Рубрики
Асосӣ

ИСТАРАВШАН: Андеша

         Имрӯзҳо ҷаҳон ва ҷаҳониёнро зуҳуроти номатлубе бо номи терроризм ба таҳлука овардааст, зеро ин гурӯҳ мехоҳад бо омилҳои дахшатбори худ ҷони инсониятро рабуда, боиси халалдор намудани тинҷию оромии ҷомеа гарданд.

         Кишвари азизи мо – Тоҷикистон дар солҳои навадум амалҳои фоҷеабори наҳзатиён, террористонро бо чашми худ дид ва оқибатҳои мудҳиши онро паси сар кард. Дар ин давра чанде аз фарзандони бузурги миллат кушта шуданд.

         Имрӯз низ ин хоинони Ватан мехоҳад фазои сулҳу ороми Тоҷикистони азизро ғуборолуд карданианд ва аз дуриҳои дур ба сари мардум санги маломат мезананд.

         Воқеаҳои Бадахшон мисоли равшани ин гуфтаҳост. Вале, Шумо хоинони миллат, дониста монед, ки Тоҷикистон, аз он ҷумла Бадахшон он мардуми солҳои навадум нест. Имрӯз Бадахшон бо пойтахти ҷумҳурӣ тамоми сол робита дорад ва бо шаҳрҳои байналмилалӣ бо давлатҳои бузурги ҷаҳон пайваст гаштааст. Ҳамаи ин дастовардҳои замони Истиқлолият мебошад ва мардуми тоҷик шукри сулҳу амонӣ ва тинҷию осудагии кишварро менамояд ва хоҳон аст, ки дар Тоҷикистон сулҳу субот пойдор бошад.

                                                                                              Ӯктам Азимов 

Рубрики
Асосӣ

Истаравшан: Ташкилотҳои ибтидоӣ ҳисобот медиҳанд

         Дар асоси талаботи Оинномаи ҲХДТ ва дастуру супоришоти Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳри Истаравшан маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ гузашта истодааст.

         Ҳизбиён фаъолияти яксолаи худро мавриди муҳокима қарор дода, вазифаҳои худро дар оянда муайян менамоянд. Дар маърӯзаҳо дар бораи фаъолияти ҳайати гурӯҳҳои тарғиботӣ ҷиҳати пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, дар ниҳоди ҷавонон бедор кардани ҳисси масъулиятшиносӣ ва муҳаббат ба Ватан, содиқ будан ба марзу буми он, қабули босифати аъзо ба сафи ҲХДТ, аз рӯи дастурамал омода ва нигоҳдорӣ намудани ҳуҷҷатҳои ҳизбӣ ва дигар масъалаҳо сухан меравад. Дар маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ фаъолияти яксолаи ташкилотҳои ибтидоӣ баҳогузорӣ карда шуда истодааст.  

Рубрики
Асосӣ

Истаравшан: Мулоқот бо сокинон

  Мулоқоти  ҳайати гурӯҳи тарғиботии КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд бо сокинони ҷамоати деҳоти Қалъачаи Калон ва маҳаллахонаи “Суғдиён” ҷиҳати иҷрои дастуру супоришоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар доираи сафари кориашон ҳангоми мулоқот бо фаъолони шаҳру ноҳияҳо иброз доштанд, барпо гардид.

         Вохӯриҳоро бо сухани муқаддимавӣ муовини раиси шаҳри Истаравшан Фирӯза Мӯъминова ҳусни оғоз бахшид. Мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Олимҷон Зоҳидов, омӯзгори мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат Нуров Мелс дар асоси дастуру супоришоти Президенти мамлакат сокинонро ба самаранок истифода бурдани замин, пешгирии болоравии нархи ниёзи аввал, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ, таҳкими тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, даъват намуданд.

         Дар ҷамъомадҳо аъзои гурӯҳи тарғиботии КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан раиси шӯрои ҷанговарони байналмилал Мирзо Олимов баромад намуда, ба ҷавонон аз ҳаёти ҷангии худ дар марзи ҳамсоякишвари Афғонистон ва душвориҳои солҳои ҷанги бародаркушӣ нақл кард.

         Инчунин сокини деҳаи Қалъачаи Калон Шодиева Ҳанифа аз номи модарони сарбозони хизматро ба итмомрасонда баромад намуда, дар бораи шароити хуби хизмат дар қисмҳои ҳарбӣ сухан намуд.

         Мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан Муаззама Абдуваҳҳобова дар баромади худ иброз намуд, ки чунин вохӯрию мулоқотҳо дар дигар ҷамоатҳои деҳот низ бо ҷалби ҳайати гурӯҳҳои тарғиботӣ баргузор карда мешавад ва кумитаи иҷроияи шаҳрӣ кӯшиш менамояд, ки дастуру супоришоти Президенти мамлакат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳар як сокини шаҳри Истаравшан расонад.

Рубрики
Асосӣ

ИСТАРАВШАН: Арзандаи ватани ободу озод бошем

         Ҷомеае, ки дар он адолат ҳаст, давлате, ки дар асоси қонунҳои мукаммал фаъолият мекунад мустаҳкаму пойдор мемонад.

         Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо аз ҷумлаи он давлатҳоест, ки ваҳдаташ пойдору истиқлолаш комил аст. Воқеан, миллати бофарҳангу соҳибтамаддун ва сарҷамъу муттаҳиди тоҷикон сазовори чунин Ватани ободу озод ва тинҷу осоишта аст.

         Мавқеи Тоҷикистони соҳибихтиёр бо гузашти солҳо дар арсаи ҷаҳон мустаҳкаму обрӯю эътибораш афзоиш меёбад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз баландтарин минбарҳои ҷаҳон баромад ва фарҳангу тамаддуни тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунанд. Бо такопӯ ва талошҳои пайваста чандин пешниҳодҳои Пешвои миллат аз ҷониби ташкилотҳои ҷаҳонӣ пазируфта шуда, боиси нуфузи бештари ин миллати соҳибтамаддуну давлати обод гаштааст.

         Ҷаҳонӣ гаштани Наврӯзи оламафрӯз, эълон гардидани соли 2003 “Соли байналмилалии оби тоза”, солҳои 2005-2015 “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, 2018-2028”, ки аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд, тасдиқи ин гуфтаҳоянд.

         Бинобар он, бо шукрона аз чунин давлати обод, демократию ҳуқуқбунёд ва озоду ягона зиндагӣ бояд кард. Дар пешрафту рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавии он ҳиссагузор бояд буд.

Тӯразода Амирбек Муҳаммадӣ

Рубрики
Асосӣ

ИСТАРАВШАН: Беҳтаринҳо бояд ба аъзоии ҲХДТ қабул шаванд

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан баҳри афзоиши сафи аъзои ҳизб аз ҳисоби занону ҷавонони болаёқат талош меварзад.

Бо мақсади қабули босифати аъзо ва омода намудани ҳуҷҷатҳо барои қабул ба сафи ҳизб кормандони Кумитаи иҷроия ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59 ва муассисаи давлатии гимназияи №4 рафта, бо сарварони муассисаҳои таълимӣ сӯҳбат оростанд ва доир ба ин масъала маслиҳатҳои муфид доданд.

 

 

Рубрики
Асосӣ

ИСТАРАВШАН: Шаҳодатномаи ман – ифтихори ман

Дар доираи иқдоми “Шаҳодатномаи ман – ифтихори ман” масъулини КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан ба якчанд нафар донишҷӯёни фаъоли Коллеҷи тиббӣ, ки ба ба сафи ҲХДТ пазируфта шуда буданд, шаҳодатномаи ҳизбӣ супориданд.

Рубрики
Асосӣ

ИСТАРАВШАН: Расонидани ёрии методӣ

Тибқи нақшаи тасдиқкардаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд дар ҳайати Замира Мансурӣ – муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, Заррина Раҳмон – мудири шуъбаи кор бо занон, Олимҷон Зоидов мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроия ба шаҳри Истаравшан омада, бо фаъолияти КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан ва ташкилотҳои ибтидоии он аз наздик шинос гаштанд ва барои пешрафти фаъолияти ҳизбӣ дастуру маслиҳатҳои муфиди худро пешниҳод намуданд.

Муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд дар рафти шинос гаштан бо фаъолияти кории назди кумитаи маҳаллаи “Имоми Аъзам”, бо як гурӯҳ бонувон сӯҳбати сарироҳӣ намуда, ҷиҳати тарбияи фарзандон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани фарзандон сӯҳбат намуданд.

Рубрики
Асосӣ

ИСТАРАВШАН: Ҷавонон бояд қавиирода бошанд

АНДЕША: Хушбахтона, мо, тоҷикон, дар Ватани ободу озод, дар фазои тинҷиву оромӣ ва сулҳу субот зиндагӣ дорем. Сад шукри бахт, ки Худованд ба мо Сарвари оқилу халқпарварро насиб гардонидааст. Аммо дар замони имрӯза нафароне ҳастанд, ки сулҳу оромӣ ва осоиштагии мардум ва ҷамъиятро дидан намехоҳанд. Онҳо бо ҳар роҳу усул фазои тинҷу осудаи меҳани ҷоноҷонамонро халалдор намуда, хотири ҷамъу осудаи халқу миллатро парешон карданианд. Ин гуна одамон гурӯҳу гурӯҳчаҳо ва ҳаракатҳову созмонҳои худро ташкил дода, ба қавле, ба худ аҳд бастаанд, ки то мафкураи ҷавонону наврасони содаро вайрон накунанд, ҳеҷ ҳам оромӣ намеёбанд.

Аз нигоҳи ман, душманони миллатамон мехоҳанд, ки бо ҳар роҳу восита, ҳатто бо доғдор кардани номи дини муқаддаси ислом ба мақсадҳо ва ғаразҳои нопоки худ ноил шаванд. Ин нафаронро террорист ё экстремист меноманд. Мо ҳатто намедонем, ки онҳо киҳоянд, вале онҳо ҳамаи моро хуб медонанд, онҳо инсонҳои нопоке ҳастанд, (шояд онҳоро инсон гуфтан ҳам хатост) аз дини муқаддаси ислом суйистифода мекунанд.

Дар асл террорист асл, наҷод, халқ, миллат надорад. Медонед, аз ҳама муҳимаш ӯ Ватан надорад! Шояд ӯ низ инсони оддие буд, вале маълум аст, ки ӯ заифирода будааст. Охир вақте, ки шахс иродаи заиф дорад, гумроҳ кардан ва ё аз вай суйистифода бурдан хеле осон мешавад. Террорист гуфта, ман нафареро мефаҳмам, ки дар қалби худ нишонае аз муҳаббат надорад, дар руҳияи ватанпарастӣ камол наёфтааст, дар дили ӯ ҳисси ватандӯстӣ умуман вуҷуд надорад.

Пас, саволе ба миён меояд, ки чаро дар замони муосир шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо ба назар расида истодааст? Магар ҳеҷ яке аз онҳо дарки масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ надоранд? Оё ҳамаи онҳо тарбияи дуруст нагирифтаанд?

Барҳақ, дар замони имрӯза масъалаи шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо яке аз масъалаҳои мубрами рӯз ба ҳисоб меравад. Асри мо асри пешрафти техникаву технологияи муосир аст, ин тараққиёт ва аз ҳад зиёд истифода бурдани телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз тарафи ҷавонон ба шомил шудани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳо оварда мерасонад. Аз тарафи дигар, таълиму тарбияи комил надоштани ҷавонон ба гумроҳ шудани онҳо сабаб мешавад.

Ҳамчун насли даврони Истиқлолият ва ҷавондухтари Ватани ободу озод фикр мекунам, ки бояд ҳар чи бештару пештар пеши роҳи шомилшавии ҷавонон ва гумроҳшавии онҳоро гирем. Танҳо мо, ҷавонони дорои мафкураи солим ва ҳисси баланди ватандӯстӣ метавонем, ки халқу миллати худро аз ин гуна падидаҳои номатлуб, ки вабои аср меноманд, ҳимоя намоем.

Маҳмудӣ Париноз

аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан»

Рубрики
Асосӣ

ИСТАРАВШАН: Меҳрнома ба Модар

         Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Модар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан  тибқи дастури Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд баҳри арҷгузорӣ ба заҳмат ва қадру манзалати Зан – Модар бо ҷалби аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” иқдоми идонаро таҳти унвони “Меҳрнома” роҳандозӣ намуд.

         Дар ин раванд бонувони ҳамаи соҳаҳои истеҳсолот, вакилони мардумӣ, соҳибкорону соҳибхоназанҳо бо Рӯзи Модар муборакбод карда шуданд. 

Рубрики
Асосӣ

ИСТАРАВШАН: Баргузории мизи мудаввар

         Бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан дар литсейи касбӣ-техникӣ бахшида ба 29-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар доир гардид, ки дар он ҷанговарони байналмилал ва сохти конститутсионӣ М.Олимов, Аҳмадҷон Шарифов, Убайдулло Маллаев, Фатҳулло Абдубоқиев, Муҳиддин Маъмуров иштирок намуданд.

         Маҳфилро бо сухани муқаддимавӣ мудири шӯъбаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан М.Абдуваҳҳобова оғоз намуда, меҳмонон муаррифӣ намуд.

         Нахуст, раиси шӯрои ҷанговарони байналмилал, муҳофизи сохти конститутсионӣ Мирзо Олимов баромад намуда, дар бораи иштирокаш дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, душвориҳои солҳои ҷанги бародаркушӣ ва талошҳои пайвастаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат дар таҳкими сулҳу суботи ҷумҳурии азизамон сухан ронд.

         Ҷанговарони байналмилал Аҳмадҷон Шарифов, Убайдулло Маллаев, Фатҳулло Абдувоҳидов, Муҳиддин Маъмуров низ дар бораи иштирокашон дар набардҳои ҳамсоякишвари Афғонистон дар ҳифзи музаффариятҳои Инқилоби Савр сухан ронданд. Аз ҷумла зикр намуданд, ки ҷавонон фирефтаи бархе аз хоинони миллат нагарданд, ватани худро дӯст доранд ва ба қадри сулҳу субот ва осмони софи Тоҷикистон бирасанд, илм омӯзанд, калонсолонро ҳурмату эҳтиром намоянд.

         Донишҷӯёни литсей Шаҳзода Ҳабибҷонзода, Холиқов М, Розиқов Сӯҳроб дар баромади худ зикр намуданд, ки роҳи тайкардаи падарони шӯҳратманди худро идома медиҳанд.