Рубрики
Last News

МАСТЧОҲ: ШАМЪИ ХОТИРА, ЁДЕ АЗ СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ

Санаи 05 майи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи МТМУ №16 ба номи Ҷонмуҳаммад Холиқов бо ибтикори раиси Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ – Қобилхоҷа Қобилов “Ҳафтаи поси хотир” баргузор гардид, ки дар он раиси кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб – Дилшод Зокиров, собиқадорони меҳнат, омӯзгорон, намояндагони ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва хонандагони муассиса иштирок намуданд.

Насиба Шарифова – директори МТМУ №16 чорабинии имрӯзаро ифтитоҳ намуда, доир ба гиромидошти шахсиятҳои меҳнатакаш ва собиқадорони фаъоли ноҳия суханронӣ намуд.

Дилшод Зокиров – раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ доир ба саҳми меҳнаткашони ноҳия дар рушду пешрафт ва гулгулшукуфоии маҳал суҳбат карда, хотираи чанде аз заҳматкашони ноҳия, аз ҷумла Ҷонмуҳаммад Холиқов – собиқ мудири маорифи ноҳияи Мастчоҳро шод гардониданд.

Қобилхоҷа Қобилов – раиси Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ доир ба саҳмгузории собиқадорони меҳнат ба монанди Мулоҳусейн Шарифов, Мирзосафар Ҳоҷиев ва Умаров Саидсуҳроб собиқ мудирони муассиса, ки дар замони ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ ва баъди он, баҳри саводнок гардонидани насли наврас кӯшидаанд, ибрози андеша намуд.

Тибқи маълумоти Шӯрои собиқадорони кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб, собиқадорони меҳнат – Шарофат Мирвайсова, Малика Тураева ва Наргис Холова дар ҷамъомади имрӯза суханронӣ намуда, аз пешрафти ноҳия, ки саҳми собиқадорон дар он зиёд аст, мисолҳо оварданд.

Дар охир, ба чанде аз ходимони барҷастаи меҳнатии муассиса туҳфаҳои пулӣ тақдим карда шуд.

Рубрики
Last News

ШАҲРИСТОН: ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ

Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Ғоибов С.Ф ва мудири бахши занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроия Примқулова З.М барои корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ оиди смаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ, Президентӣ, саҳроӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ба деҳаи Навкент, хонадони Раҳимовҳо ташриф оварда, аз гармхонаи замини наздиҳавлигии оилаи мазкур дидан намуданд. Зимни мулоқот бо онҳо маълум гардид, ки дар гармхона сабзавоти полезӣ, тухмиҳои бодиринг шинонида шудааст, ки айни ҳол зиндагии онҳо аз рӯи гармхонаи мазкур пеш рафта истодааст. Сардори оила қайд намуд, ки дар як мавсим ду маротиба ҳосил аз гармхонаи мазкур ба даст меорад.

Рубрики
Last News

ПАНҶАКЕНТ: ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ

Имрӯз тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Ғоибов С.Ф ва мудири бахши занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроия Примқулова З.М барои корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ оиди смаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ, Президентӣ, саҳроӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ба деҳаи Навкент, хонадони Раҳимовҳо ташриф оварда, аз гармхонаи замини наздиҳавлигии оилаи мазкур дидан намуданд. Зимни мулоқот бо онҳо маълум гардид, ки дар гармхона сабзавоти полезӣ, тухмиҳои бодиринг шинонида шудааст, ки айни ҳол зиндагии онҳо аз рӯи гармхонаи мазкур пеш рафта истодааст. Сардори оила қайд намуд, ки дар як мавсим ду маротиба ҳосил аз гармхонаи мазкур ба даст меорад.

Рубрики
Last News

КОНИБОДОМ: САҲМИ ФИРИСТОДАГОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАЪМИНИ ҒАЛАБА

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом санаи 5-уми майи соли ҷорӣ бахшида ба 76-умин солгарди ғалабаи мардуми шӯравӣ аз болои нерӯҳои фашистӣ дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 бо иштироки муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Юсупов Исмоилҷон, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Қобилов Аббос, иштирокчиёни ҷанги байналмиллал Муҳиддинов Ихтиёр ва Раззоқов Абдуваҳҳоб хониши сиёсӣ таҳти унвони “Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини Ғалаба” дар муассисаи таълимии №24 ба номи Бурҳон Фаррух баргузор гардид. Зимни чорабинӣ намояндаи кумиҷроияи шаҳрии ҳизб доир ба корнамоиву шуҷоатмандӣ ва ҷасорату руҳи шикастнопазирии ҷавонмардони тоҷикистонӣ дар набардҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ баромад намуда, саҳми онҳоро дар таъмини ғалаба муҳим арзёбӣ намуд. Дар ин радиф, доир ба тоҷикистониёне, ки барои корнамоиҳои бемислашон дар набардҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо медалу орденҳои ифтихорӣ ва унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ мушарраф гардиданд, маълумот дода шуд. Муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр зимни баромади худ аз лаҳзаҳои душвортарини ҷанг, то дар лонаи худ саркӯб гардидани фашистон ибрози андеша намуд. Дар ин ҷода инчунин дар бораи корнамоиҳои ҷавонмардони шаҳри Конибодом низ дар набардҳои ҷанги мазкур ибрози афкор намуд. Иштирокчиёни ҷанги байналмиллал низ дар ин радиф ибрози андеша намуданд.

 

 

 

 

Рубрики
Last News

ГУЛИСТОН: МО БО ШУМОЕМ

Дар толори мактаби санъати шаҳри Гулистон даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Мо бо шумоем” бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни наврасони имконияташон маҳдуд дар сатҳи баланд баргузор карда шуд. Дар озмун наврасони синни аз 6 то 18- сола, ки имконияти ҷисмониашон маҳдуд , вале соҳибистеъдод ҳастанд, иштирок намуданд.Дар оғози озмун раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён иштирокчиён ва ҳозиринро бо ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош намуд ва аз дастовардҳои даврони истиқлолият, дастгирии ҷавонону наврасон ёдрас намуд. Баҳри хотирмон баргузор намудани озмун толибилмони мактаби санъати шаҳр низ ҳунарнамоӣ намуданд.Дар ҷамъбасти озмун ба кулли иштирокчиёни ва соҳибистеъдодҳои наврас, ки фаъолона иштирок доштанд, Сипоснома ва мукофотпулӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён ба маъмурияти муассисаҳои таълимӣ ва волидони иштирокчиёни озмун барои дастгирии иқдоми Кумиҷроияи марказии ҳизб, ҳамкорӣ барои баргузории даври шаҳрии озмун арзи сипосгузорӣ намуд.

Рубрики
Last News

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Аёдати Рамазонӣ

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади дастгирии оилаҳои камбизоат , шахсони яккаву танҳо ва маъюбон санаи 05 майи соли равон дар ҳамҷоягӣ бо вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Масаидов Ш якчанд нафар оилаҳои эҳтиёҷмандро бахшида ба моҳи шарифи Рамазон аёдат карданд.

Рубрики
Last News

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Ёрии методӣ

Баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати созандаю бунёдкоронаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон , барои баланд бардоштани эътибору нуфузи ҳизб дар байни омма, тарғибу ташвиқи ғояҳои ватанпарастӣ, худшиносии миллӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар асоси Оиннома, Барнома ва самтҳои асосии фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва КИИ , ташкилотҳои ибтидоии он расонидани ёрии методӣ ба роҳ монда шуд. Масъулини кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ бо ин мақсад аз гӯшаҳои ҳизбӣ, ҳуҷҷатнигории ташкилоти ибтидоии маҳаллаи Сартуқай дидан намуда, ба масъулини кори ҳизбӣ маслиҳатҳои муфид дода, ёрии методӣ расониданд.

Рубрики
Last News

АШТ: ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ “МО БО ШУМОЕМ” ДАР КИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ АШТ

Санаи 5-уми майи соли равон дар асоси Низомномаи КИМ ҲХДТ ва тибқи барқияи №38 КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд аз санаи 13.04.2021 сол дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Мо бо Шумоем” байни кӯдакону наврасони аз синни 6 то 18 сола, ки ба гурӯҳи маъюбӣ шомиланд бахшида ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланди ташкиливу фарҳангӣ бо иштироки раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия, собиқадорону фаъолони ҲХДТ, падару модарони иштирокчиёни озмун ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и назди Кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб баргузор гардид.Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Каримзода Хушнуд Каримӣ озмунро ҳусни оғоз бахшида, оид ба татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ҷавонони лаёқатманд, қишрҳои осебпазиру эҳтиёҷманди ҷомеа ва дар бораи ҳадафи асосии баргузории озмун, ки дарёфти роҳҳои боз ҳам хубтар намудани сатҳу сифати маъюбон, беҳтар кардани солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон, дастрасии маъюбон ба таҳсил, ҷалби онҳо ба шуғли доимӣ, муҳайё намудани шароити мусоид ва фароҳам овардани имконияти баробари зиндагӣ ва ҳамгироӣ бо ҷомеа барои маъюбон мебошад, сухан намуд.Дар озмун 28 нафар кӯдакону наврасони имконияташон маҳдуд аз рӯи се номинатсия: маҳорати суханварӣ ва қироати шеър, маҳорати сурудхонӣ, маҳорати навохтани асбобҳои мусиқии муосир ва халқӣ аз ҳудуди нӯҳ Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ширкат варзида, маҳорату истеъдоди худро рӯи саҳна нишон доданд.Аъзоёни комиссия ба иштирокчиёни озмун барои маҳорату истеъдодашон баҳои баланд доданд. Инчунин, беҳтаринҳоро ба давривилоятӣ низ муайян карда, аз рӯи номинатсияи якуми озмун “Маҳорати суханварӣ ва қироати шеър” ҷойи якум ба хонандаи синфи 3 МТМУ №51 Ҷамоати деҳоти Меҳробод Узоқов Абдумуталиб, ҷойи дуюм ба хонандаи синфи 9 МТМУ №4 Ҷамоати деҳоти Понғоз Раҳимқулова Маҳфуза, ҷойи сеюм ба хонандаи синфи 5 МТМУ №4 Ҷамоати деҳоти Понғоз Ахмедова Фотима. Аз рӯи номинатсияи дуюми озмун “Маҳорати сурудхонӣ” ҷойи якум ба хонандаи синфи 11 МТМУ №2 Ҷамоати шаҳраки Шайдон Исмоилова Муниса, ҷойи дуюм ба хонандаи синфи 9 МТМУ №5 Абдувалиев Шоҳрӯз, ҷойи сеюм ба хонандаи синфи 8 МТМУ №2 Ҳамроқулов Диловар.Аз рӯи номинатсияи сеюми озмун “Маҳорати навохтани асбобҳои мусиқии муосир ва халқӣ” ҷойи якумро хонандаи синфи 5 МТМУ № 50 Турсунов Суҳайл сазовор гардиданд.Ғолибони даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Мо бо Шумоем” барои иштирок ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифтанд. Инчунин тамоми кӯдакону наврасони маъюбе, ки дар озмун ширкат намуданд, бо диплом ва туҳфаҳои хотиравии КИ ҲХДТ дар ноҳия қадршиносӣ карда шуд.

Рубрики
Last News

АЙНӢ: ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ “МО БО ШУМОЕМ”

Бо мақсади татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ҷавонони лаёқатманд, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ ва баланд бардоштани завқи бадеии кӯдакону наврасони маъюб, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ дар толори маҷлисгоҳи шуъбаи маорифи ноҳияи Айнӣ дар асоси фармоиши муовини якуми Раиси ҲХДТ аз 05.04.2021, таҳти рақами №24 ва барқияи воридотии КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд аз 13.04.2021 таҳти рақами №38, даври ноҳиявии озмуни “Мо бо Шумоем” дар байни кӯдакон ва наврасони аз 6 сола то 18 сола баргузор гардид, ки дар он 16 – нафар кӯдакону наврасон аз ҳама ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия ширкат намуданд.

Дар оғози озмун муовини раиси ноҳия Гулсара Зокирзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Рузибой Раҳимзода баромад намуда, изҳори миннатдории хешро ба устодон, падару модарони наврасон баён дошта, ба иштирокчиёни озмун барору комёбиҳои беназирро таманно намуданд. Қайд гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 27.01.2021 дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, масъулонро вазифадор намуданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2021 нафақаи маъюбони синни кӯдакӣ ба андозаи 20 фоиз, нафақаи кӯдакони маъюби то 18 сола ба андозаи 20 фоиз, нафақаи маъюбони гурӯҳи якум ба андозаи 50 фоиз баланд бардошта шавад. Ин иқдом имкон медиҳад, ки шароити иҷтимоии қариб 100 ҳазор нафар шаҳрвандон аз гурӯҳҳои осебпазири зикршуда беҳтар гардад.

Баъд аз суханронӣ ровии озмун Гулзода Шералӣ барномаро кушода, атрофи муҳтавои озмун маълумот дода, ҳайати ҳакамонро, ки аз ҳисоби мутахассисони варзидаи соҳаи фарҳангу маориф ҷалб гардиданд ба иштирокчиён муарифӣ намуд. Сипас, кӯдакону наврасони осебпазири ҷомеа аз рӯи номгӯи қироати шеър, сурудхонӣ ва навохтани асбобҳои мусиқӣ баромад намуданд, ки дар натиҷа дар даври озмуни ноҳиявӣ, хонандаи синфи 3-и МТМУ №12 -и деҳаи Искодар Мирзоева Оимнисо аз рӯи номгӯи аз ёд ва қироати шеър, хонандаи синфи 5-и МТМУ №5-и деҳаи Вешканд Ҳусейнова Нушина, хонандаи синфи 10-и МТМУ №28-и деҳаи Махшевад Самадова Латифа аз рӯи навохтани асбобҳои мусиқӣ сазовори ҷойи ифтихорӣ гардиданд. Дар интиҳо ғолибон ва ҳамаи иштирокчиёни озмун бо Сипоснома ва туҳфаҳои пулии таъсисдодаи КИ ҲХДТ дар ноҳия сарфароз гардида, ҳамзамон ҷиҳати болидарӯҳии ҷавонон, туҳфаҳои марди саховатманд, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Айнӣ Сафаров Икром ба ҳамаи иштирокчиёни озмун тақдим карда шуд. Дар лаҳзаҳои шодмонии ҷавонон сарояндагони хушсалиқаи Бахши фарҳанги ноҳия бо сурудҳои дилнишин таъби иштирокчиёнро болида сохтанд.

Рубрики
Last News

ҲАР КИ Н-ОМӮХТ АЗ ГУЗАШТИ РӮЗГОР…

         Ба курси захираи омодасозии кадрҳо устодоне даъват шуданд, ки ҳар яке дар фаъолияти кории худ ба дастоварди азиме ноил гардиданд ва таҷрибаю малакаи онҳо шоистаи омӯзиш аст. Ин навбат ба шунаванадгони курси захираи кадрҳо ходими ҳизбиву давлатӣ, муовини раиси Шурои собиқадорони ҳизб дар вилоят Шуҷоат Ҳасанова ва муовини раиси ҲХДТ дар вилояти Суғд Аминҷон Шарифзода дарс гуфтанд. Муовини раиси ҲХДТ дар вилояти Суғд Аминҷон Шарифзода дар мавзӯъи “Нақши Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди босуботи Тоҷикистон” бо далелу фактҳои ҷолиб баромад намуд. Аминҷон Шарифзода иброз дошт, ки воқеан, самари бобарори сулҳу ваҳдати комили кишвар баҳри ҳалли масъалаву муаммоҳои дохилии Ватани азизамон, расидан ба зиндагии босаодату шоиста ва амалӣ шудани ҳадафҳои стратегии мамлакат, ба сомон расидани корҳои бузурги созандагиву бунёдкорӣ таҳти роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон асоси воқеъи гузошт. Мо мардуми нектолеъи тоҷикро бо Пешвои миллат нақшаҳои бузургу созанда дар пеш аст. Дар сиёсати маънавибунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам овардани шароит барои боз ҳам бештар ҷалб кардани занон ба сафи кадрҳои роҳбарикунанда ҷойгоҳи хосса дошта, маҳз роҳандозии силсилаи Барномаву стратегияҳои давлатӣ боис шуданд, ки дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат кадрҳои болаёқати ҳамаи соҳаҳо дар пешрафт ва умури давлатдорӣ ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардиданд-ин нуктаро муовини раиси Шурои собиқадорони ҳизб дар вилоят Шуҷоат Ҳасанова ба шунавандагони мактаби захираи кадрҳо қайд намуд. Шуҷоат Ҳасанова аз ҳаёти пуртаҷрибаи хеш ба шунавандагон нақл намуда занону ҷавононро ба меҳанпарасти ба кори хеш софдилона хизмат намудан роҳнамои намуд.

Начало формы