Рубрики
Асосӣ

АЙНӢ: Ватанро родмардони он поянда нигоҳ медоранд

Дар идомаи корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, мудири Бахши кор бо ҷавонони кумиҷроия А.Ҷураев бо аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар МТУ №54-и деҳаи Вота вохӯрӣ намуда, атрофи масъалаҳои даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳар гуна равияҳои номатлуб, иҷрои қонунҳои миллӣ, ҷалби ҷавонон ба соҳаи варзиш ва корҳои хайру эҳсон ва дигар масъалаҳои мавридиназар ибрози назар кард.

Созандагони Ватан зимни мулоқот бовар кунониданд, дар пайрави аз иқдомҳои неки роҳбари давлат, дар ободиву сарсабзии меҳан саҳми назарраси худро гузошта, аз бародарони худ даъват ба амал меорем, ки барои адои хизмати Ватан-Модар ҳамеша дар сафе пеш қарор гиранд, зеро Ватанро родмардони он поянда нигоҳ медоранд.

Рубрики
Асосӣ

АЙНӢ: Вохӯрӣ бо усули “деҳа ба деҳа”

Бо мақсади иҷрои нақша-чорабинии кумиҷроия, масъулини КИН бо аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар МТМУ №36-и деҳаи Канте мулоқот доир намуданд.Дар вохӯрӣ атрофи баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, даъвати ҷавонон ба хизмати Ватан-Модар, иқдомҳои нек, пешгирӣ аз ҳар гуна равия ва ақидаҳои номатлуб, сарфакорона истифода намудани нерӯи барқ, иштирок дар озмунҳои фаннӣ, ташкилӣ- сил-силачорабиниҳои фарҳангӣ- фароғатӣ, варзишӣ дар маҳал ибрози назар карда шуд. Устодон ва толибилмон доир ба масъалаҳои мазкур андешаҳои худро баён дошта, бовар кунониданд, ки баҳри иҷрои ҳадафҳои созандаи ҳизбӣ чораҳои судманро роҳандозӣ менамоянд.Вохӯриҳои масъулини КИН бо усули “Деҳа ба деҳа” идома дорад.

Рубрики
Асосӣ Мақола

АЙНӢ: Ҷанг киштии тақдири ҳар сарзаминеро саргардон карда!

 Чандест ҳаводиси рӯйи олам, махсусан даргириҳо байни Руссия ва Украинаро мебинаму ёдам аз давраҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар кишварамон меояд, ки он замон ҳам вайрониву дигар харобахо кишварро забт карда буд. Агар ба асрхои аср бингарем ҷанг ҳамеша ба мулке зарар овардаву пояи иқтисодиёт, маънавиёт ва ҳама хостаҳои инсонҳоро заифу норафшан мегардонад. Таърих собит намудааст, ки аз даҳшати ҷанг ҳатто беҳтарин намояндагии илму адаб хоки Меҳани азизи хешро тарк намудаанд ва дар мулки дигар ҷон ба Ҷонофарин супурдаанд. Бузурге фармуда:

Монд дар зери уқубат ҳама ахли маънӣ,

Аз фироқи ватану к-аз ҳамагӣ ҷангу ҷадал.

Оре, ҳамин ҷанг буд, ки калламанораҳо аз сари одам сохтанд, китобхонаҳо сӯхтанд, беҳтаринҳоро куштанд, хоссатан аҳли илму маърифатро. Дар Ҷанги хонумонсӯз дар кишварамон душманони миллат даст ба куштори олимону донишмандон заданд. Ин ишораи куштани олимон дар сафҳаи таърих борҳо ба анҷом расидааст ва асли он нест намудани роҳнамоён ва идораи мардуми оддӣ, ки ба ҳеҷ ваҷҳ амалӣ нагардидааст, зеро ҳамешагӣ, дар ҳар қарн модари бузурге фарзанде ба дунё оварду тарбия кард, ки ҷойгузини дигарон гашт. Дар Тоҷикистони азизи мо низ ҳамон гумону нақшаҳо амалӣ гардиданд, вале ин аҳриманҳо ба ҳадди охири нияташон нарасиданд, зеро асли бадӣ оқибат надорад.

Дар кишвари азизи мо замоне, ки истиқлолият ба даст омад, ки муқаддасоти арзишмандтарин дар таърихи нави тоҷикон маҳсуб меёбад баъзе гурӯҳҳои хунхор бо ниятҳои муғризона тавонистанд миёни мардум шӯр андохтанд. Аммо мардуми мо он замон, ки аз озодии хеш на онқадар қабули хуб доштанд ба тезӣ дар роҳи ҷанг афтоданд. Ҳамзамон сокинони кишвар, ки кунун аз идораи давлатӣ тамоман дигар ба озодӣ саф кашида буданд барояшон низ каме гарон буд. Мутаассифона анамин фазои холӣ, саргардонии мардум ва муаммоҳоро инсонҳои бадкор истифода бурданду ҳоло ҳам ин таҷриба дар Ҷаҳон роиҷ ҳаст.

Истиқлолиятро мо хуб дарк накардем, бар замми он ифротиҳо мехостанд мардумро ба сӯи доми тазвири хеш кашанд. Тавонистанд қисме аз аҳолиро бо номи Ислом ба гурӯҳҳо кашанд. Магар Ислом дини тарбия барои инсонҳо нест ё танҳо дини шахсии баъзе афрод, ки бар коми худ он замон истифода мекард. Худо гуфтану ракета омода кардан, дин гуфтану омода намудани террористон, дин гуфтану бераҳмӣ болои мардум, дин гуфтану дигар инсонҳоро то ҳатто инсон нашуморидан, дин гуфтану мардумро ба гурӯҳҳо кофару мусалмон, «вовчик»-у «юрчик» тақсим кардан магар беинсофӣ нест.? Рафтори ин тоифаро аз забони шоире, ки хуб гуфтааст, чунин баҳо медиҳем:

Аз худнашиносон маталаб дидаи ҳақбин,

Ҳақро чӣ шиносад зи худ бехабаре чанд.

Бо талошҳои шабонарӯзии Ҳукумати мамлкат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи бонангу номуси Тоҷикистон оғози сулҳу ваҳдати комил дар кишвар бо имзо гардидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997, 21-уми июн дар шаҳри Маскав раҳнамун шуд ва роҳи наҷоти миллатро метавон аз он рӯз хонд. Яъне барои мардум сулҳу ваҳдати миллӣ дарси ватандорӣ ва худшиносӣ омӯхт ва мо баъдан дарк кардем, ки Истиқлолият ба маънои томаш чист. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин роҳи худшиносии миллат дар давраи нав нақши калидӣ доранд. Аз Арасту рӯзе шогирдаш мепурсад: Шахси саховатманд кист? Арасту мегӯяд: Шахси саховатманд он касест, ки ба инсонҳо дар вақти заруриашон хости заруриашонро медиҳад. Бешак, дар анаҳамон рӯзҳои вазнин ба миллат таъмини ваҳдату сулҳу осоиштагӣ ба ком буд.

Оғози рушди мамлакат низ аз Ваҳдати миллӣ сарчашма гирифтааст ва баракат дар рӯзгори мардум низ аз он рӯзҳо. Гузаштагон низ гуфтаанд, ки неъмат аз муттаҳидӣ ва сарҷамъӣ зиёда мегардад. Арасту низ гуфтааст, ки «Коинот мекӯшад, ки чизеро, ки мо мехоҳем, ба мо бидиҳад, вақте ки мо муттаҳид ҳастем.”

Имрӯзҳо низ якчанд тоифа гумроҳон аз хориҷи кишвар истода, тинҷиву осоиштагӣ дар ин марзубуми муқаддасро дидан намехоҳанд. Ҳамарӯза бо барномаҳои мухталиф баромадҳои муғризона намуда, дасисабозӣ ва туҳматбофӣ доранд. Анаҳамин гуна кӯрдилон буданд, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар кишвар мардумро ба роҳи бад кашиданд. Имрӯза амалҳояшон боз идомаи ҳамон ҳаромкориҳояшон мебошад.

Аммо намедонанд, ки мо мардуми сарбаланди Тоҷикистони азиз дигар он мардум нестем ва сулҳу суботи комил, тинҷию амонӣ ва хушу хурсандии сокинонро ба ҳеҷ ваҷҳ аз даст нахоҳем дод ва барои пойдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мубориза хоҳем бурд.

Ваҳдатат поянда бод, Тоҷикистони азиз!

Б. Некхоҳ аъзои фаоли ҲХДТ

Рубрики
Асосӣ

АЙНӢ: Вусъати корҳои ташвиқотӣ

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амали намудани нақша-чорабинии КИН, масъулони кумиҷроия бо устодон ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар МТМУ №50-и деҳаи Пинёни Ҷамоати деҳоти Фондарё вохӯрӣ доир намуд. Дар вохӯрӣ оиди даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, ташаббускорӣ дар корҳои ободонию созандагӣ, истифодаи самараноку оқиланаи ҳар як ваҷаб замин, ба ҳар гуна равияҳои номатлуб шомил нашудан, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, ҷалби ҷавонон ба омӯзиши фанҳои дақиқ, рушди соҳаи варзиш ва дигар мавзӯҳои мубрам ибрози назар карда шуд. Толибилмон ва устодон бовар кунониданд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни ҷавонон ва фаъолони деҳа ҷоннок намуда, дар некуаҳволии рӯзгори халқ саҳми назарраси худро мегузоранд.

Рубрики
Асосӣ Мақола

АЙНӢ: Табиати дилрабои Тоҷикистон- тасхиркунандаи дилҳо

МАҚОЛА: Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла, рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд. Дар баробари барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ, халқи тоҷик бо раҳнамоии Сарвари оқилу хирадманд ва дурандеши худ, тавонист дар тӯли 30- соли Истиқлолияти давлатӣ ба рушди бемайлон ва натиҷаҳои назарраси иқтисодиву иҷтимоӣ ва сайёҳӣ ноил гардад.

Соҳаи сайёҳи ва ҳунармандӣ ду самти афзалиятноки сарватҳои миллӣ мебошанд, ки барои муаррифии фарҳангу таълихи куҳани халқи тоҷик, табиати биҳиштосо, обҳои мусаффои Тоҷикистон ба ҷаҳониён аҳамияти муҳим доранд. Сайёҳон ба таваҷҷӯҳ ба ҳунарҳои миллӣ ба кишвар эътибор зоҳир намуда, бо завқи баланди зебоипарастӣ, маҳсулоти ҳунармандони тоҷикро харидорӣ мекунанд. Дар баробари ин, аз меҳмонхонаю тарабхонаҳо ва табиати дилфиреб истифода мебаранд, ки чунин иқдом метавонад дар рушди иқтисодиёти кишвар, муҳайё гардидани ҷойҳои нави корӣ заминаи мусоид гузорад.

Имрӯз барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар кишвар ҳамаи имкониятҳо ва заминаҳои меъёриву ҳуқуқӣ фароҳам гардида, Барнома ва сил-сила чораву тадбирҳои ҳавасмандкунӣ андешида шудааст. Вале, бо сабаби паҳн гардидани пандемияи коронавирус, рушди соҳа то як андоза коҳиш ёфт. Хушбахтона, баъд аз пешгирии бемории коронавирус ва барқарор гардидани робитаҳои байнидавлатӣ, соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ рӯ ба пешравӣ ниҳод, ки сайёҳон аз Тоҷикистон – кишвари биҳиштосо, зебо, дорои табиати нотакрор, ёдгориҳои нодири таърихию меъморӣ, меҳмоннавозии моро дида, Ватани азизамонро дар қатори давлатҳои пешрафта, баҳои арзандаро сазовор дониста истодаанд.

Қобили зикри хос аст, ки иқлими субтропикии Тоҷикистон барои мавҷудияти тамоми фаслҳои сол мусоид буда, обҳои мусаффо, чашмаҳои шифобахш, куҳҳои сар ба фалак кашида, пиряхҳои азимҷусса, дараҳои зебо ва хешбоду ҳаво, олами наботот, ҳайвононти нодиру ҳайратангез ва дар маҷмуъ табиати биҳиштосои кишвари мо беҳтарин мавзеъ ва макони сайёҳат, истироҳату фароғат барои рушди сайёҳӣ шароит ва имкониятро фароҳам меорад. Шаҳрҳои Хуҷанд, Ҳисор, Кӯлоб, Ҳулбук, Истаравшан, Панҷакент, Исфара, Конибодом, Ашт, ичунин мавзеҳои сайёҳии ВМКБ, водии Зарафшон, Деваштич, Шаҳристон дар ҷаҳон шуҳрат ва маъруфияти хосаро пайдо намудаанд. Эҳёи арзишҳои миллии ниёгони кишвар барои бозҳам фароҳам овардани имкониятҳои рушди сайёҳӣ ва ҷалби сайёҳон ба мамлакат мусоид менамояд.

Ҳамин тавр, рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ омили муҳими муаррифии чеҳраи аслии миллат, фарҳанг, пешрафти иқтисодиёти кишвар, сатҳи зиндагии мардум ба ҳисоб меравад. Ҳар фарди бедордил ва ватандӯсту хештаншиносии кишварро мебояд, ки дар Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллӣ барои боз ҳам зебову дилрабо гардидани Ватан ва муарифии он тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ кӯшиш ба харҷ дода, барои ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангии он содиқона хидмат намояд.

Озода Абдуллоева

Аъзои гурӯҳи тарғиботии

КИ ҲХДТ дар н.Айнӣ

дар шаҳраки Ревад

Рубрики
Асосӣ

АЙНӢ: Баланд бардоштани сифати таълим

Масъулони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ дар идомаи иҷрои нақша-чорабинӣ ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар МТМУ №18- и деҳаи Шурмашк вохӯрӣ намуда, доир ба масъалаҳои марбут ба таълиму тарбияи хонандагон, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонон, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, риояи қоидаҳои санитарӣ-эпидемиологӣ, гироми доштани арзишҳои миллӣ, даъвати ҷавонон ба ҳимояи марзу бум, аз худ намудани фанҳои дақиқ, забонҳои хориҷӣ, истифодаи босамари шабакаҳои иҷтимоӣ ибрози назар карданд.

Аз устодон даъват карда шуд, ки ҳамкориро бо волидайн ва фаъолони маҳал вусъати тоза бахшида, дар беҳтар намудани сифати таълим ва тарбияи фарзандон аҳамияти ҷиддӣ дода, масъулиятшинос бошанд. Ҳамчунин, онҳоро ба иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти ҲХДТ доир ба сарфакона истифода бурдани нерӯи барқ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, расонидани ёрии моддиву маънавӣ ба ниёзмандону шахсиятҳои дорои маъюбитдошта, мароқ зоҳир намудан ба рушди варзиш даъват намуданд.

Рубрики
Асосӣ

АЙНӢ: баланд бардоштани сифати таълим ва донишҳои сиёсии ҷавонон

Дар идомаи чорабиниҳо мудири бахши кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ А.Ҷураев бо аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар МТМУ №47-и деҳаи Пасруд мулоқот доир намуд.

Дар рафти чорабинӣ оиди даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, баланд бардоштани донишҳои сиёсӣ, истифодаи босамари шабакаҳои иҷтимоӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳар гуна равияҳои номатлуб, даъвати созандагон доири расонидани кумак ба корҳои хоҷагидории оилаҳои яккаву танҳо, баланд бардоштани сифати дониш, иҷрои қонунҳои миллӣ дар амал андешаронӣ карда шуд.

Рубрики
Асосӣ

АЙНӢ: Вусъати бахшидани корҳоитарғиботиву ташвиқотӣ

Дар доираи нақшаи тақвимии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ ва иҷрои Барқияи №8-и кумиҷроияи марказӣ, масъулони КИН бо омӯзгорон ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар деҳаи Марғузори Ҷамоати деҳоти Фондарё вохӯрии судманд доир намуданд.

Зимни мулоқот оиди баланд бардоштани сифати таълим, ҷалби хонандагон ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ, истифода босамари шабакаҳои иҷтимоӣ, пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна равияҳои номатлуб, вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, аз он ҷумла ниҳолшинониву кабудизоркунӣ, тозаву озода нигоҳ доштани кучаву маҳалҳо, ҷалби ҷавонон ба корҳои ҷамъиятӣ, расонидан кумак ба корҳои хоҷагидории оилаҳои яккаву танҳо, шахсони дорои маъюбиятдошта, иҷрои амалҳои хайру эҳсон ва дигар масъалаҳои мубрам андешаронӣ карда шуд.

Дар интиҳои суҳбат, аз устодон ва Созандагони Ватан даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати иҷрои масъалаҳои мавридиназар чораҳои судмандро роҳандозӣ намуда, дар некӯаҳволии мардуми маҳал нақши назаррас гузоранд.

Рубрики
Асосӣ Мақола

АЙНӢ: Терроризм дур аз идрок аст

Афзоиш ёфтани фаъолияти гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Ҳама гуна хавфу хатарҳое, ки дар ҷомеаи имрӯза тавассути терроризм ва экстремизм руҳ медиҳад, моро водор месозад, ки ҳушёриву зиракии сиёсии худро аз даст надиҳем ва барои аз байн бурдани ин гуна ҳаводиси номатлуб, ки ҳазорон нафарро ҳамарӯза ба коми оташи нангини ҷангҳои хонумонсӯз ва таҳмилӣ кашида истодааст, мубориза барем.

Терроризм ва экстремизм мақсад, ҳадафи асосиашон халалдор кардани амнияти ҷомеа, тарсонидани мардуми осоишта, ба воҳимаву таҳлука андохтани аҳолӣ ва бо ин васила расидан ба мақсадҳои нопоки худ мебошад. Имрӯз, ҳар яки мо ҷавононро мебояд, ки нисбат ба ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва амалҳои ваҳшонияти созмонҳои ҷиноятӣ мубориза барем.

Асосгузори вулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаммаи суханрониҳои худ доир ба вазъи ҷаҳони муосир суханронӣ намуда, дар як суханрониашон бо фаъолон иброз намуданд, ки “Терроризм дар асл, миллат, мазҳаб ва Ватан надораду душмани Худову бандагони Худо мебошад”. Имрӯзҳо бархе аз гурӯҳҳо барои ба даст овардани манфиат бо созмонҳои тунрав ҳамкорӣ намуда, ба сулҳу ваҳдат ва ҳамдилии давлатҳои осоишта , халал ворид месозанд. Вале, нақшаву омолҳояшон ба коми оташ рафта, худ ва наздиконро дар банди ғафлат мегузоранд. Зеро, ҷавонон ва дигар қишри фаъоли ҷомеа аз амалҳои нангини онҳо огоҳ буда, намегузоранд, ки рӯзгори босаодаташонро доғдор намояд.

Бо чунин ақидаҳо, боварии комил дорем, ки мардуми кишвари азизамон аз ҷумла ҷавонони даврони истиқлол, хоса ҷавонони саодатманди ноҳия вақти пурқиммати худро ба илмомӯзию забономӯзӣ ва омӯхтани касбу ҳунар сарфа намуда, шомили чунин гурӯҳҳои ифротию террористӣ нахоҳанд гашт. Дар баробари ин, ба хабару гузоришҳои беасоси саҳифаҳои гурӯҳҳои ифротӣ дода нушуда, дигар ҳамсабақони худро ба роҳи нек ва зиндагии осоишта роҳнамо хоҳанд шуд.

А. ҶУРАЕВ

А.ШОДИЕВ

Аъзоёни гурӯҳи тарғиботии

КИ ҲХДТ дар н.Айнӣ

Рубрики
Асосӣ Мақола

АЙНӢ: Солҳои 2022-2026 – ро “солҳои рушди саноат”

МАҚОЛА: Дар даҳаи охири асри 20 ба мо бузургтарин неъмати зиндагӣ – истиқлолияти томи давлати насиб гашт. Пас аз ҳазорсолаҳо давлатӣ ҳақиқатан милливу соҳибихтиёр ташкил ёфт. Албатта, неъмати бебаҳо ба мо ба осони ба даст наомадааст ва бо ҷонбозиҳо, меҳнати шабонарӯзии фарзандони фарзонаи миллат, бо хуни рехтаи ҳазорон фарзандони шаҳиди тоҷик ба даст омад.

Шукронаи онро мекунем, ки дар он рӯзҳои мудҳиш ба миллати тоҷик Сарвари Раҳнамо, хирадманду дурандеш, вафодору сарсупурдаи Ватану миллат Эмомалӣ Раҳмонро дод. Маҳс бо қудрату матонати ин марди хирад оташи ҷанги бародаркуш хомӯш гашта, тамоми гурезаҳо ба ватан баргардонида шуданд. Зиёда аз он созишномаи оштии миллӣ бо мухолифон баста шуда, истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ пойдор гашт ва дастовардҳои халқи тоҷик таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат дар ин давраи таърихӣ басо назаррас аст ва дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гаштааст.

Маҳз заҳматҳои беназири Президенти кишварро мардуми заҳматпешаи ноҳия эҳсос мекунад, қадру қимати хизматҳои беамсолу бесобиқаи Сарвари Давлатро дар истиқрори сулҳ, ваҳдати миллӣ, бунёди давлати ҳақиқатан миллӣ баъди ҳазорсолаҳо медонад ва онҳоро гиромӣ медорад. Соҳаи саноат яке аз соҳаҳои муҳики кишвар ба ҳисоб рафта, бо василаи рушди ин соҳа сатҳи зиндагии мардум рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, сатҳи бекорӣ дар мамлакат коҳиш меёбад. Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди баланд бардоштани зиндагии шоистаи мардум диққати махсус зоҳир намуда, Солҳои 2022-2026-ро “Солҳои рушди саноат” эълон намуданд. Чунин иқдоми наҷиб, дар бунёди корхонаҳои саноатӣ ва рушди иқтисоди кишвар нақши муассир мегузорад.

Барои равнақу ривоҷи соҳаи саноат ва дигар соҳаҳо қабл аз ҳама азнавсозии инфрасохтор дар мамлакат вазифаҳои аввалиндараҷа ҳисоб меёфт. Дар тули собиқаи кориам ёд дорам, ки ҳангоми оғози кори сохтмони нақби Анзоб (баъди танафуси чандсола,) моҳи майи соли 1999 Сарвари Давлат қайд карда буданд: “Мо бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сохтмони нақб маблағ дарёфт мекунем. Агар маблағ наёфтем, бо нохунҳоямон ин нақбро меканем.” Дар он замон ин кори осон набуд, вале ҳама восита дарёфт гардид, нақб бунёд гардид ва ин оғози ба давлати воҳиду якпорча табдил додани Тоҷикистони азиз буд. Дар хотир дорам, ки ба воситаи нақби Анзоб бо схемаи муваққати ба ноҳия, ба водии Зарафшон барқ дода шуд. Мардум бо барқ таъмин гардиданд, корхонаҳои саноатӣ аз кор намонданд. Ин ҳам бошад ғамхориҳои беназир ба манотиқи куҳистон кишвар маҳсуб меёбад.

Мо мардуми ноҳияи Айнӣ шукронаи сиёсати дурбинонаю мардумпарваронаи Пешвои муаззами миллатро мекунем, ки бо таҷдиду бунёди роҳҳо, нақбҳову пулҳо мо аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо гардидем. Сохтмону амали гаштани лоиҳаҳои таҷдиди шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, Айнӣ-Панҷакент дар ин самт заминаи мустаҳкаме гузошт. Мусаллам ба зикр аст, ки дар тули Истиқлолият беш аз 2,5 млрд сомонӣ лоиҳаҳои сармоягузорӣ аз ҳисоби маблағҳои хориҷӣ ва дохилӣ амалӣ гашт. Ҳамин тариқ хатҳои баландшиддати интиқоли барқи 500 квт Ҷануб Шимол, 220 квт Хуҷанд-Айнӣ, 220 квт Айнӣ-Панҷакент бунёд ёфта ба истиқлолияти энергетикии кишвар ва минтақа заминаи боэътимод гузошт. Ҳамаи ин лоиҳаҳо бо иштироки бевоситаи Президенти кишвар оғоз ёфтаву ба истифода дода шуданд.

Дар давраи истиқлолияти давлатӣ бо раҳои аз бумбасти комуникатсионӣ ва ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ба рушди саноати куҳии ноҳия заминаи боэътимод гузошта шуд. Бо амали гаштани самти стратегӣ–саноатикунонии босуръати кишвар ин соҳа рушду такомул ёфт. Маҳз бо дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат аз 2 корхонаи замони шуравӣ ба 13 корхонаи пуриқтидори саноатӣ расид.

Ва ҳоло дар рӯзҳои наздик корхонаҳои калони саноатии Талко-Голд дар мавзеи Канчоч ва ТВЕА-саноати куҳи дар мавзеи Кумарғ ба истифода дода шуда ба бунёди ду корхонаҳои азими саноатии дигар санги асос гузошта мешавад. Дар соҳаи истеҳсол ва коркарди маъдани сурмадор аз 14 ҳазор тоннаи замони шуравӣ дар солҳои охир то ба 55-63 ҳазор тонна истеҳсоли маҳсулоти саноати дар Корхонаи муштараки Анзоб расонида шуд.

Дар замони истиқлол орзӯи чандинсолаи саноатчиёни ноҳия ҷомаи амал пушида истеҳсоли маҳсулоти ниҳои-металли сурма ва симоб дар “Корхонаи металлургии Анзоб” ба роҳ монда шуд. Дар соли 2021 9622,2 тн метали сурма ва 302 тн метали симоб истеҳсол шуд, ки нисбатан 139,4 ва 170 фоизӣ давраи муқоисашавандаро ташкил дод. Дар ин давра корхонаи нави “Талко-Флюорит” ба истифода дода шуд. Зимнан бояд зикр кард, ки маҳз бо дастгирии соҳаи ангишт аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон корхонаҳои ангиштбарорӣ аз 10-50 ҳазор тонаи замони Шуравӣ, дар солҳои охир 1,5-1,7 млн. тн. ангишт истеҳсол карданд. Ҳамаи ин ба пайдо шудани ҷойҳои нави корӣ воридоти андоз, музди маоши хуб замина фароҳам овард. Ҳоло дар соҳаи саноати куҳӣ 2802 нафар коргарон фаъолият намуда музди миёнаи маош 3535,8 сомониро ташкил медиҳад.

Ин ҳама дастовардҳо аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, амали гаштани стратегияҳо, барномаҳои миёнамуҳлат ва барномаҳои соҳавии қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлолияти комил ва ваҳдати сартосарӣ ба миён омадааст.

Бобоҷонов Ш. Х.

раиси шурои собиқадорони меҳнати ноҳияи Айнӣ

Аъзои Кумиҷроияи ноҳияи Айнӣ