Дар толори Театри мусиқӣ-драмавии ба номи М.Воҳидов ҳамоиши Албом -эстафета таҳти унвони “30-соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода, собиқадори ҳизб, дотсенти ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Солиҷонов Нодирҷон, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Хушнуд Каримзода, собиқадорони ҳизб, наврасону ҷавонон аз ҷумла: гирандагони стипендияҳои Президентӣ, ноҳиявӣ, варзишгарон, хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилоту идораҳо ва аъзоёни ТТҶ “Созандагони Ватан”-и назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт ҳузур доштанд.
Чорабинӣ бо садо додани “Суруди миллӣ” ифтитоҳ гардид.
Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Каримзода Хушнуд Каримӣ меҳмононро ба ноҳия хайрамақдам намуда, суханро ба раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон дод.
Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон дар навбати худ тамоми мардуми ноҳияро ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, доир ба моҳияти Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи ниҳоят ҳассос ва мураккаби таърихӣ зимоми давлатдориро бо як умед, нияти пок, ҳисси баланди ватанпарастӣ, хештаншиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва бо мақсади сарҷамъ намудани миллате, ки хатари парокандашавӣ таҳдид мекард бар дӯши худ гирифта буданд, андешаҳои худро иброз намуданд.
Сипас, Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода дар баромади худ ёдовар гардиданд, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон руйдоди хеле муҳими таърихӣ буда, маҳз ҳамин иҷлосия тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардида, суи ҳадафҳои стратегии бузурги умумимиллӣ-сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ қадами нахустин гузошта шуданд. Ҳамчунин, доир ба чор ҳадафи стратегии кишвар ва дигар дастоварҳои назарраси соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳияро дар даврони Истиқлоият мавриди зикр қарор доданд.
Инчунин, собиқадори ҳизб, дотсенти ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Солиҷонов Нодирҷон низ дар суханронии хеш аз иқдому ҳидоятҳои неки Сарвари давлат ва корҳои созандагиву ободонӣ, дастовардҳои назарраси ноҳияро дар тули солҳои соҳибистиқлолӣ фоли нек дониста, аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки дар ободии диёри хеш ҳиссагузор бошанд.
Ҳамзамон, баромадкунандагон оид ба вазъияти мураккабу ҳассос дар марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлати ҳамсоя Қирғизистон ҳарф зада, нооромиҳое, ки аз ҷониби мардуми Қирғизистон шудаистодаро маҳкум намуда, ҳамаро ба сулҳу оромӣ даъват намуда, иброз доштанд, ки як порча замини Ватани азизамонро ҳаргиз нахоҳем дод.
Пас аз суханронии меҳмонон маросими ваъдаи тантанавии 20-нафар ҷавононе, ки нав сафи аъзогии ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт қабул шуданд, баргузор гардида, ба 20-нафар Шаҳодатномаи аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва ба 10-нафар ҷавонони нав ба сафи ҲХДТ аъзо гардида, Шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.
Дар охир, барои баланд бардоштани нуфузи ҳизб дар ҷомеа, саҳми арзанда гузоштан дар рушди босуботи кишвар, тарғибу ташвиқ намудани ғояҳои созандаи ҳизб якчанд нафар собиқадорону аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и назди Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуд.