Рубрики
Асосӣ Мақола

АЙНӢ: Саноатикунонии босуръати кишвар

МАҚОЛА: Солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” барои таъмини устувории иқтисодиёт ва зиндагии шоистаи мардум заминаи амиқ мегузорад.

Дар даҳаи охири асри 20 ба мо бузургтарин неъмати зиндагӣ – истиқлолияти томи давлати насиб гашт. Пас аз ҳазорсолаҳо давлатӣ ҳақиқатан милливу соҳибихтиёр ташкил ёфт. Албатта, неъмати бебаҳо ба мо ба осони ба даст наомадааст ва бо ҷонбозиҳо, меҳнати шабонарӯзии фарзандони фарзонаи миллат, бо хуни рехтаи ҳазорон фарзандони шаҳиди тоҷик ба даст омад.

Шукронаи онро мекунем, ки дар он рӯзҳои мудҳиш ба миллати тоҷик Сарвари Раҳнамо, хирадманду дурандеш, вафодору сарсупурдаи Ватану миллат Эмомалӣ Раҳмонро дод. Маҳс бо қудрату матонати ин марди хирад оташи ҷанги бародаркуш хомӯш гашта, тамоми гурезаҳо ба ватан баргардонида шуданд. Зиёда аз он созишномаи оштии миллӣ бо мухолифон баста шуда, истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ пойдор гашт ва дастовардҳои халқи тоҷик таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат дар ин давраи таърихӣ басо назаррас аст ва дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гаштааст.

Маҳз заҳматҳои беназири Президенти кишварро мардуми заҳматпешаи ноҳия эҳсос мекунад, қадру қимати хизматҳои беамсолу бесобиқаи Сарвари Давлатро дар истиқрори сулҳ, ваҳдати миллӣ, бунёди давлати ҳақиқатан миллӣ баъди ҳазорсолаҳо медонад ва онҳоро гиромӣ медорад. Соҳаи саноат яке аз соҳаҳои муҳики кишвар ба ҳисоб рафта, бо василаи рушди ин соҳа сатҳи зиндагии мардум рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, сатҳи бекорӣ дар мамлакат коҳиш меёбад. Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди баланд бардоштани зиндагии шоистаи мардум диққати махсус зоҳир намуда, Солҳои 2022-2026-ро “Солҳои рушди саноат” эълон намуданд. Чунин иқдоми наҷиб, дар бунёди корхонаҳои саноатӣ ва рушди иқтисоди кишвар нақши муассир мегузорад.

Барои равнақу ривоҷи соҳаи саноат ва дигар соҳаҳо қабл аз ҳама азнавсозии инфрасохтор дар мамлакат вазифаҳои аввалиндараҷа ҳисоб меёфт. Дар тули собиқаи кориам ёд дорам, ки ҳангоми оғози кори сохтмони нақби Анзоб (баъди танафуси чандсола,) моҳи майи соли 1999 Сарвари Давлат қайд карда буданд: “Мо бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сохтмони нақб маблағ дарёфт мекунем. Агар маблағ наёфтем, бо нохунҳоямон ин нақбро меканем.” Дар он замон ин кори осон набуд, вале ҳама восита дарёфт гардид, нақб бунёд гардид ва ин оғози ба давлати воҳиду якпорча табдил додани Тоҷикистони азиз буд. Дар хотир дорам, ки ба воситаи нақби Анзоб бо схемаи муваққати ба ноҳия, ба водии Зарафшон барқ дода шуд. Мардум бо барқ таъмин гардиданд, корхонаҳои саноатӣ аз кор намонданд. Ин ҳам бошад ғамхориҳои беназир ба манотиқи куҳистон кишвар маҳсуб меёбад.

Мо мардуми ноҳияи Айнӣ шукронаи сиёсати дурбинонаю мардумпарваронаи Пешвои муаззами миллатро мекунем, ки бо таҷдиду бунёди роҳҳо, нақбҳову пулҳо мо аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо гардидем. Сохтмону амали гаштани лоиҳаҳои таҷдиди шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, Айнӣ-Панҷакент дар ин самт заминаи мустаҳкаме гузошт. Мусаллам ба зикр аст, ки дар тули Истиқлолият беш аз 2,5 млрд сомонӣ лоиҳаҳои сармоягузорӣ аз ҳисоби маблағҳои хориҷӣ ва дохилӣ амалӣ гашт. Ҳамин тариқ хатҳои баландшиддати интиқоли барқи 500 квт Ҷануб Шимол, 220 квт Хуҷанд-Айнӣ, 220 квт Айнӣ-Панҷакент бунёд ёфта ба истиқлолияти энергетикии кишвар ва минтақа заминаи боэътимод гузошт. Ҳамаи ин лоиҳаҳо бо иштироки бевоситаи Президенти кишвар оғоз ёфтаву ба истифода дода шуданд.

Дар давраи истиқлолияти давлатӣ бо раҳои аз бумбасти комуникатсионӣ ва ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ба рушди саноати куҳии ноҳия заминаи боэътимод гузошта шуд. Бо амали гаштани самти стратегӣ–саноатикунонии босуръати кишвар ин соҳа рушду такомул ёфт. Маҳз бо дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат аз 2 корхонаи замони шуравӣ ба 13 корхонаи пуриқтидори саноатӣ расид.

Ва ҳоло дар рӯзҳои наздик корхонаҳои калони саноатии Талко-Голд дар мавзеи Канчоч ва ТВЕА-саноати куҳи дар мавзеи Кумарғ ба истифода дода шуда ба бунёди ду корхонаҳои азими саноатии дигар санги асос гузошта мешавад. Дар соҳаи истеҳсол ва коркарди маъдани сурмадор аз 14 ҳазор тоннаи замони шуравӣ дар солҳои охир то ба 55-63 ҳазор тонна истеҳсоли маҳсулоти саноати дар Корхонаи муштараки Анзоб расонида шуд.

Дар замони истиқлол орзӯи чандинсолаи саноатчиёни ноҳия ҷомаи амал пушида истеҳсоли маҳсулоти ниҳои-металли сурма ва симоб дар “Корхонаи металлургии Анзоб” ба роҳ монда шуд. Дар соли 2021 9622,2 тн метали сурма ва 302 тн метали симоб истеҳсол шуд, ки нисбатан 139,4 ва 170 фоизӣ давраи муқоисашавандаро ташкил дод. Дар ин давра корхонаи нави “Талко-Флюорит” ба истифода дода шуд. Зимнан бояд зикр кард, ки маҳз бо дастгирии соҳаи ангишт аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон корхонаҳои ангиштбарорӣ аз 10-50 ҳазор тонаи замони Шуравӣ, дар солҳои охир 1,5-1,7 млн. тн. ангишт истеҳсол карданд. Ҳамаи ин ба пайдо шудани ҷойҳои нави корӣ воридоти андоз, музди маоши хуб замина фароҳам овард. Ҳоло дар соҳаи саноати куҳӣ 2802 нафар коргарон фаъолият намуда музди миёнаи маош 3535,8 сомониро ташкил медиҳад.

Ин ҳама дастовардҳо аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, амали гаштани стратегияҳо, барномаҳои миёнамуҳлат ва барномаҳои соҳавии қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлолияти комил ва ваҳдати сартосарӣ ба миён омадааст.

Бобоҷонов Ш. Х.

раиси шурои собиқадорони меҳнати ноҳияи Айнӣ

Аъзои Кумиҷроияи ноҳияи Айнӣ

Рубрики
Асосӣ

АЙНӢ: Бар Ватан содиқона хизмат мекунем

Мавсими навбатии даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати Ватан-Модар дар саросари кишвар оғоз гардидааст. Имрӯз як гурӯҳ ҷавонони саодатманди ноҳияи Айнӣ барои адои хизмати Ватан ихтиёрӣ дар назди комиссариати ҳарбӣ ҷамъ омаданд. Дар ибтидо масуъулони кумиҷроия бо даъватшавандаҳо суҳбат ороста, оид ба мавзӯи “Хизмат ба Ватан шарафи ҷавонмардист” андешаҳои худро баён дошта, барояшон барору комёбиҳои беназир таманно карданд. Зикр кардан ба маврид аст, ки зимни мулоқот аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”, “Пайравони Пешвои миллат ва даъватшавандагон бо ҳисси баланди ватандорӣ таҳти шиорҳои “Бар Ватан содиқона хизмат мекунем”, “Хизмат ба Ватан шараф аст”, “Садоқат ба Президент-садоқат ба Ватан” бо садои дилангез ҳамсабақони худро барои ҳимояти Ватан-Модар даъват намуданд.

Рубрики
Асосӣ Мақола

АЙНӢ: Терроризм дур аз идрок аст

МАҚОЛА: Афзоиш ёфтани фаъолияти гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.  Ҳама гуна хавфу хатарҳое, ки дар ҷомеаи имрӯза тавассути терроризм ва экстремизм руҳ медиҳад, моро водор месозад, ки ҳушёриву зиракии сиёсии худро аз даст надиҳем ва барои аз байн бурдани ин гуна ҳаводиси номатлуб, ки ҳазорон нафарро ҳамарӯза ба коми оташи нангини ҷангҳои хонумонсӯз ва таҳмилӣ кашида истодааст,  мубориза барем.

Терроризм ва экстремизм мақсад, ҳадафи асосиашон халалдор кардани амнияти ҷомеа, тарсонидани мардуми осоишта, ба воҳимаву  таҳлука андохтани аҳолӣ ва бо ин васила расидан ба мақсадҳои нопоки худ мебошад. Имрӯз,   ҳар яки мо ҷавононро  мебояд, ки нисбат ба  ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва амалҳои ваҳшонияти созмонҳои ҷиноятӣ мубориза барем.

Асосгузори вулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаммаи суханрониҳои худ доир ба вазъи ҷаҳони муосир суханронӣ намуда,  дар як суханрониашон бо фаъолон иброз намуданд, ки  “Терроризм дар асл, миллат, мазҳаб ва Ватан надораду душмани Худову бандагони Худо мебошад”.  Имрӯзҳо бархе аз гурӯҳҳо барои ба даст овардани манфиат  бо созмонҳои тунрав ҳамкорӣ намуда,  ба сулҳу ваҳдат ва ҳамдилии давлатҳои осоишта , халал ворид месозанд. Вале, нақшаву омолҳояшон ба коми оташ рафта, худ ва наздиконро дар банди ғафлат мегузоранд. Зеро, ҷавонон ва дигар қишри фаъоли ҷомеа аз амалҳои нангини онҳо огоҳ буда,  намегузоранд, ки рӯзгори босаодаташонро доғдор намояд.

Бо чунин ақидаҳо,  боварии комил дорем, ки мардуми кишвари азизамон аз ҷумла ҷавонони даврони истиқлол, хоса ҷавонони саодатманди ноҳия вақти пурқиммати худро ба илмомӯзию забономӯзӣ ва омӯхтани касбу ҳунар сарфа намуда, шомили чунин гурӯҳҳои ифротию террористӣ нахоҳанд гашт. Дар баробари ин, ба хабару гузоришҳои беасоси саҳифаҳои гурӯҳҳои ифротӣ дода нушуда, дигар ҳамсабақони худро ба роҳи нек ва зиндагии осоишта роҳнамо хоҳанд шуд.

А. ҶУРАЕВ

Аъзои гурӯҳи тарғиботии

 КИ ҲХДТ дар н.Айнӣ

Рубрики
Асосӣ

АЙНӢ: Ҳар ки хандонад ятими хастаро..

Дар пайрави аз иқдомҳои наҷибу ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эммалӣ Раҳмон ҷиҳати ба ғамхорӣ фаро гирифтани ятимони кулл дар остонаи таҷлили ҷашни баҳору зебоӣ – Наврӯзи хуҷастапай дар асоси Барқияи воридории Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд таҳти рақами – №24, Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия, дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар ташкилоти ибтидоии “Куҳкан”-и назди кумиҷроия аксияи “Ҳарки хандонад ятими хастаро” баргузор намуд, ки дар кори он, аъзои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, Раиси ноҳия Муродзода Муқим, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Рузибой Раҳимзода, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, директори Корхонаи фаръии Шахтаи “Фон-Яғноб” Сайфуллоев Фирӯзбек, сардори ШВКД ҶТ подполковники милитсия Шодмонзода Шерхон ва дигар фаъолон ширкат намуданд.

Нахуст, раиси ноҳия Муродзода М. аз ташкили чунин чорабинӣ ба КИ ҲХДТ дар ноҳия изҳори сипос намуда, иштирокчиёни аксияро бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ табрику шодбош гуфта, қайд карданд, ки Пешвои миллат дар ҳама баромадҳояшон таъкид менамоянд, ки “Ман ҳеҷ вақт ягон ятими куллро дар нимароҳ намемонам, меомӯзонам, тарбия мекунам ва ба ҳаёти мустақилона гусел менамоям”. Дар идомаи суханронӣ илова намуданд, ки чорабинии мазкур дар баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстию хештаншиносии ҷавонон, ҷонибдорӣ аз ғамхориҳои падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин қишри ҷомеа нақши муассир дорад.

Ҳамзамон, раиси кумиҷроия, директори КФ Шахтаи “Фон-Яғноб” табрикоти хешро ба иштирокчиёни аксия расонида, аз ҳар яки фаъолон даъват ба амал оварданд, ки чунин ташаббусҳоро сармашқи кори хеш намоянд. Баъд аз суханрониҳо аз ҷониби раиси ноҳия, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва кумиҷроияи ноҳия ба 19 нафар ятимони кулл туҳфаҳои пулӣ, сару либоси мактабӣ ва дига анвои Наврӯзи тақдим карда шуд.

Қобили зикр аст, ки вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Айнӣ Сайфуллоев Ф., ки аз ҷониби ҲХДТ пешбарӣ гардидаанд, иқдомоти хайрхоҳонаи Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ намуда, ба оилаҳои ниёзманд, ятимони кулл ва дигар табақаи ҷомеа кӯмакҳои моливу пулӣ намуда, дар некуаҳволии зиндагии халқ саҳми босазо гузошта истодаанд.

Боиси қайд аст, ки нимаи рӯз, 19 нафар ятимони кулл дар маркази ноҳия сарҷамъ омада ба Ҷамоати шаҳраки Зарафшон сафар намуданд. Зимни ташриф ба шаҳрак, ятимони кулл аз Мактаби санъати бачагонаи рақами №2-шаҳраки Зарафшон ба номи Нозимҷон Нозимӣ, мавзеҳои ёдгории таърихии шаҳрак, Муассисаи давлатии таълимии “Литсеи касбӣ- техникии ноҳия, дидан намуданд. Масъулони шаҳраки Зарафшон-1 ва директори литсей оид ба самтҳои фаъолият, дастовардҳои донишҷӯён ва ёдгориҳои таърихии Ҷамоати шаҳрак маълумоти муфассал дода, ятимони куллро бо туҳфаҳои Наврӯзи қадрдонӣ намуданд.

Дар интиҳо, иштирокчиёни аксия-Бобоева Сумая, Мирзоев Эмомалӣ, Норов Облоназар, Сангинова Рухшона изҳори миннатдории хешро ба Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расониданд, ки нисбати мо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, намегузоранд, ки танҳоиро эҳсос намоем. Дар ҷавоби чунин ғамхориҳои судманд талош менамоем, ки бо баҳои хубу аъло хонда, дар поянда нигоҳ доштани сулҳу Ваҳдат ва ҳамдилии меҳани биҳиштосо – Тоҷикистон саҳми назаррас гузорем.

 

 

 

 

 

Рубрики
Асосӣ Мақола

АЙНӢ: Дар ҷаҳон Модар, маро монанди ту ғамхор нест

МАҚОЛА: Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар як таманниёти хеш бахшида ба Рӯзи модарон иброз намуданд, ки “Модар ягона мавҷуди мушфиқу ғамхор ва мӯнису меҳрубонест, ки ба фарзанд ҳаёт мебахшад, ба ӯ сухан гуфтану роҳ рафтанро ёд медиҳад, ӯро тарбия мекунад ва дар раванди тарбия дар қалби фарзанди худ эҳсоси муҳаббату самимият, некиву накӯкорӣ ва инсондӯстиро ба вуҷуд меоварад, барои босаводу соҳибмаърифат ва соҳиби касбу ҳунар шудани нури чашмонаш саъю талош менамояд”.

Яъне Модар барои ташаккули маънавии фарзанд шабонарӯз заҳмат мекашад, тамоми умри худро бо ғаму шодии ӯ сипарӣ менамояд ва ҳамеша дар орзӯи хушбахтии фарзандаш аст. Модар то вақте, ки дар қайди ҳаёт аст, фарзанд барояш мисли ҳамон тифлаки азизу ширини дирӯза аст: ӯро навозишу эҳтиёт мекунад ва ҳаргиз намехоҳад, ки доғи фарзандашро бинад. Ба ибораи дигар, Модар фарзанди худро бо тамоми вуҷудаш дӯст медорад, зеро фарзанд маънои ҳастии ӯ ба ҳисоб меравад. Боиси тазаккур аст, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қадру манзаллати Зан-Модар эътибори хоса зоҳир гардида, дар баробари мардон баланд бардоштани ҳуқуқи занон, аз байн бурдани хушунати оилавӣ ва дигар масоили рӯзгору ҷамъиятиву давлатӣ тадбирҳои судманд роҳандозӣ гардиданд.

Президенти мамлакат зимни ироаи Паёми соли 2021 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулини марбута дастур доданд, ки бо мақсади дастгирии минбаъдаи занону бонувон “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” ва нақшаи амалисозии онро барои солҳои 2021- 2025 таҳия ва амалӣ намоянд. Тавсеа бахшидан ба раванди иштироки занону бонувон дар рушди иқтисодии кишвар, зиёд кардани ҳаҷми грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок барои занону бонувони соҳибкор аз ҷумлаи чорабиниҳое мебошанд, ки имрӯз аз ҷониби Ҳукумати мамлакат амалӣ шуда истодаанд.

Модари тоҷик дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон садҳо ва ҳазорон фарзандони фарзонаву донишманд, ҷоннисору қаҳрамон, далеру ҷасур, ҷавонмарду диловар ва ватандӯсту ватанпарварро ба дунё овардааст, онҳоро тарбия карда, ба камол расонидааст ва барои хизмат ба мардум ва ҷомеаи башарӣ дуои нек додааст. Саҳми модарони тоҷик имрӯз низ дар тарбияи фарзандони бонангу номус ва ватандӯсту ватанпараст бузург мебошад. Фарзандони тарбиякардаи модари тоҷик ҳоло бо заҳмати бунёдкорона ва ташаббусҳои созандаашон давлати соҳибистиқлол ва Ватани аҷдодиамонро обод карда, мақому манзалати Тоҷикистони соҳибихтиёрро торафт баланд бардошта истодаанд.

Зан-Модар нурафшони хона, шодию сурури кӯдакон, кадбонуи хонадон, сарчашмаи меҳру вафост.

Ба таъби шоири ширинкалом Улмас Ҷамол:

Дар ҷаҳон, модар, маро монанди ту ғамхор нест,

Меҳрубон, мӯнис, ҳабиб, дилбанду дилбардор нест.

Ҳамчу нури дидаву чун шаҳди гул пинҳон будам,

Сурати инсонӣ додӣ, заррае асрор нест.

Даст пеши бар ба пои ту ҳамеорам суҷуд,

Кас чу ман бар хизматат дар ҳар нафас тайёр нест.

Беқиёсӣ, модарам, дар байни модарҳои даҳр,

Гирди ман парвонаӣ, як заррае озор нест.

Сӯзу созат аз ғаму аз шодмонихои ман,

Ҷуз нишотам доруе бар дарди ту даркор нест.

Ҳарфи ту қаймоқи ҳар як сӯҳбату ҳангома аст

Чун каломат шахдрезу рӯхнавоз ашъор нест.

Гар бигӯям меҳрат оташ, сӯзад аз ин гап забон,

Меҳри ту худ офтобе, ки ба ташбеҳ зор нест.

Бузургон, рисолати муқаддаси зан-модарро бо унвонҳои мураббӣ, тарбиятгари ҷомеа ва оила маънидод намуда, баъд аз парвардигор модарро офарандаи ҳаёт унвон додаанд. Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки модарони тоҷик аз неъматҳои истиқлолияти давлати азизамон баҳравар гардида, дар гул-гулшукуфоии меҳан бо нигоҳи нек нигариста, дар баробари мардон дар ободии он нақши назаррас мегузоранд.

Бонувони саодатманду боматонати ноҳияи Айнӣ, хоса аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки 40% аъзоёни Ҳизбро дар бар мегиранд, дар рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳангу иқтисод адои вазифа намуда, чун Пайрави асили Пешвои миллат дар некӯаҳволии халқ саҳми бориз гузошта истодаанд. Аз он ҷумла, модарони заҳматқарину мушфиқу ғамхору устувор дар ҷодаи фаъолият – Мавҷуда Валиевна Бобоева, Зокирзода Гулсара, Насриддинова Муҳаррама, Шоира Бобоева, Муҳиддинова Бибисаид, Узбакой Каримова, Ҳоҷимо Давронова, Раззоқова Фирӯза, Ибодова Зулфия, Туйғунова Туҳфа, Ҷумаева Муборак, Шокирзода Меҳринисо, Сайёрахон Халифаева, Муродова Қундузой, Бадалова Латифа, Холиқова Турсуной, мутахассисони ҷавон Таҳмина Назарова, Зокирова Нигора, Хоҷаева Парвина ва дигар фаъолзанон дар баробари бори гарони зиндагӣ, дар амалисозии иқдомҳои бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар меҳнати софдилона намуда, чандин мутахассисони ҷавонро дар роҳи Ватандориву гиромӣ доштани арзишҳои миллӣ тарбия карда истодаанд, ки бо василаи кордониву қобилияти баланди ташкилочигӣ, меҳрубониву самимият ва ҳунармандиву маърифати баланди худ маҳбуби дилҳо мебошанд.

Дар бораи зан-модари тоҷик қаламу матлаб кифоягӣ нахоҳад кард. Як шаба ранҷе ки модарон барои фарзанд мекашанд, дар ду ҷаҳон натавон баркашид. Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш кулли аъзоён, модарони ғамхорро бахшида ба фарорасии баҳори нексиришт ва “Рӯзи Модар” табрику шодбош намуда, хотири ҷамъу рӯзгори босаодатро барояшон таманно менамоям.

Раиси КИ ҲХДТ

дар ноҳияи Айнӣ

Рузибой Раҳимзода

Рубрики
Асосӣ

АЙНӢ: Ҷону дил фидоӣ як муддаои Модар

Дар партави ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди дастгирии собиқадорон, ниёзмандон, масъулини кумиҷроияи ноҳияи Айнӣ бахшида ба Рӯзи Модарон таҳти унвони “Сад ҷону дил фидои як муддаои модар” собиқадорони меҳнат ва маъюбону ниёзманданро ба фарорасии баҳори хуҷастапай ва Рӯзи Модарон табрику шодбош намуданд.

Қобили қайд аст, ки собиқадорон, ниёзмандон аз ғамхории бемисли Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ пайваста бархӯрдор гардида, зимни мулоқот собиқадорон ва гирандаи нафақаи ҳизбӣ Анисаи Улҷӣ миннатдории хешро ба роҳбарияти давлат расониданд, ки ҳамеша дар фикри собиқадорони меҳнат ва шахсони дорои маъюбиятдошта ҳастанд. Баъд аз расонидани таманниётҳо туҳфаҳои хотиравӣ ва нафақаи ҳизбӣ дастрас карда шуд.

Дар идомаи иқдомоти мазкур аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” аксияи “Меҳрнома” –ро доир намуда, варақаҳои табрикотиро ба модарони ғамхору мушфиқи ноҳия тақдим намуданд.

Аксҳо аз ҷараёни чорабиниҳо…

Рубрики
Асосӣ

АЙНӢ: Як пораи ҷони ман аст

Таҳти чунин унвон масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ бахшида ба 29-солагии таъсисёбии Артиши миллиии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар МТМУ №46-и дашти Сангистони Ҷамоати деҳоти Айнӣ вохӯрии судманд доир намуда, оиди даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии ҷавонон аз таълимоти ғайрирасмӣ, баланд бардоштани сифати таълим, ба забономӯзи ҷалб намудани ҷавонон ва баланд бардоштани донишҳои сиёсии онҳо ибрози ақида карда шуд.

Боиси зикр аст, ки дар идомаи вохӯрӣ, тибқи нақшаи кумиҷроияи ноҳия дар байни аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” бозиҳои “Шашка” ва “Шоҳмот” баргузор карда шуда, ҷавонони фаъол барои идомаи баргузории чорабиниҳои ташкилот пешбарӣ карда шуданд.

Рубрики
Асосӣ

АЙНӢ: Ҷалби ҷавонон ба иқдомҳои созанда

Имрӯз масъулуни Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ бо аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и МТМУ №1-и маркази ноҳия мулоқоти судманд доир намуданд. Дар вохӯрӣ оиди баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ андешаронӣ карда шуд. Инчунин, дар ҷараёни мулоқот аз устодон даъват ба амал оварда шуд, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати дониши толибилмон таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа зоҳир намуда, лаёқатмандонро дар озмунҳои фаннӣ, чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ, варзишӣ ҷалб намоянд.

Вохӯриҳо дар ташкилотҳои ибтидоии назди кумиҷроия бомаром идома дошта,  хонандагони фаъол ихтиёри ба сафи ТҶҶ “Созандагони Ватан” дархостҳои худро пешниҳод намуда истодаанд.