Рубрики
Асосӣ

Деваштич: Оила- сутуни ҷомеа!

     Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич бо мақсади мустаҳкамии оилаҳои ҷавон, пойдор будани фазои якдигарфаҳмӣ дар оила, пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон ва роҳ надодан ба ҳама гуна ҳодисаҳои номатлуб, хушунату зӯроварӣ дар оила  тасмим гирифтанд,ки ташрифи оилаҳоро роҳандози намояд.

     Аз ин лиҳоз бахшида ба Рузи оила ба оилаи намунавии сокини деҳаи Лолазори Ҷамоати деҳоти Яхтан  Мамадалиев Аҳмадҷон ташриф оварданд. Оилаи Мамадалиевҳо мувофиқи Ҷамоат оилаи намунави ва ибратбахш эҳтироф гардидааст. Зеро, ки ин марди ҳунар, сардори оила Мамадалиев Аҳмадҷон мутахассиси соҳаи кишоварзӣ буда, барои пешрафти соҳаи хоҷагии қишлоқ саҳми арзанда гузоштааст.

   Таҷрибаи зиндагии 50- сола дошта соҳиби 5-фарзанд, 18- нафар набера ва 2-абера мебошанд. Фарзандонашон дар соҳаҳои гуногун кору фаъолият бурда истодаанд. Кору пайкор ва зиндагиномаи ин марди ҳунар намунаи ибрати насли ҷавон аст.

Рубрики
Асосӣ

Деваштич: МУЛОҚОТУ ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ КОРИИ КИ ҲХДТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД ДАР ҶАМОАТҲОИ ШАҲРАКУ ДЕҲОТИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ

   Дар  асоси дастури супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар доираи сафари навбатии кориашон ҳангоми мулоқот бо фаъолони шаҳру ноҳияҳо иброз доштанд ва ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд аз санаи 21.04.2022 сол мулоқоту вохӯрии гурӯҳи кории вилоятӣ дар ҳайати мудири шӯъбаи занони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, роҳбари гурӯҳ –  Заррина Раҳмон, декани факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Иброҳим Ҷабборов, инчунин раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич Равшаной Маъмурзода ва мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия Мақсуда Шарофзода   ҷиҳати пешгирӣ кардани гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу экстремистӣ, зуҳуроти бегонапарастӣ, тақлид ба сарулибоси бегона ва анъанаҳои номатлуб, давъати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодаи самараноки ҳар як ваҷаби замин бо занони хонашин, собиқадорон, аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”  ва сокинони касбу кори гуногун  дар толори Ҷамъияти матлуботи ноҳияи Деваштич баргузор гардид.

   Чорабиниро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич Равшаной Маъмурзода ҳусни оғоз бахшида, доир ба даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  истифодаи самараноки замин, пешгирии болоравии нархи ниёзи маҳсулоти аввал, таъсири манфии омилҳои беруна вобаста ба вазъи мураккаби имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, пешгирии шомилшавии сокинон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ баромад намуданд.

    Сипас,  аъзоёни гурӯҳи корӣ роҳбари гурӯҳ, мудири шӯъбаи занони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд –  Заррина Раҳмон,  декани факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Иброҳим Ҷабборов ва мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия Мақсуда Шарофзода  баромад намуда,  вобаста ба  ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавии бархе аз сокинону ҷавонон ба сафи ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва риояи фарҳанги миллии либоспӯшӣ  ибрози андеша намуда, қайд намуданд, ки мо бояд аз истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона намоем, шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем, онро сидқан дӯст дорем ва ба давлати соҳибистиқлоламон содиқ бошем, ҳамаи саъю талоши худро ба хотири пешрафту нерӯманд гардонидани он ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон равона кунем.

Рубрики
Асосӣ

ДЕВАШТИЧ: “Ватан, ҳар пораатро ҳифз хоҳам кард”!

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии дар ноҳияи Деваштич таҳти унвони “Ватан ҳар пораатро ҳифз хоҳам кард” вохӯрии сарбозони аз хизмати ҳарбӣ баргаштаро бо хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия оғоз намуд.

Санаи 18 – апрели соли равон бо сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерафкан Додоев ва Зоҳирҷон Ӯзбеков вохӯрии мазкур баргузор карда шуд.

Дар вохӯрӣ таъкид карда шуд, ки Ватан макону манзили ободу меҳрпарвар буда, инсон дар оғӯши гармаш ба камол мерасад, аз чашмаҳои зулолаш менӯшад ва дар фазои паҳновараш чун парандаҳои баландпарвоз озодона пару бол мезанад.

Имрӯз ҷавонони бонангу номуси тоҷик хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист. Ҳар як ҷавонмарди бо нангу номус бояд муҳофизати Ватан-Модарро қарзи муқаддаси фарзанди хеш дониста, ҳеҷ гоҳ аз ин шарафи бузург худро канора нагирад. Зеро, оромиву амният, осоиштагиву арзишҳои миллӣ маҳз аз ҷасорату матонат, иродаи қавии ҷавонмардони ватандӯсти диёр, аз эҳсоси баланди худшиносӣ ва меҳанпарастии ҷавонон вобастагии калон дорад.

Вазъи ҷаҳони имрӯза ҳар яки моро ҳушдор месозад, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани арзишҳои истиқлолияти давлати соҳибистиқлоламонро аз даст надиҳем.

Имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки артиши миллиамон ба талаботи замон ҷавобгӯ буда, на танҳо дар дохили мамлакат, балки берун аз он низ нуфузу мавқеи хоса касб намудааст.

Сарбозон ба толибилмон- сарбозони ояндаи Ватан қайд намуданд, ки мо ҷавонон ояндагони диёри биҳишосо буда,талош бар он меварзем, ки дар пешрафти Артиши миллӣ саҳми худро гузошта, ба халқу Ватани худ сарбаландонаю ҷавонмардона хизмат кунем. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва ҳифзи давлату миллат, марзу буми кишвар барои ҳар як шаҳрванде, ки онро сарбаландона адо намудааст, ифтихори бузург аст.

Рубрики
Асосӣ

ДЕВАШТИЧ: Аёдати маъюбон

Бо мақсади дастгирии иҷтимоии оилаҳои эҳтиёҷманд ва маъюбону барҷомондагон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич Равшаной Маъмурзода дар арафаи моҳи шарифи Рамазон ба аёдати маъюби гурӯҳи якум, сокини Ҷамоати деҳоти Ғазантарак ташриф оварда, аз ҳолу аҳволи ӯ аз наздик шинос шуда, кӯмаки молиявӣ расонид.

Аёдатшаванда ва оилаи онҳо аз ин иқдоми хайру савоб, шоду мамнун гардида, ба Раиси муаззами ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзу сипоси самимии хешро изҳор намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки ин шахси ниёзманд ҳар моҳ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич бо нафақаи ҳизбӣ таъмин карда мешавад.

Рубрики
Асосӣ

ДЕВАШТИЧ: Вусъати корҳои тарғиботӣ ва ташвиқотӣ

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич бо мақсади вусъати корҳои тарғиботӣ ва ташвиқотӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия корбарӣ намуда меоянд.

Гурӯҳи корӣ ба сокинони Ҷамоати деҳоти Ғазантарак  вобаста ба пешгирии бемории ботулизм, ба роҳ мондани кишти картошка дар заминҳои наздиҳавлигӣ ва огоҳ намудани аҳолӣ аз хатарҳои падидаҳои экстромистию террористӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро вохӯрӣ  баргузор карда шуд.

Рубрики
Асосӣ

ДЕВАШТИЧ: Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар амал!

Мулоқоти навбатии масъулини  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич бо аҳли омӯзгорон ва падару модарони муассисаи ҳудуди ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҷамоати деҳоти Далёни Боло сурат гирифт. Дар мулоқот бобати масоили мубрами руз – таълиму тарбияи фарзанд аз ҷониби падару модар, даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар , пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ , пешгирии ҷудошавии оилаҳо, расидан ба қадри сулҳу ваҳдату истиқлолият сухан рафта, Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат , Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун санади муҳим арзёбӣ гардид.

Қайд гардид, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ҳар яки моро водор месозад,ки ба тарбияи фарзандони худ масъул бошем ва фарзандони худро дар руҳияи худшиносӣ, меҳнатдӯстӣ, некӯкорӣ, ростқавлӣ ва бофарҳангу ватандӯст тарбия намоем.

Зеро насли навраси ботарбия ва босавод  оянда миллати моро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд, онҳо нигоҳдоранда ва меросбару мероснигоҳдорандаи урфу одат ва кишвари тоҷикон хоҳанд буд.

Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки падару модарон барои фарзандони худ ҷиҳати иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявии ,” Тоҷикистон- Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ” “Илм- фурӯғи маърифат” шароит фароҳам созанд, то ки онҳо дар озмунҳо фаъолона ширкат варзида, обрӯву нуфузи муассисаи таълимии худро боло бардоранд.

Инчунин ба иштирокчиёни чорабинӣ ҷиҳати самаранок истифода бурдани заминҳои корами лалмӣ ва обӣ, захираи маводи хӯрокворӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва заҳролудӣ, риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуд

Рубрики
Асосӣ

ДЕВАШТИЧ: Аксияи идона таҳти унвони “Наврӯз муборак !”

Бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ ҷашн гирифтани Наврӯзи байналмилал тибқи нақша-чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва ноҳиявӣ аз санаи 17-уми марти соли 2022 ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич бо ҷалби аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб аксияи идона таҳти унвони “Наврӯзи ҷаҳонӣ муборак!” баргузор гардид.

Аксияро раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич Маъмурзода Равшаной ҳусни оғоз бахшида, доир ба байналмилалӣ гардидани Наврӯз, таҷлили бошукӯҳи он дар тамоми минтақаҳои кишвар, бузургиву шаҳомати Наврӯз ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оммавӣ гардонидани Наврӯз ва ҷаҳонӣ шудани он сухан карда, тамоми мардуми диёрро ба фарорасии Наврӯзи аҷам ва баҳори оламафрӯз шодбош гуфт.

Сипас, кормандон ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ба кӯчаҳои марказии ноҳия баромада, табрикномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштичро ба сокинони ноҳия тақдим намуданд.

 

 

 

 

Рубрики
Асосӣ

ДЕВАШТИЧ: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар амал

Мулоқоти навбатии масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич бо аҳли омӯзгорон ва падару модарони муассисаи таълимии Гимназияи рақами 1 дар арафаи таҷлили Иди Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хоса сурат гирифт. Дар мулоқот бобати масоили мубрами руз – таълиму тарбияи фарзанд аз ҷониби падару модар, даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар , пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ , пешгирии ҷудошавии оилаҳо, расидан ба қадри сулҳу ваҳдату истиқлолият сухан рафта, Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат , Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун санади муҳим арзёбӣ гардид.

Қайд гардид, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ҳар яки моро водор месозад,ки ба тарбияи фарзандони худ масъул бошем ва фарзандони худро дар руҳияи худшиносӣ, меҳнатдӯстӣ, некӯкорӣ, ростқавлӣ ва бофарҳангу ватандӯст тарбия намоем.

Зеро насли навраси ботарбия ва босавод оянда миллати моро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд, онҳо нигоҳдоранда ва меросбару мероснигоҳдорандаи урфу одат ва кишвари тоҷикон хоҳанд буд.

Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки падару модарон барои фарзандони худ ҷиҳати иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявии ,” Тоҷикистон- Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ” “Илм- фурӯғи маърифат” шароит фароҳам созанд, то ки онҳо дар озмунҳо фаъолона ширкат варзида, обрӯву нуфузи муассисаи таълимии худро боло бардоранд.

 

Рубрики
Асосӣ

ДЕВАШТИЧ: Идомаи чорабиниҳои Наврӯзӣ

Дар ташкилоти ибтидоии “Ҷамоати деҳоти Яхтан” ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз як қатор ташаббусҳо идома дорад. Аз ҷумла, дар доираи ин иқдом миёни духтарони муассисаҳои таълимии ҳудуди Ҷамоати деҳоти Яхтан озмуни “Канӣ, духтарон?!” доир гардид. Иттилоъ дода шуд, ки озмуни мазкурро Шўрои бонувон ва духтарони ташкилоти ибтидоӣ роҳандозӣ намуда, ба он духтарони синфҳои зинаи сеюми таҳсил ҷалб гардиданд.Дар ҷамъомади мазкур омӯзгорон, намояндагони шуъбаи маориф, занону бонувони фаъоли ҳизбӣ иштирок намуданд. Духтарон ба дастаҳо ҷудо шуда, аз рўи як қатор шарт рақобат намуданд. Ҳадаф аз ин ташаббус баланд бардоштани сатҳи дониш ва таҷрибаи духтарон, тарбияи меҳнатдӯстии онҳо ва омода намудани ҷавонон ба зиндагии мустақилона унвон мешавад. Духтарон ҳамчунин истеъдоду маҳорати худро оиди рӯзгордорӣ ва кадбонугӣ бо омода намудани маводҳо нишон доданд.

Рубрики
Асосӣ

ДЕВАШТИЧ: Мулоқотҳои судман бо сокинони ноҳия

Санаи 28-уми марти соли равон мулоқоти навбатии масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич бо аҳли омӯзгорон ва падару модарони муассисаи ҳудуди ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҷамоати деҳоти Яхтан сурат гирифт. Дар мулоқот бобати масоили мубрами руз – таълиму тарбияи фарзанд аз ҷониби падару модар, даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар , пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ , пешгирии ҷудошавии оилаҳо, расидан ба қадри сулҳу ваҳдату истиқлолият сухан рафта, Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат , Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун санади муҳим арзёбӣ гардид. Қайд гардид, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ҳар яки моро водор месозад,ки ба тарбияи фарзандони худ масъул бошем ва фарзандони худро дар руҳияи худшиносӣ, меҳнатдӯстӣ, некӯкорӣ, ростқавлӣ ва бофарҳангу ватандӯст тарбия намоем.Зеро насли навраси ботарбия ва босавод оянда миллати моро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд, онҳо нигоҳдоранда ва меросбару мероснигоҳдорандаи урфу одат ва кишвари тоҷикон хоҳанд буд.

Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки падару модарон барои фарзандони худ ҷиҳати иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявии ,” Тоҷикистон- Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ” “Илм- фурӯғи маърифат” шароит фароҳам созанд, то ки онҳо дар озмунҳо фаъолона ширкат варзида, обрӯву нуфузи муассисаи таълимии худро боло бардоранд.

Инчунин ба иштирокчиёни чорабинӣ ҷиҳати самаранок истифода бурдани заминҳои корами лалмӣ ва обӣ, захираи маводи хӯрокворӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва заҳролудӣ, риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуд