Рубрики
Uncategorized

Зан- модар сарчашмаи ҳаёт

Модарон арзандаи ҳама гуна эҳтирому дӯстдорианд. Модарон ҳастанд, ки ҳаёти мо пур аз нишоту шодмонӣ аст. Модарон худ гул ҳастанд, ҳар ҷое қадам мениҳанд, онҷо гулу гулзор мешавад. Тавре Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Модар азизтарин вуҷуди руи замин будааст зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози модар оғоз мегирад. Мо вуҷуди муқаддаси модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем, чунки ӯ ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андӯҳи зиндагӣ ҳамеша бо мост ва мемонад”. Дар арафаи Рӯзи модар аз ҷониби кормандони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд бонувони фаъол ва собиқадорон, собиқадорони хизмати давлатӣ, Негматова Мукаррама, Шоира Қосимова, Ҳамроҳ Тоирова, Муъминова Наимахон Мамадҷоновна аёдат ва мавриди меҳрубониҳо қарор гирифтанд. Кормандони ҲХДТ дар вилояти Суғд табрикоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва номаи меҳри Раиси ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Муртазохонро ба модарон расониданд. Модарон аз ин иқдоми нек шод гардида ба Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба ахли кормандони ХХДТ арзи сипос карданд. Дар арафи Рӯзи модар аёдатҳои бонувони фаъол, собиқадорони ҳизб аз ҷониби КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд идома дорад.

Рубрики
Uncategorized

Конфронси муштараки ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич

Дар ,Касри Фарханг,-и нохия Конфронси муштараки ташкилотхои Хизби Халкии Демократии Точикистон дар нохияи Деваштич ва шахри Истаравшан баргузор гардид.

Дар кори Конфронс Раиси нохия Ашурали Чалилзода, Муовини Раиси Кумитаи ичроияи Хизби Халкии Демократии Точикистон дар Вилояти Суғд Аминҷон Шарифзода, Раиси Кумитаи ичроияи Хизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан Мирзоев Комил Шарифович, Раиси Кумитаи ичроияи Ҳизби Халқии Демократии Точикистон дар нохия Исмоилиëн Комрон Исмоилзода ва собик Раисаи КИ ХХДТ Муборакхон Гайбуллоева, хамчунин фаъолони хизб, вакилон, собикадорони мехнати хизб, Раисони ташкилотхои ибтидои ва мехмонон аз шахри Истаравшан иштирок намуданд.

Инчунин дар кори Конфронс Раиси Кумита ичроияи Хизби Халкии Демократии Точикистон дар шахри Истаравшан Мирзоев Комил хусни огоз бахшид. Дар Конфронс як масъала Пешбарии номзад ба Вакили Мачлиси намояндагон Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон дар хавзаи интихоботи якмандатаи, Деваштич,, №24 барои овоз тасдик монда шуд.

Номзади Исмоилиëн Комрон Исмоилзода ба вакили Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон дар хавзаи интихоботи якмандатаи,,Деваштич,, №24 ба овоз монда шуд. Дар натичаи гирифтани аксарияти овозхо Исмоилиëн Комрон Исмоилзода ба вакили Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон пешбари гардид.

Бо сухани миннатдори номзад ба вакили Исмоилиëн Комрон Исмоилзода баромад намуда, аз боварию дастгирии Асосгузори сулху Вахдати милли – Пешвои миллат, Раиси муаззами Хизби Мухтарам Эмомали Рахмон ва аз чонибдории вакилон сипосманди изхор намуд.

Рубрики
Uncategorized

Расонидани кумак ба оилаҳои камбизоат

Расонидани кумак ба оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон ва шахсони эҳтиёҷманд имрӯз дар кишвари мо ба ҳукми анъана даромадааст. Мардуми мо дар ҳама давру замон ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа дасти мадад дароз карда, бо саховату ҳимматбаландии худ намунаи ибрат мебошад. Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар ҳар як иду айём ва сафару вохӯриҳо бо амали ибрати эҳсонкориву хирадмандонаи худ аз соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсони саховатпеша, сохторҳои давлатӣ даъват ба амал меоранд, ки ятимону маъюбон, шахсони бемору барҷомонда ва оилаҳои камбизоат, қишри ниёзманди ҷомеаро бо амалҳои хайру савоб дастгирӣ кунанд. Бо такя ба иқдомҳои созанда ва ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси бохиради ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати амалӣ намудани корҳои хайру эҳсонкорӣ ва кӯмак ба ниёзмандону барҷомондагон аъзоён ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия кору фаъолият менамоянд, тасмим гирифтаанд, ки ба оилаҳои камбизоти ноҳияи Спитамен кумаки моддӣ расонанд. Барои амали намудани мақсадҳои неки худ ба раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен Ойбек Насруллозода муроҷиат намуданд. Дасгирии қишрҳои осебпазири ҷомеаи шаҳрвандӣ яке аз ҳадафҳои асосии ҳизбӣ ба шумор меравад. Бо нияти корҳои хайру эҳсонкорӣ 11 оилаҳои ниёзманд санаи 25 феврали соли равон бо маводҳои хӯрока аёдат карда шуданд.

Боиси сарфарозии ҳар яки мост, ки чунин шахсони саховатпеша ба амали хайрхоҳонаи худ назари некбинонаи ҳамватанони хешро зиёда мегардонанд.

Рубрики
Uncategorized

ОИННОМА ВА БАРНОМАИ ҲХДТ – МЕҲВАРИ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТҲОИ ҲИСБӢ

Рӯзи гузашта дар шаҳри Душанбе Курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар мавзӯи “ОИННОМА ВА БАРНОМАИ ҲХДТ – МЕҲВАРИ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТҲОИ ҲИСБӢ” оғоз гардид. Тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муааззаф гардид, ки аз санаи 28 феврал то 6 марти соли 2021 курси бозомӯзро дар шаҳри Душанбе барои раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷумҳурӣ баргузор намояд.

Курси бозомӯзӣ, ки як ҳафта давом мекунад дар “Кохи афсарон”-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.

Ин маҳфили илмиро дар рӯзи аввал, бо сухани ифтитоҳи Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ҳусни оғоз бахшиданд.

Сипас маърӯзаи Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор дар мавзӯъи «Омилҳои расидан ба ҳадафи олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум» дар вилоят, шаҳр ва ноҳия- дастурҳо дар асоси нуктаҳои Паёми Пешвои миллат», маърӯзаи Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз дар мавзӯи «Инъикоси масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар Паёми Президенти мамлакат», маърӯзаи Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- Фарҳод Раҳимӣ дар мавзӯи «Рисолати илм ва маориф дар таъмини рушди ҷомеа, давлат ва миллати тоҷик» шунида шуд.

Баъд аз нисфирӯзӣ ташкили лексия – суҳбат бо иштироки намояндагони Прокуратураи генералӣ, Шўрои амният, вазоратҳои мудофиа, корҳои дохила ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Пешгирӣ аз таҳдиду хатарҳои глобалӣ ва таъмини амнияти устувори миллӣ» ин чунин гузаронидани мизи мудаввар дар мавзӯи «Нақши аҳзоби сиёсӣ дар таҳкими амнияти миллӣ» бо иштироки намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегӣ, Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ пешбинӣ шудааст.

Дар рӯзҳои оянда низ шунидани як чанд лексия-суҳбатҳои муфид, гузаронидани мизҳои мудаввар, суҳбату мулоқот бо роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзоёни Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дар бахши фарҳангӣ бошад боздид аз Осорхонаи миллӣ, Китобхонаи миллӣ, театри “Аҳорун”, Қасри теннис ва маҷмааи бозиҳои обӣ ва дигар иншоотҳои фарҳангию фароғатӣ, таҷрибаомӯзӣ дар Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар НБО “Роғун”, дар барномаи курс тарҳрезӣ шудааст.

Натиҷагирӣ аз баргузории ин курси бозомўзии муфид ва сари вақтӣ бо муаррифии рефератҳо аз ҷониби шунавандагон дар рӯзи охир ва бо супоридани Сертифактҳо ҷамъбаст мегардад.

Рубрики
Uncategorized

РИСОЛАТИ ҲИЗБӢ – ТАЛҚИНИ ДАСТОВАРДҲОИ МИЛЛӢ

Дирӯз  дар ташкилоти ибтидоии “Дилшинос” чорабинии идона бахшида ба 28-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева баргузор гардид.

  Чорабиниро раиси ташкилоти ибтидоӣ Собиров Собирҷон ҳусни ифтитоҳ бахшида қайд намуд, ки мо имрӯз дар симои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат фарзандони бонангу номус ва далеру шуҷои худро мебинем, ки ба савганди ҳарбӣ ва халқу Ватани худ ҳамеша содиқу вафодор ҳастанд. Тайи солҳои сипаришуда даҳҳо ҳазор ҷавонони бонангу номуси Ватан аз тарбияи ин мактаби далериву шуҷоат, яъне хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ гузашта қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагии худро адо намудаанд.

  Сипас муовини раиси кумиҷроя  шифокоронро  табрик намуда ба се нафар табибони собиқадор номаи минатдорӣ ва тӯҳфаи хотиравӣ тақдим намуда, ҳамзамон дар вазъияти тантанавӣ ба аъзоёни нави ҳизбӣ шаҳодатномаи аъзогӣ супорида шуд.

Рубрики
Uncategorized

Донишҷӯён ба Ватан содиқанд

          “Қувваҳои мусаллаҳ- ҳомии сулҳу ваҳдат”- чунин ном гирифта буд конфронси илмӣ –адабие, ки донишҷӯёни факултаи таърихи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент ба ифтихори 28-умин солгарди Неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон баргузор намуданд.

          Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода дар ифтитоҳи ин нишаст устодону донишҷӯёнро бо ин рӯз шодбош гуфта, дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба ҳифзи дастовардҳои замони истиқлол, ҳушёрии сиёсӣ ва зиракии ҷавонон алайҳи тарғиботи неруҳои бадхоҳи давлат, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии кишвар зикр шудааст, ёдрас намуд.

          Донишҷӯён   аз таъсиси Артиши миллӣ, хидматҳои арзандаи Сарфармондеҳи  Олии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат сухан карда, иброз доштанд,ки онҳо хидмати Ватанро содиқона ба ҷо меоранд.

          Дар интиҳои ҳамоиш ба нӯҳ нафар устодон ва донишҷӯёни фаъол шаҳодатномаи узвияти ҲХДТ  супорида шуд.

Рубрики
Uncategorized

Дар маҳаллаи Азизобод

                  Ин навбат мулоқоти гурӯҳи тарғиботии  Кумитаи иҷроияи   ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент дар толори МТМУ № 34 бо сокинони маҳаллаи Азизободи шаҳр баргузор шуд.

                Муовини раиси Кумитаи иҷроия Парвина Тошева ва мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Бурсибой Лутфуллоев ҳозиринро бо нуктаҳои асосии  Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат шинос намуда, таъкид доштанд, ки дар иҷрои вазифаҳое, ки дар ин ҳуҷҷати раҳнамо баён шудаанд, ҳар нафари ватандӯст бояд саҳмгузор бошад, ба тарбияи фарзандон, ободии маҳали зист эътибои ҷиддӣ диҳад.

Рубрики
Uncategorized

Ободонӣ ва хуррамгардонии диёри хеш

      Баҳри иҷрои  дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  оид ба ободонӣ ва хуррамгардонии диёри хеш  бахшида ба истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғи “Темурмалик”-и маркази шаҳр шанбегии умумишаҳрӣ доир гардид.

    Кулли  кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри  Гулистон ва фаъолони ҳизбӣ низ дар шанбегӣ ширкат варзида, баҳри ободонӣ саҳми хешро гузоштанд. 

Рубрики
Uncategorized

Семинари дастурдиҳи дар КИ ҲХДТ ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

«Нақши шуъбаи занон дар тақвиятбахшии фаъолияти КИ ҲХДТ» бо чунин унвон семинари дастурдиҳӣ КИ ҲХДТ дар ноҳияи Б. Ғафуров баргузор гардид. Дар семинари дастурдиҳӣ муовинони ҲХДТ дар вилояти Суғд Шарифзода Аминҷон, Мадинахон Салимзода собиқадоронӣ ҳизб Шуҷоат Ҳасанова, Мастура Комилӣ  ва мудирони шуъба ва бахшҳои занони ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо ширкат варзиданд.

           Муовини КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Мадинахон Салимзода дар сухани ифтитоҳи оид ба мазмуну мӯҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» сухан ронда, таъкид намуд, ки Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола  низ ба мавқеи зан-модар таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд, ки ин боиси сарфарозии ҳамаи мо бонувон мебошад. Паём барои мо занон  чун ҳуҷҷати раҳнамоӣ барои идомаи фаъолияти бобарор хизмат мекунад. Мавсуф оид ба мавзӯъи «Занон неруи пешбарандаи ҷомеаи шаҳрвандӣ»-баромади пурмӯҳтаво намуд.

Сипас Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Анварзода Амирҷон оид ба нақши занон дар ҷомеа сухан карда  қайд намуд, ки Тоҷикистон ба мавқеи зан-модар таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Имрӯзҳо дар сохторҳои давлатӣ занони кордону пурмасъулият фаъолият мебаранд, ки баҳри рушди кишварамон саҳми арзанда доранд.

Мудири шуъбаи занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Солиева Муяссара, оид ба мавзуъҳои “Вусъат бахшидани фаъолияти шуъбаи занон оид ба татбиќи Оиннома ва Барномаи ҲХДТ»- Шерматова Фируза, муовини Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом дар мавзуъи «Ҳамкории шуъбаи занон бо ташкилоҳои ибтидоӣ оид ба амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ», Тоҷиева Мавлуда Баҳромовна, мудири шуъбаи занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент дар мавзуъи «Роҳнамои ташаккули фарҳанги сиёсии занон дар ҷомеа»-баромад намуданд.

Муовини ҲХДТ Шарифзода Аминҷон оид ба нақши бонувон   дар татбиқи ғояҳои барномаҳои ҲХДТ сухан карда  қайд намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз солҳои аввали таъсисёбӣ ба нерӯву заковати занҳо такя намуда, татбиқи амалии барномаву ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки баланд бардоштани мақому манзалати занро ҳадаф қарор доданд, дар фаъолияташ афзалият бахшид. Дар барномаҳои ҲХДТ сиёсати гендерӣ, ки таъмини баробарҳуқуқии занону мардонро дарбар мегирад, мавқеи муҳимро соҳиб буда, дар доираи он ин нерӯи тавонои сиёсӣ барои беҳбуд бахшидани ҳаёти иҷтимоӣ, ҷалби занону ҷавонон ва духтарони соҳибмаърифату болаёқат ба корҳои давлативу ҷамъиятӣ тадбирҳои муфидро амалӣ мегардонад. Дар татбиқи ин ҳадафҳо, пеш аз ҳама, саҳми бориз доштани бонувони ҳизбиро махсус зикр намуд.

Пас аз шунидани маърузаҳо собиқадори ҳизб Шуҷоат Ҳасанова баён намуд, ки баъди соҳибистиқлол гардидани кишварамон бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии занон беҳтар гашта, онҳо баробари мардон дар сиёсат ва идоракунии давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолона ширкат меварзанд. Ҳамаи мо занон ки имруз дар сохторҳои давлат фаъолият мекунем содиқона ба халқ хизмат кунем.

Иштирокчиёни семинари дастурдиҳӣ аз фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар МВД “Арбоб” ва ташкилоти ибтидоии “Деҳаи Унҷӣ” дидан намуданд.

Рубрики
Uncategorized

Мусобиқаи волейбол байни бонувон

Бо мақсади татбиқи самарабахши сиёсати созандаю бунёдкоронаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва варзиш дар ҷомеа, дарёфти истеъдодҳо, таҷлили Рӯзи Модар ва амалисозии Барномаи ҲХДТ дар толори варзишии шаҳри Хуҷанд мусобиқаи волейбол байни бонувон баргузор гардида истодааст. Дар мусобиқаи волейбол донишҷӯ духтарони муассисаҳои олии касбӣ, коллеҷҳо ва литсейҳои вилоят ширкат варзида барои дарёфти Ҷоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд қувваозмоӣ намуда истодаанд. Санаи 05.03.21 мусобиқаи волейбол ҷамбаст мегардад.