Рубрики
Асосӣ

ВАТАНДОРӢ ИМОНДОРИСТ

Дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҷиҳати то ба мардум бурда расонидани дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ширкати беш аз 500 нафар фаъолони ноҳия мулоқоти гурӯҳи кории кумиҷроияи вилоятӣ бо сарварии ректори Донишкадаи кӯҳӣ – металлургии шаҳри Бӯстон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ,  узви Кумитаи иҷроияи марказии  ҲХДТ Муҳайё Дадобоева, сармуҳаррири нашрияи “Сухани халқ” Абдусабур Абдуваҳобов доир гашт.

Чорабиниро муовини раиси ноҳия  Зӯҳро Муталибзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, баён дошт, ки сафари пурбори навбатии кории Пешвои муаззами миллат ба ноҳияи Ҷаббор Расулов руҳияи хурду бузурги ноҳияро болида гардонида, онҳоро ба амалҳои созанда раҳнамоӣ намуд. Махсусан дастуру ҳидоятҳояшон ҷиҳати татбиқи босамари яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат – таъмини анияти озуқавориро аҳли заҳмати ноҳия бо хуши истиқболӣ  намуда, имрӯзҳо ба корҳои саҳроӣ вусъати тоза мебахшанд.

Дар баромади Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ раванадҳои минтақавию байналмилалӣ ва тафсири ҷойгоҳи Тоҷикистон дар ҷаҳони вазъияти рушди иқтисодӣ ва ислоҳоти низоми молиявии кишвар, масъалаҳо ва дурнамои рушди соҳаҳои саноат ва соҳибкорӣ дар мамлакат, дастовардҳо ва дурнамои сиёсати иҷтимоии давлат, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, таҳкими ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва таъмини амнияти миллӣ дар шароити муосир ва воридшавии Тоҷикистон ба марҳалаи нави рушд муфасал таҳлил ёфтанд. Таъкид карда шуд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба шарофати сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Сарвари давлат сатҳи зиндагии мо беҳтар ва кишвари азизамон ободтар шуда истодааст.  Мисоли барҷастаи гуфтаҳои болоӣ он аст, ки дар давоми 20 сол  музди миёнаи меҳнат 87 баробар, андозаи нафақа 80 баробар ва даромади пулии аҳолӣ 75 баробар зиёд шудааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки имрӯз роҳи тайкардаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи мардум роҳи дуруст ва муваффақона аст. Ҳамаи мо хуб медонем, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Президент бо ду фармони худ ба хотири эҳтиёҷоти мардум, яъне раҳои аз гуруснагиву қашшоқӣ 75 ҳазор гектар замини обиро ба сокинон тақсим карда доданд, ки имрӯз ин заминҳо бо истилоҳи “заминҳои президентӣ” маъруф аст. 

Маврид ба зикр аст, ки яке аз супоришҳои меҳварии Пешвои муаззами миллат зимни мулоқот бо фаъолони вилояти Суғд дар шаҳру навоҳии Исфара, Гулистон ва  Ашт ин самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замини дар ихтиёрдошта мебошад. Мо беҳуда заминҳои президентиро ин ҷо мисол наовардем. Зеро аксарият ҳамин заминҳоро оқилонаву самаранок истифода намебаранд. Ба маълумоти Шумоён мерасонем, ки вазъи иқтисоди ҷаҳонӣ дар соли равон хеле вазнин аст. Давлатҳои абарқудрат ва бузурге, ки барои истеҳсоли маҳсулотҳои ғалладонагӣ, равған, шакар  нигаронида шудаанд, худ эҳтиёҷотиашонро таъмин карда натавониста истодаанд. Яъне, хавфи боз ҳам гарон шудани маҳсулотҳои ниёзи аввал дар назар аст. Бинобар ин моро зарур аст, ки ҳар порчаи рӯи ҳавлӣ, замини хоҷагии деҳқониро самаранок истифода бурда, ба мавсими тирамоҳу зимистон омодагии хуб бинем.

Зимни баромади Абдусабур Абдуваҳҳоб баён гардид, ки дар баробари бӯҳрони шадиди молиявӣ, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ҳамзамон вазъи сиёсии ҷаҳон низ мураккаб аст. Ҳамаи мо хуб медонем, ки давлатҳои Шарқи наздик дар мисоли Сурия, Лубнон, Фаластин, Ироқ ва даҳҳои дигар чи тавр зиндагии оромона ва хушбахтона доштанд. Маҳз холӣ мондани фазои сиёсӣ, ривоҷ гирифтани ҳаракатҳои тундгароёнаи исломӣ боис шуд, ки имрӯз ин давлатҳо ноором аст. Шаҳрҳои азими онҷо ба майдони мубориза, озмоиши яроқҳои навбаромад гардида, бадбахтиаш он аст, ки ҷавонони хеле зиёде, аз ҷумла аз кишвари мо низ дар ин майдонҳо ҷон бохта истодаанд. Аз ин рӯ, ҳамаи мо вазифадорем, ки дар маҳаллаву деҳҷойҳо вазъи зиндагии ҳамсоягонро омӯзем. Донем, ки фарзандҳоямон ҳам дар муҳоҷират ва ҳам дар ин ҷо ба чӣ кор машғуланд. Зеро аксарияти ҷавононе, ки имрӯз ба сафи ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ аъзо мешаванд, аз моҳият ва мақсадҳои нопоки онҳо огоҳ нестанд. Махсусан ҷавононе, ки имрӯз дар муҳоҷирати меҳнатианд ба ваъдаҳои дуруғи таблиғгарони ифротӣ дода нашаванд ва ҳаёти худро насӯзонанд. 

Мавсуф дар идомаи хеш ҷиҳати роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ, баланд бардоштани ифтихори миллӣ, даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ибрози андеша карда, ҳадафи ҲХДТ-ро дар мавриди бедории худшиносии миллӣ тавъманд бо ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон донист.

Имомхатиби ноҳия Абдусамад Қаҳҳоров аз аҳли нишаст даъват ба амал овард, ки ба қадри тиҷиву осудагии мамлакат расида, фарзандонро дар муҳити солими хонаводагӣ ба камол расонанд. Онҳо дӯстдори Ватан бошанд, зеро ватандорӣ ва ватандӯстӣ низ як гӯшаи имон аст.

Зӯҳро Муталибзода миннатдории фаъолони ноҳияро ба ташкилкунандагони мулоқоти озоду шаффоф ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд расонида қайд кард, ки аҳли заҳмати ноҳия дастуру ҳидоятҳои созандаи Сарвари давлат, Раиси муаззами ҲХДТ –ро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, бо дастовезҳои арзанда ҷашҳои милли дар пешистодаро истиқбол мегиранд.   

Рубрики
Асосӣ

ҶАББОР РАСУЛОВ: Вохӯрӣ бо ҷавонон

Санаи 21 апрели соли 2022 баҳри иҷроиши барқияи шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд  аз 11 апрели соли 2022 таҳти №1  бо мақсади саривақт иҷро намудани нақшаи сафарбарии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ ва роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони ватан»-и ноҳия  Раҳмонов Ҷонибек  бо хонандагони синфҳои болоии МТМУ №7  воқеъ дар Ҷамоати  деҳоти Ҳаёти нав, деҳаи Меҳргон вохӯрӣ баргузор намуд.

Мавсуф дар баромади худ дар бораи пешгирӣ кардани гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу экстремистӣ, зуҳуроти бегонапарастӣ, тақлид ба сарулибоси бегона ва падидаҳои номатлуб, самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва ба роҳ мондани кишти такрорӣ суханронӣ намуда, қайд намуд,  ки бояд ҳар як марди бо нангу номус,  ҳисси ватандӯстӣ дошта, дар сафи  Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  хизмат намуда, ба Ватани худ содиқона хизмат намояд.

Рубрики
Асосӣ

ҶАББОР РАСУЛОВ: Зан, Модар ҳастии – зиндагӣ

Баҳри иҷроиши барқияи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд аз санаи 15 феврали соли 2022 таҳти №14 ва нақша – чорабинии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Модар дар тарабхонаи “Раҳимӣ” конференсияи илмӣ – адабӣ таҳти унвони “Зан ва сиёсат” баргузор гардид.

Дар конфронс раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Рустам Одилзода, муовини раиси Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз Барно Рӯхибоева, собиқадорони ҲХДТ, бонувони фаъол раисони кумитаҳои маҳаллаи ҳамаи Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и ноҳия ҳузур доштанд.

Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Рустам Одилзода дар баромади худ иброз намуд, ки дар бунёди ҷомеаи демократии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба маърифати зан таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад. Ба ин хотир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳо ва паёмҳои ҳарсолаашон ба масъалаи баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа диққати ҳамагонро ҷалб месозанд.

Инчунин, аз рӯйи барнома дар мавзӯъҳои, “Зан ва сиёсат”, “ҲХДТ ва нақши занону бонувон дар татбиқи ғояҳои он” ва “Паёми Пешвои миллат – роҳнамои бонувон” баромадҳои пурмуҳтаво шунида шуд.

Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби хонандагон шеъру суруд дар васфи модар қироат карда шуд.

Рубрики
Асосӣ

ҶАББОР РАСУЛОВ: Аксия таҳти унвони «Сад ҷону дил фидоӣ як муддаои Модар»

Тибқи нақша – чорабинии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва барқияи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд аз санаи 24 феврали соли 2022 таҳти №18, ҷиҳати расонидани дасти ёрӣ ба корҳои хоҷагии модарони ниёзманд, яккаву танҳо, маъюбон ва собиқадорони меҳнат санаи 5 марти соли 2022 бахшида ба ҷашнгирии “Рӯзи Модар” аксия таҳти унвони «Сад ҷону дил фидоӣ як муддаои модар» баргузор гардид.

Аксияи мазкур аз ҷониби кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳия ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар маркази ноҳия ва оромгоҳҳо гузаронида шуд.

Рубрики
Асосӣ

ҶАББОР РАСУЛОВ: Аёдати ҳимоятгарони сохти конститутсионӣ

Дар арафаи ҷашни 29-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Одилзода Рустам як қатор оилаҳои ҳимоятгарони сохти конститутсионӣ аёдат карда шуданд.

Зимни аёдат Одилзода Рустам аз волидоне, ки фарзандонашон дар ҳимояи сохти конститутсионӣ ҷони худро фидо карданд, аҳволпурсӣ карда ба муносибати 29-умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд ва изҳор кард, ки давлату Ҳукумат хизматҳои шоистаи фарзандони бо шуҷоат, далер, қавиирода, бонангу номусро, ки ҷони худро барои озодии ватани худ дареғ надоштанд ҳеҷгоҳ фаромӯш намекунад.

Оилаҳои аёдат кардашуда шукронаи истиқлолияти кишварро намуда, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориҳои ҳамешагӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.      

Рубрики
Асосӣ

ҶАББОР РАСУЛОВ: Арҷгузорӣ ба поси хотири муҳофизони Ватан

Дар асоси барқияи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд аз санаи 17 феврали соли 2022 таҳти №15 бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пос доштани хотираи гузаштагон, ки дар пойдории сулҳу ваҳдат дар мамлакат ҷоннисорӣ намудаанд аксияи ноҳиявии тозагии оромгоҳҳо ва майдони “Ғалаба” таҳти унвони “Арҷгузорӣ ба поси хотири муҳофизони Ватан” бо ҷалби фаъолони ҳизб ва аъзоёни фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» ташкил ва гузаронида шуд.

Чорабинии мазкур дар оромгоҳи «Ҷонбеко»-и Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз,  дар  оромгоҳи «Меҳробод», оромгоҳи Ҷамоати деҳоти Сомониён, дар майдонҳои «Исмоили Сомонӣ», ва «Аскари номаълум»-и Ҷамоати шаҳраки Меҳробод гузаронида шуд.