фаро гирифта бошад. 

Бояд ҳамдиливу ҳамҷоягӣ ва сарҷамъии миллати хешро аз даст надиҳем. Барои ба даст овардани давлати соҳибистиқлол ва демократӣ  заҳматҳои нотакрори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург мебошад. Маҳз бо сиёсати хирадмандона ва некбинонаи Сарвари давлат имрӯз мо дар фазои ободу зебо ва озоду тинҷ умр ба сар мебарем. Имрӯз, ки дар партави оқилонаву дурандешонаи Пешои миллат қарор дорему баҳри пешрафту зиндагии шоистаи мардум ҳамҷоя талош варзида,  Ватани хешро боз ҳам ободтар гардонем, то мардум зиндагии фаровону осударо паси сар карда бошанд. Лекин нохалафон  бадхоҳони Ватан хостанд ба ин оромии мардумро дидан нахоста, барои маблағҳо ночиз худи ҳамватанони мо тоҷикон аъзои гуруҳи террористӣ ташкил намуда, як гӯшаи ватани худро, яъне ВМКБ шаҳри Хоруғ ва Рӯшонро ба бесару сомониҳо оварда, хостанд бо ин кирдори бади худ Тоҷикистони навҷавону соҳибистиқлоламонро ба харобазор табдил диҳанд. Чӣ хеле ки мегӯянд, бадкирдорон ҳеҷ гоҳ ба мақсад намерасанд.

Аз тарафи мақомотҳои дохилии кишвар саркардагон ва аъзоёни ин гуруҳи террористӣ, ки бо тайёрии пешакӣ ин корро оғоз кардаанд, сари вақт дастгир шуданд.

Чӣ хеле ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ воқиф гардидем, ки шахсони масъул ва саркардагони ин нобасомонӣ дар Бадахшон дастгир карда шуда, тариқи оинаи нилгун ва дар корхонаву идораҳо филми “Шикасти Фитна” –ро мардум тамошо доранд. Маҳз дар ин филм худи фитнаангезон баромад карда, акнун баъди ин қадар корҳои иғвоангезӣ иқрор ҳам шуданд, ки аз кардаи хеш пушаймон ҳастанд.

Тамошои ин филм онро водор мекунад, ки мардум ва хусусан ҷавонон ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳанд. Ба ҳар гуна суханҳои бардурӯғ ва фитнаангези хоинони Ватан фирефта нагардида, ба Ватан – модар хиёнат накунанд, ки ин гуноҳи нобахшиданист. Намоиши филми мазкур ин як дарсе ба ҷавонон аст, ки бояд донанд, ки давлат  ҳар қадаму рафтор ва кирдори сокинонро назорат мекунад. Ҳушдор бошанд, то ки фирефтаи молу чиз гардида, ба сари худ ва дигарон ба монанди Алим Шерзамонов, Муҳаммадбоқир Боқиров, Холбаш Холбашов ва Улфатнисо Мамадшоева балоро наоранд. Ин шахсони фитнаангезие, ки аз ҷониби мухолифини давлат ба мисли Алим Шерзамонов, Муҳаммадбоқир Боқиров, Холбаш Холбашов ва Улфатнисо Мамадшоева барои барангехтани тухми нифоқу бадбинӣ байни мардуми Бадахшон кардаанд, оқибатҳои фоҷеаборе ба сар овард. Сухан дар бораи он меравад, ки ин нафарон бо роҳнамоии Алим Шерзамонови лаини дар мамлакати Аврупо сукунат дошта, санаи 24 марти соли равон нақшаи амалиёти террористиро дар Бадахшон кашида, мувофиқи барнома онҳо аввал дар Хоруғи Боло гирдиҳамоӣ ороста, баъдан дар шоҳроҳи Душанбе Кӯлма амалиётҳои терроистиро анҷом медиҳанд. Ба ин кор Алим Шерзамонов ба саркардаҳои гирдиҳамоӣ 13 ҳазор доллар маблағ фиристода, вазифаи ҳар яке аз онҳоро муайн намуд. Мувофиқи тақсимоти вазифа тавре Улфатнисо худ иқрор мешавад, Холбашов Холбашов ҷангиёнро дар ноҳияи Рӯшон  ва Роштқалъа омода мекард, Муҳаммадбоқир Боқиров бошад, аслиҳаю силоҳи ҷангиёнро тақсим мекард. Улфатнисо бошад масъули паҳни иттилотти бардурӯғ буд.  Ин шахсони дар боло зикршуда оғоз ва саркардаҳои рӯйдоди ғамангези дар ВМКБ рухдода мебошанд.

Кас баъд аз тамошои филми “Шикасти фитна” ангушти ҳайрат мегазад, ки нафарони тоҷик, зодаи мулки хешро тавонистанд ба иғво андохта, мардуми бечораро азият диҳанд. Виҷдони эшон чи хел тоқат кард, ки зодгоҳи худро ба харобазор ва нооромӣ оваранд.

Хуб шуд, ки ин ашхос сари вақт дастгир карда шуданд ва онҳо акнун дар назди Қонун ба ин кирдори бераҳмонаашон ҷавоб хоҳанд гуфт.

Аз ин лиҳоз биёед ҳамҷоя аз як гиребон сар бароварда, баҳри пешрафту бунёдкорӣ ва тараққиёту ободонии Тоҷикистони маҳбубамон талош варзем, то саҳми арзандаи хешро гузошта бошем. Беҳуда нагуфтаанд, гузаштагонамон барои имрӯзаи мо корҳои зиёдеро ба сомон расонидаанд ва мо низ ҷавобан ба он корҳои некеро анҷом диҳем, то ки  наслҳои оянда моро ба некӣ ёдовар шаванд. Аз худ номи нек ва амалҳои хуби инсониро ба ояндагон мерос гузорем.

Сармуҳаррири нашрияи “Шафақ”-и назди КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Назокат Юсуфӣ

Рубрики
Асосӣ Мақола

Хиёнат ба Ватан гуноҳи нобахшиданист

     Ҳар як дастовардҳое, ки мо имрӯз аз баракати истиқлолият ба даст овардаем, бароямон осон ба даст наомадааст. Сари ҳар қадам ҳадафи манфиатҷӯёни беруна қарор гирифтаем, ки дар амалишавии нақшаҳои нопок ва кирдорҳои бадхоҳонаашон ҳатман фарзандони худфурӯшу хиёнаткори миллати худамонро истифода мебаранд.Он вазъияте, ки дар Бадахшон рух дод, аз рӯйи нақшаҳои хоинони миллат, ки аз хориҷа истода мехоҳанд, вазъи ороми Ватанамонро ноором созанд.

  Аз тамошои филми “Шикасти фитна” ҳар як шахси ватандӯсту хештаншинос бояд хулоса барорад, ки бори каҷ ҳеҷ гоҳ ба манзил намерасад.

   Хиёнати Алим Шерзамонов, Муҳаммадбоқир Боқиров, Холбаш Холбашов ва Улфатнисо Мамадшоеваро ҳеҷ гоҳ мардуми тоҷик намебахшад. Ин шахсони дар боло зикршуда оғоз ва саркардаҳои рӯйдоди ғамангези дар ВМКБ рухдода мебошанд.

    Магар оромию сулҳу суботи Ватан  нарх дорад, ки ин зархаридони хоҷагони хориҷӣ ба як пули ночиз фирефта шуда, даст ба хиёнат заданд. Такрор бошад ҳам, бори дигар мегӯем, ки хиёнат ба Ватан гуноҳи нобахшиданист.

  Ибтидои Ватан аз гаҳвора ва шири поки Модар сарчашма  гирифта, ҳар як зарраи хоки он азизу муқаддас аст.Ҳизбиён ва мардуми шарафманди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рафтори хоинонаи ин гуна ашхоси хиёнаткорро маҳкум намуда, ба инҳо шадидан нафрат мегӯяд.Заҳр бодо шири модар ба чунин хоинони миллат ва маслакгумкарда.

Рафтори разилонаи ин гурӯҳҳои ҷиноятпеша барои бархе аз ҷавонон, бо гумроҳӣ ба ҳаракату гурӯҳҳои ифротгаро шомил шудаанд, бояд сабақи зиндагӣ гардад.

Раиси КИ ҲХДТдар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров –  Анварзода Амирҷон

Рубрики
Мақола

Терроризм –падидаи манфӣ!

                       (Андеша бобати филми Шикасти фитна)

           Ҳақиқати ҳол нишон медиҳад, ки терроризм ва экстремизм  ба амнияти ҷомеа, инчунин ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон хавфу хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Ин падидаи манфӣ имрӯз яке аз амалҳои бениҳоят хатарнок шинохта шуда, ҳамчун ҷинояти дорои хусусияти байналмилалидошта эътироф карда мешавад.

           Бояд қайд намуд, ки ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ дар миқёси олам гуногун буда, онҳоро асосан ду хусусияти умумӣ бо ҳам муттаҳид мекунад: аввалан, онҳо барои халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва суст намудани пояҳои ҳокимияти давлатӣ равона мегарданд  ва  дар байни аҳолӣ ҳиссиёти тарсу ваҳм ва оҷизиро ба вуҷуд меоваранд.

           Қайд кардан бамаврид аст,ки дар тафсири Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Мақсади ибтидоии терроризму экстремизм халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани одамон, ба воҳима ва таҳлука овардани аҳолӣ буда, тавассути он фишор овардан ба мақомоти давлатист. Чунин ҳаракатҳо мақсади ниҳоии ҷинояткоронро дар маҷбур сохтани мақомоти давлатӣ барои қабули қарори ғайриҳуқуқӣ мебошад, ки ба манфиати онҳост ва ё бо мақсади резонидани обрӯ ва манзалати мақомоти давлатист”.

        Имрӯзҳо дар як қатор сомонаҳо хусусан шабакаҳои иҷтимоӣ тариқи тамошои филми “ Шикасти фитна” дигарбора парда аз руйи душманони миллат бардошта шудаву аслу ҳадафи онҳо собит гардид. Ба ақидаи онҳо гӯё мақсад аз ташкили амалҳои муғризона ин муқобилият бо ҷомеа, масъулият дар назди насли наврас ва ояндаи Тоҷикистон буда,вале онхо хоину ватанфурӯшон, ивғоангезону ифротгароён мебошанд, ки мақсади аслии онҳо ғаразнокӣ буда, хостанд оромии кишварро халалдор созанд. Чунин нафарон беморонеанд, ки муҳтоҷи табобатанд ва чашму гӯшу дили онҳо ба табобати дуру дароз эҳтиёҷ дорад, аммо афсӯс аз ҷаҳолату аблаҳӣ чӣ тавр бояд раҳо шуд ва ё чигуна бояд табобат кард ва ё чӣ гуна аз ин мусибат наҷот ёфт? Танҳо паси панҷара ангушти надомат ва пушаймонӣ мегазанду бас!

      Таърихи навини тоҷикон бори дигар собит сохт,ки мардуми шарифи мо дорои хиради бузург ва нерӯи солиму тавоно мебошанд. Халқи ватандӯсту ватанпарвари моро хоинони миллат наметавонанд фирефтаи доми худ  кунанд.

       Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун нерӯи асосии пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд, аз он иборат аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанду аз ҳама гуна амалҳои номатлуб худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд. Бояд ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвари худ талош варзад.

                                                 Бобоҷонзода Азимҷон Тоир-

         Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом