Рубрики
Асосӣ

Гулистон: ҚАҲРАМОНОН ҲЕҶ ГОҲ НАМЕМИРАНД!

      Дар ҷараёни муноқишаҳои марзи Тоҷикистону Қирғизистон бисёр нафарон фавтиданд, ки дар қатори онҳо низомӣ ва ғайринизомиҳо буданд. Наврасон  аз Тоҷикистон Бишарифа Воҳидова аз ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Асмоа Амриддинзодаи 6-сола ва Имрон Илҳомзодаи 5-сола, сокинони ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара низ дар ҷараёни муноқиша кушта шуданд. Аз ҷониби душманони бадхоҳи қирғиз дар натиҷаи ҳуҷумҳои иғвогарона чанде сарбозону афсарони шуҷои Ватан  Буттаев Олимҷон Қурбоналиевичи Мачитонӣ, Набиев Ҷамшед Асомиддиновичи симиганҷӣ, Рамаев Султонбек Абдуллоевичи сафедобӣ, Умаров Фатҳиддин Ҷаъфарович аз деҳаи Корвони ҷамоати Гулистон, Аслан Менеқулов сокини шаҳри Бохтар, Маҳмадов Маҳмадҷон Толибович сокини деҳаи Заводи Хишти Ҷамоати деҳоти Заргар, ноҳияи Кӯшониён…. кушта шуданд. Онҳо қаҳрамонона баҳри дифои Ватан ба шаҳодат расиданд.  Ному қаҳрамониҳои онҳо  фаромӯш нахоҳад шуд.  Марги онҳо нишонаи мардонагист, дар роҳи хизмат ва ҳимояи Ватан.

Ман бимирам аз бароят, эй Ватан,
Мекунам ҷонам фидоят, эй Ватан.

Санги хороят бароям, гавҳар аст,
Ман бигирям аз бароят, эй Ватан.

      Қирғиз имрӯз расми ҳамсоягиро фаромӯш кард, хун рехт, қатл кард, ғорат кард!  Барои ин кирдораш аз худо ҷазо хоҳад гирифт! Халқи тоҷик умед аз он дорад, ки  сулҳу салоҳ бо гуфтушуниди роҳбарони ҳарду ҷониб барқарор мегардад. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ҳамдардиди худро ба аҳли хонавода, пайвандону наздикон расонида, сабру таҳомул хоҳонанд.

Рубрики
Асосӣ

ШАҲРИ ГУЛИСТОН БА НОҲИЯИ АШТ “АЛБОМ-ЭСТАФЕТА” -РО СУПОРИД

      Ҷиҳати тарғибу ташвиқи аҳамияти Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши он дар ташаккули давлатдории миллӣ, арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихиву беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баланд бардоштани эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ ва ҳувияти миллии ҷавонон аксияи ҷумҳуриявии “Албом-Эстафета” бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд роҳандозӣ гардида истодааст.

     Таърихи 16.09.2022  Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ва Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода дар даромадгоҳи ноҳияи Ашт албоми рамзиро дар ҳузури меҳмонон, фаъолони ҳизб ба раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода ва Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Хушнуд Каримзода дар вазъияти тантанавӣ “Албом-Эстафета”-ро супорид.

     Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сарнавишти миллати мо нақши муҳим ва муассир бозидааст, ки аҳаммияти он дар таҳкими сулҳу суботи кишвар дар айёми соҳибистиқлолӣ беназир маҳсуб меёбад.

      Иҷлосияи мазкурро ҳамчун пойдевор ва Кохи муҳташами сулҳ дар Тоҷикистон метавон арзёбӣ намуд, зеро дар он ҳайати нави сиёсии роҳбарияти олии кишвар бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардид, ки минбаъд барномаҳои амалии рафъи бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавии кишварро таҳия ва қабул намуд. Ин иқдоми бузург заминаи эҳёи миллиро фароҳам овард ва хатари парокандагии давлати тоҷиконро аз миён бардошт.

Рубрики
Асосӣ

АЛБОМ-ЭСТАФЕТА ТАҲТИ УНВОНИ “30-СОЛИ СОЗАНДАГӢ БО ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ” ДАР ШАҲРИ ГУЛИСТОН

      Бо иқдоми  Кумитаи   Иҷроияи Марказии  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии вилоят ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд баҳри  арҷгузории ба заҳматҳои шабонарӯзии  Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтатам Эмомалӣ  Раҳмон  таърихи 15.09.2022  Албом – эстафета таҳти унвони “30-соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” дар шаҳри Гулистон доир гардид.

      Дар даромадгоҳи шаҳри Гулистон таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода, бо фаъолони ҲХДТ дар шаҳру вилоят дар вазъияти тантанавӣ Албом-эстафетаи “30 соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат”-ро аз Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов Бахтиёр Ҳусейнович қабул намуданд.

      Бо садо додани суруди “Ватан” дар назди майдони “Тоҷикистон ба пеш” меҳмонон аз намоиши варзишгарони шаҳр дидан намуданд. Сипас, роҳпаймоӣ таҳти шиори “Шараф, ба Пешвои муаззами миллат” оғоз гардид. Дар роҳпаймоӣ кулли кормандони ташкилоту корхонаҳо, ҷавонони шаҳр ва аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан”ширкат доштанд.

        Баъдан, меҳмонон дар саҳни кохи “Истиқлол” 
аз  дастовардҳои хонандагону омузгорон, варзишгарону иштирокчиёни озмуну оилимпиадаҳои  сатҳи шаҳрӣ, ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ, ҳунарҳои мардумӣ, ки ба намоиш гузошта шуда   буд   шинос гардиданд.

         Машқҳои варзишӣ аз ҷониби шогирдони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Созмони ҷавонон” мактаби варзишӣ бо руҳияи баланди  ватандӯстиву меҳанпарастӣ ба  меҳмонон  намоиш дода шуд.

        Дар толори кохи “Истиқлол” ҳамоиш Албом – эстафета таҳти унвони “30-соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” ба кори худ идома ёфт. Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода

меҳмонони ҳамоиш, собиқадорони ҳизбу меҳнат, иштирокчиёни Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,   вакилони  Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, фаъолони ҳизб,  занон ва ҷавонони КИ, аъзои ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» хайрамақдам гуфт ва бо садо додани Суруди миллӣ ҳамоиш оғоз ёфт.

        Муслимахон Ҷамолиён аҳли иштирокчиёни ҳамоишро ёдовар намуд, ки сӣ сол муқаддам дар толори таърихии Қасри Арбоб  Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки ҳадафи асосии он ба низом даровардани авзои мураккаби сиёсӣ, беҳтар намудани вазъи иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва барқарор кардани сохти конститутсионӣ буд. Иҷлосия дар сарнавишти миллати мо нақши муҳим ва муассир бозидааст, ки аҳаммияти он дар таҳкими сулҳу суботи кишвар дар айёми соҳибистиқлолӣ беназир дониста мешавад.

          Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода дар суханронии хеш кулли меҳмон, собиқадорон,  аъзои фаъоли ҳизб,  ҷавонони ватандӯстро шодбош намуда, изҳор доштанд, ки ҳадафи баргузории чорабинии мазкур баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, эҳсоси гарми худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир, меҳнатдӯстӣ ва риояи волоияти қонун дар ниҳоди насли ояндасози кишвар аст, ки дастуру ҳидоятҳои созандаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

        Дар баромади хеш Раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон қайд намуд, ки мардуми кишвари азиз имсол боз як руйдоди таърихӣ – 30 солагии Иҷлосияи ХVI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовези азими меҳнатӣ пешвоз мегиранд. Ин анҷумани саодатофар дар таҳкими истиқлоли миллӣ, оромию суботи сиёсӣ, баҳамойии тарафҳои муқобил саҳми шоиста дорад. Таърихи начандон дури кишвар собитгари он аст, ки  дар саргаҳи саодати миллат ва зиндагии шоистаи мардум номи як шахсияти мондагор, фарзанди фарзона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистад, ки дар такя ба нерӯи бузургу хиради волои халқ тавонистанд миллатро сарҷамъ созанд.

       Маърӯзачиён иштирокчии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каромулло  Одилов ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон Аҳлиддин Абдураҳмонов ибрози сухан доштанд, ки Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити хеле ҳассос ва вазнини кишвар доир гардида, бо вуҷуди он, ки он дар минтақаи аз лиҳози амнияти ором доир шуда бошад, ҳам аз ҳар як иштирокчии Иҷлосия, далериву шуҷоматмандиро тақозо мекард. Миллати фарҳангсоз ва тамаддунофари тоҷик дар фароварди садаи XX соҳиби ду дастоварди ниҳоят арзишманд бо номи Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ гардиданд, ки асоси ҷовидонаи ин миллатро дар арсаи таърих таъмин намуданд. Имрӯзҳо бошад, мардуми ваҳдатшиори мамлакат боз як руйдоди таърихӣ – 30 солагии Иҷлосияи 16 уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовези азими меҳнатӣ пешвоз мегиранд.

      Дар интиҳо фаъолон бо  Сипосномаи  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон қадрдонӣ карда шуданд. Сипас, чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ аз ҷониби санъаткорон намоиш дода шуд.

      Пас аз намоиши қисми фарҳангӣ ҳамоиш таҳти унвони “30 соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” бахшида ба 30 – солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни анҷом ёфт.

 

Рубрики
Асосӣ Мақола

Гулистон: Номи туро нависем, эй қаҳрамони ваҳдат,

                   Бо оби ноби тилло дар тоқи қасри миллат!

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва такроран солҳои 1999, 2006, 2013, 2020  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  интихоб гардидаанд.

Дар он давраҳои хеле вазнин,  аз 16–уми ноябр то 2 декабри соли 1992 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Ленинобод  Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он тақдири миллати тоҷик ҳал гардида буд. Яроқбадастон кишварро фаро гирифта, иқтисодиёт фалаҷу хазина холӣ гардида, на ҳар кас ҷуръат мекард, ки роҳбарии кишварро ба ӯҳда гирад. Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои барқарор шудани сулҳу Ваҳдати миллӣ дар ҷумҳурӣ ибтидо гузошт. Бо талошҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 5 то 19 апрели соли 1994 дар шаҳри Москва даври аввали гуфтушуниди байни тоҷикон баргузор гардид.

Ниҳоят 27–уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав дар вазъияти тантанавӣ Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Бо шарофати ба имзо расидани созишномаи таърихӣ, ба ҷанги хонумонсӯзи бародаркуш низ хотима гузошта шуд.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки сулҳи тоҷикон обрӯю нуфӯзи ин халқи бостониро дар арсаи ҷаҳон хеле боло бурд ва ин сулҳ манбаи омӯзиши бисёр кишварҳои ҷангзада гашт. Ин ҳама пешрафту муваффақиятҳо натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзӣ, иродаи қавӣ ва хислати ватандӯстии Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҶумҳурТоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб мераванд. Абармарди миллат тавонистанд, миллати парешоншударо сарҷамъ намуда, Тоҷикистонро ба давлати тараққикарда табдил диҳанд. Барои ҳамаи ин хизматҳои бузургашон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таърихи 11 декабри соли 1999 бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони олии “Қаҳрамони Тоҷикистон” мукофотонида шудаанд.
        

Бо дархосту пешниҳоди шаҳрвандони ҷумҳурӣ 8 ноябри соли 2016 бо қарори Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” қабул гардид ва ба ин мартабаи воло муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовор дониста шуд.

Имрӯз ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебояд, ки сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ намуда, барои пешрафу ободонӣ, созандагию бунёдкорӣ, арҷгузории Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот саҳмгузор бошанд. 

Аъзои фаъоли ҳизби КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон

Рубрики
Асосӣ

ГУЛИСТОН: Истифодаи оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ба корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ вусъат бахшид. Масъулон бо шаҳрвандон мулоқот намуда, ибрози сухан карданд, ки аз заминҳои наздиҳавлигӣ самаранок истифода бурдан ва ҷамъ овардани ду – се ҳосил дар як сол яке аз роҳҳои таъмини зиндагии шоистаи аҳолӣ ба шумор меравад. Барои зимистонгузаронӣ ҳамчун захираи маводи хӯрока бисёр бомаврид аст.

Сокинони шаҳри Гулистон дар доираи ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як ваҷаб қитъаи заминҳои наздиҳавлигии худро самаранок истифода бурда, намудҳои гуногуни зироатҳои кишоварзӣ, ба монанди бодирингу помидор, картошкаву пиёз, каду, боимҷон, қаламфури булғорӣ, лӯбиёгиҳо кишт намудаанд.

Рубрики
Асосӣ

ГУЛИСТОН: Захираи маҳсулот барои зимистонгузаронӣ

      Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон оид ба дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самаранок истифодабарии замин, гирифтани 2-3 ҳосил дар як сол, захираи маҳсулот барои зимистонгузаронӣ  бо усули “хона ба хона”бо сокинони шаҳру шаҳракҳои Гулистон корҳои фаҳмондадиҳӣ, тарғиботиву ташвиқотӣ бурда истодаанд. Зимни вохӯриву сӯҳбатҳо маълум гардид, ки сокинони шаҳри Гулистон аз заминҳои назди ҳавлигӣ ва заминҳои ёрирасон якчанд маҳсулот ба даст оварда, маҳсулоти кишоварзиро барои зимистонгузаронӣ захира менамоянд.

       Дар ҳар хонадон бонувони ҳунарманд ба омода намудани хӯришҳо машғуланд. Аз помидору бодиринг, олучаву гелос, қулфинаю себ, зардолуву олу ва дигар меваҷотҳо мураббо ва ҳар гуна консервагиҳоро тайёр карда истодаанд.

Рубрики
Асосӣ

Гулистон:Терроризм – падидаи номатлуб зиёновару нангин

Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ба ҳар як сокини сайёра хатари ҷиддие дорад, ки номи он “Терроризми байналмилалӣ” мебошад. Истилоҳи терроризм аз ду қисмат – аз калимаи лотинии «террор» («тарс», «ваҳшоният») ва суффикси исмсози «изм», ки ба исмҳои мардона сифати ҷараён, самт ва ба раванди ҳодисоти дар решаи онҳо мавҷудбуда табдил ёфтанро зам менамояд, иборат аст. Имрўз бошад, терроризм ба масъалаи глобалии замони муосир, нерӯи манфии вайронкунандаи низомҳо, таҳдиди ҷиддӣ ба фарҳангу тамаддунҳо, воситаи муоссири тарсондани инсонҳо, унсури нодурусти расидан ба мақсадҳо, ҷаҳон ва ҳар давлати демократӣ, аз ҷумла ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мубаддал гаштааст. Дар таблиғи ақидаҳои ифротӣ ташкилотҳои махсуси хориҷӣ дар минтақа манфиат доранд ва ин андешаҳоро миёни ҷавонон таблиғ ва интишор мекунанд Аз ин рӯ мо тоҷикон, ки аз роҳи пуршебу фарози таърихӣ бо паси сар кардани ҷанги шаҳрвандӣ ба эъмори давлати озоду обод расидаем, бояд аз ҳарвақта дида ҳушёру зирак бошем ва Ватани азизи худро аз дасти нохалафон пок дорем, зеро таърих моро дубора нахоҳад бахшид.

Аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

дар шаҳри Гулистон

Рубрики
Асосӣ

ГУЛИСТОН: Ташналабонро об дод


      Об сарвати бебаҳо ва яке аз сарватҳои ноёби табиат ба ҳисоб рафта тамоми мавҷудоти зинда ба он эҳтиёҷ дорад чунки сарсабзӣ ва шукуфоии олам ба он вобаста аст, ҳатто аввалин организми зинда дар об паӣдо шудааст. Ҷое, ки об ҳаст хушбахтиву ободӣ, сарзабзиву хуррамӣ хуваӣдост вале бе об зиста намешавад. Яке аз масъалаҳои мубрами рӯз, ки ба хатари муосири глобалӣ табдил ёфтааст ин норасоии оби ошомиданӣ мебошад. Таҳдиду хатарҳои муосири глобалӣ, аз ҷумла буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, афзоиши аҳолӣ, тағӣири иқлим, зиёд рух додани ҳодисаҳои офатбори табии, норасоии об ва дар натиҷа боло рафтани сатҳи камбизоатӣ, бемориҳои сирояткунанда ва афзоиши фавти модару кӯдак ҳанӯз ҳам ҳалли худро наёфтааст. Аз амали шудани пешниҳоди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Қатъномаи “Даҳсолаи баӣналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуда, барои масъалаҳои марбут ба об ва норасоии он мусоидат мекунад шукрона бояд кард. Амали шудани ин пешниҳод метавонад, шиддати норасоии оби ошомиданиро барои давлатҳои, ки аҳолӣ аз норасоии оби нӯшокӣ азият мекашанд ҳалли худро ёбад. Кишвари мо аз захираҳои фаровони об бой аст ва аз ҷиҳати оби ошомиданӣ яке аз доротарин кишварҳо ба ҳисоб меравад, вале дар ҳалли мушкилоти норасоии оби тозаи ошомиданӣ бетараф нест аз ин ҷиҳат, Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти нарасидани об ташналабонро об хоҳад дод.



Аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
дар шаҳри Гулистон

Рубрики
Асосӣ

ГУЛИСТОН: Идомаи корҳои тарғиботӣ бо усули “Хона ба хона”

       Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бо сокинони шаҳр,  бо усули “Хона ба хона” корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ доир намуданд. Дар атрофи масъалаҳои самаранок истифода бурдани замин, захираи кофии маводи хӯрокворӣ, омодагии ҳамаҷониба ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023, корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”   дастурҳои фаҳмондадиҳӣ  дода шуд.

Рубрики
Асосӣ

ГУЛИСТОН: Анбор пур ғамҳо дур

         Таҳти ин унвон Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон  бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супоришҳои мақомотҳои болоӣ  вобаста ба иҷрои тадбирҳои амалӣ оид ба коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти мамлакат, кишту кори баҳорӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва Президентӣ, истеҳсолу захираи кофии маводи хӯрокворӣ, омодагии ҳамаҷониба ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 бо ҷалби гурӯҳҳои тарғиботӣ бо усули хона ба хона, кӯча ба кӯча вохӯриву мулоқотҳо, сӯҳбатҳо  доир намуд.

     Тарғиботчиён қайд намуданд, ки вобаста ба шароити вазъи кунунинии мураккаби ҷаҳон сокинони кишварро зарур аст, ки дастуру супоришҳои Президенти кишарро дар амал тадбиқ намоянд. Ҳар як ваҷаб қитъаи заминро самаранок истифода бурда, барои ду соли оянда маводи ғизоӣ захира намоянд. Зимни мулоқотҳо ҳамзамон  дар бораи риоя ва татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ибрози сухан намуданд.