Рубрики
Асосӣ

Ифтитоҳи Мактаби байналмиллалии “Контакт” дар шаҳри Исфара

17 апрел дар шаҳри Исфара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мактаби байналмиллалии “Контакт”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Баъди ифтитоҳи иншоот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити таҳсил дар ин бинои бошукуҳи таълимӣ шинос шуданд.

Муассисаи таълимӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бародарон Исроил ва Нарзулло Улмасовҳо бо харҷи 30 миллион сомонӣ барои 800 хонанда дар як баст бунёд шудааст.

Дар мактаби байналмилалӣ барои 50 нафар омӯзгор аз дохил ва хориҷи мамлакат ҷойи корӣ муҳайё гардид.

Иншоот тибқи лоиҳа сеошёна ва бинои қисми марказии он чорошёна мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати қитъаи замини мактаб наздики 1 гектар ва масоҳати зери биноҳо бошад, 9000 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Мактаб дорои 40 синфхона ҳар кадоме бо 20 ҷойи нишаст ва тамоми шароити муосири таълим мебошад. Дар ошёнаҳои аз якум то чорум ҳамчунин 12 синфхонаи маҳфили шоҳмот, расмкашӣ, мусиқӣ, 2 кабинети информатика, химия, биология, физика, омодагии дифои ҳарбӣ, китобхона бо адабиёти гуногун ва китобхонаи электронӣ мавҷуд аст.

Мактаби нав ҳамчунин дорои толори маҷлис бо 300 ҷойи нишаст, ошхона бо 350 ҷой, иншооти варзишии кушодаву болопӯшида ва майдончаи футбол мебошад.

Иншооти замонавии соҳаи маориф дар партави дастгирии сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта шуда, ҳадаф аз бунёди муассисаҳои наву замонавии таълимӣ тайи солҳои охир дар ҷумҳурӣ фароҳамсозии шароити арзанда барои таълиму тарбияи насли оянда аст.

Дар синфхонаҳои таълимии муассиса омӯзгорони соҳибтахассус бо истифода аз асбобу аёниятҳои дарсӣ бо хонандагон машғулият мегузаронанд.

Дар муассисаи таълимии байналмилалӣ ба ҳунаромӯзии хонандагон низ таваҷҷуҳи хоса равона шуда, синфхонаҳои барҳавову алоҳидаи таълими меҳнат барои писарон ва духтарон, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъмин аст, таъсис дода шудааст.

Бояд гуфт, ки дар бинои собиқи муассисаи таълимӣ, ки барои 150 нафар хонанда фаъолият дошт, аз ҷониби соҳибкорон муассисаи томактабӣ ташкил гардид. Дар ин ҷо акнун фарзандони сокинони шаҳри Исфара ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ ва тарҳи бинои муассиса баҳои баланд дода, иқдоми созандаи соҳибкорони ватаниро намунаи ибрату шоистаи таҳсин арзёбӣ карданд.

Пас аз шиносоӣ бо шароитҳои фароҳамгардида дар саҳни муассисаи нави таълимии хусусӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон, аҳли маорифи шаҳр ва омӯзгорону хонандагони муассисаи нави таълимии байналмилалии “Контакт” мулоқоти судманд анҷом доданд.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/28229

Рубрики
Асосӣ

Паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи рамазон

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба муносибати моҳи шарифи Рамазон, ки фардо фаро мерасад, самимона табрик гуфта, ба ҳар хонадони кишвар файзу баракат, рӯзгори ободу осуда ва сулҳу оромӣ орзу менамоям.

Моҳи Рамазон инсонро ба сабру таҳаммул, қаноату парҳезкорӣ, раҳму шафқат ва некиву накӯкорӣ ҳидоят карда, имони ӯро комил, иродаашро қавӣ ва зоҳиру ботинашро пок мегардонад.

Дар ин моҳи муборак, баробари ба ҷо овардани фаризаву суннатҳои динӣ, иҷрои амалҳои солеҳ, аз ҷумла хайру эҳсон ва дастгириву навозиши ятимону маъюбон ва камбизоатҳову муҳтоҷон аз сифатҳои шоиставу башардӯстонаи ҳар як мусулмони савобҷӯ мебошанд.

Бовар дорам, ки на танҳо соҳибкорону тоҷирон, балки ҳар як инсони хайрхоҳу ҳимматбаланд дар ин моҳи шариф иқдому аъмоли неку писандидаи худро густариш мебахшад ва бо саховату ҷавонмардӣ намунаи ибрат нишон дода, соҳиби савоби зиёд мегардад.

Бо истифода аз фурсат, боз як масъалаи муҳимро таъкид менамоям.

Моҳи Рамазони имсола ба давраи оғози кишту кори баҳорӣ рост омад.

Яъне мо бояд ҳар рӯзи мусоиди баҳорро самаранок истифода карда, кишти зироатҳо ва дигар корҳои кишоварзиро вусъат бахшем.

Дар шароити имрӯза тамоми кишоварзон ва ҳар як оила бояд ба истифодаи оқилонаву самараноки замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ, дар заминҳои обӣ ҳатман ба роҳ мондани кишти такрорӣ, ки манфиату самаранокии ин амал солҳои охир дар фаровонии бозори истеъмолӣ равшан дида мешавад, диққати аввалиндараҷа диҳанд.

Мо барои афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тамоми имкониятҳои зарурӣ – обу замин, таҷриба, деҳқонони асил ва мардуми заҳматқарин дорем.

Зарур аст, ки аз ин имкониятҳо дурусту оқилона истифода барем, то ин ки як ваҷаб замин холӣ намонад ва барои рӯёнидани ҳосил истифода карда шавад.

Хотирнишон менамоям, ки ин талаби замона ва тақозои рӯз мебошад.

Мо бояд ҳар рӯзи баҳорро ғанимат дониста, кишти зироатҳоро сари вақт анҷом диҳем, барои ҳосили фаровон замина гузорем ва масъалаи захираи дусолаи маводи ғизоиро дар ҳар як оила, ки мардум манфиати онро солҳои охир, бахусус, дар ду соли вазнини паҳншавии бемории сироятии коронавирус диданд, фаромӯш накунем.

Мо, аллакай, имрӯз бояд дар фикри он бошем, ки фарзандон ва аҳли хонадони мо ва умуман сокинони кишвар ба мушкилӣ дучор нагарданд ва аз камчинии маводи ғизоӣ ё болоравии нархи он, хусусан, дар мавсими тирамоҳу зимистони дарпешистода азияту муҳтоҷӣ накашанд.

Мо бояд чи дар моҳи Рамазон ва чи дар моҳҳои дигар софдилонаву аҳлона заҳмат кашем, ба хотири осоиши фарзандон, аҳли оилаи худ, ҳар як хонадони мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол намоем, барои ҳамватанонамон ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳем ва корҳои ободониву созандагиро тибқи ҳадафҳои муайянкардаамон беш аз пеш густаришу вусъат бахшем.

Имрӯзҳо тамоми ҷомеаи башариро илова ба мушкилоти вобаста ба тағйирёбии иқлим, пайомадҳои манфии он, бемории сироятии КОВИД – 19, камчин гардидани озуқаворӣ ва болоравии нархҳо авзои бисёр ноорому бесуботи баъзе минтақаву кишварҳои сайёра сахт ба ташвиш овардааст.

Ҳолати бамиёномада ба вазъияти иқтисодиву иҷтимоии қариб ҳамаи давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистони мо таъсири ҷиддӣ расонида истодааст.

Тибқи таҳлилҳо инсоният имрӯзҳо дар давраи ҳассостарину душвортарини таърихи беш аз садсолаи худ қарор дорад.

Мувофиқи хулосаи коршиносон оқибатҳои ин давраи ниҳоят ҳассоси буҳронӣ пешгӯинашаванда ва дарозмуддат мебошанд.

Хусусан, соли ҷорӣ барои аҳли башар аз ҳар ҷиҳат ва пеш аз ҳама, аз лиҳози таъминот бо озуқаворӣ соли вазнинтарин ва душвортарин мегардад.

Дар чунин шароит моро зарур аст, ки нисбат ба ҳар вақти дигар муттаҳиду сарҷамъ бошем, дар лаҳзаҳои душвор ҳамдигарро дастгирӣ кунем, ба таҳлукаву воҳима наафтем, сарфаю сариштакор ва ҳушёру эҳтиёткор бошем, арзишҳои инсондӯстонаву ваҳдатсози фарҳанги миллӣ ва диниамонро ба манфиати оромии ҷомеа ва суботи Ватани азизамон дуруст ва ҳадафмандона истифода барем.

Дар замоне, ки вазъияти сиёсиву низомӣ ва иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳон ниҳоят муташанниҷу буҳронӣ ва мураккабу хатарзо гардида, масъалаи истиқлолу озодии кишварҳои алоҳида ва сохти давлатдории онҳоро таҳти саволи ҷиддӣ қарор додааст, ҳар яки моро водор месозад, ки иттиҳоду сарҷамъии миллат ва амнияти давлату ҷомеаро боз ҳам таҳким бахшем.

Мо вазифадорем, ки барои ҳимояи неъмати бебаҳои зиндагиамон – истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода бошем.

Ҳукумати мамлакат бо мақсади ҳимояи иқтисодиёт ва сокинони кишвар аз таъсири вазъи бамиёномада бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.

Ба ҳамватанони азиз муроҷиат карда, боз як нуктаи муҳимми дигарро хотирнишон месозам, ки дар раванди анҷом додани фаризаҳои динӣ мо бояд ба одоби масҷидравӣ низ диққат диҳем.

Масҷид ҷойи тоату ибодат ва макони тарбияи рӯҳиву маънавии мардуми мусулмон аст.

Худованд дар сураи «Ҷумъа»-и Қуръони маҷид доир ба одоби масҷид чунин мефармояд: – «Ва чун намоз поён ёфт, (аз пайи ризқу рӯзӣ) дар замин пароканда шавед ва ризқи Худоро талаб кунед …».

Аз ин бармеояд, ки чун намоз хонда шавад, мусулмонон бояд барои ба даст овардани ризқу рӯзии аҳли хонадони худ аз пайи заҳмат ва кор шаванд.

Дигар нуктаи муҳим – худдорӣ кардан аз зоҳирпарастиву исрофкорӣ ва оростани дастурхони серхарҷу намоишкорона ҳангоми баргузор намудани ҳама гуна маросиму маъракаҳо ва махсусан, дар давоми моҳи шарифи Рамазон мебошад.

Мо понздаҳ сол пеш маҳз ба хотири ба танзим даровардани анъанаву маросим ва расму ойинҳои миллӣ аввалин қонуни миллиро қабул намудем.

Раванди татбиқи қонуни миллӣ ва натиҷаҳои он собит сохтанд, ки ин иқдоми мо дурусту саривақтӣ ва ба манфиати мардум мебошад.

Зеро ба шарофати қонуни мазкур маросиму анъанаҳо ва расму ойинҳои диниву миллии мо аз унсурҳои ифротиву хурофотӣ озод гардида, сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ба таври назаррас беҳтар шуд.

Ҳамватанони азизи мо бояд мувофиқи авзои умумии торафт мураккабу мушкилшудаистодаи замона амал карда, ҳаргиз ба зоҳирпарастиву исрофкорӣ, алалхусус, ба исрофи нон роҳ надиҳанд.

Мо набояд мушкилоту азоберо, ки мардумамон дар солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бинобар камчин гардидани нон кашида буданд, фаромӯш кунем.

Дар робита ба ин, бори дигар таъкид месозам, ки ҳар як оила дар фикри таъминоти хонадони худ, ҳарчи бештар истеҳсол кардани маҳсулот ва барои ду сол захира намудани маводи зарурии ғизоӣ бошад.

Итминон дорам, ки моҳи шарифи Рамазон барои мардуми сарбаланду заҳматқарини кишвари соҳибихтиёрамон айёми такмили ахлоқу фазилатҳои неки инсонӣ, давраи фаъолияти созанда ба хотири пешрафти давлат, ободии Ватан, осоиши ҳар як хонадон, таҳкими боз ҳам бештари сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар сарзамини бостонии тоҷикон мегардад.

Бори дигар фаро расидани моҳи шарифи Рамазонро ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар тандурустӣ, ризқу рӯзии фаровон ва имони комил орзу менамоям.

Фарорасии моҳи шарифи Рамазон муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Манбаъ: http://www.president.tj/node/28053

Рубрики
Асосӣ

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

30 март таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис нахуст Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 ҳисоботи вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода шунида шуд.

Таъкид гардид, ки ҳадаф аз таҳияи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудани супоришу тадбирҳо вобаста ба ҳалли масъалаҳои омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки бо мақсади таъмини фаъолияти мунтазам ва самарабахши соҳаҳо ва ҳамоҳангсозии корҳо дар давраи тирамоҳу зимистон, нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардида, дар самти омодасозии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон Ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода шавад.

Дастур дода шуд, ки вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, корхона ва ташкилоту муассисаҳо то санаи 10-уми ҳар моҳ ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

Вазорати рушди иқтисод ва савдо бошад, то санаи 20 – уми ҳар моҳ оид ба рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳо ба Ситоди ҷумҳуриявӣ ҳисобот манзур намояд.

Сипас, дар кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нотариати давлатӣ” ва Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 12 хулосаи Ҳукумати мамлакат ба як қатор қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Дар кори маҷлиси Ҳукумати кишвар инчунин масъалаҳо Дар бораи Барномаи маҷмуии давлатии тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2030, Дар бораи Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026, Дар бораи Барномаи рушди соҳаи харгӯшпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 ва Дар бораи Қоидаҳои андозбандии фаъолияти соҳибкорони инфиродии дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолияткунанда баррасӣ гардид.

Баъди муҳокимаи масъалаҳои маҷлиси Ҳукумат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, вазорату идораҳои давлатӣ ҷиҳати дар амал татбиқ кардани нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои супоришҳои қаблии Президент, дастурҳои маҷлиси навбатии Ҳукумат, вусъати корҳои ободонӣ, ташкили дурусти корҳо оид ба кишту кори баҳорӣ, истифодаи самараноки заминҳо, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, боло бурдани иқтидори содиротии кишвар ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз, супоришҳои мушаххас доданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва сохторҳои дахлдор супориш доданд, ки барои ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ аз ҳамаи имкониятҳо истифода бурда, дар моҳи шарифи Рамазон шаҳрвандонро бо маводи ниёзи аввал пурра таъмин намоянд.

Дастурҳои дигар ба масъулини соҳаҳои иҷтимоию хизматрасонӣ бобати ташкили дурусти кор ҷиҳати таъмини хизматрасонии сатҳи баланд ба мизоҷон, аз ҷумла дар меҳмонхонаҳо, ошхонаву тарабхонаҳо, инфрасохтори сайёҳӣ, дода шуд.

Бобати ҷалби ҳар чӣ бештари сайёҳон ба кишвар ва таъмини ҳаракати бемамониати шаҳрвандон супориш дода шуд, ки бо истифода аз нархҳои дастрас хатсайрҳои нави парвози тайёраҳо ташкил карда шавад. Таъкид гардид, ки хизматрасонӣ низ дар ин самт бояд ба талаботи сатҳи байналмилалӣ мутобиқ гардонда шавад.

Ёдовар мешавем, ки тибқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров чоп шуда, тақсимоташ ба шаҳру ноҳияҳо шурӯъ гардида буд.

Нашри китоби “Тоҷикон” ва дастрас кардани он ба ҳар як оилаи кишвар боз як иқдоми ватандӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар роҳи дарки худогоҳиву худшиносии наврасону ҷавонон нақши босазо мегузорад.

Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти мамлакат шахсони масъул ҳисобот доданд, ки ба ҳамаи оилҳои кишвар китоби “Тоҷикон” пурра дастрас гардид.

Дар охири маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба намояндагони Ҳукумати кишвар, ки дар чорабиниҳо ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ-30-солагии Истиқлолӣ давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вобаста шуда буданд, супориш доданд, ки давоми 10 рӯз ба шаҳру ноҳияҳо рафта, оид ба сафарбар кардани мардум ба вусъати корҳои саҳроӣ, ободонӣ, бунёдкорӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишт, бахусус заминҳои наздиҳавлигӣ, бо шаҳрвандон корбарӣ намоянд.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/28051

Рубрики
Асосӣ

Мулоқот бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко

25 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенкоро, ки ҷиҳати иштирок дар Форуми байнипарлумонии “Тоҷикистон-Русия – иқтидори ҳамкории байниминтақавӣ” дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Русия дар соҳаҳои афзалиятнок ва ҳамзамон робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар баррасӣ шуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамкории кишварҳо дар сатҳи олӣ ва муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Русия изҳори қаноатмандӣ карда, ба саҳми шахсии Валентина Матвиенко дар таҳкими маҷмӯи робитаҳои шарикии стратегии ду кишвар баҳои баланд доданд.

Ҷонибҳо зимни баррасии ҳолати ҳамкории кишварҳо оид ба фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ ва Форуми байнипарлумонии Тоҷикистон-Русия дар густариши муносибатҳои шарикии стратегӣ табодули андеша карданд.

Дар мулоқот доир ба тақвияти муносибатҳои гуногунҷанбаи байни минтақаҳои Тоҷикистону Русия, рушду тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратии байнидавлатӣ, ҷалби сармояи Русия ба иқтисодиёти Тоҷикистон, бахусус дар сатҳи минтақаҳо, гуфтугӯ сурат гирифт.

Ҳарду ҷониб ҷиҳати рушду тавсеаи муносибатҳо дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, робитаҳо дар бахши маориф, рушди забони русӣ, таъмини омӯзгорон барои мактабҳои русӣ, бунёди мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон ва ҷудо кардани бурсияҳои донишгоҳҳои Русия барои шаҳрвандони кишвари мо, мулоҳизаҳои судманд баён намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ, ҳамчунин доир ба авзои зудтағйирёбандаи сиёсии ҷаҳон, афзоиши низоъҳо дар баъзе минтақаҳо, вазъи сиёсии Афғонистон ва мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, табодули афкор сурат гирифт.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/27845

 

 

Рубрики
Асосӣ

Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон

24 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон мулоқот карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷагирӣ аз дастовардҳои сокинони вилояти Хатлон дар соли таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар назди роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он барои татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар, амалисозии барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2021 – 2025 вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Дар се соли охир дар шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 8300 иншоот бо таъсиси зиёда аз 40 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Таъкид гардид, ки бо вуҷуди корҳои назарраси то имрӯз амалигардида, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро зарур аст, ки бо мақсади расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла саноатикунонии босуръати мамлакат дар нақшаи панҷсолаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба таъсиси корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои кории нав, бунёди инфрасохтори зарурӣ ва бо санъати баланди меъморӣ бунёд намудани иншооту биноҳо диққати аввалиндараҷа диҳанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Хатлонро ҳамаҷониба таҳлил карда, таъкид намуданд, ки суръати иҷрои барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он дар соли 2021 ба талабот ҷавобгӯ набуда, сатҳи татбиқи лоиҳаҳои дар онҳо пешбинишуда дар қиёс бо нақшаҳо хеле паст мебошад.

Вобаста ба ин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он супориш доданд, ки якҷо бо вазорату идораҳои марбута иҷрои сифатноку саривақтии лоиҳаҳои дар барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо воридшударо таъмин намуда, банақшагирии рушди иҷтимоиву иқтисодиро ба таври воқеъбинона ва бо дарназардошти ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар ба роҳ монанд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ барои таъмин намудани рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти вилояти Хатлон ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо беш аз 63 миллиард сомонӣ маблағ равона гардидааст.

Дар ин давра танҳо барои дастгирии буҷети шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҷониби Ҳукумати мамлакат беш аз 5,5 миллиард сомонӣ субвенсия ҷудо карда шудааст. То ба имрӯз дар вилоят 80 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи қариб 15 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи боз 40 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ идома дорад, ки маблағи дар доираи онҳо азхудшуда беш аз 7 миллиард сомониро ташкил медиҳад.

Танҳо барои бо оби босифати ошомиданӣ таъмин намудани аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат то ба имрӯз чор лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 500 миллион сомонӣ амалӣ гардида, татбиқи боз чор лоиҳаи дигар ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ идома дорад.

Барои пурра ва босифат татбиқ кардани лоиҳаҳои дар вилоят татбиқшаванда, ҷоннок кардани раванди ҷалби сармояи мустақими ватанию хориҷӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таъмин намудани шароити мусоиди инфрасохторӣ роҳбарияти вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд.

Ҳарчанд ки соли 2021 дар вилоят нақшаи ҷамъоварии андозу пардохтҳо 106,4 фоиз ва дар моҳи январи соли ҷорӣ 102,4 фоиз иҷро шудааст, вале сифати иҷрои нақшаи ҷамъоварии андозу пардохтҳо дар шаҳру ноҳияҳо ба талабот ҷавобгӯ набуда, аз ин ҳисоб соли 2021 ба буҷет беш аз 102 миллион сомонӣ ва дар моҳи январи соли ҷорӣ 7 миллион сомонӣ маблағ ворид нагардидааст. Ҳамчунин, бақияи қарзи андозҳо дар вилоят то ҳол зиёд буда, ба ҳолати 1-уми феврали соли ҷорӣ 182 миллион сомониро ташкил додааст, ки чунин вазъ бояд ҳарчи зудтар бартараф карда шавад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он супориш доданд, ки якҷо бо Вазорати молия ва Кумитаи андоз ҷиҳати сари вақт ва пурра ҷамъоварӣ намудани андозҳо, кам кардани бақияпулии онҳо, роҳ надодан ба қарздории музди меҳнат, ташаккули буҷети маҳаллӣ, истифодаи самараноки маблағҳо ва шаффофияти хароҷоти онҳо тадбирҳои қатъӣ андешанд.

Бонки миллӣ ва дигар ташкилотҳои қарзӣ супориш гирифтанд, ки барои дастрасии соҳибкории хурду миёна ба қарзҳои имтиёзнок, махсусан, дар ноҳияҳои дурдасти вилоят ва умуман зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳибкории истеҳсолӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Зимни таҳлили вазъи соҳаи саноати вилояти Хатлон ва арзёбии ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат оид ба саноатикунонии босуръати кишвар ва ноил шудан ба ҳадафҳои стратегӣ солҳои 2022 – 2026 “Солҳои рушди саноат” таъкид гардид, ки соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба 10,2 миллиард сомонӣ баробар шуда, нисбат ба соли 2020 беш аз 11 фоиз афзудааст. Соли 2021 дар вилоят ҳамагӣ 86 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 1140 ҷойи корӣ ба истифода супорида шудааст, ки 36 адади онро корхонаҳо ташкил медиҳанд.

Ҷиҳати мутобиқ кардани нишондиҳандаҳои мазкур ба талаботи саноатикунонии босуръати кишвар, Сарвари давлат ба роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор супориш доданд, ки бо ҷалби васеи соҳибкорону сармоягузорон рушди соҳаҳои мухталифи саноат, хусусан, саноати сабуку хӯрокворӣ, мошинсозӣ, химия, истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва дорусозиро бо ворид намудани технологияҳои муосир ва тавассути коркарди пурраи захираҳои ашёи хоми вилоят, аз ҷумла канданиҳои фоиданок, маҳсулоти кишоварзӣ ва растаниҳои шифобахш таъмин карда, ба ин васила ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва ивазкунандаи воридотро афзоиш диҳанд.

Ҳамчунин супориш дода шуд, ки роҳбарияти вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ барои ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва роҳ надодан ба қатъ шудани фаъолияти корхонаҳо чораҷӯӣ намуда, ҷиҳати ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, бахусус, сармояи мустақим ва тақвияти иқтидори истеҳсолии вилоят тадбирҳои мушаххас андешанд. Ҳамзамон бо ин, барои бунёди корхонаҳои нави саноатӣ бо технологияҳои замонавӣ ва дар ин замина таъмин намудани диверсификатсияи истеҳсолот ва дарёфти манбаъҳои нави андозбандӣ чораҷӯӣ намоянд. Барои расидан ба ин ҳадаф истифодаи самараноки минтақаҳои озоди иқтисод ва дар ин раванд ташкили паркҳои технологӣ ва маҷмааҳои саноативу агросаноатӣ зарур шумурда шуд.

Дастурҳои дигар ба роҳбарияти вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва вазорати саноат ва технологияҳои нав ҷиҳати боз ҳам зиёд намудани истеҳсоли либоси мактабӣ дода шуд.

Вобаста ба рушди соҳаи пиллапарварӣ ва шоҳиву атласу адрасбофӣ, ки барои таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ имконият медиҳад, дар Паёми Роҳбари давлат ба сохтору мақомоти дахлдор супоришҳои мушаххас дода шудааст. Роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати ба роҳ мондани коркарди ҳарчи бештари ашёи хоми маҳаллӣ, бахусус, нахи пахта, пилла, пӯст, мева ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии дорои арзиши баланди иловашуда аз Сарвари давлат дастур гирифтанд.

Барои таъмин намудани рушди соҳаи кишоварзии вилояти Хатлон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат то ба имрӯз 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 2 миллиарду 100 миллион сомонӣ татбиқ гардида, ҳоло боз 4 лоиҳаи дигар ба маблағи 937 миллион сомонӣ амалӣ гардида истодааст. Илова бар ин, аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар 14 соли охир хоҷагиҳои кишоварзии вилоят бо зиёда аз 2 ҳазор техникаи кишоварзӣ ва 6 ҳазору 600 мошинолоти кишоварзӣ таъмин карда шудаанд. Соли 2021 кишоварзони вилояти Хатлон ба маблағи 20,7 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба соли 2020-ум 6,1 фоиз зиёд мебошад.

Нишондиҳандаҳои мазкур шаҳодати иқтидору имкониятҳои зиёди вилоят дар самти истеҳсолу содироти маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан, меваю сабзавот мебошад.

Роҳбарону масъулини вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки якҷо бо вазорату идораҳои марбута дар самти истифодаи самараноки обу замин, зиёд намудани майдони кишт, беҳтар кардани фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарварӣ, истифодаи усулҳои агротехникаи пешрафта, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъсиси марказҳои логистикӣ, инчунин, доир ба нигоҳдорӣ, коркард, бандубаст ва содироти маҳсулоти соҳа тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Ҳамчунин, ба масъулини соҳа супориш дода шуд, ки ҷиҳати зиёд намудани майдони боғу токзор, аз ҷумла бунёди боғҳои нави интенсивӣ ва ба ин васила афзоиш додани ҳаҷми истеҳсолот ва содироти маҳсулот ҳамаи имкониятҳоро сафарбар созанд.

Ба хотири расидан ба ҳадафи стратегии таъмини амнияти озуқаворӣ вусъат додани корҳо доир ба ташкили корхонаҳои чорводориву парандпарварӣ, хоҷагиҳои моҳипарварӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ зарур шумурда шуд.

Роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Вазорати кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вазифадор шуданд, ки барои беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо, барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ва аз худ кардани заминаҳои нав тадбирҳои зарурӣ андешида, бо ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ истифодабарии самараноки заминро таъмин намоянд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми соҳибкорони ватандӯстро дар корҳои созандагӣ ва обод кардани гушаву канори сарзамин махсус зикр карда, таъкид намуданд, ки дар оянда низ ташаббуси ватандӯстона дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатӣ бояд ҳаматарафа дастгирӣ ва вусъат дода шавад.

Зимни таҳлили вазъи соҳаи нақлиёту боркашонӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Вазорати наклиёт ва Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” вазифа гузоштанд, ки бо истифода аз тахфифҳои ҷоригардида дар самти зиёд намудани ҳаҷми боркашонӣ чораҷӯӣ намоянд.

Дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушду пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маорифу тандурустӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, барои бартараф кардани камбудию норасоиҳои ин бахшҳо супориш доданд, ки дар марҳалаи кунунӣ ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ аҳли маориф, роҳбарони шаҳру ноҳияҳо, падару модарон, фаъолон ва аҳли зиё бояд чораҳои мушаххас андешанд.

Таъкид гардид, ки роҳбарони вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он бояд якҷо бо Вазорати маориф ва илм барои таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ, алалхусус, забонҳои русиву англисӣ тадбирҳои фаврӣ андешанд.

Раисони вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои он Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ вазифадор шуданд, ки ҷиҳати соҳибкасб гардонидани сокинон ва баланд бардоштани нишондиҳандаҳои шуғлнокӣ тадбирҳои мушаххасро амалӣ намоянд. Дар ин самт масъулин супориш гирифтанд, ки хусусан, барои беҳтар намудани сифати таҳсилот ва касбомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, омӯзиши ихтисосу ҳунарҳоро тибқи талаботи бозори меҳнат ба роҳ монанд.

Барои ислоҳи камбудиҳо дар соҳаи тандурустӣ ва дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии беҳтари тиббӣ роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор шуданд, ки доир ба бартараф намудани норасоии табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ дар муассисаҳои тандурустӣ ва дигар камбудиҳои ҷойдошта фавран чораҷӯӣ намоянд.

Бо дарназардошти вазъи зудтағйирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, пешгирии ҳама гуна қонуншиканию ҷинояткориҳо роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳои он ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вазифадор шуданд, ки якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва бо ҷалби васеи сохторҳои кор бо ҷавонон, занон, падару модарон ва фаъолони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҷиҳати пешгирӣ кардани ҷинояткорӣ ва дигар қонуншиканиҳо, пурзӯр кардани корҳои тарбиявию фаҳмондадиҳӣ, махсусан, дар байни наврасону ҷавонон, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар, одобу ахлоқи ҳамида ва эҳтирому риояи қонун тарбия кардани онҳо чораҳои мушаххас андешанд.

Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки мардуми сарбаланди вилояти Хатлон минбаъд низ ба хотири пешрафти давлат ва ободии Ватан сарҷамъу аҳлона ва содиқонаву софдилона заҳмат кашида, ба дастовардҳои боз ҳам бештари иҷтимоиву иқтисодӣ ва сатҳи аз имрӯза беҳтари зиндагии ҳар як оила ноил мегарданд.

Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва раисони як қатор шаҳру ноҳияҳо ба Сарвари давлат ҳисобот доданд.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/27832

Рубрики
Асосӣ

Иштирок дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 29-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 29-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 23.02.2022

23 феврал дар Кохи Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 29-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст тамоми хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин, собиқадорони хизмати ҳарбиро ба ифтихори рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфтанд.

Сарвари давлат оид ба таърихи 29 соли дар шароити ниҳоят вазнину ҳассоси иқтисодӣ ва ҳарбиву сиёсии кишвар таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, аз имтиҳону озмоишҳои сахту сангин гузаштану ба як сохтори муташаккилу боэътимод, нерӯи пурқудрати ҳимоятгари давлату халқи Тоҷикистон ва яке аз шоҳсутунҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон табдил ёфтанаш, андешаронӣ карданд.

Таъкид гардид, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарзи фарзандӣ ва вазифаи хизматии худро бо садоқат ба халқу Ватан иҷро карда, дар роҳи барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба эътидол овардани вазъият, безарар гардонидани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ва дигар унсурҳои ҷинояткор, яъне таъмин намудани волоияти қонун ва сулҳу субот дар кишвар саҳми воқеан таърихӣ гузошт.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ва мардуми сипосгузори тоҷик хотираи неки он ҷавонмардонеро, ки барои дифоъи Ватан ҷоннисорӣ кардаанд, ҳаргиз фаромӯш намекунанд ва хизматҳои таърихии фарзандони далеру шуҷои худро пос медоранд.

Имрӯз мо метавонем бо ифтихору қаноатмандӣ иброз намоем, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангин бо сари баланд гузашта, рисолати хизмативу касбии худро бошарафона иҷро карданд ва Артиши миллии бисту нӯҳ сол пеш таъсисдодаи мо ҳоло ба як сохтори воқеан боэътимод ва муназзаму муосири давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон табдил ёфтааст – иброз доштанд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз дастовардҳои 30 соли Истиқлоли давлатӣ таъкид карданд, ки ҳифзи истиқлолу озодии давлат ва расидан ба чунин ҷашнҳои бузург, пеш аз ҳама, натиҷаи хизмати содиқонаву ватандӯстонаи ҷузъу томҳои Артиши миллӣ, дигар сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар мебошад.

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгириҳои давлатии сарбозону афсарон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот анешаронӣ карда, изҳор доштанд, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат барои хизмат ва зиндагии онҳо тамоми шароити моддӣ ва маънавиро таъмин карда истодааст. Аз ҷумла, барои хизматчиён даҳҳо адад манзилҳои истиқоматӣ бунёд, маоши вазифавии онҳо баланд бардошта шуда, хизматҳои шоиставу содиқонаи сарбозону афсарон бо мукофотҳои давлатӣ қадр карда шуд.

Дар қисму воҳидҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳо иншооти таъиноти гуногун сохта шуда, бо техникаву лавозимоти муосири ҳарбӣ таъмин карда шуд. Дар натиҷаи бунёд кардану ба истифода супоридани иншооти зикршуда ҳоло шароити хизмат ва зиндагии хизматчиёни ҳарбӣ дар муқоиса бо солҳои аввали таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ бамаротиб беҳтар гардидааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни таҳлили вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, вобаста ба таҳдиду хатарҳо ҳайати фармондеҳии Қувваҳои Мусаллаҳ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбиро вазифадор карданд, ки ба масъалаҳои интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, тарбияи афсарони ҷавон, баланд бардоштани сатҳи касбияти онҳо ва дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ тарбия намудани ҳайати шахсӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ дошта бошанд.

Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо боварӣ изҳор доштанд, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат вазифаи бошарафу муқаддаси худ – ҳимояи Ватани маҳбубамон, зиндагии осоишта ва заҳмати созандаи мардуми Тоҷикистонро минбаъд низ сарбаландона, бо интизоми қавӣ, донишу малакаи муосир ва муҳимтар аз ҳама, бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, садоқат ба давлат, Ватан ва халқи хеш иҷро менамоянд.

Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъомади идонаро ба муносибати 29-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар барномаи рангину пурмуҳтавои консертӣ бо иштироки аҳли ҳунару фарҳанги кишвар шукуҳи тоза бахшид, ки тӯҳфаи арзандае барои афсарону сарбозони содиқи ҷумҳурӣ мебошад.

 

Манбаъ: http://www.president.tj/node/27827