Рубрики
Асосӣ

СУБҲАТОН БА ХАЙР, МОДАРҶОН

Дар остонаи таҷлили ҷашни Рӯзи Модар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо мақсади арҷгузорӣ ба занону бонувон аксияи вилоятиро таҳти унвони “СУБҲАТОН БА ХАЙР, МОДАРҶОН!” доир намуд. Аксияи мазкур субҳи имрӯз бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроия дар якҷоягӣ бо аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва 50-нафар донишҷуёни фаъоли Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон сурат гирифт. Онҳо ба табрики коргарон-бонувони КВД “Хоҷагии манзилӣ- комуналӣ” шаҳри Хуҷанд, ки ба тоза кардани кӯчаҳои шаҳрамон машғул ҳастанд, рафта онҳоро бо Рӯзи модарон табрику муборакбод намуданд. Зимни мулоқоти озоду самимӣ дар баробари суҳанҳои пурмеҳр, ҳамзамон барояшон нони гарму ширинӣ тақдим намуданд. Бонувони аз ин иқдом ва шунидани номаи табрикотии КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд шоду хуррам гардида миннатдории хешро ба Раёсати Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ баён намуданд.

Рубрики
Асосӣ

КИВ ҲХДТ: СЕМИНАРИ ДАСТУРДИҲӢ БА РАИСОНИ КУМИҶРОИЯҲОИ ШАҲРУ НАВОҲӢ

Имрӯз дар толори КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд семинари дастурдиҳии  як рӯза бо иштироки  раисони кумитаҳои иҷроияҳои шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи вилоят, мутахассисони соҳаи гуногун доир гардид. Ҳадафи баргузории семинари мазкур тақвият бахшидан ва самаранок пеш бурдани фаъолияти ҳизбӣ дар самтҳои таъмини  амнияти миллӣ, пешгирии терроризму экстремизм, таълими ғайрирасмии динӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва ҳифзи иттилоот ба ҳисоб меравад.

 Семинари омӯзиширо Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд намуд, ки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд тибқи нақшаи чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани малакаву маҳорати роҳбарӣ, дониши сиёсӣ ва ҳушёриву зиракии раисони кумиҷроияҳои ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо, ки дар саргаҳи татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ қарор доранд,  семинари дастурдиҳиро вобаста ба масъалаҳои пешгирии  экстремизм ва терроризм, роҳ надодан ба таълими ғайрирасмии динӣ, таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи иттиллоот, амалҳои характери коррупсионӣ дошта, ҳуқуқвайронкунӣ, пешгирии зӯроварӣ ва шарҳу тавзеҳи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”, “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” ташкил ва баргузор  карда истодааст.

Сипас раиси бахши вилоятии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Илҳоми Ҷамолиён оид ба мавзӯъи “Ҳифзи иттилоот ва таъмини амнияти иттилоотӣ дар замони муосир” сухан намуд. Коршиносӣ воситаҳои иртиботӣ  Илҳоми Ҷамолиён дар семинари омӯзишӣ қайд намуд, ки шабакаи иҷтимоӣ – сомонаи интернетии чандкорбараи таъомулӣ ШИ – як платформаи онлайнӣ аст, ки одамон барои барқарор кардани иртиботот истифода карда, робитаҳои иҷтимоиро бо дигар афрод, ки дорои манфиатҳои ҳамсон ва ё муносибатҳои офлайнӣ (яъне берун аз интернет) ҳастанд, эҷод месозад. Ба ҳисоби миёна одамон ҳар шабонарӯз 6 соату 49 дақиқа умри худро дар интернет, аз ҷумла дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузаронанд. Дар соли 2018, тибқи омори расмӣ, одамон дар онлайн зиёда аз 1 миллиард солро сарф кардаанд. Ҳамарӯза шурӯъ аз январи соли 2018 ба ҳисоби миёна як миллион нафар барои худ бори аввал саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоиро боз мекунанд, яъне дар ҳар сония 11 нафар муштарии нави “ШИ” номнавис мешаванд. Мавсуф афзуд, ки дар ҷаҳони муосир наздик ба 4,5 миллиард сокинони сайёра бо интернет сарукор мегиранд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, наздик ба 2 миллион нафар аз интернет истифода бурда, 4 миллиони соҳиби телефони мобилидошта метавонанд ба шабакаи интнерет пайваст шаванд.  Номбурда қайд намуд, ки бояд ҳамаи мо аз интернет самаранок истифода бурданро омӯзем, ҷанбаҳои мусбати онро қабул намоем вале  ба интернет сахт вобаста набошем ва ба ҳар гуна маводҳое, ки дар интернет паҳн мешаванд, бовар накунем. Бо истифода аз дониш дар такя ба манбаҳои муътамад ҷавоби воқеъбинона диҳем.

Ҳозирин дар мавзӯи “Экстремизм ва терроризм муаммоҳои ҳаёти имрӯзаи ҷаҳони муосир”маърӯзаи прокурори шуъбаи прокуратураи вилояти Суғд, мушовири адлияи дараҷаи 2 Рустамзода Азиз,   дар мавзӯи “Сиёсати таъмини амнияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” капитан Чоршанбиев Раҷаббек Дилдорович,  сардори шуъбаи мубориза бар зидди терроризми кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғд, доир ба мавзӯъи “Пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни наврасон ва ҷавонон” майори милитсия, нозири шуъбачаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ҷавонони хадамоти огоҳонӣ ва пешгирикунии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони Раёсати ВКДҶТ дар вилояти Суғд Толибзода Маҳмудҷон, доир ба мавзӯъи “Дар бораи барномаи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия то давраи соли 2030”  нозири калони шуъбаи муқовимат ба коррупсияи  Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар вилояти Суғд, подполковники адлия Қодирҷонзода Абдуҷалол Қодир шуниданд.

Пас аз нисфирӯзи кори семинар идома дода шуда  вобаста ба мавзӯъи навбатии семинар шарҳу тавзеҳи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”, “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” Рустамзода Сӯҳроб –  мудири шуъбаи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои МИҲД “Роҳҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила”, Гадойбоева Гулнора – сармутахасси Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД-и вилояти Суғд баромад намуданд.

Раисони кумитаҳои иҷроияи шаҳру навоҳии Хуҷанд, Гулистон андешаҳояшонр перомуни баргузории семинари дастурдиҳӣ иброз доштанд.

Дар фарҷоми семинари мазкур Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ба маърузачиён  ва иштирокчиён миннатдории Кумиҷроияи вилоятиро иброз дошта, қайд намуд, ки танҳо ҳамкории мутақобилаи ниҳодҳои давлативу ҷамъиятӣ метавонад барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқуқи шаҳрвандон, дуруст истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ, афзун намудани худшиносии миллӣ мусоидат намояд.  

Чунин семинарҳои дастурдиҳӣ минбаъд низ роҳандозӣ карда хоҳанд шуд.