Рубрики
Асосӣ

Ҳизбиён кирмакпарваронро қадршиносӣ намуданд

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари корӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки аз 14 то 17 апрел ҷараён дошт, натиҷагирӣ карда, аз вазъи мураккаби имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ низ ёдовар шудаанд. Сарвари давлат ба роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дастур доданд, ки дар рӯзҳои авҷи мавсими киштукор тамоми кишоварзон ва ҳар як оиларо ба истифодаи оқилонаву самараноки замин, ,  аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ ва ривоҷ додани кирмакпарварӣ ба роҳ мондани кишти такрорӣ сафарбар намоянд. Бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат рӯзи гузашта Раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Анварзода Амир дар ҷамоати деҳоти Ғозиён аз ҳолу аҳволи кирмакпарварон воқиф гардида дастури супоришҳои Пешвои миллатро оид ба самаранок ва дуруст истифода барии заминҳои наздиҳавлигӣ, кирмакпарварӣ сухан намуданд.

Солиева Тоҷинисо яке аз  занҳои фаъоли кирмакпавар буда чанд сол инҷониб бо кирмакпарварӣ машғул мебошад. Дар соли равон ин зани меҳнатдӯст 7-қуттӣ кирмакро гирифта ҳамроҳи оилааш кирмакро парвариш намуда истодааст. Умед бар он дорад, ки ҳосили дилхоҳро ба даст меорад.

Ҳамзамон сокини ҳамин ҷамоати мазкур Солиева Наргиза 5-қуттӣ кирмакро гирифта дар назди худ мақсад гузоштааст, ки баҳри  саноаткунонии босуръати кишвар саҳми хешро гузорад.

Бригадири  ҷамоати  мазкур Алиева Субҳӣ ҳангоми суҳбат ба Раиси кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон иброз намуд, ки кирмакпарвари барои ин оилаҳо  шуғли дўстдошта мебошад. Хуб медонем ки либосҳои аз матои абрешимӣ дӯхташуда, ки аз лиҳози экологӣ ба саломатии инсон безиён ва аз ҷиҳати бадоштиву сифат, нармиву ҷилобахшӣ аз бисёр дигар матоъҳо, ҳатто пахтагин, афзалият доранд баён намуд Алиева Субҳӣ.

Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон кирмакпарваронро  ба меҳнати софдилонаашон аҳсан хонда ба онҳо маҳсулоти хӯрокворӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Рубрики
Асосӣ

ПАЁМ – БАРНОМАИ АМАЛ ДАР ҲАМА САМТҲОИ ХОҶАГИИ ХАЛҚ

Бо иқдоми Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Истиқлол”- и назди Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд конференсияи вилоятӣ таҳти унвони “Паёми Пешвои миллат – раҳнамои рушди сиёсат, иқтисодиёт  ва иҷтимоиёт” доир гардид.

Қабл аз оғози чорабинӣ ба 60 нафар донишҷӯёни фаъоли донишкада дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ аз ҷониби Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва раиси кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ Маликисломӣ Наим Мунаввар супорида шуд.

 Сипас  аҳли  иштирокдорони конференсия аз дастовардҳои илмиву истеҳсолии муассисаи таҳсилотии оли касбии мазкур, кабинетҳои ҷиҳозонидаи фаннии технологияи иттилоотӣ, ҳимия, парки технологӣ, ҳуҷраи криминалистика, фитнесклуб дидан намуда, ба раванди омӯзиши ин фанҳо баҳои баланд доданд. Таъкид шуд, ки бинои иловагии донишкада дар арафаи таҷлили 30 –солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди истифода қарор гирифта, дар ин ҷо наздики 800 нафар донишҷӯёни таҳсили илм мекунанд.

Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода аснои шиносоӣ бо ҷараёни донишомӯзии муҳассилин аз онҳо даъват ба амал овард, ки ҷавобан ба ғамхориҳои рӯзафзуни Пешвои маорифпарвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз имкониятҳои хуби  ин боргоҳи илму ҳунар дониши худро афзун ва ба халқу Ватан хизмати содиқона намоянд. Бештар рӯ ба илмҳои дақиқ, риёзӣ ва техникаву технология биёранд, зеро дар доираи эълон гардидани солҳои 2022 – 2026 Солҳои рушди саноат истеҳсолоти ватанӣ ниёз ба кадрҳои соҳибтахассус дорад.  Мавсуф вобаста ба ҳиси ватандӯсти ҷавонон иброз намуд, ки обу тоби бадан, ҷисману руҳан омода шудан ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам қарз ва матонату ҷасурӣ маҳсуб меёбад. Донишҷӯён бо шукрона аз тинҷиву ободӣ, ҳӯшароити хуби таҳсил ваъда доданд, ки бо рафтор ва кирдори намунавӣ обрӯи кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ боло мебардоранд.

Дар идома конфронс ба кори худ шуруъ намуда, директори донишкада, номзади илмҳои иқтисодӣ Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшид ва зикр дошт, ки дар умури давлатдорӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати расмӣ ва муҳими барномавӣ буда, ойинаи равшани рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии Тоҷикистон, барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сўйи ояндаи дурахшон мебошад. Ин аст, ки на танҳо хизматчиёни давлатӣ, балки тамоми мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштаву баргашта ба ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз рўй оварда, мазмуну моҳияти олии онро сармашқи фаъолияти худ қарор медиҳанд. Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон Паёмро ба сифати барномаи амал қабул намуда, мазмун ва муҳтавои онро ба таври ҳамешагӣ миёни ҷомеаи омӯзгорону донишҷӯён талқин месозад.

Раиси КИВ ҲХДТ, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ Исмоилзода Зуфар Муртазохон зимни баромади хеш таъкид дошт, ки  конфронси имрӯза дар рӯзҳое баргузор мегардад, ки сокинони ваҳдатшиори вилоят дар қайди таассуротҳо аз сафари навбатии кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Мулоқоту вохӯриҳои самимии Пешвои муаззами миллат бо фаъолони вилоят, ифтитоҳи 38 иншоотҳои таъиноташон гуногун, дастуру ҳидоятҳояшон ҷиҳати таъмини зиндагии шоиста ба мардум, ҳушёриву зиракии сиёсӣ дар шароити ҳассоси сиёсии ҷаҳонӣ моро ба меҳнати созандаву аҳлона ва бо дастовези арзандаи меҳнатӣ истиқбол гирифтани ҷашнҳои миллӣ – 25 – солагии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, 30 солагии Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳнамоӣ мекунад. Маврид ба зикр аст, ки дар низоми корбарии ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ нақши Паёми Пешвои муаззами миллат – чун барномаи амал хеле калон аст. Шуруъ аз соли 2000 –ум инҷониб Сарвари давлат бо натиҷагирӣ аз фаъолияти хоҷагии халқ ва муаяйну мушаххас намудани вазифаҳо ба марҳилаи оянда, дар асоси далелу рақамаҳо Паёми худро ба Маҷлиси Олии кишвар ироа менамоянд. Маҳз амалишавии нуктаҳои Паём аст, ки имрӯз сатҳ ва сифати зиндагии сокинони кишвар марҳила ба марҳила рӯ ба боло ниҳодааст.

Дар Паёми навбатӣ дар баробари таҳлили ҳама соҳаҳо Сарвари давлат вазъи иқтисодии кишварро ба риштаи таҳлил кашида, аз ҷумла зикр доштанд, ки “Дар бист соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум то 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуд. Яъне маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва буҷети давлатӣ 111 баробар зиёд гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 30 баробар афзоиш ёфт. Дар ин давра дар кишвар зиёда аз 2000 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ қариб чор баробар афзоиш пайдо кард.” Ин нишондиҳанда воқеан ҳам бозгӯи онро дорад, ки мо аз иқтисоди фалаҷгардидаи солҳои навадум қарни гузашта, тавассути хиради волои Сарвари давлат дар такя ба меҳнати суботкоронаи сокинони кишвар ба чунин нишондиҳанда расидем. Мавсуф дар идомаи суханронии хеш аз татбиқи босамари се ҳадафи стратегӣ ва корҳои неку шоиста дар амалишавии ҳадафи чоруми стратегӣ – Саноатикунонии босураъти мамлакат, нақши муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар омодасозии кадрҳои соҳибтахассус ва бедор намудани тафаккури техникӣ дар зеҳну шуури навсли наврас ва ҷавонон бо мисолҳои возеҳ истода гузашт.

Дар идома доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Абдумавлон Азимов дар мавзӯи “Паём – раҳнамои иқтисодиёти инноватсионӣ”, доктори илмҳои фалсафа, профессор Расулҷон Солиев дар мавзӯи “Паёми Пешвои миллат – кафили субот ва рушди устувори давлат”, донишҷӯи курси 2- юми ихтисоси “Молия ва қарз дар фаъолияти иқтисодиёти берунӣ” Сарвиноз Маюсуфова дар мавзӯи “Паёми Пешвои миллат ва рушди мактаби миллии давлатдории тоҷикон” маърӯзаҳои пурмуҳтавои илмӣ намуда, баён доштанд, ки сармояи инсонӣ ҳамчун муҳаррики пуриқтидор ба пешрафти инноватсия ва технологияҳои нав мусоидат мекунад ва бинобар ин, илми муосири ватанӣ бояд ҷавононро бештар ба илмомӯзӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ сафарбар намояд. Махсусан, вусъат додани раванди ихтироъкорӣ, азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ ва ҷорӣ кардани онҳо дар истеҳсолот вазифаи аввалиндараҷаи олимони кишвар маҳсуб меёбад.

Дар фуроварди кори конфронс якчанд нафар устодони фаъоли  донишкада, ки дар ташвиқу тарғиби ғояҳои ҳизб саҳми калон гузоштаанд, бо сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд тақдиронида шуданд.

Бо ҳамин кори конфренсия анҷом пазируфт.

 Абдусабур Абдуваҳҳобов, “Сухани халқ”

Рубрики
Асосӣ

“Оилаи солим – асоси пойдории ҷомеа”

         Маҳфили навбатии Шӯрои занон ва духтарони  ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  дар  факултаи физика ва техника ва телекоммуникатсия  ва технологияи иттилоотӣ бо иштироки меҳмонон аз мақомоти иҷроия ва ҳизбҳои сиёсӣ даъват карда шуд, аз ҷумла сардори раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД-и вилояти Суғд Хоҷазода Хуршедахон, собиқадори меҳнат –фаъолзани Шӯрои занони вилоят Очилова Муҳаррама  ва Мирзозода Нодирахон , Султонова Гулбаҳор ва  Мирзохӯҷаева Азизахон намоянда аз КИ ҲҲДТ дар вилояти Суғд  баргузор гардид. Дар маҳфил ба донишҷӯён оид ба маърифати оиладорӣ,  баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи  фарзанд,  таҳаммулпазирӣ ва пешгирии пошхӯрии оилаҳо, пойдории муносибатҳои оилавӣ мулоқоти пурмӯҳтаво гузаронида шуд. Иштирокдорони маҳфил,  низ  таъкид намуданд,  ки чунин чорабиниҳои маърифатӣ барои тарбияи  ҷавонон саривақт маҳсуб  ёфта,  суханони судманди баромадкунандагонро  дар зиндагии худ  татбиқ намуда, дар оянда  оилаҳои солим барпо менамоянд,  то ки  барои бунёди ҷомеаи солим мусоидат хоҳад кард. 

Рубрики
Асосӣ

ВОЛОИЯТИ ҚОНУН БАРОИ ҲАМА ҲАТМИСТ

Мувофики нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд санаи 19-апрели соли 2022 дар Хобгоҳи Коллеҷи тибии шаҳри Хуҷанд бо донишҷуён мулоқот дар мавзуъҳои “Даъат ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳуриии Тоҷикистон”, “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”, “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешгирии зуроварӣ дар оила”, “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи одоби муошират” доир гардид.  Мудири шуъбаи занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Заррина Раҳмон ва муовини Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Урунбоева Муҳаббат ба донишҷуён мазмун ва мӯҳтавои қонунҳои мазкурро фаҳмонида дода қайд намуданд, ки риояи Қонунҳои мазкур барои ҳама ҳатмист.

Дар рафти мулоқот мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Назирҷон Мирмуллоев бештар оид ба даъат ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳуриии Тоҷикистон” сухан карда, баён намуд, ки Хизмати Ватан – Модар қарзи шаҳрвандии ҳар як мо ҷавонмардони ба нангу номус буда, ихтиёран бояд ҳар як ҷавонмард тоҷик сарбаландона ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат намояд. Зеро хизмат ба Ватан шараф аст.

 

 

 

 

 

Рубрики
Асосӣ

МОДАР ЯКТОСТ, ТОҶИКИСТОН ЯКТОСТ

Раиси  муаззами   Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ   Раҳмон ҳамеша таъкид менамоняд, ки ҳадаф аз ташкили Артиши миллии Тоҷикистон ин таъмини амният дар кишвар  ва муҳайё сохтани фазои осоишта ба мардуми ин диёр аст. Пас эй ҳамватан биёед бо ҳам сарҷамъ шуда, баҳри ҳифзи марзу буми диёри аҷдодиямон камари ҳиммат бандем.”

Хонандагони арҷманд!  Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси мо ҷавонон мебошад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ боиси ифтихору сарбаландист. Мо ҷавононро  мебояд бо як эҳсоси баланди ватандорӣ ба хизмати Ватан омода бошем.  Ин нуктаҳоро  имрӯз мудири шуъбаи кор бо ҷавонон КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд  Назирҷон Мирмуллоев зимни вохӯри ба ханандагони МТМУ №26 ва МТМУ№5 ироа намуд. 

Дар вохӯрии хонандагони МТМУ№26 ва МТМУ№5 мудири шуъбаи занони КИ ҲХДТ Заррина Раҳмон ва мудири ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Эҳсон Исоев ширкат варзида ба хонандагон оид ба  зинаи сеюми таҳсилот, оид ба қабул шудани ҷавонон ба ТҶҶ «Созандагони Ватан» сухан намуда қайд намуданд , ки имрӯз бо заҳмат ва талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароит ва имконият  барои таҳсил дар донишгоҳҳо хуб гардида ҳар як хонанда агар дониши кофӣ дошта бошад ба таври тести метавонад бемамоният ба Донишгоҳҳо шомил гардад. Барои зинаи сеюми таҳсилот дохил шудан шумоён хонандагон бояд бештар хонед ва соҳиби касбу ҳунар гардида барои гулгулшукуфоии миллатамон саҳми арзандаи хешро гузоред.

Чунин вохӯриҳо бо хонандагону донишҷӯён аз ҷониби кормандони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳо идома дорад.

Рубрики
Асосӣ

Чорабинии наврӯзӣ дар МДТ “Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд”

Ҳар як ҷашн ба худ шукӯҳу шаҳомат ва суннату анъанаҳои хоса дорад. Аз ҷумла, ҷашни Наврӯзи Аҷам, ки яке аз падидаҳои фарҳангии қавми ориёнажод аст, дар тӯли мавҷудияти худ ба пешрафти фарҳангу осори на танҳо халқҳои тоҷику форс, балки ба фарҳангу маданияти ҷаҳониён низ таъсиргузорӣ намудааст.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон бо ҳамроҳонаш аз дастархони наврӯзӣ ва озмуни “Оши беҳтарин”, ки аз ҷониби донишҷӯёну омӯзгорони факултаҳои Коллеҷи омӯзгорӣ ороставу омода шуда буд, дидан намуда, барои дар сатҳи баланди ташкилӣ омодагӣ гирифтан ба ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз ба дастандаркорони чорабинӣ изҳори сипос намуд.

Баъдан дар толор, ки иштирокдорони чорабинӣ ҷамъ омада буданд, Раиси Кумиҷроияи вилоятӣ Исмоилзода Зуфар Муртазохон ҳозиринро бахшида ба ҷашни Наврӯз самимона табрику муборакбод кард. Мавсуф баргузории чунин чорабиниҳои хурсандибахшро аз сулҳу осоиштагии диёр ва истиқлолияти комили давлатӣ арзёбӣ намуд.

 – Аз таҷаллии ҷашни хуҷастаи Наврӯз ба кошонаҳои мо нуру зиё мерезад, дар қалбҳо меҳру вафо лона мегузорад ва рӯйи роҳамон гулбезӣ мешавад. Ин ҳама файзу баракат ва шафоати Наврӯз аст. Наврӯз ин базму тараб, шодию нишот ва ҳамрозу ҳамнишинӣ ва сарҷамъиву муттаҳидӣ аст, – гуфт дар идомаи сухан Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва ба аҳли ҳузур барору комёбиҳо ва рӯзгори босаодат таманно кард.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба беш аз 100 нафар донишҷӯёни фаъол шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Ҳамчунин, дар чорабинӣ раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар, собиқадорони ҳизбу меҳнат, омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.

Директори Коллеҷи омӯзгорӣ Манучеҳра Кенҷазода ба меҳмонон изҳори сипос баён кард, ки бо ҳузури худ чорабиниро рангу ҷилои хоса бахшиданд.

Рубрики
Асосӣ

СУМАНАК ПАЙКИ НАВРӮЗӢ

Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Суғд дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҳифзи саломатӣ ва нигоҳубини ятимону маъюбон ва пиронсолону бепарасторон мунтазам ғамхорӣ зоҳир менамояд. Дар арафаи ыашни Наврӯзи аҷам Раиси   КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ба муассисаи давлатии «Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд» рафта, бо бошандагони марказ сӯҳбати самимӣ оростанд. Дар сӯҳбати озод Исмоилзода Зуфар Муртазохон иброз намуд, ки онҳо ҳамеша дар меҳвари сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Бояд зикр намуд, ки имрӯз дар «Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд» 54-нафар пиронсолону маъюбон ба ғамхорӣ фаро гирифта шудаанд. Дар марказ пиронсолон ба таъмини ғизо, иқомати доимӣ, хизматрасонии ройгони тиббӣ фаро гирифта шуда, барои истироҳат, варзиш ва машғулиятҳои меҳнатӣ-табобатӣ шароитҳо муҳайё карда шудаанд. Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон  ба бошандагони марказ таоми Наврӯзӣ Суманак  ва ширинҳо тақдим намуда онҳоро бо ҷашни Наврӯз  табрику муборакбод намуд.  Бошандагони марказ аз ин ташаббуси хайрхоҳона хурсанд гардида, миннатдории хешро ба Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон баён намуданд. Бояд қайд намуд, таоми Наврӯзи Суманак бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд омада шуда инчунин ба собиқадорони ҲХДТ, бепарастону ятимон тақсим карда шуд.

 

Рубрики
Асосӣ

НАВРӮЗӢ АҶАМ БИЁ САДО КУН ҲАМАРО…

Ҳамчунин Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ба мактаб-интернати давлатӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуди шаҳри Хуҷанд ба номи Сироҷҷиддин Тоҷибоев рафта бо тарбиятгирандагони мактаби мазкур сӯҳбат намуд. Мавсуф аз синфхонаҳои касбу ҳунарҳои дӯзандагӣ, дуредгарӣ, челонгарӣ, гаҷкорӣ, гулдузӣ, бофандагӣ дидан намуда ба ҳунари тарбиятгарони мактаби мазкур баҳои баланд дод. Бояд қайд намуд, ки имрӯз дар мактаб-интернати давлатӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуди шаҳри Хуҷанд ба номи Сироҷҷиддин Тоҷибоев 200-нафар хонандагон тарбият гирифта ба онҳо 80-нафар омӯзгорон ва мураббиён ҳунару дарс меомӯзанд. Аз ҷониби КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ба тарбиятгирандагон мактаби мазкур таоми Наврӯзӣ Суманак ва шириниҳо тақдим карда шуд. Тарбиятгирандагони мактаби мазкур миннатдории хешро  ба Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббускорони ин иқдоми хайрхоҳона баён намуданд. Чунин иқдомҳо аз ҷониби КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд идома дорад.

Рубрики
Асосӣ

ҲАР КИ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО…

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ҳамеша бо хислати нодири раъиятпарварии хеш дар фикри беҳбудии шароити зиндагии мардуми эҳтиёҷманд, ятимон, барҷомондагон ва шахсони бесаробону камбизоат буда, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда пайваста таъкид медоранд, ки “Ман ҳеҷ вақт ягон ятими куллро дар нимароҳ намемонам, меомӯзонам, тарбия мекунам ва ба ҳаёти мустақилона гусел менамоям”. Дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ба Муассисаи давлатии “Маркази дастгирии модару кӯдак” дар шаҳри Хуҷанд  рафта аз ҳолу аҳволи тарбиятгирандагони муассиса хабардор шуд. Тарбиятгирандагони муассиса дар васфи Ватан,  Наврӯз, Тоҷикистон шеъру тарона қироат намуданд. Аз ҷониби КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд  ба тарбиятгарони муассиса суманак ва шириниҳо тақдим карда шуд. Бояд қайд намуд, таоми Наврӯзӣ суманак бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд омада шуда инчунин ба собиқадорони ҲХДТ, бепарастону ятимон тақсим карда шуд.