Рубрики
top pay day loan

ХУҶАНД: ҶАВОНОН ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Дар доираи таҷлили моҳвораи ҷавонон дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии Тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо ташкилоти кумитаи иҷроияи ибтидоии “Инқилоб” конференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Ҷавонон пайравони Пешвои миллат” баргузор гардид.

Чорабиниро раиси кумитаи иҷроияи ибтидоии мазкур, номзади илмҳои иқтисодӣ Ҳомидҷон Ҳошимзода ифтитоҳ бахшида, зикр намуд, ки дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонон ҷойгоҳи хоса дошта, пайваста зери таваҷҷуҳи Раиси муаззами ҳизб қарор доранд. Эълон шудани соли 2017 соли ҷавонон, роҳандозии даҳҳо Барномаҳои давлатӣ бозгӯи гуфтаҳои болоиянд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон дар баромадаш таъкид дошт, ки ҲХДТ ба ҷавонон ҳамчун неруи созанда, боэътимод ва сармояи пойдори инсонӣ такя карда, онҳоро дар ташаккул ва амалисозии иқдомҳои созгор ва ташаббусҳои навовар дар самти рушди илму техника ва технологияҳои муосир ва ободиву пешрафти босуботи кишвар дастгирӣ менамояд. Дар ин росто ташкилу баргузории мактаби захираҳои кадрӣ барои тақвияти дониш ва маҳорати ҷавонон заминаи мусоид фароҳам меорад.

Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар зимни суханронӣ қайд намуд, ки ҷавонони саодатманди диёр чун амаликунандаи ормонҳои миллӣ сабақи нодири таърихиро аз хизматҳои бузурги Пешвои миллат дониста, садоқат ба миллат, асолат батаърихи меҳанро рисолати асосии худ касб намудаанд.

Раиси Шӯрои олимони ҷавони ДИС ДДТТ дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар рушди ҷавонон” ва аъзои фаъоли ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар шаҳри Хуҷанд Фарангис Воҳидова дар мавзӯи “Истиқлолият рукни асоси давлат” маърузаҳои илмӣ намуда, баён доштанд, ки дар давоми 30 соли истиқлолият дар самти баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, азхуд кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири иттиллоотию коммуникатсионӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайё буда, инчунин барои амалӣ намудани ташаббусҳои ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба 10 нафар аъзои нав шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

Ҳамчунин ғолибони чанде аз озмунҳои дохилидонишкадавӣ дар вазъияти тантанавӣ бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.

Рубрики
top pay day loan

ДЕВАШТИЧ: Ҷараёни амалиёти «Шаҳодатномаи ҳизбӣ-ифтихори ман» мувофиқи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич

Дар асоси Қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷрояи Марказии ҲХДТ аз 30 апрели соли 2021 дар доираи баргузории маъракаи муқоисакунӣ ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти ҳар як аъзои ҳизб ва бо ин восита муайян намудани мавҷудияти шаҳодатномаи ҳизбӣ, тарзи нигоҳ доштани он, супоридани саривақтии ҳаққи узвият ва тақвият бахшидани нуфузи ин ҳуҷҷати ҳизбӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ноҳиявӣ амалиёти «Шаҳодатномаи ҳизбӣ-ифтихори ман» идома дорад.

Санаи 21.05.2021 барои тақвият бахшидани амалиёти мазкур ва дастуру супоришҳои мушаххас барои гузаронидани амалиёти мазкур ба ноҳия муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва гурӯҳи кории КИВ ҲХДТ ташриф оварданд.

Ҳамчунин дар толори ҷамъияти матлубот маҷлиси Раёсати

Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ баргузор гардида, ба ҳайати Раёсат тағиротҳои кадрӣ ба амал оварда шуд.

Исмоилиён Комрон бинобар интихоб шудан ба ҳайси вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаи Раиси Кумитаи иҷроияи Хизби Халкии Демократии Точикистон дар нохияи Деваштич озод карда шуда, бо розигии Раиси муаззами хизб, Асосгузори сулху вахдати миллӣ, Пешвои миллат мухтарам Эмомалӣ Рахмон ба вазифаи Раиси Кумитаи иҷроияи Хизби Халкии Демократии Точикистон дар нохияи Деваштич Маъмурова Равшаной Азизбоевна интихоб гардид.

Рубрики
top pay day loan

ШАҲРИСТОН: МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИСТОН

Дар толори МИМҲД ноҳияи Шаҳристон Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон баргузор гардид, дар кори он Муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон, Раиси КИ КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, Раиси ноҳияи Шаҳристон Акрамзода Баҳодур Исмоил, рисони ташкилотҳои ибтидоии ноҳия ва фаъолон, аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан”иштирок намуданд. Дар кори Маҷлис баррасии 2 масъала пешниҳод карда шуд:

1. Озод намудани Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Қодирӣ Рустам бинобар сабаби ба кори дигар гузаштанаш.

2. Интихоби Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон.

Аз ҷониби муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон оид ба масъалаҳои рӯзномаи маҷлис баромад карда шуда, дар асоси розигии Роҳбарияти Олии ҳизб ва талаботи Оинномаву Низомномаи ҲХДТ Рустам Қодириро бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон озод карда шуда, интихоби муовини Раиси ноҳияи Шаҳристон Ҳабибуллозода Шаҳринисо ба вазифаи Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон ба овоз монда шуд ва аз ҷониби аъзои Раёсат, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, вакилони халқӣ ва фаъолони ҳизб якдилона қабул карда шуд.

Дар фарҷоми Маҷлис муовини Раиси ҲХДТ муҳтарам Латифзода Асрор Қурбон, Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва Раиси ноҳияи Шаҳристон Акрамзода Баҳодур Исмоил Рустам Қодирӣ ва Ҳабибуллозода Шаҳринисоро барои таъин гардиданашон ба вазифаҳои пуршарафу пурмасъул табрику таҳният намуда, барои хизматҳои шоистаашон бо Сипоснома, дастагул ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуданд.

Рубрики
top pay day loan

Номаи табрикотии Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ба муносибати Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон

   Ҷавонони саодатманд ва насли фардосози Тоҷикистон!

Бо ифтихори саршор ва самимияти афзун фарорасии Рӯзи ҷавонони Тоҷикистонро барои ҳар яки Шумо муборакбод мегӯям.

Ин санаи муборак дар рӯзҳои омодагӣ ба таҷлили ҷашни муқаддасу мубораки 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида,  аз ҳар ҷавони бонангу номус масъулият ва салоҳияти бузургро тақозо менамояд.

Зеро ба таъбири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатиро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҷавонони мо бояд онҳоро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳанд ва итминон дошта бошанд, ки танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем кишвари воқеан ободу пешрафта ва тавоно бунёд намоем”.

Воқеан ҳам, имрӯз марҳилае фаро расидааст, ки ҷавонон бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ, донишу ҷаҳонбинии муосир, одобу ахлоқи ҳамида, эҳтиром ба волидайну дӯстон, устодону омӯзгорон, калонсолону аҳли ҷомеа ва бо арҷгузорӣ ба арзишу муқаддасоти Ватан дар рушди давлатдории миллиамон фаъолона ширкат варзида, насли бонангу номус, далеру шуҷоъ ва соҳибватан будани худро амалан исбот намоянд. Зеро бо таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои рӯзафзуни Пешвои муаззами миллат барои густариши афкор ва истеъдодҳои ҷавонон майдони фарох боз шуда, баргузории озмунҳои сатҳи баланд аз қабили “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон Ватани азизи ман”, “Илм фурӯғи маърифат” ҳазорҳо ҷавононро ба ҳам овард ва нақши онҳоро дар тарбияи маънавию сиёсӣ боз ҳам баланд бардошт.

 Таъсиси квотаҳо барои ҷавонони дурдаст барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, стипендияҳои президентӣ, ҷоизаҳои ба номи “Исмоили Сомонӣ”, “Дурахшандагон” ба номи “Султон Умаров”,  роҳандозӣ шудани Барномаву стратегияҳои давлатӣ ва даҳҳо дигар дастгириҳо нишони соҳибхирадӣ ва дурандешии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

         Дар иҷрои ин рисолати бузург ҷавонони фаъоли ҳизбӣ, ки дар вилоят шумораи онҳо зиёда аз 60 ҳазор нафар мебошад,  бояд мавқеи пешсафиро аз даст надиҳанд. Зеро ҲХДТ ба ҷавонон ҳамчун неруи созанда, боэътимод ва сармояи пойдори инсонӣ такя карда, онҳоро дар ташаккул ва амалисозии иқдомҳои созгор ва ташаббусҳои навовар дар самти рушди илму техника ва технологияҳои муосир ва ободиву пешрафти босуботи кишвар дастгирӣ менамояд.

Итминони комил дорем, ки ҷавонони ватандӯсти мо аз мулоқоти озоду шаффофи навбатии Сарвари давлат руҳу илҳоми тоза гирифта, дар роҳи таъмини суботу оромӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ аз худ ташаббусҳои созанда нишон медиҳанд. Ҷиҳати боз ҳам мустаҳкам гардидани мақому манзалати Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ саҳми сазовори худро мегузоранд.

Бори дигар ҳамаи шумо – давомдиҳандагони таъриху фарҳанги қадимаи ин миллати куҳанбунёд, ки сарчашмаи иқдомҳои наву созанда мебошад, ба ифтихори Рӯзи Ҷавонон табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саодати рӯзгор, хушбахтӣ ва дар кору пайкори ободгаронаатон ба хотири пешрафти Ватани азизамон пирӯзиҳо орзу дорам.

Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон муборак!