Рубрики
top pay day loan Uncategorized Асосӣ Барномаҳо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи

ЗАФАРОБОД: АКСИЯИ ТАРҒИБОТӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ПАЁМ-РАҲНАМОИ МИЛЛАТ”

 Ҷиҳати иҷрои барқияи КИВ ҲХДТ аз 05.01.2024 таҳти рақами 01 ва тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани тавзеҳи Паёми Пешвои миллат байни қишрҳои гуногуни ҷомеа аксияи тарғиботӣ таҳти унвони “Паём-раҳнамои миллат” дар кӯчаҳои марказии ноҳияи Зафаробод баргузор гардид. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод зимни баргузории аксия ба сокинон вобаста ба банду бобҳои Паём, дастури супоришҳои ояндасози Паём ва ҳамчунин оид ба нуқтаҳои асосӣ маълумот дода шуда, ба иштирокчиён варақаҳои иттилоотиву тарғиботӣ тақсим карда шуд. Тавзеҳи нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон байни сокинони ноҳияи Зафаробод бо маром идома дорад.

Рубрики
top pay day loan Uncategorized Асосӣ Барномаҳо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи

ХУҶАНД: ПАЁМ – МУЖДАРАСОНИ ТАНСИҲАТИВУ СОЛИМӢ

Тарғиботчиёни Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки санаи 28-уми декабри соли 2024 ироа гардида буд, тибқи нақша мулоқоту вохӯриҳоро байни мардум ва аъзоёни фаъоли ҳизб баргузор намуда истодаанд.

Санаи 15 январи соли равон ҷиҳати фаҳмонидани Паёми навбатии Пешвои миллат дар ташкилоти ибтидоии “Оби тоза” бо иштироки аъзои фаъоли гуруҳи таблиғотии назди кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд Хайринисо Темирова ва мудири шуъбаи занони кумиҷроия Дилрабо Қурбонова мулоқот доир гардид.

Мақсад аз ташкил ва гузаронидани чунин вохӯриву мулоқотҳо ин ба мардум шарҳу тавзеҳи Паём нукта ба нукта ва соҳа ба соҳа буда, баҳри расидан ба ҳадафҳои некбинонаи Пешвои миллат барои зиндагии шоистаи мардум мебошад.

Рубрики
top pay day loan Uncategorized Асосӣ Барномаҳо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи

ИДОМАИ КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ ДАР ХОҶАГИИ ЁРИРАСОНИ КИШОВАРЗИИ “30-СОЛАГИИ ҲХДТ”

Бо дастгирии амалии раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода ва раиси ташкилоти ибтидоии “Роҳ” Давронбек Миров поёни заминҳои хоҷагии ёрирасони кишоварзии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ, ки “30-солагии ҲХДТ” номгузорӣ шудааст, тахту ҳамвор гардид.

Бояд гуфт, ки қитъаи мазкур солҳои тӯлонӣ ба теппаҳои  сунъии партовҳо табдил ёфта  буд.

– Аз ҳар як ваҷаб самаранок истифода бурдан супориши Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Аз ин рӯ,  кормандону аъзои ҳизб дар ноҳияи Мастчоҳ ҳамеша талош меварзанд, ки аз ҳар қитъаи замин самаранок истифода бурда, дар баробари  ин барои ҳифзи муҳити зист ва тозаву сарсабз нигоҳ доштани атрофи хоҷагӣ тадбирҳои муҳимро амалӣ намоянд, – мегӯяд раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ Муродулло Почозода.

Олимхон ИСМАТӢ,

мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ

Рубрики
Uncategorized Асосӣ

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ АШТ ДАР СОЛИ 2023

Дар маҷлисгоҳи асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи  КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва нақша кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт ҷамъбастии фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Ашт дар соли 2023 аз рӯи 5-масъала:

 1. Ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Ашт дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024.

 2. Тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  

      ноҳияи Ашт барои соли 2024.

 3. Тасдиқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт вобаста ба тарғибу ташвиқи  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 28 декабри соли 2023)

 4. Ворид намудани тағирот ба ҳайати Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Ашт

5.Масълаҳои ҷорӣ баргузор гардид.

Дар маҷлис Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Каримзода Мирзоқосим,  раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Хушнуд Каримзода, аъзоёни кумиҷроияи ноҳиявӣ, вакилони вилоятӣ ва ноҳиявӣ,  раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва фаъолони ҳизб иштирок доштанд.

Оид ба масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт Каримзода Хушнуд Каримӣ доир ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт ва ташкилотҳои ибтидоии он давоми соли 2023 маълумоти муфассал дод. Қайд шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ диққати асосӣ ба зиёд намудани аъзо ва дар ин замина таъсиси ташклотҳои ибтидоӣ равона гардида, теъдоди аъзо давоми сол 1250 нафар зиёд гардида, дар умум шумораи аъзо ба 14 344 нафар расонида шуд. Шумораи ташкилотҳои ибтидоӣ дар давоми чор соли охир 42 адад зиёд гардид, ки нишондиҳандаи хуб аст. Ҳамчунин раванди  супоридани ҳаққи аъзогӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, корбарӣ дар хоҷагии ёрирасони ҳизбӣ, сафарбар намудани сокинони ноҳия ба ҷои кори доимӣ ба НБО ,,Роғун”, корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва вохӯриву мулоқотҳо дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, гузаронидани аксияҳо ва семенар-машваратҳои дастурдиҳӣ,  рафти маъракаи “Обуна – 2024” ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Сухани халқ” дар давраи  ҳисоботӣ хеле хуб ба роҳ монда шуд.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Маданият 3” Муллоҷонова Дилафрӯз ва раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Ашт Ёрматова Бунафша зимни музокира аз корҳои анҷомдодаи фаъолияти вакилӣ ва нуфузи бештар пайдо намудани ҳизб дар коргоҳашон сухан карданд.

Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд  Мирзоқосим Каримзода зимни маърузаи пурмуҳтаво доир ба нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар, дастовардҳои назаррас ва раванди босуръати саноатикунонии кишвар, татбиқи сиёсати занон, ҷавонон, дар самти маориф, фарҳанг ва тандурустӣ ва дигар самтҳо, ки дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа  гардидаанд, изҳори назар кард. Ҳамзамон, мавсуф ҷиҳати зиёд кардани ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар назди кумиҷроияи ноҳиявӣ, зиёд кардани сафи аъзоёни ҳизб аз ҳисоби корхонаҳои саноатӣ, сохтмонӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва инфиродӣ, вобаста ба нашр ва паҳн намудани мақолаҳо, вокунишу андешаҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ ва нашрияҳои ҳизбӣ аз ҷониби кормандони КИН ва аъзоёни ҲХДТ, ҷалб намудани ҷавонон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва дигар мавзӯъҳои муҳим изҳори назар кард.

Раиси ноҳияи Ашт Муҳаммадзода Шӯҳрат дар суханронии хеш зикр дошт, ки нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки бевосита бо ташаббусу роҳнамоии маънавию ғоявии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаккул ёфтааст, дар ҷомеа хеле калон аст. Дар ноҳия низ саҳми ҳизбиён хеле назаррас буда, онҳо дар тамоми корҳои ҷамъиятиву давлатӣ ва корҳои ободониву созандагии ноҳия фаъолона иштирок менамоянд. Номбурда аз тамоми аъзоёни ҳизби ноҳия даъват ба амал овард, ки дар ҳошияи 30 – солагии таъсисёбии ҲХДТ дар корҳои тарғиботию ташвиқотӣ доир ба сиёсати оқилонаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъол бошанд. Раванди созандагиву бунёдкориро вусъат бахшанд.  

Масъалаи дуюм ва сеюми рӯзнома оид ба тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт доир ба “Самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Ашт барои соли 2024” ва тасдиқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт вобаста ба тарғибу ташвиқи  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 28 декабри соли 2023)  низ баррасӣ гардида, қарор қабул карда шуд.

Бояд қайд кард, ки баррасии масъалаи чоруми рӯзнома оиди  аз ҳайат баровардан ва интихоби ҳайати нави аъзои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буда, дар бораи ворид намудани тағйирот ба аъзои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Ашт тасдиқ карда шуд.

Доир ба баррасии маъалаи панҷуми рӯзномаи маҷлис масъалаҳои ҷорӣ аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ҷиҳати фаъолона иштирок намудан дар корҳои таблиғотиву ташвиқотии ҳизбӣ, маракаи “Обуна-2024” ва дигар чорабиниҳои ҳизбӣ якчанд нафар фаъолони ҳизб бо медали ҳизбӣ, сипосномаҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардидаанд.

Имрӯз дар маҷлисгоҳи асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи  КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва нақша кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт ҷамъбастии фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Ашт дар соли 2023 аз рӯи 5-масъала:

Uncategorized

ГУЛИСТОН: АЁДАТ ВА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҚИСМИ ҲАРБИИ ШАҲРАКИ АДРАСМОН

      Ташкилоти ибтидоии “Шаҳраки Адрасмон” бахшида ба 30-солагии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дидбонгоҳи сарҳадии шаҳраки Адрасмон,  қисми ҳарбии 0216 бо иштироки  барқароркунандагони сохти конститутсионӣ, муҳорибаи ҷанги афғон, собиқадорон ва фаъолони ҳизб  аёдат ва чорабинии бошукӯҳ роҳандозӣ карда шуд.

      Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ  Сарҳад  Баротзода афсарону сарбозон ва иштирокчиёни чорабиниро бахшида ба 30-солагии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош намуда, зикр кард, ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҳар як ҷавонмард шараф аст. Боварӣ дорам, Шумо афсарону сарбозон баҳри ҳифзи Ватан, пойдории Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ саҳми худро беш аз ҳарвақта мегузоред.

     Афсарону сарбозони қисми ҳарбӣ бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Барои сарбозон дастархони идона ороста шуда, санъаткорони ҷамоати шаҳраки Адрасмон бо барномаҳои рангини фарҳангӣ  табъи сарбозонро болидахотир намуданд.

Аксҳо аз ҷараёни чорабинӣ.

Рубрики
Uncategorized

АЙНӢ: ХИЗМАТ БА ВАТАН РИСОЛАТИ ҶАВОНМАРДИСТ

         Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар назди хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар қайд карданд, ки “Қувваҳои Мусаллаҳи мо, яъне фарзандони ҷасуру далери мардуми тоҷик дар тӯли сӣ соли соҳибистиқлолӣ на як бору ду бор вазифаҳои хизматӣ ва қарзи фарзандии худро дар назди Ватан, давлат ва халқи тоҷик ҷавонмардонаву сарбаландона иҷро кардаанд”. Амнияти давлату ҷомеаро таъмин кардан, Модар – Ватанро баробари ҷони худ дӯст доштан, онро далеронаву ҷавонмардона ҳимоя кардан ва содиқ будан ба миллату давлати худ ва муқаддасоти миллӣ вазифаи ҷонӣ ва қарзи фарзандии ҳар як афсару сарбоз, тамоми хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳамаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ва ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад! Танҳо чунин муносибат, яъне садоқати ҳар яки мо ба Ватан ва халқи Тоҷикистон моро аз ҳама таҳдиду хатарҳои замони муосир эмин нигоҳ медорад.

       Зимни мутолиаи матлабе дарёфтам, ки Ватандӯстӣ нангу номус аст, касеро маҷбуран ватандӯст кардан имкон надорад, вале арзишҳои ватандӯстиро дар тафаккури ҷавонон ҷой намудан ва ин арзишҳоро ба эътиқоди онҳо табдил додан имконпазир аст. Ин раванди мушкил ва ҳамешагист. Яъне, ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ба тарзи бефосила, бетанаффус ва ба таври доимӣ машғул бояд шуд. Дар ин масири мушкилу абадӣ давлату миллате муваффақ мешавад, ки беҳтарин қувваҳои зеҳнӣ ва илмию фарҳангии худро ба ин ҷода сафарбар намояд.  Чунин ғояро ҳанӯз си сол пеш ҷавонмарди ҷасур, далери Ватан, Пешвои Тоҷикон дар сафи пеш истода,  аз баҳри ҷони хеш гузашта, чунин ғояро пешаи худ намуданд. Дар вазъиятҳои ҳасос, ки кишвар ягон вазорату идора ва иншоот надошт, Сарвари миллат бо ҷалби мардони шуҷо дар хаймае Артиши миллиро таъсис доданд. Хушбахтона марҳила ба марҳила бо дастгирии ин марди Ватан Артиши миллӣ ба пешравиҳои бемисл ноил гардид. Соҳиби бинову аскару афсару техникаҳои пуриқтидори ҳарбӣ гардид.

       Қобили зикри хос аст, ки фаъолияту дастовардҳои Артиши мамлакатро дар тӯли 30 соли таъсисаш метавон натиҷаи пурсамари ҷоннисорони миллат баҳри ҳифзу дифои ҳар ваҷаб замину ҳар зарраи хоки диёр номид. Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёду рушди Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон беназир аст.Чунин ақидаҳоро наворҳои кутоҳи “Сипаҳсолор”-и сухангӯи Сарвари кишвар татбиқ менамояд.  Ташаббусҳои Сарвари миллат моро ба андеша кардан водор месозад, ки як мард барои бунёди Артиш чӣ қадар ҷоннисориҳо кард, ки имрӯз мо халқи Тоҷик дар фазои сулҳ, озодӣ зиндагӣ менамоем. Бузургон мефармоянд, ки ба қадри заҳамоти мардони асили Ватан бояд расид ва аз он мактаби мардонагӣ баҳра бурда, дар ояндаи давлатдорӣ мавриди амал қарор дод. Имрӯз хурду калон дар назди аҳли оила бо осудагӣ нишаста, табли шодӣ мезанем. Вале боре ба худ савол намедиҳем, ки ин шодиҳо аз чӣ сар мезанад.

       Хизмати шабонарӯзии афсарону сарбозонро пешаи назар намеорем, ки аз лаззати зиндагӣ дур монда, шабонарӯзи сарҳади моро ҳифз менамоянд.  Ҳифзи Ватан вазифаи ҳамаи мост. Вале бархе аз волидайн фарзандони худро намегузоранд, ки ба хизмати Ватан-Модар раванд. Агар мо фарзандонамонро нагузорем, ки адои хизмат кунанд фардо кӣ марзу буми моро ҳимоя мекунад, чигуна дар иҳодаи аҳли оила шодиву нишот  менамоем?..  Бояд бидонем, ки хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бонангу номусро талаб мекунад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ боиси ифтихору сарбаландист. Бояд ҷавононро ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ ба хизмати Ватан омода кард. Барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби обутоб хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт, дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд. Дар асоси  моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд аст”.

      Аз ин лиҳоз итминони комил дорем, ки аз таърихи таъсисёбии Артиши миллии кишвар огаҳии хуб пайдо карда, барои баланд бардоштани нуфузи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар саҳмгузорӣ намоем. Дар замири фарзандон ҳисси Ватандорӣ ва гиромӣ доштани арзишҳои миллиро ҷой диҳем то ки дар оянда обу хоки замини диёри хешро соҳибӣ карда тавонанд. 30 солагии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар  ва то ин дам дар фазои Истиқлолият умр ба сар бурданамон нишонаи Ватандории роҳбари давлату афсарону сарбозон аст.

Мудири шуъбаи  таблиғот ва иттилооти
КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ
Солеҳбой ҚОБИЛОВ

Рубрики
Uncategorized

ПАНҶАКЕНТ: Терроризм – вабои аср Андеша :

Дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки на танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа, балки ба тамоми мамолики дунё ва дар маҷмуъ, ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор оварда, тамоюли паҳншавиро дорад, терроризм ва экстремизм мебошанд, ки боиси нигаронии созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон гардидаанд. Терроризм – таҳдид ба ҷони мардум, терроризм – даҳшатафканӣ терроризм – куштор, ҷангу ҷидол Ҳамин тариқ, мо ҷавонони содиқи меҳанро зарур аст, ки дар баробари муқаррароти танзимкунандаи фаъолияти давлатӣ ва баҳри амалинамоии онҳо дар самти мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, фаъолияти якҷояи қишрҳои гуногуни ҷомеа зарур аст. Яъне, имрӯз танҳо муборизаи дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мусоидати аҳолӣ бо мақомот ва ҳушёрию зиракии мардум имкон медиҳанд, ки пеши роҳи ин омилҳои манфӣ гирифта шавад, то ки суботу оромӣ таъмин ва ҳар як фард дар Ватани азизи хеш-Тоҷикистони соҳибистиқлол зиндагии ободу осоишта ба сар барад. Ҷалолов Қобилҷон – мудири шӯъбаи кор бо ҷавонон, роҳбари намояндагии ТҶҶ ” Созандагони Ватан” – и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент

Рубрики
Uncategorized

ЗАФАРОБОД: АЁДАТИ САРБОЗОН ДАР АРАФАИ ҶАШН

 Санаи 14 феврали соли 2023 тибқи нақша чорабиниҳои муштараки КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо занон ва оила, бахши кор бо ҷавон ва варзиш, шӯъбаи рушди иҷтимоӣ, бахши муҳоҷират дар Комендатураи сарҳадии ноҳияи Зафаробод маросими дидорбинии бо афсарону сарбозон баргузор гардид. Иштирокчиёни мулоқот дар баромади худ қайд намуд, ки хизмат ба Ватан вазифаи муқаддаси шаҳрвандӣ маҳсуб ёфта, имрӯз барои адои ин қарзи олии шаҳвандӣ дар ҳамаи қисмҳои низомии мамлакат беҳтарин шароит фароҳам оварда шудааст. Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки ҷавонони далеру шуҷоъи Ватан ихтиёран ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат равона гардида, барои ҳифзи марзу буми Тоҷикистон, гиромидошти арзишҳои миллӣ иҷрои дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарбаландона хизмат мекунанд. Афсарону сарбозони қисми низомӣ аз мулоқот таасуроти хуб бардошта миннатдорӣ баён намуданд. Дар фарҷоми мулоқот аз ҷониби масъулони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод маводи ғизоӣ дастрас карда шуд.

Рубрики
Uncategorized Асосӣ Мақола

ПАНҶАКЕНТ: Интихоби ман Пешвои миллат! Ҳизби ман Ҳизби Халқии Демократист! Зи кулфатҳо ҷудо бояд бигардем , Сари роҳи вафо бояд бигардем . Ҷавонони азизи Меҳани ман , Ба гирди Пешво бояд бигардем

Рубрики
Uncategorized

ПАНҶАКЕНТ: АНДЕША.

 Мо ҳомиёни Ватан Эй Ватан, эй ҳадяи бе миннати Яздони пок, Ман ба домони намозият ибодат мекунам. Ватани аҷдодиамонро дӯст доштан халқи худро дӯст доштан ва ба таърихи он эҳтиром гузоштан мебошад. Ватанро бузургони мову Шумо ба мо мерос мондаанд. Вазифаҳои ҷонии мо ин аст, ки арзишҳои миллиро эҳтиром намоем, тамаддунсоз бошеш, чеҳраҳои мондагори гузаштаи худро ҷовидона нагоҳ дорем, ваҳдатсаро бошем, ба қадри ҷоннисориҳову қаҳрамониҳои фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расем. Ватанро интихоб намекунанд, балки барои ояндаи вай оромиву тараққиёташ масъулият мебаранд. Чӣ тавре, ки ҷисми одам ҳангоми ба ҷон ҳамроҳ будан зиндагӣ менамояд, ҳамин тавр ҳар яки мо ҳамон вақт аз ҳаёт баҳрабардорӣ менамоем, агар ба халқи худ ва Ватани худ якҷоя бошему барои пешрафти он кору фаъолият барем. Ватан муаззам аст, Ватан ҳақиқат аст, Ватан имону виҷдон аст. Имони мустаҳкам ватани обод, виҷдони пок хизмат ба халқи худро инъикос мекунад. Имруз мо насли наврасро зарураст, ки орзишҳои таърихии миллиамонро эҳтиром намуда, барои фардои офтобии Тоҷикистони соҳибистиқлоламон камари ҳиммат бубандем. Мутассифона мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар самти сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ҳанӯз мушкилоти ҳалталаб зиёданд. Сабаби асосӣ, паст будани ҳисси Ватандорӣ ва беэътибории падару модар дар ин самт аст. Аллакай ба қабул шудани Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” чанд сол сипарӣ шуда бошад ҳам, ҳанӯз бисёр волидон аз хоби ғафлат бедор нашудаанд. Дар маъракаи муҳуми даъвати ҷавонон баъзе падару модарон фарзандонашонро бо ҳар роҳ ба давлатҳои хориҷ гурезонида, худро моҳи беайб медонанд. Оё бо чунин муносибат метавон, арзишҳои миллиро эҳтиром намуд, метавон дар поянда нигоҳ доштани Истиқлолияти меҳан нақш гузошт?. Албатта не! Биёед- ҷонфидои ин миллат бошем! Биёед – нагузорем аҷнабие пойи худро ба ин марзи номус гузорад! Биёед – дар паҳлӯи Пешвои муаззами худ истода бозҳам ин марзи муқаддасро ободу зебо кунем ! Тоҷикистон хонаи мост обрӯи мост, ифтихори мост ! Ман Ватан гуфтаву бо номи Ватан мемирам ! Шириншоҳ Нуруллоев – Роҳбари дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент