Рубрики
Асосӣ

ҲАР ҲАРФУ ҲИҶОИ РӮЗНОМАНИГОР БОЯД СОЗАНДА БОШАД

Санаи 11-март Рӯзи матбуоти тоҷик аст, ки ҳамасола дар саросари кишвар аҳли қаламу сухан ин рӯзро истиқбол менамоянд. Ин ҷашн ба ифтихори нашри нахустрӯзномаи тоҷикии “Бухорои шариф” пазируфта шудааст. Бахшида ин ба рӯзи таърихӣ дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Рӯзи матбуоти тоҷик бо иштироки беш аз 40-нафар рӯзноманигорон ва кормандони ВАО-и вилояти Суғд таҷлил карда шуд

Нахуст Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон аҳли қаламро бо “Рӯзи матбуоти тоҷик” табрику муборакбод намуд.

Мавсуф дар сухани хеш иброз намуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва иқдоми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешрафт ва фаъолияти озодонаи воситаҳои ахбори омма тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд ва пайваста такмил дода мешаванд.

Дар идомаи суханаш Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон қайд намуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ сатҳ ва сифати пахши барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, мазмун ва муҳтавои нашрияҳои даврӣ хеле беҳтар шуд. Мо аз ҳамкориҳои пайваста бо Созмони вилоятии Иттифоқи журналистони вилоят ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ, радиоӣ ва нашрияҳои даврӣ изҳори қаноатмандӣ мекунем. Мисоли барҷастаи гуфтаҳои болоӣ баргузории семинари дастурдиҳӣ барои раисони кумиҷроияҳои шаҳру навоҳӣ оид ба мавзӯи саводи расонаӣ ва кор бо шабакаҳои иҷтимоӣ бо иштироки устод Илҳоми Ҷамолиён, дар сатҳи олӣ расонидани иттилои саривақтӣ оиди баргузории конфронсҳои ҷумҳуриявӣ тариқи шабакаҳои телевизионии “Тоҷикистон” ва “Ҷаҳоннамо”, барномаҳои – муштараки “Назаре ба оина”, “Тоҷикон”, “Амният ва ҷомеа” ва “Гулчини маънӣ” бо телевизиони вилояти Суғд, пахши хабару гузоришҳо аз рафти баргузории чорабиниҳои ҳизбӣ аз ҷумла аксияҳо тариқи рӯзномаҳо, шабака, радио ва телевизионҳои маҳаллӣ ва радиои вилояти Суғд барои баланд гардидани нақш ва мақоми ҳизб дар ҷомеа мусоидат намуда истодааст. Мавсуф саҳми рӯзноманигоронро дар таҳкими худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳифз ва рушди фазои иттилоотӣ, амнияти иттилоотӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, бунёдкориву созандагӣ нек арзёбӣ намуд.

Раиси бахши суғдии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Илҳоми Ҷамолиён ва собиқадори матбуот Додохони Эгамзод аз нақш ва мақоми рӯзноманигор дар рушди ҳаёти ҷомеа сухан карда, баён доштанд, ки ҳар ҳарфу ҳиҷои қаламкаш бояд созанда бошад ва такя ба маводҳои муътамад эҷод намояд, то ба журналистикаи шаҳрвандӣ, ки имрӯз хеле паҳн гардидааст, намуна бошад. Таъкид гардид, ки масъулияти кормандони Васоити ахбори омма дар соли ҷашнии 25 – солагии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ва 30 – солагии Иҷлосияи тақдирсози 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле калон аст. Зеро рисолати мо то ба мардум бурда расонидани арзишҳои ин санаҳои муқаддас аст.

Дар идомаи чорабинӣ рӯзноманигорон Илҳоми Ҷамолиён, Дадахони Эгамзод ва Исҳоқҷон Зокиров бо “Медали ҷашнӣ”-и КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд сарфароз гардиданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ кормандони ВАО бо туҳфаҳои хотиравии КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд сарфароз гардиданд.

Рубрики
Асосӣ

НОМАИ муборакбодии Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ИСМОИЛЗОДА Зуфар Муртазохон бахшида ба 110-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик

Мӯҳтарам кормандони васоити ахбори омма.

Қаламкашони гиромӣ!

Бо як ҷаҳон ифтихору самимият фарорасии ҷашни касбӣ – 110 солагии Рӯзи матбуоти тоҷикро бароятон шодбош мегӯям.

         Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими 100-солагии матбуоти тоҷик қайд карданд, ки матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд. Онҳо, хусусан, дар замони таҳаввулот ва тағйирёбии самтҳои рушди ҷомеа, бадалшавии идеологияҳо ва ташаккули диди нави иҷтимоӣ аҳамияти хоса пайдо мекунанд.

         Воқеан ҳам саҳми рӯзноманигорон дар инъикоси воқеии ҳаводиси ҷомеа, дастовардҳои истиқлоли миллӣ, рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, тарбияи насли ояндасози ватандӯсту бомаърифат  хеле калон аст.

Дар сатҳи вилояти Суғд низ таҳти роҳбарии Раиси вилояти Суғд, Муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ҳамкорӣ бо намояндагони Васоити ахбори омма васеъ ба роҳ монда шуда, барои фаъолияти пурсамари васоити ахбори оммаи давлативу ғайридавлатӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Тарғибу ташвиқи ҳадафҳои миллӣ, дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, озодӣ, давлатдории миллӣ ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон васеъ ҷалб намудани воситаҳои ахбори омма, рушди маънавиёти ҷомеа, инкишофи фарҳанг, иттилоот, баланд бардоштани завқи зебоипарастии шаҳрвандон аз ҳадафҳои меҳварии Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсуб меёбанд.

         Боиси ифтихори кулли ҳизбиёни вилоят аст, ки нашрияҳои маҳбуби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – «Минбари халқ» ва «Сухани халқ» дар рӯзгори сокинон мақоми хоса доранд. Зеро дар саҳифаҳои нашрияҳо умдатарин масоили рӯз ба табъ расида, муштариён аз матолиби хонданиву таҳлилии рӯзноманигорон, баҳои коршиносон ба ин ё он ҳаводиси рӯз огоҳии комил меёбанд.

         Итминони комил дорам, ки рӯзноманигорон минбаъд низ ба иҷрои рисолати худ содиқ монда, дар инъикоси воқеии ҳаводиси ҷомеа, дастовардҳои навини  истиқлоли миллӣ саҳми арзанда мегузоранд.

         Ба кулли кормандони васоити ахбори омма, пеш аз ҳама, тансиҳатӣ, хотири ҷамъ, илҳомии саршор аз меҳр ва бурдбориҳоро таманно дорам.

         Рӯзи матбуоти тоҷик, муборак!

Рубрики
Асосӣ

Модар ҳастии ҷомеа ва мояи зиндагист

Бахшида ба “Рӯзи модар” дар Факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров чорабинии идона бо иштироки Мудири шуъбаи тарбияи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Шомирзоев Бахтиёр, Муовини КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Замирахон Мансурӣ омузгорон ва донишҷӯён баргузор гардид. Чорабиниро декани Факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Тилляхоҷаева Муҳаббат ҳусни ифтитоҳ бахшида иштирокдоронро бо “Рӯзи модар” табрику муборакбод намуд. Сипас Мудири шуъбаи тарбияи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Шомирзоев Бахтиёр бонувони тоҷикро табрик намуда иброз намуд, ки зани тоҷик намунаи олитарини зан-модар аст, рисолати аслии зани тоҷик сабурии ӯст. Зан-модари тоҷик заҳматкашу меҳнатқарин буду ҳаст ва мемонад. Модар барои ҳар як шахс азизу муқаддастар аз ҳама мавҷудоти рӯи олам аст. Модар шахсест, ки барои беҳбуди фарзанддон худ аз дасти худ чизе меояд иҷро менамояд, шабҳо бедорхоби мекашад, худ намехураду фарзандонашро мехуронад, намепушаду мепушонад бояд фарзандон ба қадри модари хеш бирасем. Сипас Муовини КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Замирахон Мансурӣ ба сухан баромада иброз дошт, ки Зан – Модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебои рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин муррабӣ мебошад. Модар аввалин суханҳо ва гузоштани нахустин қадамҳоро ба тифлаш меомӯзад. Беҳуда нагуфтаанд, ки волотарин гавҳари дунё танҳо модар аст. Дар фарҷоми чорабини идона донишҷуёни Факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров шеъру таронаҳо дар васфи модар қироат намуданд.

Рубрики
Асосӣ

Боздид аз Осорхонаи миллии тамаддуни Миср

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Арабии Миср аз Осорхонаи миллии тамаддуни Миср боздид ба амал оварданд.

Осорхонаи миллии тамаддуни Миср дар шаҳраки Фустати шаҳри Қоҳира дар масоҳати 13 гектар ҷойгир буда, дорои панҷоҳ ҳазор нигораҳо мебошад. Осорхона дар баробари ба маърази тамошо гузоштани дастовардҳои Миср дар бахшҳои гуногуни зиндагӣ аз ибтидои таърих то замони муосир ва аз марҳилаҳои рушди тамаддуни Миср нақл мекунанд.

Корҳои таъсиси Осорхонаи миллии тамаддуни Миср бо иқдоми ЮНЕСКО дар доираи ташаббуси байналмилалӣ ҷиҳати таъсиси Осорхонаи миллии тамаддун ва Осорхонаи Нуба дар Асвон пас аз ковишҳои бостоншиносӣ соли 2000 оғоз ёфта, сохтмони бино соли 2021 ба итмом расид. Маросими ифтитоҳ бо чорабинии муҳташами байналмилалӣ “Паради Мумиҳо” баргузор гардид.

Нигораҳои осорхона дар 9 толор, аз ҷумла як намоишгоҳи асосии доимӣ оид ба муҳимтарин дастовардҳои тамаддуни Миср, бо шаш намоишгоҳи мавзӯӣ аз қабили “Субҳи тамаддун”, “Дарёи Нил”, “Навиштаҷот”, “Давлат ва ҷомеа”, “Фарҳанг”, “Эътиқод ва ғояҳо” ва намоишгоҳи мумиҳои подшоҳӣ ҷойгир шудааст.

Осорхона дорои маконҳои калони муваққатии намоишӣ, толор ва маркази таълим ва тадқиқот, инчунин намоишгоҳи марбут ба рушди шаҳри Қоҳираи Нав мебошад. Он ҳамчун макони баргузории чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла намоиши филмҳо, конфронсҳо ва чорабиниҳои фарҳангӣ хизмат мекунад.

Дар толори асосии намоишгоҳи осорхона як қатор осори таърихӣ мавҷуд аст, ки дар бораи тамаддуни Миср аз давраҳои фиръавнӣ, юнонӣ, румӣ, қибтӣ, исломӣ ва давраи муосир ба тамошобин тасаввуроти васеъ медиҳанд.

Толори мумиёҳо меҳмононро бо фазои водии Подшоҳон ошно месозад. Дар толор 20 мумиҳои подшоҳон, аз ҷумла 18 подшоҳ ва ду малика, аз сулолаҳои ҳабдаҳум то бистум иборат аст. Муҳимтарини ин мумиҳо мумии шоҳ Секенен Ра Тао, шоҳ Тутмоси III, малика Хатшепсут, шоҳ Рамзес II ва шоҳ Рамзес III мебошанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди боздид аз Осорхонаи миллии тамаддуни Миср дар китоби меҳмонони фахрӣ бо орзуву таманниёти нек ҷиҳати рушду пешрафти кишвари дӯсти Ҷумҳурии Арабии Миср соядаст гузоштанд.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/27874

Рубрики
Асосӣ

Боздид аз корхонаҳои саноатии “Ҷипто фарма” ва “T&C Garments” дар шаҳри Ал – Ханкаи Ҷумҳурии Арабии Миср

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар минтақаи Ал – Ханкаи Ҷумҳурии Арабии Миср аз корхонаҳои саноатии “Ҷипто фарма” ва “Ти энд Сӣ Гарментс” (“T&C Garments”) боздид намуданд.

Дар корхонаи “Ҷипто фарма” ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ин яке аз бузургтарин корхонаҳои истеҳсоли дору дар Ховари миёна ба ҳисоб меравад. Корхона дорои қудрат ва тавоноии истеҳсоли тамоми намуди доруҳои табобатӣ мебошад.

Коргоҳи “Ҷипто фарма” яке аз калонтарин ширкатҳои истеҳсолии доруи рақобатпазир дар ҷаҳон аст.

Ширкати мазкур пурра барои истеҳсоли доруҳои гуногуни тиббӣ дар масоҳати умумии 180 ҳазор метри мураббаъ бунёд ёфтааст. Як қатор доруҳои дар олам маъруф, дар ин ширкат истеҳсол карда мешавад.

Баъди шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи дорусозӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини соҳаҳои саноату тандурустӣ ва ширкати дорусозии мисрӣ оид ба рушди ҳамкорӣ, имконияту захираҳои табиати нотакрори Тоҷикистон, аз ҷумла гулу гиёҳҳои шифобахши кишвар суҳбати созанда доир карданд.

Сипас, дар минтақаи саноатии Ал-Ханка Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти ширкати “Тӣ энд Сӣ Гарментс” (“T&C Garments”) шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи “Тӣ энд Сӣ Гарментс” ширкати муштараки саноатӣ доир ба истеҳсоли матоъ ва духти сару либосҳои ҷинс мебошад.

Корхона аз ҷониби ширкатҳои мисрии “Толба Груп” ва “Тай Груп”-и Туркия соли 2010 таъсис ёфтааст.

Бо истифода аз технология ва системаҳои пешрафта, ин иншооти истеҳсолӣ дар шаҳри Обури Миср дар масоҳати 68 ҳазор метри мураббаъ бунёд ёфта, 4 ҳазор коргар дорад.

Дар ҳамин ҷо пас аз шиносоӣ бо фаъолияти корхона ва иқтидори истеҳсолии он Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти корхона оид ба фазои мусоиди сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, таъсиси ширкатҳои муштараки саноатӣ-истеҳсолӣ, иқтидору имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, баҳрабардорӣ аз неъматҳои табиии кишвар, аз ҷумла пахта, нахи пахта ва матоъҳои босифат суҳбати самимӣ доир намуданд.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/27873

Рубрики
Асосӣ

Оғози сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Арабии Миср

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба шаҳри Қоҳираи Ҷумҳурии Арабии Миср ворид шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Қоҳира меҳмони олиқадр Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Арабии Миср самимона истиқбол гирифтанд.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/27870

Рубрики
Асосӣ

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Арабии Миср

9 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Арабии Миср сафар карданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, маориф ва илм, кишоварзӣ, раисони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Палатаи савдо ва саноат, Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақил ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Рубрики
Асосӣ

НОМАИ муборакбодии Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон бахшида ба Рӯзи Модар

 

Модарон, бонувон ва хоҳарони фардсозу фардосоз!

Дар ин лаҳзаҳои басо гуворову нишотбахш фарорасии фасли баҳор, ки саросари мамлакат симои идона дошта, мардуми шарифи Тоҷикистон зеботарин ҷашн – Рӯзи Модарро тантана менамояд, Шуморо аз номи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд самимона табрик гуфта, бароятон тандурустиву хушбахтӣ, иқболи неку толеи баланд ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям.

Зантароватубаҳори ҳаёт аст. Агар гӯем, ки оғози барору кушоишҳои корамон дар давоми сол ба ҳамин ҷашни зебо, ҷашни муҳаббату асолат, иди садоқату вафодорӣ, иди ҷасорату шуҷоати занону бонувон вобаста мебошад, хато нахоҳем кард.

 Бо шарофат ва ҳидояти Сарвари давлатамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши занон дар ҷомеаи мо дар мақоми баланду муқаддас аст ва ин манзалат сол аз сол волоияти хешро собит менамояд.

        Бамаврид аст аз суханони Сарвари мамлакат ёдовар шавам, ки гуфтаанд: «Мо дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ наметавонем муҳаббате беҳтар ва ҳақиқиву самимитар аз муҳаббати модари худ дарёбем. Аз ин лиҳоз, модар натанҳо азизтарин шахс барои ҳар як фарзанд, балки гаронбаҳотарин сарвати ҳар як халқу миллат мебошад. Бинобар ин, башарият имрӯз ба ҷомеае арҷ мегузорад, ки мақому манзалати занро гиромӣ ва пос медорад».

Воқеан ҳам, зан ҳамчун шахси фарҳангсозу тарбияткунанда агар худ аз воқеияти ҳаёт ва ҷомеа огоҳу бохабар бошад, фарзандон, аҳли оила ва пайвандони худро тарзе тарбият мекунад, ки онҳо ба самти ҷомеаи пешрафта қадам ниҳанд.

Бо дарназардошти ин Ҳукумати Љумњурии Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ ба масъалаҳои марбут ба занон эътибори махсус дода, даҳҳо санади меъёрии ҳуқуқии заруриро ба тасвиб расонид.

        Ба имзо расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ва дар заминаи он қабул гардидани як қатор Ќарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо” бешубҳа барои баланд бардоштани маърифату маънавиёт, сатҳи зиндагӣ, таъмин ва ҳифзи ҳуқуқи занон, пешгирии падидаҳои номатлуб заминаи мусоид фароҳам овард.

         Яке аз иқдомҳои некбинонаи Пешвои муаззами миллат ҳанӯз дар саргаҳи соҳибистиқлолии мамлакат таъсиси квотаи президентӣ барои духтарон мебошад, ки тавассути роҳандозии ин тадбир ҳазорҳо нафар бонувону хоҳарони мо соҳиби маълумоти оливу ҷойи кори мувофиқ гардиданд. Гузашта аз ин, ба хотири беҳдошти вазъи иҷтимоӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ соле чанд аст, ки дар сатҳи Давлат ва Ҳукумати кишвар грантҳо барои рушди соҳибкорӣ байни занон таъсис дода шудааст. Баргузории озмуни ҳамасолаи «Фараҳ» дар ин ҷода сафи занони соҳибкорро бамаротиб афзуд.

        Дар вилоят занону бонувони мо дар маркази таваҷҷуҳи Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода қарор дошта, ҳамасола шумораи зиёди бонувони ҳунарманд бо грантҳои Раиси вилоят тақдиронида мешаванд. Ин ташаббус дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо низ дар сатҳи баланд доир карда мешавад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба масъалаи ҷалби занону ҷавонон ва духтарони соҳибмаърифату болаёқат ба корҳои давлативу ҷамъиятӣ ҳамчун нерўи тавоно ва пешбаранда ҳамеша таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.

Алҳол аз шумораи 157 ҳазору  430 нафар аъзои ҳизб дар вилоят 88 ҳазору 524 нафарро занон ташкил медиҳанд, ки нисбат ба соли 2020 шумораи аъзо аз ҳисоби бонувон 3430 нафар афзудааст.

  Қобили зикр аст, ки роҳбарии 875 ташкилоти ибтидоии шаҳру навоҳии вилоятро маҳз занон ба дӯш доранд. Ҳамзамон, дар Маҷлиси вакилони халқи вилоят 21 нафар, дар Маҷлиси вакилони шаҳру ноҳияҳои вилоят 184 нафар, дар маҷлиси вакилони халқи ҷамоатҳо 908 нафар бонувон, ки аъзои фаъоли ҲХДТ мебошанд, фаъолият доранд. Мо ҳамеша такя ба бонувони фардсозу фардосоз мекунем.

Гумон мекунам, ҳамасола дар сатҳи баланд доир гардидани курси мактаби захираи кадрҳо дар назди кумиҷроияи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо теъдоду занону бонувони фаъолро дар ҷомеа боз ҳам зиёд мекунад.

Бори дигар Шумо ва дар шахсияти Шумо кулли модарони гиромиро бахшида ба ҷашни Рӯзи Модар  табрику таҳният гуфта, тансиҳативу хотирҷамъї таманно мекунам.

        Рӯзи Модар муборак, азизон!   

Рубрики
Асосӣ

ЗАН – МОДАР ФАРИШТАИ РӮИ ЗАМИН

 Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҳифзи саломатӣ ва нигоҳубини ятимону маъюбон ва пиронсолону бепарасторон мунтазам ғамхорӣ зоҳир менамояд. Имрӯз аз субҳи содиқ дар арафаи Рӯзи Модар табрикоти модарону занону бонувон аз ҷониби   КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд бо маром идома дорад. Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд  Исмоилзода Зуфар Муртазохон дар ҳамкорӣ бо директори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан ба аёдати модари ҳалим рафта, аз ҳоли модари яккаву танҳо хабар гирифтаанд.  Дар сӯҳбати самимӣ Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон  иброз намуд, ки модарон ҳамеша дар меҳвари сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. ТҶҶ “Созандагони Ватан” хонаи модари ҳалимро рӯбучин намуда, ба модар кӯмак намуданд.  Модари ҳалим аз ин ташаббуси хайрхоҳона хурсанд гардида, миннатдории хешро ба Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба ташаббускорони ин иқдоми самимона баён намуд.

Рубрики
Асосӣ

АЁДАТИ ҶАШНӢ

Бонувон дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи Ваҳдату ягонагӣ, тарбияи шоистаи насли наврасу ҷавон саҳми сазовор дошта, ҷузъи муҳими пешравӣ, шукуфоӣ ва дастовардҳои даврони Истиқлолиятро метавон ба кору пайкори созандаи занон марбут донист. Арҷгузориву қадрдонии бонувони хизматнишондода,  яке аз ҳадафҳои меҳварии ҲХДТ дар вилояти Суғд маҳсуб меёбад

Дар арафаи Рӯзи Модарон Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ба дидорбинии собиқадорони ҲХДТ Негматова Мукаррамахон, Тавҳида Баҳриддинова ва Раҳимова Саодат рафта, модарони меҳрубонро бо Рӯзи модар табрик ва шодбошӣ намуданд. Исмоилзода Зуфар Муртазохон зимни суҳбат бо модарон барояшон саломативу тансиҳатӣ ва комёби беназир таманно намуда, иброз намуданд, ки  ҳастии зан-модар ба хонадон нуру зиё ва хушиву хушбахтиҳо мебахшад.

Модарони тоҷик аз ин иқдом шод гашта, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои арҷгузорӣ ва ғамхорӣ арзи сипос намуданд.