Рубрики
Асосӣ Мақола

Бобоҷон Ғафуров: Худшиносӣ – омили пешгирии ифротгароӣ

Дар  шароити  имрӯза  зуҳури   ифротгароӣ  ба  мушкилиҳои  алоҳида  ва  аҳли  башар  табдил  ёфтааст.  Ин мушкилот  тамоми  аҳли  башарро  ба  таҳлука  ва  ташвиши зиёде  овардааст. Аз  ин  рӯ  пешгирӣ  аз  ифротгароӣ  ва  тундгароӣ  яке  аз  ҳадафҳои  муҳим дар шароити  имрӯза  ба ҳисоб меравад.

Ҳолати гаравиши  бархе  аз  ҷавонони   кишвар  ба ифротгароию тундгароӣ моро  ба  он  водор  месозад,  ки ба тарбияи  насли  оянда  диққати  махсус  диҳем. Дар  ин самт тарбия ва  тақвияти  ҷавононро  нисбат  ба  худшиносию  худогоҳӣ  бисёртар  намоем. 

Аввалан  худшиносию  худогоҳии ҷавонон  онҳоро  зираку  ҳушёр  мекунад  ва  имкон  намедиҳад,  ки  ҳар  гуна созмону  гурӯҳҳои  бадхоҳ   онҳоро  ба  доми  худ  кашад. Ҷавонони  худогоҳ  ва  худшинос  нақшаҳои махсуси  худро доранд  ва ба ҳар  гуна  нақшаҳои  дигарон  пайваст  намешаванд.  Мегӯянд, ки  ҳар  шахсе,  ки  дар зиндагӣ  нақшаю  мароми худро  надорад,  дер  ё  зуд   асири   нақшаи дигарон  мегардад. Бинобар  ин бояд  ҷавонони мо  тарбияи  худшиносию  худогоҳӣ дошта бошанду,  самти  зиндагиашонро бо нақшаҳои  худ  муайян  кунанд,  то  ки  асири   дасти  дигарон  ё  нисфи  нақшаи  бадхоҳон,  махсусан  ифротгарону  хоинони  Ватан  нагарданд.

Нафари  худшинос дар  ягон ҳолат амали  ноҷо,  ифротӣ ва  хоинӣ намекунад. Ӯ  аз  натиҷа  ва  пайомади  ҳар амале,  ки  анҷом  медиҳад,  огоҳ  аст ва  пой  ба  ягон  амали  ноҷо ё  кори  бад  намегузорад.  Шахси  худшинос сиёҳу  сафед,  савобу  гуноҳ  ва  осудагиву  парешониро  аз  ҳамдигар  ҷудо карда  метавонад.

Дар  шароити  имрӯза  моро  зарур  аст,  ки  ҳар  чӣ бештар ба  тарбияту тақвияти   худшиносӣ  ва  худогоҳии насли  наврас  аҳамияти  ҷиддӣ  диҳем.  Моро зарур аст,  ки насли  ояндаро  бо донишҳои  зарурии   муосир  шинос  намуда, тавонбиниии  онҳоро  тавре ба роҳ монем, ки дар  оянда  ҳадафу нақшаҳои  шахсии  худро  амалӣ  карда  тавонанд. Донишу  захираҳои  илмии  худро баҳри  созандагӣ ва  ободии  кишвар истифода  карда бошанд. Ҳамчунин  худшиносиву  худогоҳӣ  яке  аз  кафолатҳои  пешгирии   шомилшавии  ҷавонон ба ҳар  гуна  ҳизбу ҳаракатҳо мебошад.

Негматҷонова С – масъули  КИ ҲХДТ дар  ноҳияи  Бобоҷон  Ғафуров

Рубрики
Асосӣ Мақола

Бобоҷон Ғафуров: Таълиму тарбия вазифаи муқаддаси ҳар як падару модар

“Мо бояд як чизро амиқ дарк намоем, ки дар тарбияи инсон пеш аз ҳама ва беш аз ҳама оила нақш мегузорад ва ҷараёни ташшаккули ҳамаи хислатҳои неку бади инсон асосан дар оила ибтидо мегирад. Ба дарки ин масъала падару модарон  бояд масъулияти бузургро, ки дар тарбияи фарзандони худ  ба дӯш доранд, пурра эҳсос кунанд”.

                                                                        Эмомалӣ Раҳмон

Таълиму тарбияи фарзанд яке аз бузургтарин вазифаи волидон ба ҳисоб меравад. Тарбияи фарзанд аз рӯзи чашм ба олами ҳастӣ кушоданаш оғоз меёбад. Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ дар мавриди тарбияи фарзанд мегӯяд, бачае, ки дар оила хуб тарбия меёбад бачаи хуб ба воя мерасад. Аз ин гуфтаҳо хулоса кардан ба маврид аст, ки тарбияи дурусти фарзанд аз волидон вобастагии калон дорад.

Дар кишвари мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” фаъолият мекунад, ки ин қонун  2-уми августи соли 2011 таҳти №762 қабул карда шудааст. Мақсад аз қабули қонуни мазкур беаҳамият набудани волидон дар таълиму тарбияи фарзандон мебошад.

Тибқи ин қонун волидон ба амалҳои ғайриқонунии фарзандон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Аз ин хотир аксар волидон баъди қабули қонуни мавриди назар  дар таълиму тарбияи фарзандони худ диққати махсус доданд.

Агар волидон дар оилаи хуб тарбия гирифта бошанд ва саводи хуб дошта бошанд онҳо кӯшиш мекунанд, ки фарзанди худро низ боодобу  ботамиз ба воя расонанд. Беҳуда нагуфтаанд фарзанди нек боғи падар, фарзанди бад доғи падар. Фарзандоне, ки дар оила тарбияи хуб ёфтанад кӯшиш мекунанд то дигарон низ дар чунин роҳ ба воя расанд.

Аз қабули Қонуни ҶТ “Дар бораи  масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” 10  сол пур шуда бошад ҳам, мушоҳидаҳо собит месозад, ки иддае аз волидон дар тарбияи фарзандон ҳоло низ беаҳамиятӣ мекунанд. Беаҳамиятии онҳо то ҷое мерасад, ки фарзандони онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ шомил мешаванд ва ҳаёти худро зери хатар мегузоранд.

Бинобар  ин  ҳамаи  моро зарур аст,  ки  оиди тарбияи  насли  наврас  бетараф  набошем ва  баҳри  тарбияи  дурусти насли  ояндасоз саҳми босазо  гузорем.

 Аъзои  фаъоли  ҳизб дар  ноҳияи Бобоҷон  Ғафуров

Рубрики
Асосӣ

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Садоқат ба пешвои миллат – меҳру эътиқод ба ватану миллат

Маҳбуби ҷаҳониву ҳабиби Ватанӣ,

Бар ҷумлаи дардҳо табиби Ватанӣ,

Гуфтӣ, ки ман аз баҳри Ватан мемирам,

Аз баҳри Ватан бизӣ, ки зеби Ватанӣ.

Боиси ифтихори бузург ва сарфарозии мову Шумо сокинони Тоҷикистони азиз аст, ки дар таърихи навини миллатамон рӯзи 16-ноябр ҳамчун санаи хотирмон ва таърихӣ сабт гардидааст, зеро дар ин рӯзи муборак Иҷлосияи тақдирсоз, ҷаласаи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1992 оғоз гардида, барои ҳаёти минбаъдаи сокинони ин марзи муқаддас таъсири волои худро гузошт. Аз ҳама муҳим, дар ин Иҷлосия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, аз ҳамон рӯз инҷониб ин шахсияти ватандӯсту дурандеш ва хирадманду тавоно барои муттаҳид намудани мардум, таъмини сулҳу суботи комил ва рушди ҳамаҷонибаи кишвар саъю кӯшиш менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марди оқилу хирадманд ва боматонату ҷасур ҳастанд, ки ҳамеша барои беҳтару хубтар намудани сатҳи зиндагии мардум мекӯшанд.

Ғамхорӣ барои ояндаи миллат, далерию шуҷоат, дарки вазъияти пурхатари ба амал омада, қабули қарорҳои таъҷилӣ барои ҳифзи тартиботу мудофиа, иҷтимоиёти аҳолӣ ӯро сазовори маҳбубияти халқи кишвар гардонида, билохира дар лаҳзаи тақдирсози Ватан дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Шӯрои олии кишвар интихоб гардид ва бо ҳамин тақдирашро як умр ба тақдири халқу ватани хеш пайваст. Аз ин рӯ мо бояд шукр гуем, ки дар рӯзҳои бениҳоят вазнин Худованд ба мо сарвареро насиб гардонд, ки хизмати Ватанро барояш арзиши олӣ ҳисобида, бо меҳру садоқат халқу оламро огаҳ сохт, ки баҳри хизмати Ватан омода аст ҷонашро нисор кунад.

Роҳбари давлат дар рафъи мушкилоти ниҳоят сахту сангини сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии кишвар бо иродаи мустаҳкам ва азми қавӣ қадам гузошта, барои расидан ба натиҷаҳои назаррас басо хизматҳои шоён намудааст. Хизматҳои бузург, содиқона ва бебозгашти Сарвари кишвар дар назди халқу Ватан аз ҷониби аҳли ҷомеа кайҳост, ки комилан эътироф шудааст. Имрӯз халқу миллати тоҷик ифтихорманд аз он аст, ки чунин роҳбаре, ки наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ ва Пешвои эътирофшуда насибаш гаштааст. Мо боварии комил дорем, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон ҳар гӯшаву канори диёри мо ободу зебо ва бо рушди бесобиқа вусъати тоза мегирад.

Мо кулли мардуми кишвар ҳеҷ гоҳ далерию корнамоиҳо ва шуҷоатнокии Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз хотир фаромӯш намесозем ва ҳамеша дар пайи амалҳои неки ӯ бошем. Мо бо Пешвои миллати худ ифтихор мекунем.

Бигзор ҳамеша дар Тоҷикистони азизи мо сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ, озодиву соҳибихтиёрӣ ва рушди ҳамаҷонибаи кишвари азизамон абадан пойдор бошад.

Негматҷонова Саёҳат,

мудири бахши умумии КИ ҲХДТ

дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Рубрики
Асосӣ

Бобоҷон Ғафуров: Суратгузориш аз рафти таҳлили аъзоҳаққӣ ва муқоисакунии аъзои ҳизб дар ташкилотҳои ибтидоӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Рубрики
Асосӣ

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Дастгирии маъюбон савоб

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти  Ҳизби  Халқии  Демократии Тоҷикистон  беҳтар кардани шароити зиндагии мардум ва мусоидат баҳри беҳбудии самти иҷтимоӣ мебошад. Ба дигар маънӣ,  ин ҳизби ифодакунандаи ормонҳои мардум амният ва некӯаҳволии инсонро дар сархати сиёсати хеш қарор додааст.

            Дар асоси сиёсати инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  Раиси   кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров якҷоя бо вакилони халқ, соҳибкорон, саховатмандон ва аъзоёни ҲХДТ   ба муносибати Иди саиди  Қурбон, бо мақсади дастгирии  оилаҳои камбизоат,  шахсони яккаву танҳо ва маъюбону  ятимон аёдатро  ба роҳ монда,  аз  ҳоли  чунин  оилаҳо дидан  намуда,  бо  маводҳои  хӯрокаи  рӯзмара  таъмин  намуданд.

Рубрики
Асосӣ

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Баргузории мулоқоти судманд оид ба масъалаҳои мубрами рӯз

Ҳифзи арзишҳои Истиқлоли давлатӣ, соҳибихтиёрӣ, якпорчагии Ватани азизамон ҳадафи аслии тамоми сокинони сарбаланди Тоҷикистони азиз ба ҳисоб меравад.

Таҳаввулоту ҳодисоте, ки вақтҳои охир дар дунё ба амал омада истодаанд, моро ҳушдор медиҳанд, ки ба масъалаи пок сохтани ҷомеа аз унсурҳои ҷиноятпеша, муборизаи беамон бо ҷинояткории муташаккил, пешгирӣ кардани содиршавии ҷинояту бетартибиҳо аз ҳарвақта бештар аҳамият диҳем. Мушоҳида мегардад, ин табақаи бонуфузи ҷомеа, ҳазорон нафар кормандони муассисаҳои таълимӣ, яъне аҳли зиё, падару модарон ва шахсиятҳои обрӯманд дар решакан кардани ҷинояткорӣ, тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, хештаншиносӣ, дар ҳақиқат дӯст доштани Ватан, дастгирии падару модар, пешгирӣ кардани фарзандон, хешу табору пайвандон ва ҳамдеҳагони худ аз алоқамандӣ бо муомилоти ғайриқонуниву истеъмоли маводи мухаддир, қочоқи силоҳ, қонуншиканӣ, бетартибӣ ва ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ як навъ мавқеи бетарафиро ишғол намудаанд.

Доири  ин  масъалаҳо  субҳи  имрӯз  дар  ташкилоти ибтидоии  ҲХДТ дар  Беморхонаи марказии  ноҳия вохӯриии  судманд  баргузор  гардид. Дар   вохӯрӣ муовини  Раиси  КИ ҲХДТ дар  ноҳияи  Бобоҷон Ғафуров  Зоҳидов  Алиҷон  иштирок  ва суханронӣ  намуда,  қайд намуданд,  ки  ҳамаи моро зарур аст, ки ба масъалаи сатҳу сифати корҳои тарбиявӣ, ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва инсондӯстиву рафоқат тарбия кардани ҷавонон ва таъмини ҳатмии волоияти қонун диққати боз ҳам бештар диҳем.

Рубрики
Асосӣ

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Минбари асосии тарғиби ҳадафҳои созандаи ҳизб

Нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Сухани халқ”  баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои сиёсӣ, баланд бардоштани маърифати ҷомеа, ҷиҳати саривақт расонидани қарору фармоиши роҳбарияти олии ҳизб ва барои тақвияту самаранок пеш бурдани фаъолияти ҳизбӣ саҳми муассир доранд.

Бо дастури бевоситаи  Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Сухани халқ”, ки минбари асосии тарғиби ҳадафҳои созандаи ҳизб маҳсуб меёбад,  эътибори хосса додан мувофиқи мақсад аст.

Баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ  ба нашрияҳои ҳизбӣ “Минбари халқ” ва “Сухани халқ” ситоди  Обуна- 2023 дар КИ ҲХДТ ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташкил гардид. 

Рубрики
Асосӣ

Бобоҷон Ғафуров: Идомаи баргузории мачлисхои хисоботи-интихоботи.

Дар ташкилоти ибтидоии боги миллии “Вахдат” мачлиси хисоботи-интихоботи баргузор гардид. Дар кори мачлис мутахассиси шуъбаи таблигот ва иттилооти КИ ХХДТ дар вилояти Сугд Ахмедова Ëсуман, муовини Раиси КИ ХХДТ дар нохияи Бобочон Гафуров Аличон Зохидов иштирок намуданд.

Сараввал раиси ташкилоти ибтидои мехмононро хайрамакдам намуда, сипас ба кори мачлис шуруъ намуд.

Аз руйи масъалаи якуми мачлис раиси ташкилот оиди фаьолияти яксолаи худ маълумот дода, ваъда дод, ки минбаъд низ дар ин самт корро чоннок намуда, сафи аъзоëни хизбро аз хисоби кормандони ташкилот боз хам зиëд менамояд.

Хамаи масъалахои дар мачлис чой дошта, бо навбат барраси гардид ва оид ба он карорхои дахлдор кабул карда шуд.

Дар охир мутахассиси шуъбаи таблигот ва иттилооти кумитаи ичроияи вилояти Ахмедова Ëсуман баромад намуда, фаъолияти ташкилоти ибтидоии боги миллии “Вахдат”-ро худ арзëби намуд. Сипас, хамаи аъзоëни хизбро бо чашнхои миллии омадаистода, чашни 25-солагии Вахдати милли ва хам 30-солагии Ичлосияи такдирсоз самимона табрик намуда, ба фаъолияти минбаъдаи кормандони ташкилоти номбурда барору комëби ва муваффакиятхо таманно намуд.

Рубрики
Uncategorized

Н. БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Пешгирии падидаҳои номатлуб

Дар Маркази саломатии деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки намояндагони кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба пешгирии ҳодисаҳои номатлуб мулоқот доир гардид.

Дар рафти мулоқот зикр шуд, ки терроризм ва ифротгарӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба муаммои ҷиддитарини инсоният табдил ёфтааст. Бояд ҳар як шаҳрванди баору номуси кишвар ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашавад. Ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсии ҷомеа мо ҳама бояд муттаҳид бошем ва ба фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ ҳаматарафа мусоидат намоем.

Мрӯз ҳар як фарди ҷумҳурӣ бояд дарк намояд, ки ошкору бартараф намудани зуҳури ин гуна амалҳои номатлуб на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди бономуси миллат мебошад.

Рубрики
Асосӣ

Н. БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии “бн №2”

   Маҷлисҳои   ҳисоботӣ-интихоботӣ  дар  ноҳия бомаром  идома  дорад.  Санаи 14.06.2022 низ дар ташкилоти ибтидоии “БН №2” маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид.

Ёдовар мешавем, ки дар маҷлиси  ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти ибтидоӣ  масъалаҳои зерин  мавриди баррасӣ қарор  дошт:

1.Ҳисоботи ташкилоти ибтидоӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда;

2. Тасдиқи нақшаи кории ташкилоти ибтидои ҳизбӣ  барои нимсолаи дуюми соли 2022;

3.Интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ;

4. Интихоби вакилон ба конференсияи ҳисоботӣ- интихоботии ташкилоти ҳизбӣ дар  шаҳри Хуҷанд;

5. Масъалаҳои ташкилӣ.

  Дар маҷлис намояндагон  аз кумиҷроияи  ноҳиявӣ, Раиси ташкилоти ибтидоии мазкур Баротов Иномҷон  ва аъзоёни фаъоли  ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ иштирок намуданд.

 Тибқи масъалаи якум ва дуюми рўзномаи маҷлис натиҷаҳои фаъолияти ташкилот аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 баррасӣ шуда, нақшаи фаъолияти он барои нимсолаи дуюми соли 2022 муайян гардид.

   Дар асосӣ масъалаи сеюми   рўзномаи маҷлис  бошад бо тарафдории аъзои ташкилот Баротов  Иномҷон  дигарбора раиси ташкилоти ибтидоии “БН №2 ” интихоб шуд.

Аз рӯи масъалаи чорум дар маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ 3 нафар вакилон  аз аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ  ба конференсияи ҳисоботӣ – интихоботӣ ҲХДТ дар шаҳр интихоб гардиданд.

   Дар идома намоянда аз  кумиҷроияи ноҳиявӣ  Акбарзода Маъруф  суханронӣ  намуда, раис  ва  аъзоёни навинтихобшударо табрик  намуда,  ҳисоботи ташкилоти ибтидоиро қаноатбахш ҳисобид ва  иброз дошт, ки  сулҳу ваҳдат, ҳизби пешрафт ин ҳама шукуфоии Ватани мост. Дастгирии ҳаматарафаи аъзои ҳизб, бо кор нишон додани хеш, ташаббускорӣ, ватандӯстӣ ва миллатпарварӣ, такя намудан ба шахсони боистеъдод ва бофарҳанг, тарбия кардани кадрҳои ҳозиразамони сиёсӣ,  мусоидат кардан ба пешрафти Тоҷикистони азиз мақсади асосии Раиси ҳизб ва ҳамаи аъзоёни он мебошад. Инчунин, бобати тақвият бахшидани фаъолияти ҳизбӣ, вусъат додани корҳои созандаию бунёдкорӣ тавсияҳои муфид дода шуд.

Дар  охир  дар  вазъияти тантанавӣ ба  якчанд  аъзоёни  фаъол  Сипосномаи  КИ  ҲХДТ дар  ноҳияи  Бобоҷон  Ғафуров  супорида шуд.