Рубрики
Асосӣ

Панҷакент: Боздид аз ташкилоти ибтидоии нозироти андоз

          Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии нозироти андози шаҳр боздид намуд.

          Дар сӯҳбате, ки бо ҳизбиён – кормандони нозироти андоз, баргузор шуд, М. Шукурзода ҷанбаҳои асосии сиёсати иқтисодии Ҳукумати мамлакат шарҳ дода, аз саҳми онҳо дар ғанӣ гардонидани буҷет ва иқтисоди шаҳру вилоят ва ҷумҳурӣ ёдовар шуда, таъкид дошт, ки интизоми пардохти андоз ҳануз аз ҷониби на ҳама андозсупорандагон риоя мешавад ва дар ин самт онҳо тибқи муқаррароти Кодекси андоз салоҳиятҳои заруриро доро ҳастанд.

          Дар анҷоми боздид ба роҳбарияти нозироти андоз Номаи миннатдории Кумитаи иҷроия барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои барномавии ҲХДТ ва роҳандозии корҳои ҳизбӣ, ба панҷ нафар аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоӣӣ ҳизбӣ сипоснома тақдим карда шуд.

Рубрики
Асосӣ

ПАНҶАКЕНТ: Рамазон – моҳи хайру эҳсон

          Дастгирии дармондагон, хайру эҳсон ба эҳтиёҷмандон, меҳрубонию шафқат ба  беморону дардмандон аз умдатарин фазилатҳои моҳи шарифи рамазон аст, ки мардуми мо асрҳо боз ба он риояву пайравӣ мекунанд.

          Дар ин радиф кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент тасмим гирифтанд, ки фитри рӯзаи моҳи рамазонашонро ҷамъ намуда, барои хайру эҳсон масраф намоянд.  Бо ҳамин ният раиси Кумитаи иҷроия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода ҳамроҳи кормандони Кумитаи иҷроия ба аёдати сокини шаҳр Зулайхо Мансурова рафтанд, ӯро бо иди саиди фитр, ки пас аз се рӯз фаро мерасад, табрик гуфта, ба ӯ як миқдор маводи хурока  тақдим намуданд ва дуои хайрашро  гирифтанд.

Рубрики
Асосӣ

ПАНҶАКЕНТ: ҲИМОЯИ МАРЗУ БУМИ ВАТАН

ВАЗИФАИ КОНСТИТУТСИОНӢ ВА ҚАРЗИ ҶАВОНМАРДӢ

          Ин мавзӯъ дар ҷамъомади васеъи гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент бо фаъолон, сарварони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон, раисони маҳаллаҳо  ва дигар сокинони Ҷамоати деҳоти Ёрӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

         Дар ҷамъомад  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода, корманди масъули бахши шаҳрии раёсати Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд  Саидаъзам Олимов, сарвари бахши шаҳрии  хадамоти муҳоҷират  Абурайҳон Абдушаҳидов, нозири минтақавии милиса Беҳзод Шукурзода назди ҳозирин сухан гуфта,  ваъъи сиёсии ҷаҳон ва минтақаро шарҳ дода,таваҷҷӯҳи  онҳоро ба вазифаи конститутсионӣ ва қарзи ҷавонмардӣ будани хидмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ҷалб карда , омилу сабабҳои мушкилоти маъракаи даъвати ҷавонон дар деҳаҳои ҳудуди Ҷамоати деҳотро таҳлил намуданд.

          Ҳамчунин дар  ҷамъомад масъулияти раисони маҳаллаҳо, сарварони мактабҳо, омӯзгорон, фаъолон ва падару модарон дар омода намудани ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, мусоидат ба маъракаи даъват ба сафи артиш мавриди баррасӣ қарор игирифт.

          Фаъолони Ҷамоати деҳот, собиқадори  меҳнат Маҳкамой Рӯзиева ва раиси хоҷагии деҳқонии “Хуросон” Шаҳриёр  Абдушаҳидов дар ҷамъомад  сухан гуфта, ташкили чунин  мулоқот ва сӯҳбати ошкороро муфид арзёбӣ карда, аз ҳозирин  даъват намуданд, ки дар сафарбар намудани ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ саҳм гузоранд.

Рубрики
Асосӣ

ПАНҶАКЕНТ: Наврасон ба чӣ тақлид мекунанд?

          Ба ин саволи кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, ки дар дарси кушод дар муассисаи таҳсилоти миёнаи № 59-и деҳаи Сӯфиёни Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан иштирок доштанд, хонандагони зинаи сеюми таҳсилот  ҷавобҳои гуногун доданд. Яке бобою падарашро ном бурд, дигаре қаҳрамони кадом филм ва сеюмӣ сарояндаеро арзандаи тақлид донистанд.

          Мудири шуъбаи кор бо занон Мавлуда Тоҷиева ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Қобилҷон Ҷалолов  ҷавобҳои хонандагонро таҳлил намуда,  бо мисолҳои мушаххас оқибати тақлид ба қаҳрамонҳои сериолҳои филмҳо истеҳсоли хориҷӣ, қаҳрамонҳои филмҳои зӯровариро ба онҳо фаҳмониданд.

          Таъкид шуд, ки тақлид ба сару либоси бегона, хоса сатру ҳиҷоб инъикоси олами ботинӣ ҳам буда метавонад ва ин дар оянда  омили гароиш ба ақоиди ифротӣ шуданаш мумкин аст ва хонандагон  бояд аз ин амалҳо дурӣ ҷӯянд.

Рубрики
Асосӣ

ПАНҶАКЕНТ: Дар Сӯфиён аз замин босамар истифода менамоянд

          Истифодаи босамари замин, рӯёнидани ҳосили фаровон дар заминҳои наздиҳавлигӣ, президентӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ дар вазъияти муташанниҷи сиёсӣ ва иқтисодии  ҷаҳон аз масъалаҳое буд, ки  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар машварати корӣ  бо  роҳбарону фаъолони вилояти Суғд баён доштанд.

         Дар ҳамин замина ва тибқи дастури Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент аз деҳаи Сӯфиёни Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан, ки сокинонаш аз ҳар ваҷаб замин босамар истифода менамоянд ва дар ин кор таҷрибаи ғанӣ доранд, боздид намуданд. Деҳқонони деҳа ба даъвату вазифагузориҳои Пешвои миллат бо кори амалӣ ҷавоб мегӯянд.

         Даҳҳо нафар ин ҷо дар заминҳои наздиҳавлигӣ ва саҳмашон дар хоҷагиҳои деҳқонӣ машғули меҳнат буданд. Амалан дар ҳар ҳавлӣ дар гармхонаҳои муваққатӣ ниҳолҳои кӯчатии помидор, қаланфури булғорӣ, қаланфур, карам ва дигар зироат парвариш мекунанд.  Дар  қитъаҳои кишт деҳқонон аллакай ба хишоваи сабзии барвақтӣ, ки аллакай сабзидааст, машғуланд. Сокини 76-солаи деҳа Сабоҳат Аҳмадова бошад  ба ниҳолҳои лиму, ки дар гармхонааш   шинонидааст, нигоҳубин мекунад.  Ҳанӯз  тирамоҳ онҳо  заминҳои саҳмашонро шудгор намуда, пору ва хоки бегонаю хокистар мекашонанд. Аз ин ҷост, ки онҳо аз сабзавот ҳосили фаровон ба даст меоранд, бозори шаҳрро бо он таъмин мекунанд  ва тоҷирони шаҳри  Душанбе аз сари замин маҳсулоти истеҳсолкардаашонро мехаранд. Имрӯз низ паҳлӯи  шоҳроҳи Панҷакент – Айнӣ, ки Сӯфиёнро убур мекунад, дастранҷи деҳқонони деҳаро бо нархи аз бозор арзонтар дастрас кардан мумкин аст.

          Ҳангоми боздид сокинони деҳа ба  аъзоёни гурӯҳи корӣ-мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроия Мавлуда Тоҷиева ва мудири шӯъбаи кор бо ҷавонон Қобил Ҷалолов иброз доштанд, ки онҳо чун ҳамасола аз замин босамар истифода намуда, ҳосили фаровон мерӯёнанд.

Рубрики
Асосӣ

ПАНҶАКЕНТ: Мулоқот бо донишҷӯён

          Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент силсилаи мулоқотҳоро бо донишҷӯёни донишкадаю коллеҷҳои шаҳр баргузор намуда, дар онҳо масъалаҳои мубрами ҳаёти ҷавононро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.Чунин мулоқотҳо бо донишҷӯёни коллеҷҳои тиббӣ ва  омӯзгории шаҳр баргузор шуданд.

          Мудири шуъбаи  ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроия Мастона Муродзода, мудири шуъбаи кор бо занон Мавлуда Тоҷиева ва  мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Қобил Ҷалолов дар ин сӯҳбатҳо муҳтавои сиёсати давлатии ҷавонон, имкониятҳое, ки  бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои донишу касбандӯзӣ ва рушди маънавии  ҷавонон дар мамлакат муҳайё шудааст, шарҳ дода , онҳоро ба донишандӯзӣ, мавқеи фаъоли ҷамъиятӣ, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ, дурӣ ҷустан аз афкори ифротӣ даъват намуданд.

          Таъкид шуд, ки дар ин самтҳо бояд аъзоёни ҷавони ҳизб, ихтиёриёни ТҶҶ  “ Созандагони Ватан” барои ҳамсолони худ намунаи ибрат бошанд, онҳоро ба корҳои шоиста, пиндору  кирдори нек , пайравони ҳақиқии Пешвои муаззами миллат будан раҳнамун созанд.

Рубрики
Асосӣ Мақола

ПАНҶАКЕНТ: Бобоёнамон ба ҷанг рафта буданд,

Вале чаро баъзе ҷавонон аз хидмати ватан саркашӣ мекунанд?

МУЛОҲИЗА:  Ман ин шумораи нашрияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент- “Фарвардин”-ро  ҳифз мекунам. Дар ин шумора, ки ба ифтихори Рӯзи Ғалаба  соли гузашта ба нашр расида буд, акси  шонздаҳ нафар иштирокчиёни ҷанг, аз  ҷумла бобои зиндаёди ман  Эшмуродов Бердимурод бо  шарҳи мухтасари  мо – фарзандону наберагони онҳо, ҷой дода шудааст.  Ин саҳифа “Қаҳрамонон намемиранд” ном дорад ва ба назари ман арзиши он барои мо- бастагони қаҳрамонони ҷанг алайҳи фашистон, қимати аз як  шумораи нашрия хеле болоро доро аст.  Бале, хотираро нарх гузоштану қимматашро муайян намудан ғайриимкон аст.

          Ҳоло ин шумораи нашрияро бори чандум аст, ба даст мегирам, ба симои бобоям ва дигар  ҷанговарони ҳамдиёрам менигарам.  Чеҳраашон гарм.Дар паси ин  аксҳои сиёҳу сафед  ман қаҳрамониву ҷоннисории ҳазорҳо ҳамватанонамонро, ки дар набардҳои ҷанги ҷаҳонӣ ҷоннисорӣ кардаву ҳазорон нафарашон ҷон бохтаанд ва қабрашон дар саросари  Аврупо воқеъ аст, мебинам.

          Мегӯянд, дар он солҳои пурошӯб садҳо тан ҳамдиёрони ман ихтиёрӣ худро ба дами оташи ҷанг андохтаанд ва номи онҳое, ки аз даъват ба ҷабҳа гурехта, дар кӯҳу дараҳо пинҳон гашта буданд, имрӯз баъди  77 соли итмоми ҷанг, то ҳанӯз  чун гуреза  дар  хотираҳо боқист.

           Ин  андешаҳоро ман дар сӯҳбат бо мардум , хоса насли ҷавон, борҳо баён доштаам ва ҳоло, ки маъракаи баҳории даъват ба хидмати ҳарбӣ идома дорад  дар мулоқотҳо такрор менамоям . Ва меафзоям, ки бобою бобокалони шумо  бе истиҳола  ба майдони набард мерафтанд, ҷон ба каф гирифта, алайҳи душман меҷангиданд, тарси марг надоштанд. Баъзе ҷавонон бошанд имрӯз  бо сад баҳона мехоҳанд худро аз хидмати ҳарбӣ дур гиранд. Вақте як ҷавонмард худро дар паноҳи волидону наздикон бо чи роҳу ҳилае аз хидмат дар сафи артиш мегурезад, забон намегардад, ки ӯро ҷавонмард  ном барӣ.  Оини ҷавонмардӣ  пеш аз ҳама дар  ҳимояи хона, шаҳру деҳа, дар маҷмӯъ марзу буми Ватан ифода меёбад.

          Ҳоло ки ба шарофати сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу салоҳ дар ҷомеи мо барқарор аст, ҷавонаскарони мо на чун собиқа дар паҳнои беканори  Шӯравӣ , балки дар Ватани худамон , бо ҳамдиёрони худ хидмат мекунанд, чаро бояд аз хидмат саркашӣ намоянд? Худое накарда, дар ин замони пурфитнаю муташанниҷ душмане сӯи мо теғ кашад,ин ба ном “ҷавонмардон”-и “хонашеру майдонғариб”, модару хоҳар , хонаи онҳоро кӣ бояд ҳифз кунад!

          Албатта, намунаҳои волои риояи рисолати ҷавонмардӣ дар Ватани мо зиёд аст.  Солҳост, ки ҷавонони бадахшонӣ дар як рӯз  сарҷамъона ба сафи артиш мепайванданд ва вилоят дар мамлакат нахустин шуда нақшаи даъват ба хидмати ҳарбиро иҷро менамояд.   Соли гузашта ҳазорон нафар ҷавонмардон дар саросари кишвар омодагиашонро ба ҳифзи сарҳад дар   Воруху Чоркӯҳ изҳор доштанд.

         Бовар дорам, ки дар  шарёни  ҷавонони мо хуни Деваштичу  Шерак, Темурмалику Муқаннаъ ҳанӯз ҷорист ва онҳо марзу буми муқаддаси Ватанро бо баҳои ҷон ҳифз мекунанд.

          Бобоёни мо ҳафтоду ҳафт сол муқаддам инро собит кардаанд ва ман ифтихор менамоям, ки дар ин байн бобои ҷанговари ман Эшмуродов Бердимурод низ будаанд.

                                                                                      Мастона Муродзода,

                                                       мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо  кадрҳои

                                                              КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент

Рубрики
Асосӣ

ПАНҶАКЕНТ: Ҳизбиён бо мардум сӯҳбат оростанд

Маҷмӯи масъалаҳои муҳими рӯз дар сӯҳбати гурӯҳи тарғиботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент бо сокинони Ҷамоати деҳоти Чинор мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Муҳтавои ин сӯҳбатро, ки мудирони шуъбаҳои Кумитаи иҷроия Мастона Муродзода, Мавлуда Тоҷиева ва Қобилҷон Ҷалолов анҷом доданд, нуктаҳои асосии суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми боздидашон аз шаҳри Панҷакент ва дигари шаҳру навоҳии вилояти Суғд ташкил медод.

Ҳагоми сӯҳбат ҳамчунин таваҷҷӯҳи аъзоёни ҳизб ва дигар иштирокчиён ба масъалаҳои саҳмгузорӣ ва мусоидати волидон ба даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ, риояи муқаррароти қонунҳо дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд, танзими анъана ва расму оин, пешгирии зӯрварӣ дар оила ва истифодаи босамари замин ва афзун намудани истеҳсоли зироати ғизоӣ ҷалб карда шуд.

Ҳозирин роҳандозии чунин сӯҳбатҳои ошкороро маъқул дониста, оид ба ҳалли масъалаҳои муҳими рӯз ибрози назар намуда, ҷиҳати ҳалли онҳо пешниҳодҳо намуданд.

Рубрики
Асосӣ

ПАНҶАКЕНТ: Маҳалла ва даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ

Дар маҷлиси навбатии ҳизбиёни Корхонаи давлатии фаръии “Хоҷагии манзилӣ- коммуналӣ”-и шаҳри Панҷакент, ки дар он раисони маҳаллаҳои шаҳр низ шомиланд, баробари шунидани ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ оид ба фаъолият дар семоҳаи аввал, масъалаи даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Раҳимҷон Каримзода, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мастона Муродзода ва Ҳамида Холова мӯҳтавои қонун дар бораи хидмати ҳарбӣ ва ӯҳдадории ҳарбӣ, фармони Президенти мамлакат дар бораи даъвати навбатии ҳарбиро шарҳ дода, таъкид намуданд, ки раисони маҳаллаҳои шаҳр вазифадоранд, ки ба сафарбар намудани ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ мусоидат намоянд.

Ҳозирин ҳамчунин вазъи маъракаи даъват ба хидмати ҳарбиро дар маҳаллаҳои шаҳр таҳлил намуда, барои ба хидмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ ҷалб намудани ҷавонон, баҳисобгирии даъватшавандаҳо, муносибати волидон ба ин маърака, беҳдошти тарбияи ҳарбӣ- ватандӯстии ҷавонон дар мактаб, муассисаҳои олии таълимӣ, оила ва ҷомеа ибрози назар намуданд.

Рубрики
Асосӣ

ПАНҶАКЕНТ: Ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ – рисолати далат ва ҳар шаҳрванд

Дар солҳои истиқлоли кишвар ҳифз ва таҳқиқи мероси таърихӣ, аз ҷумла ёдгориҳои таърихӣ, дар сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи хосаро касб намуд. Далели боризи он шаҳраки бостонии Саразм аст, ки бо дастгирию пуштибонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба феҳристи мероси фарҳангии ҷаҳонӣ ворид шуда, атрофаш панҷарабандӣ ва болои панҷ мавзеи ҳафриёт айвонҳои бузург сохта шуданд. Ин таҷриба аз ҷониби марказҳои маъруфи бостоншиносии ҷаҳон, ки ин ҷо ҳафриёт гузаронидаанд, баҳои баландро сазовор шуд. Ба ифтихори таҷлили бошукӯҳи ҷашни 5500- солагии ин ёдгории беназири бостонӣ низ он ҷо иншооти гуногун бунёд шуданд.

Дар ин бора ва дигар масъалаҳои марбут ба ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ дар нишасте, ки дар осорхонаи ҷумҳуриявии таърихӣ – кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Панҷакент ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ баргузор шуд ,сухан рафт.

Оид ба заминаҳои ҳуқуқии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, мушкилоти мавҷуда дар ин самт, зарурати такмили қонунгузорӣ сарвари осохона Мақсуд Мизробзода, мудири шӯъбаи осорхона Умар Саидов, масъули ҳифзи ёдгориҳои таърихии шӯъбаи фарҳанг Шабнам Файзуллоева, бостоншинос Шарофиддин Қурбонов ва роҳбари дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Турдибой Солеҳзода ибрози назар намуда, таъкид доштанд, ки ҳарчанд заминаҳои ҳуқуқии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ муҳаё шудааст, ҳоло дар ин самт мушкилот кам нест, на ҳамаи 335 ёдгории таърихии ҳудуди шаҳри Панҷакент ба ҳифозат фаро гирифта шудаанд, бисёр ёдгориҳои арзишманди таърихӣ, аз ҷумла мадрасаи Олим Додхоҳ ба таъмиру таҷдид ниёз доранд. Ҳудуди ёдгориҳои таърихии Мустафотеппа, қабристони Саразм, Наврӯзтеппа, Тиллотеппа чун заминҳои кишоварзӣ истифода мешаванд.

Дар нишаст пешниҳод шуд, ки дар Қонун “ Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои меросӣ таърихию фарҳангӣ” салоҳиятҳои нозири ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ бештар ва хулосаи он барои сохтмони иншооти гуногун зарур шуморида, дар барномаи таълими фанни таърих дар макотиби миёна барои тадриси ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ соатҳои дарсӣ пешбинӣ карда шавад.