Рубрики
Асосӣ

Конибодом: Мулоқоти судманд

     Мулоқоти навбатӣ ташаббуси КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом дар муассисаи таълимии №4 бо иштироки масъули Кумитаи шаҳрии ҳизбӣ бо омӯзгорони муассиса гузаронида шуд. Зимни мулоқот масъаоаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, даъвати насли ҷавон ба хизмат дар Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тарбияи наслиҷавон ва бад – ин васила тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ қарор гирифта, ҳозирин фикрҳои худро бобати он баён карданд. Инчунин бобати татбиқи Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” сухан карданд. Масъули КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом аз омузгорон даъват ба амал овард, ки дар хонандагон ҳисси баланди ватандустиро тарбия намоянд, зеро ояндаи миллат маҳз дар дасти онҳост.

   Дар фарҷом бархе аз омӯзгорони ҷавони муассиса ба сафи аъзоёни Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон қабул карда шуданд.

Рубрики
Асосӣ

Конибодом: Баргузории чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи оила

     Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбад”.

     Бо назардошти таъкидҳои доимии Пешвои миллат ҳамасола дар соаросари кишварамон 15-уми май ҳамчун “Рӯзи байналмилалии оила” ҷашн гирифта мешавад.

   Оила- сарчашмаи муҳаббат, эҳтиром, якдилӣ ва дилбастагист. Оила ҳамчун унсури асосии ҷомеа ҳамеша нигоҳдорандаи арзишҳои инсонӣ, фарҳанг ,идомаи таърихии наслҳо ва омили мустаҳками инкишоф аст.

   Дар ҳамин радиф санаи 10-уми майи соли ҷорӣ бо сокинон ва оилаҳои намунавии ҷамоати деҳоти ба номи Пӯлотон дар тарабхонаи “Олимиён” чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагон аз МИҲД-и шаҳри Конибодом ва инчунин намояндагон аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом иштирок варзиданд.

    Нахуст намояндагони МИҲД шаҳри Конибодом бо расонидани номаи табрикии Раиси шаҳри Конибодом муҳтарам Абдусалом Тӯхтасунзодаро ба самъи ҳозирин расониданд.

Ҳамчунин, дар чорабинии мазкур оилаҳои намунавии 1-сола Султоновҳо аз маҳаллаи Дадохон Олимов, оилаи 45-сола Эргашевҳо аз деҳаи Равот ва оилаи 65-сола Умаровҳо аз деҳоти Ғалчамулло ҳузур доштанд. Намояндагони оилаҳо дар рафти чорабинӣ аз ҳаёту фаъолияти худ нақлҳо карда,аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки дар роҳи пурпечутоби зиндагӣ хислатҳои хуби инсонӣ, ба монанди сабру таҳаммул, мардонагӣ, меҳнатдӯстӣ ва ростию ростқавлиро пешаи худ кунанд.

   Инчунин, аз тарафи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ба модароне, ки фарзандони худро ба хизмати ҳарбӣ сафарбар кардаанд, Сипосномаи КИ ҲХДТ ва туҳфаҳои хотирмон тақдим карда шуд.

   Дар фарҷоми чорабинӣ аз тарафи овозхони шинохта Дилшод Зоиров сурудҳои дилписанд табъи ҳозиринро болида намуд.

Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: МИЗИ МУДАВВАР: “ЗИРАКИИ СИЁСӢ ОМИЛИ МУҲИМИ ПЕШРАФТИ ҶОМЕА”

   Дар Коллеҷи технологии шаҳр масъулини кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар доираи сафари навбатии кориашон ҳангоми мулоқот бо фаъолони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иброз доштанд, мизи мудаввар таҳти унвони” Зиракии сиёсӣ омили муҳими пешрафти ҷомеа ” баргузор намуданд. Ҳадаф аз роҳандозии чорабинии мазкур мусоидат дар тарғибу ташвиқот байни ҷавонон бобати пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳизбу равияҳои тундгаро, тарғиби тафаккури солим , баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандии ҷавонписарон ва ба сафи хизмати Ватан-модар даъват сохтани онҳост.

Дар чорабинӣ Мирмуллоев Назирҷон-мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, Маҳмудов Фахриддин-имомхатиби масҷиди ҷомеи Зарбед, Тураева Муаззамхон –раиси Шӯрои собиқадорони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ва омузгорон, ҷавонони фаъоли шаҳр,аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” ҳузур доштанд.

Нахуст чорабиниро муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Шерматова Фирӯза ҳусни оғоз бахшида, ҳадафи баргузории чорабиниро баён намуданд. Дар рафти чорабинии мазкур аз тарафи аъзоёни фаъоли ҲХДТ маърузаҳо оид ба мавзуъҳои “Истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ва бартарафсозии таҳдиду буҳтонҳои хоинони миллат”, “ Занону бонувон амалҳои номатлубро маҳкум мекунанд!”, ” Терроризм ва ифротгароӣ амалҳои номатлуби ҷаҳонӣ”, ” Тарзи либоси миллӣ на моро мусулмонтар мекунаду на исломро ғанитар…” пешкаши ҳозирин гардонида шуд. Инчунин аз тарафи муҳассилини муассисаи миёнаи №3 шеърҳо дар васфи Ватан, Тоҷикистон ва Пешвои миллат қироат гардид. Аз тарафи масъулон бобати масъалаҳои мубрами рӯз аз ҷумла, терроризму экстремизм, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ақидарониҳо шуда, аз ҷавонони ватандӯст даъват ба амал оварда шуд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода,бар Ватани хеш содиқона хизмат намоянд ва барои суботи ҷомеаю кишвар ҳисси арзандаи худро гузоранд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ҷавонон низ андешаронӣ намуда,ба саволҳои худ ҷавобҳо гирифтанд.

Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: ҶАЛАСАИ РАИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД БО АЪЗОЁНИ РАЁСАТ

Нимаи дуюми санаи 28.04.2022 ҷаласаи Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон бо аъзоёни раёсати кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом бобати масъалаи мубрами рӯз : даъвати баҳоронаи ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар баргузор гардид.

Муҳтарам Исмоилзода З.М. аз шумори сафарбаршудагон аз ҳисоби ҷавонони синни даъватӣ ба хизмати ҳарбӣ изҳори нигаронӣ намуда,ба масъулин бобати ҷоннок намудани корбарӣ дар ин самт дастуру супоришҳо дод. Мавсуф афзуд,ки дар робита бо соҳаи маориф бояд ҳар як омузгор дақиқаи аввали дарсро ҷиҳати тарғиби тарбияи ҳарбӣ-ватандустии наврасону ҷавонон оғоз кунад.Ва минбаъд кор дар маҳаллаву деҳот мақсаднок ба роҳ монда шавад.

Директори литсеи касбии саноати дузандагӣ Раҳимҷонова З ҳамчун аъзои гуруҳи корӣ ҷиҳати мулоқот бо падару модарони даъватшавандагон андешаронӣ намуд.

Ҳамчунин зимни мулоқот намояндаи Литсейи касбии саноати кишоварзии шаҳр Узоқов Э суханронӣ намуда, қайд кард,ки аз ҳисоби донишҷуёни хатмкунанда ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар хуб ба роҳ монда шудааст.

Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Бобоҷонзода А.Т ҷиҳати роҳандозии мулоқотҳои тарғиботии “Хона ба хона” дар маҳаллу деҳот ҳарф зада,қайд намуд,ки бояд ҳизбиён дар ҳалли ин масъалаҳо бахусус ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ҳамчун неруи идеологӣ корбарӣ намоянд.

Дар фарҷом ба масъулин бобати масъалаи болозикр аз тарафи Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд муҳтарам Исмоилзода Зуфар Муртазохон вазифагузориҳои ҷиддӣ дода шуд.

Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: Мизи мудаввар: “зиракии сиёсӣ омили муҳими пешрафти ҷомеа”

Дар Коллеҷи технологии шаҳр масъулини кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар доираи сафари навбатии кориашон ҳангоми мулоқот бо фаъолони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иброз доштанд, мизи мудаввар таҳти унвони” Зиракии сиёсӣ омили муҳими пешрафти ҷомеа ” баргузор намуданд. Дар чорабинӣ Мирмуллоев Назирҷон-мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, Маҳмудов Фахриддин-имомхатиби масҷиди ҷомеи Зарбед, Тураева Муаззамхон –раиси Шӯрои собиқадорони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ва омузгорон, ҷавонони фаъоли шаҳр,аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” ҳузур доштанд.

Нахуст чорабиниро муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Шерматова Фирӯза ҳусни оғоз бахшида, ҳадафи баргузории чорабиниро баён намуданд.

Мирмуллоев Назирҷон мудири шуъбаи ҷавонони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд дар баромадаш қайд намуд, ки ҳадаф аз роҳандозии чорабинии мазкур мусоидат дар тарғибу ташвиқот байни ҷавонон бобати пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳизбу равияҳои тундгаро, тарғиби тафаккури солим , баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандии ҷавонписарон ва ба сафи хизмати Ватан-модар даъват сохтани онҳо буда

    Дар рафти чорабинии мазкур аз тарафи аъзоёни фаъоли ҲХДТ маърузаҳо оид ба мавзуъҳои “Истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ва бартарафсозии таҳдиду буҳтонҳои хоинони миллат”, “ Занону бонувон амалҳои номатлубро маҳкум мекунанд!”, ” Терроризм ва ифротгароӣ амалҳои номатлуби ҷаҳонӣ”, ” Тарзи либоси миллӣ на моро мусулмонтар мекунаду на исломро ғанитар…” пешкаши ҳозирин гардонида шуд. Инчунин аз тарафи муҳассилини муассисаи миёнаи №3 шеърҳо дар васфи Ватан, Тоҷикистон ва Пешвои миллат қироат гардид. Аз тарафи масъулон бобати масъалаҳои мубрами рӯз аз ҷумла, терроризму экстремизм, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ақидарониҳо шуда, аз ҷавонони ватандӯст даъват ба амал оварда шуд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода,бар Ватани хеш содиқона хизмат намоянд ва барои суботи ҷомеаю кишвар ҳисси арзандаи худро гузоранд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ҷавонон низ андешаронӣ намуда,ба саволҳои худ ҷавобҳо гирифтанд.

Рубрики
Асосӣ

Конибодом: ҶАВОНОН ҲИМОЯТГАРОНИ МАРЗУ БУМИ АҶДОДӢ БОШАНД

    Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯзҳо масъалаи даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз масъалаҳои муҳими мубрами рӯз гардида, фаъолони ҷомеаро тақозо менамояд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро байни ҷомеа ва бевосита бо падару модарони ҷавонони синни даъватӣ дар маҳалҳо бо усули “Хона ба хона” ҷоннок намоянд. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом чун ниҳоди идеологӣ бо халқ ва байни мардум буда, барои натиҷаҳои дилхоҳ додани маъракаи муҳими даъвати баҳоронаи ҷавонон андешаҳои судманд роҳандозӣ мекунад. Вобаста ба ин самт санаи 25-уми апрели соли ҷорӣ бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Бобоҷонзода А.Т, Раиси шурои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳр Ғаниев Н, сархатиби масҷиди ҷомеа Аброров А бо аҳли ҷамоатчигии деҳаҳои Диловарон ва Ҳисораки ҷамоати деҳоти ба номи Ортиқов вохӯрӣ баргузор гардид. Зимни мулоқоти мазкур масъулин бо волидайни бархе аз даъватшавандагони даъвати баҳорона суҳбат ороста, аз онҳо бобати шукргузорӣ ба сулҳу субот, якдигарфаҳмӣ, расидан ба қадри тинҷиву оромӣ , тоза ва ободу сарсабз гардонидани маҳал, тарбияи хуби насли ҷавон даъват ба амал оварданд. Ҳамчунин аз нооромии ҳамсоякишварҳои ҷангзада мисолҳо оварда, ҳимояи марзу буми аҷдодиро қарзи ҳар як фарзанди худогоҳу ватандӯст шумориданд. Сокинони деҳот дар фарҷоми суҳбат бо суолу дархостҳои худ муроҷиат намуда, маслиҳатҳои муфид гирифтанд.

Рубрики
Асосӣ

Конибодом: Иҷрои Қонунҳои миллӣ низ масъулият аст

  Ин навбат масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом бо омӯзгорони муассисаи таълимии №15-и деҳаи Маданият мулоқот оростанд. Зимни мулоқот масъулин бобати амалишавии  Қонунҳои миллӣ аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ибрози ақида намуданд. Дар раванди сӯҳбат худ масъулини кумиҷроияи шаҳрии ҳизб нақши қонуни зеринро дар боло рафтани сатҳи зиндагии мардум арзёбӣ намуд.  Инчунин оид ба мавзуи зикргардида чанде аз омӯзгорон низ фикру андешаҳои худро баён намуданд.

 Дар рафти сӯҳбат ҳамчунин аз тарафи намояндагони КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом дар мавзӯи тарбияи дурусти насли наврас, масъулиятшинос будани онҳо, мустаҳкамтар намудани ҳисси ватандӯстиву худогоҳии миллӣ дар ботини онҳо ақидарониҳо намуд.

   Дар фарҷоми мулоқот бархе аз муаллимон ба сафи узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул карда шуданд.

Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: Нест бод терроризм ва экстремизм!

        Бо мақсади пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва гурӯҳҳои ифротӣ дар коллеҷи омӯзгории шаҳри Конибодом зери унвони “Ҷавонон нерӯи бузург бар зидди терроризм ва экстремизм” ҷамъомад доир гардид, ки дар он сархатиби масҷиди марказӣ Аббосхон Аброров, роҳбари гурӯҳи ҷавонони “Авангард” Ғафурҷон Баротов ва омӯзгорону донишҷӯён фаъолона ширкат доштанд.

        Директори муассиса,вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳр муаллима Г. Раҳмонзода меҳмононро хайрамақдам гуфта, роҷеъ ба татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат бо терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021-2025 ҳарф зад. Зикр гардид, ки бо ҷурми иддае аз мардуми пастфитрат дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ ё таҳмилӣ сар заду ба мо дарси бузург шуд. Имрӯз бо ташкили чунин вохӯриҳову семинарҳо мехоҳем шомил шудани ҷавононро ба ҳар гуна гурӯҳҳои мамнӯъ пешгирӣ кунем.

        Сархатиби масҷидҳои шаҳр А. Аброров бо зикри дастовардҳои замони истиқлолии кишвар, нақли қиссаҳо аз рӯзгори саҳобаву бузургони дин  ҳозиринро ба шукргузорӣ ва расидан ба қадри ин неъматҳои илоҳӣ, падару модар, эҳтироми ҳамдигар ва омӯхтани илм даъват намуд.

       Ҳамзамон, роҳбари ҷавонони “Авангард”-и шаҳр Ғафурҷон Баротов дар робита бо саҳми ҷавонон дар рушди кишвар маърӯза намуда, қайд кард, ки ҷомеаи Тоҷикистон бо баробари ба даст овардани соҳибистиқлолии хеш тамоми имкониятҳоро барои баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва динӣ омода кардааст. Мо ҷавонон бояд аз ин имкониятҳо васеъ истифода кунем. Инсон танҳо ба воситаи омӯзиш ва пайдо кардани маърифат инсони комил мешавад. Бешубҳа, имрӯз амалҳои террористиву экстремистии бархе аз мардуми ҷоҳил мо-ҷавононро водор месозад, ки барои ҳимояи миллату давлат бештар эҳсоси масъулият кунем. Ифтихормандам, ки садорати коллеҷи мазкур бо дарки масъулият барои баланд бардоштани маърифати сиёсии донишҷӯён бо ташкили ин гуна семинарҳо саҳмгузор мебошад.

         Дар семинар инчунин бо тамошои навори омӯзишӣ донишҷӯён низ ибрози назар карда, ҳамсолони худро барои саҳмгузорӣ ба пойдории сулҳу ваҳдат даъват намуданд.

Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: Ҷавононро тафаккури солим мебояд

    Ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади иҷрои  дастури Муовини якуми Раиси ҲХДТ  масъулини кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом байни ҷомеа корҳои фаҳмондадиҳӣ ва мулоқоту суҳбатҳоро ҷоннок намуда, кушиш мекунанд, чун неруи бузургии идеологӣ дар афкори ҷавонон мустаҳкамии ақлу дониш, тафаккури солим, зиракии сиёсӣ, ватандустӣ ва худогоҳии миллӣ барин хислатҳои неки инсониро тарғиб намояд. Бо ҳамин мақсад дар ҳамкорӣ бо муассисаи таълимии №4  ин навбат суҳбати муовини Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Фирӯза Шерматова , сархатиби масҷиди ҷомеи шаҳр Аббосхон Аброров ва омузгорон бо муҳассилини муассисаи таълимии мазкур дар доираи масъалаҳои мубрами рӯз сурат гирифт. Масъулин бобати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, бобати  таассуб ба фарҳанги либоспушии бегона , тарбияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ, даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, рӯй  овардан ба китобу китобхонӣ ва бисёр мавзӯоти муҳими имруз сухан карда, аз хонандагон даъват ба амал оварданд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, боилму бомаърифат гарданд , зеро соҳибилму соҳибақл ба ҳеҷ равияву қувваҳо майли рафтан надорад.

   Дар фарҷом ҷавонон баҳри дастгириҳои падаронаи роҳбарияти Олии мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат , Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози сипос баен дошта, ибрози онро доштанд, ки ҳимоягару дустдори Ватани хеш мегарданд.

Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: Кӯмаки амалӣ-методӣ ба ташкилоти

ибтидоии ҳизбии “Фирузоба”

      Аз тарафи масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ба корҳои ҳуҷҷатнигории ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷамоати деҳоти “Фирузоба” кӯмаки амалӣ-методӣ расонида шуд.

     Қайд кардан бамаврид аст, ки дар асоси дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 7 феврали соли 2019 ҷиҳати пурзӯр намудани самти фаъолияти сиёсии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба роҳ монда шудааст.

      Иқдоми мазкур дар дигар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳр идома дода мешавад