Рубрики
Асосӣ Мақола

ИЗҲОРОТ: Ба ҳодисаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Ҳаводиси ба вуқўъ пайваста дар ВМКБ воқеаи ҷомеаи Тоҷикистон ба ташвиш овард. Чӣ тавре, ки сарчашмаҳои иттилоотӣ ва расмӣ хабар медиҳад, гирдиҳамоии мусаллаҳонаи ғайриқонуние, ки санаи 16 майи соли равон соли ҷорӣ дар ВМКБ аз ҷониби баъзе гурўҳҳои манфиатдор оғоз шуда буд, баъд аз ду рӯз қатъ карда шуд.

Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирдиҳаммоии бе хабардиҳии пешакӣ ғайриқонунӣ буда, ташкилкунадагони он ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Мутаасифона, чунин ҳолат солҳои 1990-1991, ки дар шаҳри Душанбе аз тарафи гурўҳи оппозитсионӣ сар карда шуда, баъдан ҳолат тезу тунд гардида ба ҷанги шаҳрвандӣ мубаддал гардид. Аз ин ҳолат ҳазорҳо нафар ҳалок гардидаву ва бе ҷою чора монда ва беному нишон гардидаанд, ки то ҳол кишварамон аз зарари он ҳодисаҳо азият кашида, ба иқтисодиёти кишварамон таъсири худро расонида истодааст.

Аз ин ҳолат боз гурўҳҳ ифротӣ истифода бурда, мехоҳанд ҳолатро тезу тунд кунанд ва ба манфиати худ онро истифода баранд.

Бинобар ин, барои чунин ҳолатҳои гирдиҳамоии ғайриқонунӣ роҳ надода, баръакс пеши онро гирифта ба мардум воқеъиятои солҳои пешина ва оқибатҳои онро фаҳмонидан лозим аст. Бояд нагузорем, ки аз ин ҳолат гурўҳҳо ва шахсиятҳои ба мо душман истифода бурда, вазъияти кишварамонро нотинҷ намоянд.

Айни ҳол Тоҷикистон инкишоф ёфта истод,а баръакс кўшиш намуда стодааст, ки то ҳатто дар кишварҳои ҳамсарҳад сулҳу осоиштагӣ фарогир бошад ва мардуми он азият накашад.

Орипов А. – аъзои ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд

Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД: Шодмонии ҷавонон дар Шоми ҷавонӣ

“Ҷавонон ояндаи миллат” таҳти ин унвон шоми 20 май дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Сомон” дар назди маҳаллаи  “Суғдиён” маросими ҷамъбастии моҳвораи ҷавонон баргузор шуд.

Дар Шоми ҷавонӣ роҳбарияти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон , намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ ширкат намуданд.

Нахуст раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Сомон”, ректори ДДҲБСТ профессор Муъмин Шарифзода  ва роҳбарону намояндагони КИ ҲХДТ ва раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят ва шаҳри Хуҷанд иштирокчиён ва ҷавонони саодатманди меҳанро бо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон шодбош намуда, аз таваҷҷӯҳу дастгириҳои давлату ҳукумат нисбати ин қишри ҷомеа ёдоварӣ карданд.

Сипас, дар доираи Шоми ҷавонӣ як қатор донишҷӯён, ки дар чорабиниҳое бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки дар асоси нақшаи чорабиниҳои моҳвораи ҷавонони донишгоҳ ташкилу баргузор гардида буданду фаъолона ширкат варзиданд, қадрдонӣ карда шуданд. Ҳамзамон ба ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ диплом ва медалу ҷом тақдим карда шуд.

Дар фарҷом аз ҷониби донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ барномаи фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони донишгоҳ ташкил гардида, зери суруду мусиқиҳои ватандӯстона донишҷӯён то дергоҳ шодмонӣ карданд.

Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД: БЕ ПИР МАРАВ, КИ ДАР АМОНӢ…

Агар ниҳол бо об сабз гардад, инсон бо дуо гуфтаанд. Аз ин лиҳоз дуои хайри пирон барои ояндаи неки  мо ҷавонон лозим аст. Шахсоне, ки корҳои хайру савоб мекунанд ва дуои онҳоро мегиранд, ҳеҷ гоҳ рӯйи камиро намебинанд, ҳамеша сарболову некном мегарданд. Имрӯз дар ҷомеа шахсони саховатманд хеле зиёданд, ки ба оилаҳои ниёзманд, мӯҳтоҷу танҳо ва пиронсолон дасти ёрӣ расонида, аз дуои хайри онҳо бархурдор ҳастанд. Дили фитодаеро шод кардан ё ҳолпурсии инсонҳои куҳансол ин худ як кори савоб аст. Беҳуда бузургон нагуфтаанд:

Бе пир марав, ки дар амонӣ,

Ҳарчанд Сикандари замонӣ.

Бахшида дар арафаи пешвозгирии Иди Рамазон як гурӯҳ аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”-и назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд  бо ҳамроҳии мудири шуъбаи ҷавонон ва сармуҳаррири нашрияи “Шафақ” – и кумиҷроия ба аёдати як оилаи камбизоат, ки вокеъ дар кӯчаи Ҷӯра Зокирови шаҳри Хуҷанд модари 91 сола бо оилаи  писари маъюбаш зиндагӣ мекунад, бо маводи озуқа аёдат карданд. Волонтёрон барои тоза кардани ҳавлии онҳо кӯмак расонида, дуои модарро гирифтанд.

Модари рӯзгордида бо шукргузорӣ аз давлати тинҷу ором ҳарф мезад ва баҳри пойдории сулҳи кишварамон ва шахсан ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён дошт, ки онҳоро ҳеҷ гоҳ танҳо намегузоранд ва ҳамеша дастгириву пуштибонӣ мекунанд.

Рубрики
Асосӣ

Худжанд: ПРОВОКАЦИОННЫЕ ВЫСКАЗЫВАНИЯ ЗАМГЛАВЫ ТТП ПИВ О СИТУАЦИИ В БАДАХШАНЕ

Мы, преподаватели кафедры, в своих выступлениях неоднократно решительно осуждали деятельность предателей нации – лидеров и последователей ЭОМ ТТП – Народного пакта, приводя убедительные доказательства действий их противников. В нашем очередном заявлении мы решили, что в соцсетях циркулируют выступления Алима Шерзамонова, бывшего члена ПИВ, а ныне замглавы «Национального пакта», а Кабири по-прежнему занимается риторикой, ложью , провокации и гадания. Говоря об экстремистской программе «Национальный пакт» под названием «О ситуации в Бадахшане», он назвал ее нереальной, будто проблем в Бадахшане не меньше, чем в Украине. Что это обозначает? Это утверждение не относится ни к одному шаблону!

Шерзамонов Алим в своем выступлении посчитал необоснованным и нелогичным в связи с задержанием восьми членов ОПГ, и в то же время неправильным посчитал досудебное задержание Алишера Султонова в Истаравшане. Таким образом, он призвал народ нашей страны к митингу. Однако, по данным соответствующих органов, в отношении него возбуждено уголовное дело правоохранительными органами Российской Федерации и он имеет судимость. Также в своем выступлении по случаю дня рождения студента учитель в г. Канибадам заявил о необоснованности наложения штрафов, что свидетельствует о незнании Закона РТ «Об упорядочении традиций и обрядов в РТ». .” вопреки главе 2, статье 8, празднование дня рождения проводится добровольно только в семье.

В целом все заявления Алима Шерзамонова, упомянутые выше, голословны. В то же время следует отметить, что сегодня враги нации находятся в Европе и не подозревают о стремительном развитии Таджикистана, в том числе и Бадахшана в период обретения независимости. Фактически Горно-Бадахшанская автономная область (ГБАО) перешла на качественно новый этап независимости и процветания, и даже при простом наблюдении и сравнении видно, что за этот короткий исторический период облик городов и районов изменился. резко изменился.

Следует отметить, что реализация Комплексных программ развития до 2015 и 2020 годов придала новый импульс развитию и благоустройству региона.В настоящее время в ГБАО реализуется Программа развития на 2020-2025 годы. При этом следует отметить, что если за 70 лет советской власти под жилые наделы было отведено всего 1,2 тыс. га земли, в том числе 0,8 тыс. га орошаемых земель, то на момент обретения независимости в городах и районах ГБАО около 3765 га Поэтому враги нации должны знать, что никто не может изменить политические взгляды гордого народа Таджикистана!

В заключение отметим, что на сегодняшний день таджикский народ до конца не верит ни в какую ложь и происки таких личностей, как Кабири и Алим Шерзамонов, и вообще осознает позорные действия ненавидящих нацию. Действительно, история новой таджикской государственности доказала, что наш славный народ обладает мудростью, силой и способностью предотвратить любой конфликт.

Роххат Нарзиева

член НДПТ г.Худжанд

Рубрики
Асосӣ

Хуҷанд: ҲИФЗИ МАРЗУ БУМИ ВАТАН РИСОЛАТИ ШАҲРВАНДИИ МОСТ

   Мувофиқи нақша – чорабинии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, тибқи барқияи телефонии  № 31 аз 20 апрели соли 2022 – и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд,  оид ба пешгириҳои ҳодисаҳои номатлуби экстремизму терроризм,  барои босифат иҷро намудани нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хобгоҳи Муассисаи давлатии таълимии Литсейи касби политехникии шаҳри Хуҷанд ва донишҷӯёни Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии судманд баргузор гардид, ки дар он аъзои гурӯҳи тарғиботиву ташвиқотии кумиҷроия устоди ДИС ДДТТ  доктори илмҳои иқтисодӣ профессор Абдумавлон Азимов, мудири шуъбаи ҷавонони кумиҷроияи шаҳр Эҳсон Исоев, ва муовини муассиса Исохӯҷаев Рустамхӯҷа ширкат варзиданд.

Абдумавлон Азимов зимни баромади хеш қайд намуд, ки солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон чандин маротиба аз минбари баланди СММ ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид менамоянд, ки Тоҷикистон ва тоҷикистониён дар ҳама давру замони давлатдориашон зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм буданд ва ҳастанд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ дар самти мубориза бар зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм чун як иштирокчии фаъол мешиносанд ва арзёбӣ мекунанд.    

Сипас, Эҳсон Исоев мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар масъалаи бартараф кардани сабабу шароитҳое, ки ба содир шудани ин гуна ҷиноятҳо оварда мерасонад, маъруза намуда, зикр кард, ки экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрӯза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштан) ба терроризм меорад. Истилоҳи «терроризм» (аз калимаи лотинии «tеrrоr») маншаъ гирифта, маънояш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.

Ҳамчуин  дар баромадаш аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки Хизмат ба Ватан – Модар рисолати фарзандӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавон аст. Таваҷҷӯҳи роҳбарияти мамлакат ҷиҳати муҳайё намудани шароитҳои хуби хизмати ҳарбӣ дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи кишвар беназир мебошад. Хизмат ба Модар – Ватан вазифаи муқаддас буда, шарафёб гаштан ба ин рисолати бузург бахти ҷавонмардӣ, оини ватандорӣ, садоқати фарзандӣ ва  нангу номуси шаҳрвандист.

Дар охир, муовини директори Муассисаи давлатии таълимии Литсейи касби политехникии шаҳри Хуҷанд Рустамхӯҷа Исохӯҷаев ба меҳмонони чорабинӣ ҷиҳати иштирок ва суханрониашон изҳори миннатдорӣ карда, ба  чорабинӣ ҳусни анҷом бахшид.

Чунин мулоқоту вохӯриҳо минбаъд низ дар шаҳри Хуҷанд идома дорад.

Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД: Боздиди вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ аз МТМУ № 5

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ дар ҳамроҳӣ бо Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар аз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5-и шаҳри Хуҷанд дидан намуданд.

Меҳмонон сараввал аз бинои навбунёди ин муассисаи мазкур боздид ба амал оварда, аз шароити хониши хонандагон огаҳӣ пайдо намуданд.

Сипас, дар толори калони муассиса мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хонандагони синфҳои 11 доир гардид.

Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД:РИСОЛАТИ МУҲИМИ ПАДАРУ МОДАР – ТАРБИЯИ ФАРЗАНД

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар замоне ба вуқӯъ пайваст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ин сахт ниёз дошт. Маҳз талаботи ин қонун имкон фароҳам овард, то баъзе парокандагиҳои ҷойдоштаи иҷтимоии замони ҳозираро ба эътидод оварем. Ҳар як падару модар эътибори худро дар назди фарзанд бо тарбияи хуб афзун кунонида метавонад.

 Таълиму тарбия дар пайвастагии мутақобилаи се ниҳоди иҷтимоӣ: оила, мактаб ва ҷомеа рӯҳу равони воқеӣ пайдо мекунад. Аммо ба ин се ниҳод муҳити атроф ва фазои иттилоотӣ, ки дар натиҷаи раванди ҷаҳонишавӣ вусъати азиме пайдо кардааст, таъсири зиёд мерасонад. Махсусан, нақши оилаи устувор ҳамчун ҷузъи асосии ҷамъият дар тарбияи фарзанд басо муҳим мебошад. Падару модарон, ки сутуни хонавода ва ё оиларо ташкил медиҳанд, бояд ба таълим ва тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд. Як нуқтаро ба инобат гирифтан лозим аст, ки фарзанди солеҳ ва бомаърифат давоми умри падару модар мебошад ва ба ин хотир барои таълиму тарбия ҳеҷ чизро набояд аз онҳо дареғ доранд ва барои ба камол расидани онҳо сармояи хешро дареғ надоранд. Фарзанд меваи умри инсон мебошад. То замоне, ки ҷон дар бадани инсон аст, набояд ӯ аз тарбияи фарзанд канораҷӯӣ намояд. Дар қонуни мазкур масъулияти асосӣ ба зиммаи оила вогузошта шудааст. Дар ин вазъ волидайн дар сурате масъул шуда метавонад, ки худ дорои маърифату маданияти баланд бошанд ва роҳҳои тарбияро худ донанд. Агар фарзанд аз кӯдакӣ дар муҳити орому солим тарбия наёбад ва моҳияти таълиму тарбияро дарк накунад, дар ҳаёти минбаъда ба мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ мегардад. Ҷомеаи имрӯзаи мо ба фарзандони қобилу оқил ва ихтироъкор ниёз дорад. Ҳар падару модар вазифадоранд, ки барои фарзандони хеш тамоми шароитро фароҳам созанд, то дар оянда онҳо ҳамчун шахси баркамол, зиндагидӯст ва ватанпараст ба камол расанд. Вазифаи асосии волидайн, ки дар Қонуни зикргардида омадааст, соҳиби илму маърифат кардани фарзанд мебошад, яъне одоб, муошират, инсондӯстӣ, ватандӯстӣ, хештаншиносию бомаърифат тарбия кардану ба воя расонидан рисолати асосӣ ва муҳими онҳо мебошад. Ҳоло бисёр падару модарон ин вазифаро бар дӯши омӯзгорон мегузоранд, аммо хато мекунанд, зеро фарзанд азони онҳост. Баъзе падару модароне ҳастанд, ки худашон маърифати инсонӣ надоранд, муомилаи хубу дурустро намедонанд, пас чӣ хел фарзанди онҳо дар оянда бомаърифату бохирад ба камол расанд ? Онҳо дар оила дағалмуомила ҳастанд. Кӯдак дағаливу муносибатҳои бадро меомӯзад ва дар оянда мисли онҳо рафтор хоҳад кард. Барои ҳамин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” имконият фароҳам меоварад, ки насли солиму тарбиятдиҳанда ташаккул ёфта, барои ободиву пешрафт ва эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳмгузор гарданд.

Гузаштагони мо оид ба мақоми  падару модар дар тарбияи фарзандон пандномаҳои зиёде навиштаанд ва бо ин роҳ онҳоро ба одаму одамгарӣ даъват кардаанд. Онҳо дар пандҳои худ тамаъкорӣ, ғараз, ҳарисӣ, баднафсӣ, ва ҳаромхӯриҳоро мазаммат карда, фарзандонашонро даъват мекарданд,ки аз ин хислатҳо парҳез намоянд. Ба ризқу рӯзии бо меҳнати ҳалол ва арақи ҷабин ба даст оварда қаноат кунанд. Аввалан, мо онҳоро бо пандҳое шиносонем, ки падару модари хешро эҳтиром намоянд ва он вақт ба қадри онҳову панди онҳо мерасанд. Имрӯзҳо аҳли ҷомеаро як чиз ба ҳайрат меоварад ва ин ҳам бошад, дуздиву одамкушӣ,порахӯрию кисабурии насли ҷавон аст. Коста гардидани ахлоқи қисме аз наврасону ҷавонон, ҷалб гардидани онҳо ба ҳар гуна ҳаракату равияҳои бегона имрӯз ташвишовар мебошад. Ба ҷинояткорӣ даст задан иддае аз онҳо, пеш аз ҳама натиҷаи беаҳмиятӣ ва бемасъулиятии падару модарон аст. Фаромӯш набояд кард, ки тарбияи кӯдак дар баробари ин ки самти муҳими фаъолияти муассисаҳои таълимӣ мебошад, пеш аз ҳама вазифаи муқаддаси ҳар як падару модар низ ба шумор меравад.

Воқеан ҳам,шахсияти муаллим, устод, омӯзгор дар тамоми давру замонҳо вирди забонҳо будаву соҳиби обрӯву эътибори баланд аст. Падару модаронро зарур аст, ки эҳтиром намудани устодро дар дили фарзандон бедор кунанд ва нисбати онҳо ғамхору дилсӯз бошанд.

Аз ин лиҳоз баҳри он кӯшем, ки фарзандонамонро дар омӯхтани илму дониш тарбият кунем, ҳаёт бо омӯхтан ташкил меёбаду инкишоф меёбад.

Зеварой Бобоева,

Аъзои фаъоли гуруҳи

 тарғиботӣ- ташвиқотии

 КИ ҲХДТ дар ш. Хуҷанд

Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД: БЕТАМИЗИҲОИ МАРДУМ АЗ СУХАН ПАЙДО ШАВАД

АНДЕША: Вақтҳои ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ гурӯҳҳои ТЭТ ҲНИ, “Гурӯҳи 24”, Паймони миллӣ ва дигар нухбагони онҳо қариб ҳар рӯз баромад намуда, доир ба мавзӯъҳои гуногун, масъалаҳои ба гуфти худашон мубрами рӯз давоми то 4-у 5 соат пахшҳои мустақим мегузаронанд.

Шахсан, банда чанде аз он наворҳоро тамошо намудаму ростӣ, раҳмам омад ба ҳоли зорашон. Чунки қатрае аз донишу аз савод ва аз одоби муошират бо мардум дар замирашон набуда, лофу газофи беҳуда мегӯянд. Ончунон рафтори хашин, ончунон кирдорҳои нангин аз ҷонибашон сар мезанад, ки ростӣ ман пурра дар шубҳа меафтам, ки оё инҳо дар ҳақиқат тоҷиканд ё…?

Дар бораи чунин афрод ба мавриду шоиста гуфтаанд:

Бетамизиҳои мардум аз сухан пайдо шавад,

Пистаи бемағз агар лаб во кунад расво шавад.

Дар ҳақиқат онҳо афродеанд, ки чун пистаи бемағз пучу расво, чун доираи дарунхолӣ садои баланди гӯшкаркунанда, вале аз худ “пуштибон”-у “тарафдор” ва “дилсӯз”-у “дармонкунанда”-и халқ тарошида, худро дар ҳафтумин осмони поку беолоиш тасаввур намуда, ҳай ҷилва медиҳанду ҷилва медиҳанд. Аммо, ҳайфо, ки осмону замину мавҷудоти олам аз ингуна шайтонҳои инсонсурат олуда мегарданду касиф, мепажмаранду мемиранд ва хазон мешаванд. Сад ҳайфи он ҳаво бар он нафароне, ки ватани худро танқиду таҳқир мекунанд. Сад ҳайфи ононе, ки аз неъмати биҳиштии ватан парвариш ёфта, туф ба он неъмат ва меҳан мекунанд. Сад ҳайф…

Бузургони мо гуфтаанд, ки; “намаки касеро, ки хӯрдӣ 40 сол ба он андеша кун.” Аммо имрӯз Муҳиддини Кабирӣ, Салмон Холиқов, Ҳусейн Ашуров, Муҳаммадиқболи Садриддин ва се-чор нафаре, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ лофу газофи ватандориву ватанхоҳӣ мекунанд, худ оини муоширатро намедонанду ба қадри миллат намерасанд, аз намакдони ана ҳамин миллат бо ҳар роҳ нону намак хӯрда, аз дастархони чандин нафар ноне шикаставу пиёлаи чойе нӯшида, аммо ба ҳамон намакдон, ба ҳамон дастархону ба ҳамон нон ва ба ҳамон пиёлаи чойи мардум заҳр пошида истодаанд, ки ин албатта боиси нанги мо тоҷикон аст, ки тоҷик зидди тоҷик аст.

Дар ҳоле, ки ҳамаи давлатҳои рӯи дунё баҳри пешрафти мамлакати худ аз камтарин корҳои ободониро анҷом дода истодаанд, дар ҳоле, ки мамолики курраи замин барои манофеи миллии худ ба сари ҳамсоякишварҳо чун ғӯл болои якдигар афтода, пиру ҷавону зану кӯдакро қатл карда истодаанд, дар ҳоле, ки дар давраи бархурди тамаддунҳо фарҳангу тамаддун, таъриху бостони майдакишварҳоро бешармона дуздида, аз они худ карда истодаанд, дар ҳоле ки аҷнабиён ҳар рӯз дар сарҳади кишвар бо ҳар баҳонае аскари тоҷикро мекушанд, дар ҳоле, ки… ин “қаҳрамонон”-и мо дар зери соячатри ким кадом аҷнабие истода, бо супориши ӯ ҷониби ватану меҳани худ буҳтон мезананду аз зери нохун чирк меҷӯянд.

Мо, тоҷикон набояд бо ин амали нангини онҳо дода шавему аз кирдорҳои зиддидавлатию зиддимиллиашон пуштибонӣ намоем. Чунки ба сари аҷдоди мо аз ҷониби ҳамин гуна ашхоси гумроҳу нодон ва ҷоҳил бадбахтиҳои гушношунид омадаву аз сари ниёгонамон калламанораҳо сохтанд.

Барои ҳамин, тавре Пешвои миллат дар ҳар як баромадашон бо фаъолони ҷомеаи маданӣ суҳбат мекунанд, ҳамеша таъкид мекунанд, ки мо набояд ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст диҳем. Бале, ба фиребу найрангҳои ҳар гуна равияҳои иртиҷоӣ дода нашуда, балки бар зиддашон муборизаҳои беамон барему мамлакатамонро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем, ва чун дигар мамолики дунё дар тамоми соҳаҳои давлатдорӣ пешрафта гардонем.

Шарифов Шариф,

аъзои ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд

Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД: ВАТАН ПУШТИ ШОНАҲОИ ҶАВОНОН ҚАРОР ДОРАД

МАҚОЛА: Ватани азизу маҳбуби мо  – Тоҷикистонро ҳамчун миллату давлати куҳанбунёду соҳибфарҳанг дар арсаи байналмиллалӣ шинохтаву эътироф намудаанд. Дар ҳамин радиф бояд тазаккур дод, ки ин ҳама обрӯву нуфузе, ки кишвари мо мақоми ҷаҳонӣ пайдо намудааст, маҳз бо талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Вазифаи мо он аст, ки поку бегазанд ин сарзамини аҷдодиро барои ояндагон мерос гузорем. 

         Бузургтарин хизмате, ки мо дар ин ҷода анҷом хоҳем дод, ин пеш аз ҳама дар руҳияти худшиносӣ, дӯст доштани марзу буми кишвар тарбия кардани насли наврас аст. Зеро вазъи ҷаҳони муосир, қудратталабии давлатҳои абарқудрат аз ҳар як шаҳрванди бонангу ор тақозо мекунад, ки ҳушёру зирак бошад, ватанашро сидқдилона дӯст дорад.

Фаромӯш набояд кард, ки ҳимояи Ватан барои ҳар як ҷавонмард ҳам фарз асту ҳам қарз. Маҳз адо намудани хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳар як ҷавони боору номусро ба далериву мардонагӣ ва расидан ба қадри ҳаёту зиндагӣ, волидайну пайвандон раҳнамун месозад.

Чӣ бояд кард, то ҷавонон худ ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ пайваст шаванд. Аввалан тарбияро аз кӯдакистон оғоз бояд кард. Пасон дар дарсҳои омодагии дифои ҳарбӣ ҷавононро дар руҳияи далерӣ бояд тарбия намуд. Ҳангоми машқварзӣ ва обу тоби бадан корбарӣ бо аслиҳаи ҷангиро барояшон омӯзонд. Китобҳои характери ватандӯстиву ватанхоҳиро бояд талқин кард. Бо онҳое, ки нав аз хизмати ҳарбӣ омадан мулоқотҳо бояд доир кард. Онҳоро тавре бояд пешвоз гирем, ки дигарон, хоса ҷавонон ҳавас намоянд. 

Ба ҳама маълум аст, ки шумораи шахсони синну соли даъватӣ нисбат ба талаботи воқеии Қувваҳои Мусаллаҳ бамаротиб зиёд мебошад ва ҳар сол танҳо 5-10 фоизи шаҳрвандони синни даъватӣ ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд. Боқимондаи онҳо тайёрии ҳарбӣ намегузаранд ва дар ҳолати зарурӣ сафарбар намудани онҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ самарабахш намебошад. Шумораи нисбатан зиёди шаҳрвандон тайёрии ҳарбиро гузаш¬та, бо ёд кардани савганди ҳарбӣ ба ҳайати эҳтиётӣ ворид гарданд ва ҳангоми эълон намудани сафарбарӣ барои пуррагардонии қисму воҳид¬ҳои ҳарбӣ ҷалб карда шаванд хубтар мешавад.

Масалан, солҳои охир дар кори даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мушкилот пайдо шудааст: ҳар сол зиёда аз 60 ҳазор ҷавонписар синфи ёздаҳро хатм мекунанд, вале барои даъвати 20 ҳазор аскар ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ бар дӯши Вазорати мудофиа мушкилоти сангине бор мешавад. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” имкон медиҳад, ки даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ба низом дароварда мешавад. Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба иҷрои уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  танзим медарорад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳавасманд гардонидани шаҳрвандон барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҷолибияти хизмати ҳарбӣ пайваста чораҳо меандешад. Аз ҷумла, ба шахсоне, ки баъди хизмати ҳарбӣ хоҳиши таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ доранд, зимни супоридани тест дар Маркази миллии тестӣ холҳои иловагӣ дода мешаванд. Инчунин, марказҳои шуғли аҳолии шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки онҳоро бо ҷои кор ва кумакпулӣ таъмин намоянд.

Масъалаи дигар механизми омӯзиши якҷояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Консепсияи тарбияи насли наврас дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва қисмҳои ҳарбӣ мебошад. Пешниҳод аст, ки дар қисмҳои ҳарбӣ дарси адабиёт, баробар бо дарсҳои техникӣ, ба ҷадвали дарсӣ ворид карда шавад, то ин ки ҷавонон донишро дар бораи адабиёти давраи классикию муосир ҳар чӣ бештар сайқал диҳанд ва бо эҳсоси баланди ифтихор аз кишвари маҳбуб, дӯст доштани Ватан ҳамеша омодаи хидмат дар ҳифзи Ватан бошанд. Чуноне ҳаким Фирдавсӣ фармудааст:

Пароканда лашкар наояд ба кор,

Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор.

Назокат Юсуфӣ

Аъзои ҲХДТ

Рубрики
Асосӣ

Хуҷанд: Натиҷагирӣ аз фаъолияти кории ташкилоти ибтидоии «мадад»

Субҳи имрӯз маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти семоҳаи ташкилоти ибтидоии “Мадад” дар назди Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд баргузор гардид. Дар кори он Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Дамократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар, муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Бахтиёр Исматҷонов, роҳбари Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Сулаймон Қосимзода ва аъзоҳои фаъоли ҳизб иштирок доштанд.

Дар кори маҷлис бо овоздиҳии иштирокчиёни маҷлис Сулаймон Қосимзода раиси ташкилоти ибтидоии “Мадад” таъин гардид.

 Анварҷон Акрамов муовини раиси Кумитаи иттифоқи касабаи  Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд оид ба фаъолият корӣ  ҳисобот дод. Мавсуф дар баромади хеш қайд кард, ки дар давраи ҳисоботӣ, барои ду нафар кормандон ҷиҳати харидории роҳхат барои гирифтани табобат аз ҳисоби Кумитаи иттифоқи касаба ба маблағи 1500 сомонӣ ҷудо карда шуда, инчунин кӯмакпулиҳои яквақтаи моддӣ барои 6 нафар собиқадороне, ки ба нафақа баромадаанд барои кӯмак  3000 сомонӣ ҷудо карда шуданд. Пешниҳод гардид, ки барои тамошои мавзеъҳои таърихии вилоят сафарӣ сайёҳӣ барои кормандон дар ҳар се моҳ ташкил мегардад, то ки онҳо аз ободониву бунёдкориҳои гирду атрофи Тоҷикистон бохабар гардида, дидан намоянд.

Гулнора Ғаниева муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Мадад” доир ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар давоми семоҳаи аввали соли 2022 ҳисобот дод. Ӯ зимни баромади хеш зикр намуд, ки аъзои ташкилоти ибтидоии “Мадад” барои  истиқболи ҷашнҳои миллӣ хеле фаъол буда, омодагӣ ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонӣ гузаронида шуда истодааст.

Ҳамчунин муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Бахтиёр Исматҷонов ва Раиси КМ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Муликисломӣ Наим Мунаввар суханронӣ намуда, фаъолияти ташкилотро хуб арзёбӣ карданд ва барои пешбурди кор маслиҳатҳо дода шуд.

Бояд гуфт, ки ташкилоти ибтидоии мазкур  114 нафар аъзо дорад. Дар фарҷоми маҷлис ба 6 нафар фаъолон Сипоснамаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва ба 23 нафар аъзоҳои нав интихоб гардида, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.