Рубрики
Асосӣ Мақола

ИСТИҚЛОЛ: Ҷанг киштии тақдири ҳар сарзаминеро саргардон кард ва таърихи ҳар миллат онро собит кардааст

МАҚОЛА: Чандест ҳаводиси рӯйи олам, махсусан даргириҳо байни Руссия ва Украинаро мебинаму ёдам аз давраҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар кишварамон меояд, ки он замон ҳам вайрониву дигар харобахо кишварро забт карда буд. Агар ба асрхои аср бингарем ҷанг ҳамеша ба мулке зарар овардаву пояи иқтисодиёт, маънавиёт ва ҳама хостаҳои инсонҳоро заифу норафшан мегардонад. Таърих собит намудааст, ки аз даҳшати ҷанг ҳатто беҳтарин намояндагии илму адаб хоки Меҳани азизи хешро тарк намудаанд ва дар мулки дигар ҷон ба Ҷонофарин супурдаанд. Бузурге фармуда:

Монд дар зери уқубат ҳама ахли маънӣ,

Аз фироқи ватану к-аз ҳамагӣ ҷангу ҷадал.

Оре, ҳамин ҷанг буд, ки калламанораҳо аз сари одам сохтанд, китобхонаҳо сӯхтанд, беҳтаринҳоро куштанд, хоссатан аҳли илму маърифатро. Дар Ҷанги хонумонсӯз дар кишварамон душманони миллат даст ба куштори олимону донишмандон заданд. Ин ишораи куштани олимон дар сафҳаи таърих борҳо ба анҷом расидааст ва асли он нест намудани роҳнамоён ва идораи мардуми оддӣ, ки ба ҳеҷ ваҷҳ амалӣ нагардидааст, зеро ҳамешагӣ, дар ҳар қарн модари бузурге фарзанде ба дунё оварду тарбия кард, ки ҷойгузини дигарон гашт. Дар Тоҷикистони азизи мо низ ҳамон гумону нақшаҳо амалӣ гардиданд, вале ин аҳриманҳо ба ҳадди охири нияташон нарасиданд, зеро асли бадӣ оқибат надорад.

Дар кишвари азизи мо замоне, ки истиқлолият ба даст омад, ки муқаддасоти арзишмандтарин дар таърихи нави тоҷикон маҳсуб меёбад баъзе гурӯҳҳои хунхор бо ниятҳои муғризона тавонистанд миёни мардум шӯр андохтанд. Аммо мардуми мо он замон, ки аз озодии хеш на онқадар қабули хуб доштанд ба тезӣ дар роҳи ҷанг афтоданд. Ҳамзамон сокинони кишвар, ки кунун аз идораи давлатӣ тамоман дигар ба озодӣ саф кашида буданд барояшон низ каме гарон буд. Мутаассифона анамин фазои холӣ, саргардонии мардум ва муаммоҳоро инсонҳои бадкор истифода бурданду ҳоло ҳам ин таҷриба дар Ҷаҳон роиҷ ҳаст.

Истиқлолиятро мо хуб дарк накардем, бар замми он ифротиҳо мехостанд мардумро ба сӯи доми тазвири хеш кашанд. Тавонистанд қисме аз аҳолиро бо номи Ислом ба гурӯҳҳо кашанд. Магар Ислом дини тарбия барои инсонҳо нест ё танҳо дини шахсии баъзе афрод, ки бар коми худ он замон истифода мекард. Худо гуфтану ракета омода кардан, дин гуфтану омода намудани террористон, дин гуфтану бераҳмӣ болои мардум, дин гуфтану дигар инсонҳоро то ҳатто инсон нашуморидан, дин гуфтану мардумро ба гурӯҳҳо кофару мусалмон, «вовчик»-у «юрчик» тақсим кардан магар беинсофӣ нест.? Рафтори ин тоифаро аз забони шоире, ки хуб гуфтааст, чунин баҳо медиҳем:

Аз худнашиносон маталаб дидаи ҳақбин,

Ҳақро чӣ шиносад зи худ бехабаре чанд.

Бо талошҳои шабонарӯзии Ҳукумати мамлкат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи бонангу номуси Тоҷикистон оғози сулҳу ваҳдати комил дар кишвар бо имзо гардидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997, 21-уми июн дар шаҳри Маскав раҳнамун шуд ва роҳи наҷоти миллатро метавон аз он рӯз хонд. Яъне барои мардум сулҳу ваҳдати миллӣ дарси ватандорӣ ва худшиносӣ омӯхт ва мо баъдан дарк кардем, ки Истиқлолият ба маънои томаш чист. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин роҳи худшиносии миллат дар давраи нав нақши калидӣ доранд. Аз Арасту рӯзе шогирдаш мепурсад: Шахси саховатманд кист? Арасту мегӯяд: Шахси саховатманд он касест, ки ба инсонҳо дар вақти заруриашон хости заруриашонро медиҳад. Бешак, дар анаҳамон рӯзҳои вазнин ба миллат таъмини ваҳдату сулҳу осоиштагӣ ба ком буд.

Оғози рушди мамлакат низ аз Ваҳдати миллӣ сарчашма гирифтааст ва баракат дар рӯзгори мардум низ аз он рӯзҳо. Гузаштагон низ гуфтаанд, ки неъмат аз муттаҳидӣ ва сарҷамъӣ зиёда мегардад. Арасту низ гуфтааст, ки «Коинот мекӯшад, ки чизеро, ки мо мехоҳем, ба мо бидиҳад, вақте ки мо муттаҳид ҳастем.”

Имрӯзҳо низ якчанд тоифа гумроҳон аз хориҷи кишвар истода, тинҷиву осоиштагӣ дар ин марзубуми муқаддасро дидан намехоҳанд. Ҳамарӯза бо барномаҳои мухталиф баромадҳои муғризона намуда, дасисабозӣ ва туҳматбофӣ доранд. Анаҳамин гуна кӯрдилон буданд, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар кишвар мардумро ба роҳи бад кашиданд. Имрӯза амалҳояшон боз идомаи ҳамон ҳаромкориҳояшон мебошад.

Аммо намедонанд, ки мо мардуми сарбаланди Тоҷикистони азиз дигар он мардум нестем ва сулҳу суботи комил, тинҷию амонӣ ва хушу хурсандии сокинонро ба ҳеҷ ваҷҳ аз даст нахоҳем дод ва барои пойдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мубориза хоҳем бурд.

Ваҳдатат поянда бод, Тоҷикистони азиз!

Б. Некхоҳ

Рубрики
Асосӣ

ИСТИҚЛОЛ: Конференсия доир гардид

Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол Конференсияи 23 –юми ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол баргузор гардид.

Дар кори Конференсия и.в. Раиси шаҳри Истиқлол  Қаюмҷон Маҳмудзода  ва намояндаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Сухани халқ» Абдусабури Абдуваҳҳоб иштирок намуданд.

Дар Конференсия масъалаҳои пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии «Истиқлол-30»  ва  ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаҳои интихоботии “Гулистон-2” ва “Ободкор-28” ба ҷойи вакилони хориҷшуда мавриди баррасӣ ва пешниҳод қарор гирифт.

         Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демкоратии  Тоҷикистон дар шаҳр номзадии и.в. Раиси шаҳр Қаюмҷон Маҳмудзодаро  ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Истиқлол-30” ва маҷлиси маҳаллии вакилони халқ пешниҳод кард.

         Ҳамзамон номзадии дигар аъзои фаъоли ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии “Ободкор-28” пешбарӣ карда шуд.

         Рафти пешбарии номзадҳо фаъолони ҳизб дар шаҳр баромад намуда, таъкид доштанд, ки ба таври ҳамешагӣ ва тибқи дастури бевоситаи Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нафароне ба ҳайси  вакил пешниҳод мегарданд, ки дар ҷомеа обрӯю иззат доранд ва барои рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, алалхусус дар хизмати софдилона ба халқу Ватани азиз камари ҳиммат бастаанд.

         Сипас иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Қаюмҷон Маҳмудзода ва намояндаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Сухани халқ» Абдусабури Абдуваҳҳоб баромад намуда, қайд карданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун зодаи даврони Истиқлолият дар зарфи 28 соли фаъолият дар фазои сиёсии кишвар мақоми бузургро соҳиб шуда, ҳамчун ҳизби пешсаф  бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳбуби халқ гардид ва бо итминон таъкид доштанд, ки кумиҷроияи шаҳрӣ дар оянда ҷиҳати фаъолияти муассир ва самаранок кӯшиш ба харҷ хоҳад дод. Ҳамзамон даъват карда шуд, ки минбаъд барои тақвияти корҳои дохилиҳизбӣ кӯшиш ба харҷ намоянд.

Дар охир ба  якчанд нафар ҷавонони фаъол  аз ташкилоту муассисаҳои шаҳр  шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Рубрики
Асосӣ Мақола

ИСТИҚЛОЛ: Сулҳ маҳаки аслии рушди тамаддунҳост!

АНДЕША: Рӯзи ваҳдати миллӣ барои мардуми  куҳанбунёди тоҷик ва халқи азизи Тоҷикистон дар давраи нави давлатдорӣ на танҳо ҳамчун ид, балки рӯзи баҳам омадани миллат, асос гузоштан ба сулҳу оромӣ, муттаҳид гардидани ҷамъи парешонгашта, оғози рӯзҳои нек, итмоми ҳисси бадбинию интиқом ва давраи рушди куллии соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар маҳсуб меёбад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониашон қайд намуданд, ки «Аз баракати сулҳу оромӣ мо нақшаҳои худро доир ба пешрафти босуботи кишвар, ободониву созандагии Ватан ва зина ба зина беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум дар доираи чор ҳадафи стратегии миллӣ муайян ва муттаҳид намудем, ки имрӯз бо дастгирии самимона ва саъю талоши ватандӯстонаи халқамон дар ҷодаи амалӣ гардонидани онҳо бо қадамҳои устувор пеш рафта истодаем.

Дар ҳақиқат  аз баракати  сулҳу суботи комил дар кишвар ҳама соҳаҳои мухталиф рушд намуданд ва мардум ба  ҳаёти осоишта ва рушди хостаҳои хеш расиданд, ки мо ба чашми сари худ дида истодаем ва барои ин  арзишҳо ва муқаддасот мардуми кӯҳанбунёди мо арзанда ҳастанд.

Вазъи имрӯзаи Ҷаҳон, бетартибиву низоъҳо дар кишварҳои мухталиф, нооромӣ ва  ҷангҳо, ки рафта истодааст кас дида дар ҳайрат мемонад, ки оё инсони огоҳ аз хатари ҷанг боз даст мезанад ба ҷанг. Маълум ҳаст, ки қудратталабии абарқудратҳо дар  кӯраи Замин идома дорад. Файласуф Шарий дар китоби хеш навиштааст, ки вақте ки сулҳ вуҷуд дорад, тиҷорати ҷанг ба ҳар ҳол аз байн меравад ва ҷанг як тиҷорати бузург аст. Абарқудратҳо аз он фоида мебинанд. Мутаассифона дар ин миён сарзаминҳои дигар пайи  таҳдидҳо қарор мегиранд. Умуман халқи осоишта вафт меёбад.  Ба ҳамин хотир нависандаи чехӣ К.Чапек дар  маҷмӯааш доир ба  ҳаёти инсон навиштааст, ки  ҷаҳони муосир ба нафрат ниёз надорад, ба вай ирода лозим аст, ба ризоият, ҳамкорӣ ва фазои хеле хуби ахлоқӣ ниёз дорад.

Ё дигар нависандаи чехӣ Амос менависад, ки ҷангҳо бояд ҳамчун рамзи ҳайвонӣ рад карда шаванд, зеро инсондӯстӣ ба одамон мувофиқ аст. Ҷанг не, балки сулҳ, ҳадафи куллии ҳаёти инсон бояд ба шумор равад. Гандии бузург низ гуфтааст, ки қудрати бар сулҳ асосёфта аз қудрате, ки тавассути таҳдидҳо ба даст меояд, ҳазор маротиба муассиртар ва пойдортар аст. Агар шумо одат карда бошед, ки одамони дигарро бо таҳдидҳо идора кунед, онҳо аз тарс итоат мекунанд, на аз рӯи эҳтиром ё нигаронӣ нисбати шумо. Ин роҳи осоишта нест.

Ҳамин аст, ки Ваҳдати миллӣ дар кишвари азизи мо низ дар натиҷаи гуфтушунидҳои меҳанпарварона ва инсондӯстонаи фарзандони фарзонаи миллат, хоссатан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миён омадааст. Ҷойи дигар Гандӣ мефармояд, ки ман фаҳмиш ва хостаҳоеро мехоҳам ва эҳтиром мекунам, ки сулҳ мехоҳад ва сулҳ меорад. Бахшишу авфҳои пай дар пай, ки давоми давраи истиқлол дар кишвари мо ба миён омадааст, натиҷаи ҳамон сиёсати бар муҳаббат ба мардуми ин сарзамин рӯйи кор омад. Маҳатма Гандӣ дар ин маврид мефармояд, ки қобилияти бахшида тавонистан дар зеҳн ва фаҳмиши инсонҳои бузург мавҷуд аст.

Мутаассифона, як гурӯҳ аз душманони миллат то имрӯз аз ин сиёсати оқилона танқид мекунанд ва душманӣ доранд. То ҳатто як тарафи дигари сулҳ ҳизби террористии наҳзат ва нухбагони онро мешуморанд, ки хатост. Агар ба таҷрибаи сулҳи ҷаҳон назар афканем эълони итмоми ҷанг, ташкили сулҳ ва дигар чораҳо бо гурӯҳҳои мухолиф баста мешавад, барҳақ бузурге фармудааст, ки мо бо душманон сулҳ мекунем, на бо дӯстон, ки ин дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар собит ёфт ва сулҳу муттаҳидӣ бо роҳи даъватҳои  меҳанпарваронаи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хизматҳои шоёни он кас ба миён омад. Мухолифони мо ҳеҷ вақт тарафдори сулҳ набуданд ва имрӯз ҳам нестанд. Мутаассифона наҳзатиҳо, ки дасти бевосита дар ин куштору харобкориҳо доштанд, боифтихор аз «нақши асосӣ»-ашон дар бастани сулҳ гап мезананд. Шарм дар назди виҷдон, шарм дар назди арвоҳи он саду ҳазоре, ки қурбони мансабталабӣ ва ҳукуматхоҳии эшон гаштанд, бояд дошта бошанд.

Хулосаи ман ҳамин аст, ки Рӯзи Ваҳдати миллӣ иди мардуми бонангу номус ва меҳанпарвари Тоҷикистон аст, на иди гумраҳону ифротгароён. Ин Ҷашни муқаддас иди онҳоест, ки  ин сарзаминро дӯст медоранд ва 25-солагии ин Рӯзи муқаддас муборакашон бошад.

Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол                                                           Муҳаммад Ниёззода

Рубрики
Асосӣ Мақола

ИСТИҚЛОЛ: Аморати исломӣ ё «давлат» – ё, ки дар пояи зулм «кашф» шуда аст

ИЗҲОРОТ: Чандест, ки дар кишвари ба мо ҳамсоя Афғонистон  гурӯҳи ифротии «Толибон» гуё аморате сохта бошанд ба худашон хос «ҳукмронӣ доранд. Чун тиннату замирашон сиёҳ аст, ҳукмронии сиёҳро алайҳи мардум оғоз кардаанд. Пас гуфтан ҷоиз аст, ки  вуҷудашон сиёҳ асту ақлашон сиёҳу нияташон сиёҳ. Агар бамаврид назар афканем хуни мардумро рехтан, ҳуқуқи зиндагии озоди мардумро  нақз кардан ва умуман зулм болои  ҳамдину ҳамкеш кардан ислому мусулмонист. Магар метавон дар мизони хирад ҳоли зори ун мардумро, ки то ҳатто барои дарёфти бурдаи нон фарзанди ҷигарбанди хешро ба фурӯш баровардааст ҷой кард, ҳатото фикраш ҳам ба дил озору азият мебахшад.

Давлате, ки мехоҳанд дари пояи ҳазорон сарҳои бурида, ҷонҳои зинда зери хок карда, наврасону кӯдакони бо ваҳшонияти хос қатлнамуда бисозанд, ба шарти кадом адён хос аст, худ қазоват намоед.

 Ана ҳамин гурӯҳҳо дар кишварҳои исломӣ бо истифода аз тарсонидани мардум ба номи ислом нақшаҳои хунини хешро роҳандозӣ карда истодаанду шаҳрвандони ин марзу бум аз хурд то бузург зери ҳамин талаботҳои «шаръӣ» ба балои ҳаёт гирифтор ҳастанд. Ҳамаи ин бадбахтист. Ман чаро ин матлабро, яъне Афғонистонро мисол овардам? Мардуми тоҷик 30 сол муқаддам дучори чунин ҳангомаҳову ҷорзаниҳои ба номи ислом гашта буданду кишвар ғарқи хун гардида буд. Вале бадбахттар аз ин он аст, ки ҳоло ҳам «ҳамватанон»-и мо дар кишварҳои Аврупо бо барномаҳову шабакаҳои террористӣ сӯйи мардум даҳан андохта истодаанд. Магар ба сиёсати он давлатҳо, магар хостаи он давлатҳо дастгирии ислом ва мусулмонҳост? На, маълум, ки ин аҳмақҳоро ҳамчун силоҳ истифода мебаранд. Ҳоло ҳам чандин гумраҳ ҳамватанони ифротии  мо баъди гузаронидани мағзшӯии мақсаднок ва дар шуури торики онҳо ҷой кардани афсонаҳои бофтаи «ҷиҳоду шаҳодат» онҳоро ҷониби худкушӣ раҳнамун месозанд ва ин манқуртҳои ақлбохта бо боварию итмонони роҳёбӣ дар биҳишти хаёлаашон  даҳҳо нафар бегуноҳро ба коми марг мефиристанд.  Магар ҳамин аст дини Ислом, магар ҳамин аст дин, ки мардуми ғораткарда дар Сурияву Ироқ ва Афғонистон роҳ ба сӯйи муҳоҷирати иҷборӣ гирифтаанд.

Кабирӣ имрӯз аз хориҷи кишвар истода, «бечораҳолӣ», «бечоранолӣ» мекунад ва чанде дигар каждумсифатҳо ӯро дастгирӣ мекунанд. Бояд мардум огаҳ бошад, ки ин Муллокабирӣ замоне дар кишвар тавассути дуздӣ дар Анқара хонаи сеошёна, дар Истамбул ду хонаи панҷҳуҷрагӣ ва дар Анталия бӯстонсаро харида, бозори хусусӣ ва дигараш ҷойи гап нест аз худ карда буду имрӯз худро сайд гумон мекунад.

Ин «бечоранамоиҳояш» бо аз мақсадҳои бадаш холӣ нест ва мутаассифона аз номи дину ойин ва мағзшӯии чанде аз нафарони гумраҳ. Бовар кунед, ки  Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш аз «Толибон» бадтар ниятҳои сиёҳ доранд ва  дар пайроҳаи фаъолияти хеш ҳатто куштори инсонро қабул доранд ва мепазиранд.

 Пас қазоват кунед, ки  кадомин амали Кабарӣ бахайр буду ҳаст. Вақте инсон дурӯғ мегӯяд, фиреб мекунад, хиёнат мекунад, мардумро ба гумраҳӣ мебарад, куштану ғасбро тарғиб мекунад, пас муқобили дин нест ва дар куҷои ин даъватҳо мантиқи фалсафаи «ҷиҳоду шаҳодат»-и наҳзатӣ вуҷуд дорад.  Онҳо ҳамон исломеро қабул доранд, ки худ мехоҳанду хоҷагони хориҷиашон. Ҳамон исломи мусулмонкуш.

Аъзои фаъоли ҲХДТ

дар шаҳри Истиқлол

Б. Некхоҳ