Рубрики
Uncategorized

Исфара: Машварат Идроку Ҳушёрӣ Диҳад

        Тибқи дастури Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва вилоятии ҳизб дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Исфара таҳти раёсати муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара  Ҷӯраева Г  ва мушовири раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ Бақоев С  бо раисон ва муовинони раисони кумиҷроияҳои ибтидоӣ ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ  машварат доир шуд.

        Масъулини  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Исфара ба иттилои ҳозирин расониданд, ки мутобиқи қарори Маҷлиси раёсати Кумитаи иҷроияи Марказии ҳизб аз 9 – уми апрели соли 2022 №4  санаҳои 1-14 июни соли равон дар кумиҷроияиҳо ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ конфронс ва маҷлисҳои ҳисоботӣ- интихоботӣ баргузор мешаванд.

       Ба раисони ташкилотҳои ҳизбӣ тавсия дода шуд, ки дар маҷлисҳои ҳисоботӣ- интихоботӣ ҳисоботи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оид ба фаъолияташон дар давраи аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 баррасӣ карда, нақшаи кории онҳо барои нимсолаи дуюми соли равон тасдиқ карда, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва вакилон ба Конфронси ҳисоботӣ – интихоботии ташкилотии шаҳрии ҳизб интихоб карда шаванд.

       Ҳамчунин ба ҳозирин тибқи дастурамалӣ коргузорӣ тартиби гузаронидани маҷлисҳои ҳисоботӣ – интихоботӣ, таҳияи ҳисоботи раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, суратҷаласаи он, пешниҳоди маълумот ба Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ фаҳмонида шуд.

       Дар интиҳои машварат масъулин тавваҷуҳи ҳозириинро ба ҳодисаҳое, ки дар Вилояти Мухтори Бадахшон Куҳӣ рӯй додаанд, ҷалб намуда таъкид доштанд, ки бадхоҳони сулҳу оромии ҷомеа ба мақсади худ нарасиданд, ва инро бояд ҳизбиён дарк намоянд.

    Ҳамчунин дар машварат аз раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ хоҳиш карда шуд, ки ба маъракаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ барои соли 2023 ҷиддан машғул шаванд.

Рубрики
Uncategorized

Конибодом : Семинари дастурдиҳии методӣ бо раисон ва масъулинии ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ баргузор гардид.

   Ҷиҳати иҷрои фармони Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 9уми апрели соли 2022 таҳти рақами 9 ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз 26 апрели соли 2022 таҳти №11 оид ба баргузор намудани “Маъракаи ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ” санаи 26уми апрели соли ҷорӣ бо ибтикори масъулони КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар маҳаллаи И.Сомонӣ (Коллеҷи технологии шаҳр) бо раисон ва масъулини ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ семинари дастурдиҳӣ ташкил ва гузаронида шуд.

   Семинари мазкурро Раиси Кумиҷроияи ҳизбии шаҳр Бобоҷонзода А.Т ҳусни оғоз бахшида зимни семинари мазкур аз тарафи масъулони КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ба раисон ва котибони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ барои дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронидани маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ дастурҳои зарурии методӣ дода шуд.

Дар фарҷом раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Бобоҷонзода А.Т қайд намуданд, ки тибқи қарори маҷлиси раёсати КИШ ҲХДТ охири моҳи июл Конференсияи 24уми ҲХДТ дар шаҳри Конибодом даъват карда шуда, меъёри вакилон аз ҳар як ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ аз 30нафар аъзо 1нафар муқаррар шудааст.

    Ҳамчунин масъулин оид ба пеш бурдани фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ, баланд бардоштани масъулияти ҳар як аъзои ҳизб ва барои тақвият бахшидани фаъолияти кори дохилиҳизбӣ андешарониҳо намуда, тавсияҳо доданд.

Рубрики
Uncategorized

(Андеша бобати филми “Шикасти фитна ” )

Пушаймонӣ суд надорад

   Баъди тамошои филми “Шикасти фитна” , ки саршор аз андешаҳои пучу хом ва изҳори пушаймонии чанд тан аз душманон ва хоинони миллат руйи кор омадааст , ба хулосае, омадан мумкин аст, ки пушаймонии ин афроди пастфитрат суде надорад. Баъди баромади Улфатхоним Маҳмадшоева дигарбора исбот ва маълум гардид, ки ба ин афрод аз ҳисоби хоҷагони хориҷиашон маблағгузорӣ гардидаву маблағҳои муайян барои омода намудани заминаи бетартибиҳо ҷудо гардида буд. Сабабгори ин бесарусомонӣ ва нобасомониҳо ҳамон кутоҳандешоне буданд, ки мехостанд, зи паси хеш афкори чанд тан афроди солимфикри ҷомеаро халалдор созанд.   

     Сабабгори асосӣ Улфатхоним Маҳмадшоева , ки рисолати Зан-модар будани хешро фаромуш кардаву имруз душмани миллат гардидааст ва барои номи зан-модар иснод овардаву ҳатто забон лол аст, аз он, ки уро Модар номид. Лаънат ба он зане, ки душмани миллат гардида,оромӣ, субот, ваҳдату истиқлоли ин меҳани аҷдодии моро нодида мегирад. Ҳайфи он нафаре, ки оилаи худ ва атрофиёнашро ба бесарусомониҳо даъват бинмудаву олудаи амалҳои нопок сохтааст. Бе ибо назди экранҳои мо аз ҳадафҳову амалҳои нопокаш як-як ҳарф мезанад. Имруз ин афрод паси панҷара ангушти надомат ва пушаймонӣ мегазад. Аммо пушаймонӣ суде надорад.

   Умед бар он мебандам, ки Улфатхонум Маҳмадшоева охирон зане бошад, ки ба амалҳои нопоку хатарзо даст задаву  фикру андешаи сиёҳ дар сар дорад. 

Мо –занону бонувон амалҳои нангини душманони миллатро зери тозиёнаи танқид мегирему рафтори ношоямашро маҳкум мекунем!

Муаззама Тураева – Раиси Шурои собиқадорони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом

Рубрики
Uncategorized

Андеша:Шикасти фитна

                                  

    Имрӯз мо тариқи шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон навори  он нафароне, ки ҷиҳати сар задани беинтизомиву нооромиҳо дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон сабаб гаштаанд, тамошо намудем. Боиси таассуф аст, ки дар ин занҷираи ҷиноят нақши Мамадшоева Улфатхоними ҷинояткор ҳамчун ташкилотчиву ҳамоҳангсози ин бетартибиҳо хеле бузург аст.

   Ин гуна ҷинояткорон аз ҷониби хоҷагони хориҷиашон маблағгузорӣ шуда, мехостанд нақшаҳо ва амалҳои нопоки худро дар ин сарзамини биҳиштосои Тоҷикистони азиз амалӣ созанд. Сад дареғ, ки имрӯз нафаре барои манфиатҳои шахсии хеш сабабгори марги чандин нафарони бегуноҳ мегарданд. Вале бояд қайд намуд, ки ҳеч гоҳ миллати бофарҳанг ва сарбаланди тоҷик намегузорад, ки хоинони миллат ба мақсади нопоки худ расанд ва ҳеч гоҳ нақшаҳои палидонаи он хоинони дар хориҷи кишвар қарордошта, ки мехоҳанд бо суханҳои пучу бемаънӣ мардуми сарбаланди тоҷикро ба шӯр оваранд, амалӣ нахоҳад гашт. 

   Аз ин лиҳоз, ба тамоми сокинони кишвар, хоса ҷавонони Бадахшон муроҷиат менамоем, ки ба ин гуна беинтизомиву бетартибиҳо дигарбора роҳ надода, дар 

 фазои орому осуда зиндагии хушу хурсандонро идома дода, кору фаъолият намоянд. 

   Чунки  Истиқлолияту Озодӣ ва Ваҳдати комиле, ки мову Шумо дорем, ба осонӣ ба даст наомадааст! Пас вазифаи мову Шумо нигоҳ доштани  ин арзишҳои миллӣ ва ба наслҳои минбаъда онро мерос гузоштан аст!

   Бигзор нону намаки Тоҷикистон чашми кӯрдилону носипосон, бадкешону бадхоҳони миллати тоҷикро, ба монанди Мамадшоева Улфатхоним  нобино созад!

Рубрики
Uncategorized

Хизмати Ватанро ба ҷо оварем

         Ватан модари ҷонпарвари ман аст ва хизмат ба он шарафи бузург мебошад. Аз ин рӯ ман бо амри дил соли 2020 ба хизмати Ватан-Модар раҳсипор гардидам. Мисли дигар наваскарон моро ботантана гусел карданд, модар хоҳиш кард, ки порае аз нони хонагии пухтааш газида, насибаи худро дар хонадон нигоҳ дорам, падар дуои хайр дод, то ки дар ҳама ҳолат марди майдон бошам ва шарафу номуси гузаштагону ояндагонро ҳифз намоям.

         Бо сари баланд ва хотири ҷамъ аз осмони сулҳу суботи Тоҷикистони азиз дар ноҳияи Восеъ, дар қисми сарҳадӣ ба хизмат оғоз намудам. Бо тезӣ бо ҳамхизматонам унс гирифтам, яке аз Ҳисор буду дигаре аз Кӯлоб, сеюмин аз Бадахшону дигаре аз Суғд. Вале мақсаду мароми ҳамаамон як – хизмати содиқона ба Ватани азиз буд. Ин мақсад моро бо ҳам муттаҳид менамуд ва ба сӯи комёбиҳои нав ба нав раҳнамун месохт.

         Рӯзи қабули савганди ҳарбиро аз ёд намебарорам. Он рӯз бо ҷавонони қисми ҳарбӣ бо сари баланд савганд қабул намудем ва аз ин масъулияти мо хеле боло рафт. Он соатҳо қалби моро меҳри Ватан боз ҳам зиёда саршор гардид ва ба худ савганд ёд кардам, ки ҳамеша ба марзу буми Ватан содиқ мемонам.

         Ба ман мегуфтанд, ки хизмати аскарӣ ин мактаби мардонагию далерист, инро ман бо чашмони худ дидам. Обутоби бадан, ки машғулияти ҳаррӯзаамон буд, ҷисму руҳи маро пурқувват гардонд, машғулиятҳои таълимӣ дониши сиёсии маро ғанӣ гардонид.

         Дар ин ҷо ман бо қисмҳои яроқҳои ҳарбӣ, тарзи истифодаи онҳо шинос гаштам, донистам, ки имрӯз қисмҳои ҳарбӣ чӣ гуна техникаҳои ҷангӣ доранд.

         Дар давоми ду соли хизмат, (соли 2022 онро ба итмом расонидам) ки дар ҳақиқат мактаби мардонагию ҷасорат буд, ман худро бакамолрасида, обутобёфта ҳис кардам.

         Имрӯз ба ҷавонони диёрам бо дили пур мегӯям, ки хизмат ба Ватан шарафи бузург буда, шуморо марди комил мегардонад. Ҳар яки Шумо, ҷавонон, аз ин мактаби бузурги сиёсӣ гузаред ва дар кӯраи он чун пӯлод сайқал ёбед. Касе ин мактабро мегузарад, фарзанди асили Ватан мегардад. Зеро Ватан – Модари мост, хизмати модарро мо накунем, кӣ мекунад? Аз имконияти бузурги хизмат ба Ватан истифода баред.

Шералӣ Озодиев-аъзои фаъоли ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан

 

Рубрики
Uncategorized

Маҳкум менамоем

Мо тариқи шабакаи телевизионии Тоҷикистон бо сабабҳои рӯй додани бетартибию бенизомиҳо дар Бадахшони кӯҳӣ шинос гашта, дидем, ки ташкилкунандагони ин бетартибиҳо кистанд.

         Улфатхоним ва ҳаммаслакони ӯ барои пулу мол шуда, ҳаёти мардуми осударо ба хатар гузоштанд ва ба марги чандин ҷавонон сабаб шуданд. Худашон бо забони худ иброз намуданд, ки бо ҳаммаслакони дар хориҷа будаи худ робита доранд ва ба онҳо кор мекунанд.

         Рафтори разилонаи Улфатхоним ба шаъни зан-модар намезебад. Рисолати зан-модар ободию созандагист ва офарандагист, на ҷинояту ҷиноятпешагист. Мо, модарон рафтори разилонаи ин ҷинояткорро маҳкум мекунем. Бигзор ӯ ҷазои кирдору рафтори ношоистаашро гирад.

 М.Абдуваҳҳобова-Аъзои фаъоли ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан

Рубрики
Uncategorized

Осудагии моро соя наандозед

         Аз наворе, ки бо воситаи телевизиони Тоҷикистон намоиш дода шуд, фаҳмидем, ки воқеаҳои дар ВМКБ, дар Рӯшон рӯй дода аз тарафи хоинони миллат Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ тарҳрезӣ карда шудааст.

Ҷинояткорон барои гузаронидани амалиётҳои ҷангӣ бо ҷамъ кардани яроқу аслиҳа омодагии зиёд дидаанд. Фаҳмидем, ки дар маркази ҳамаи ин бетартибиҳо кӣ истодааст. Улфатхоним худ иқрор шудааст, ки бо ҳаммаслакони хориҷиаш робита дорад ва ба ивази он пулҳои калон мегирад. Далели ин гуфтаҳо низ оварда шуда, намоиш дода шуд.

Хушбахтона, тири онҳо хок хӯрд, мардуми тоҷик заҳри ҷангҳои бародаркуширо солҳои навадум чашидааст. Чӣ қадар фарзандони фарзонаи миллат, бегуноҳон, ҷавонон, занону бонувон тӯъмаи марг гаштанд.

Нотавонбинони миллат! Ба осудагии Тоҷикистон, осмони сулҳу суботи он соя наандозед! Ғами фарзандону наберагони худро хуред. Барои пулу моли дунё ҳаёти ҷавононро барбод надиҳед. Хору хаси Ватанро бо гулу райҳони мулки бегона иваз накунед. Мардуми тоҷик , занону бонувон, ҷавонон сулҳ мехоҳем. Бигузор рӯйи ҷангро набинем!

         М.Мӯсоева-Аъзои фаъоли ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан

Рубрики
Uncategorized

Зафаробод: Барномаи консертӣ таҳти унвони: “Ҷавонон постдори Ватананд”

            Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод дар ҳамкорӣ бо бахши фарҳанги ноҳия дар боғи фархангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ барномаи консертӣ таҳти унвони “Ҷавонон постдори Ватананд” бо иштироки сарояндаи умедбахш Шероз Эшонқулов баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ сокинони зиёд аз шаҳраку деҳоти ноҳия иштирок доштанд. Дар барнома сурудҳо дар мавзӯи Ватан ва ҳизфи арзишхои миллӣ, гиромидошт ва эҳтироми модар, ишқу зиндагии саодатбор суруда шуда аз ҷониби ровиён ва ҳофизон зери шиори ТОҶИКИСТОН БА ПЕШ, ПЕШВОИ МО ИФТИХОРИ МО, ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ҲИЗБИ МАРДУМӢ! баромадхо ироа гардиданд. Сокинон бо шукргузорӣ аз фазои оромӣ бо суботи кишвар миннатдорӣ баён намуда, аз фароғати шомгоҳӣ қаноатманд гардиданд.

Рубрики
Uncategorized

Ҳифзи Ватан-ҳифзи хонаи худ мебошад!

    Ҳифзи арзишҳои истиқлолияти давлатӣ, соҳибихтиёрӣ ва якпорчагии Ватани азизамон ҳадафи асосии тамоми мардум кишварамон баҳисоб меравад. Маҳз бо заҳматҳои шабонарӯзии мардуми тоҷик таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таъмин буда, мардум дар фазои сулҳу амният кору зиндагӣ мекунанд.  Доштани давлати соҳибихтиёру мустақил, забон, урфу одат ва тамаддуни беш аз 6000 сола арзишмандтарин дастоварди миллати тоҷик мебошад.  Мутаассифона то ҳанӯз ҳастанд шахсоне, ки зери таъсири унсурҳои бегона қарор гирифта, ба амалҳои ҷиноятӣ даст мезананд, осоиштагии мардумро халалдор намуда ба рушди ҳама соҳаҳои ҷомеа монеаҳо эҷод мекунанд.  Гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ҷавононро ба доми фиреби худ дароварда, барои қонеи ҳадафҳои ҷиноятии хеш онҳоро ҳамчун афзори содиркунандаи ҷиноят истифода мебаранд.  Воқеаҳои охире, ки тайи рӯзҳои охир дар атрофи шаҳри Хорущ ва ноҳияи Рӯшонба вуқӯъ пайваст ҳеҷ яки мо, шаҳрвандони кишварро ором намегузорад. Ҳодисаҳои рухдода аз он шаҳодат медиҳад, ки дар инҷо дахолат аз хориҷи кишвар мебошад, зеро мардуми азизи мо ба ин гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ якбо гирифтор шуда буданд ва оқибатҳои хунхоронаи ин ҷанги хонамонсузро дарк карда метавонанд.  Гурӯҳи хурди ҷиноятии ташкилкардашуда, ки аз номи мардуми шарафманди Бадахшон баромад намуда, дидаву дониста даст ба тазоҳуроту бетартибиҳо зада истодаанд, барои хоҷагони хориҷӣ худро ба марг ва ё паси панҷара бурда мерасонанд.  Аз ин лиҳоз мо ҷавонони ноҳияи зафарманди Зафаробод аз мардуми сарбаланди Бадахшон даъват ба амал меорем, ки зиракии сиёсиро аз даст надода фирефтаи дасисаҳои душманони миллат нашаванд ва ин тоифа одамони ҷинояткорро ҷонибдорӣ накунанд.

 Муҳаммадӣ Авезов-

Мудири кафедраи Нақлиёт ва сохтмон-и Коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод, аъзои фаъоли ҲХДТ

Рубрики
Uncategorized

Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад (андешае ба филми “Шикасти фитна”)

   Мусаллам аст,  ки бадхоҳию фитнагарӣ кинаю адоват пасттарин сифатҳои инсонӣ маҳсуб ёфта, нафароне, ки дорои ин хислатҳо ҳастанд ҳеҷ гоҳ ба мақсадҳои нопоки худ намерасанд. Бештар аз ҳама нафаре, ки ба давлату миллат ва ба Ватани худ хиёнат кардааст ҳеҷ гоҳ гунаҳаш бахшида намешавад. Мардуми шарифи Тоҷикистон шоҳиди он гаштанд, ки ҳамин гуна як гурӯҳи ноогаҳу фурӯхташуда чанд рӯз пеш дар ноҳияи Рушон ва шаҳри Хоруғи ВМКБ мардум  хусусан ҷавононро ба гирдиҳамоии ғайриқонунӣ даъват намуда, суботи минтақаро чанд рӯз халалдор намуданд. Иқтидори адолат, раъйи сокинон, пояи устувори давлатдорӣ собит намуд, ки ин фитнаангезиҳо ба истилоҳ хасе дар назди бод аст. Намоиши филми “Шикасти фитна” парда аз руйи нақшаю тарҳрезӣ ва амалиётҳои саркардагони ин гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ Мамадбоқир Мамадбоқиров, Холбаш Холбашов, Улфатхоним Маҳмадшоева ва Алим Шерзамон (дастурдеҳи хиёнаткор аз хориҷа)-ро бардошт. Сокинон огаҳ гаштанд, ки ин гурӯҳ бо мақсади ба баст овардани манфиат, халал ворид кардан ба сохти давлатдорӣ, гумраҳ кардани мардум омодагӣ дида, нақшаҳои хиёнаткорона тарҳрезӣ мекардаанд. Кирдори разилонаи ин гурӯҳ дар он муайян гардид, ки инҳо дастури хоҷагони хориҷии худро амалӣ карданӣ буданд. Магар аз ин бештар хиёнат ба Ватан, ба Модар нест.  Магар ҳаминҳо набуданд, ки ба хуни рехтаи чанд нафар зомин шуданд. Гунаҳу кирдорҳои ин тоифаро на ягон меъёри қонун ва халқу миллат намебахшад. Дар филм дида мешавад, ки ин саркардагон худашон аз рафтору аъмолашон иқрор мешаванд. Боз шармандавор узр мепурсанд.  Бештар аз ҳама нафрати кас ба Улфатхоним Мамадшоева афзун мешавад, ки ба номи модарӣ ва зани тоҷик иснод оварда, худрою имону виҷдонашро фурӯхтааст. Воқеан ҳар як ҳодиса ё аъмоли нафаре ҳушдоре ба ҷомеа мебошад. Ин воқеаҳо ва рафтори саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ моро водор менамояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Дар пайи ҳифзи манфиатҳои миллӣ бошем.  Ба қадри истиқлолу ваҳдат бирасем. Зеро давлату ҳукумати кишвар зери раҳнамоиҳои ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои нигоҳ доштани суботи сиёсӣ, ҳифзи Истиқлоли кишвар, тадбиқи волотарин ҳадафҳои давлатсозӣ фидокорона заҳмат кашида, ҳар сокини мамлакатро ба бунёди зиндагии шоиста ва ба роҳи рушди Тоҷикистон содиқона хизмат кардан тақозо менамояд.

 Ашурзода Рӯзибой-муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод